Главная / Гуногун / КУЛИ КАЛОН

КУЛИ КАЛОН

Боз гардондам инони умр бо хайли хаёл, Хотироти кудаки омад ба истикболи ман. 

Доманакуххои Соя ва Офтобруя, аз тарафи гарб ва шарк Панчрудро ихота карда, мазрааи лалмии колхоз хисоб мешуданд. Соле кухи Соя корам бошад, соли дигар кухи Оф- тобруя корам мешуд ва дар кухи корам чаридани чорворо ичозат намедоданд. Мардуми дех хама чорвои хонаги доштанд ва чарогоххои атрофи дех барои чаридани чорво ками мекард.

Гайр аз ин, боду хавои деха дар тобистон гарм шуда, барои чорво муносиб набуд. Аз ин сабаб, хар сол тобистонхо, чанд хонавода ба куххои дуртар ба овул мерафтанд. Бахорон яке аз амакхоям дар мавзеъе, ки Кули Калон ном дошт, каппа мезад ва чорвои хонагии ахли хонадони моро он чо бони мекард ва мо баччахоро ба он чо дастёри мефиристоданд.

Кули калонХамаги аз наздикону хешовандонамон такрибан 50-60 сар гов чамъ мешуд. Аз рама хамин микдор бузхоро низ чудо карда, ба мо медоданд ва мо аз аввалхои июн то охири август ин чорво- ро он чо бони мекардем. Маро аз нух-дахсолаги хар тобистон барои ёри ба он чо мефиристоданд, ки масъули чарондани бузхо будам.

Мавзеи Кули Калон дар баландии 2000 метр аз сатхи бахр, 18-20 километр чанубтар аз Панчруд, дар як хамворие, дар ка- торкуххои Фон чойгир шудааст. Ин мавзеи зебоест, ки панч кули нисбатан бузург ва кулхои зиёди хурдтаре дорад. Ин кулхо дар байни чангали кухи, дар ихотаи куххои сарбафалак чойгир буда, ин мавзеъ чои дустдоштаи сайёхону кухнавардони шуравиву хоричи буд.

Калонсолон накл мекунанд, ки пештар чангалхои ин чо он кадр анбух буд, ки аз дохилаш ба душвори мегузаштанд. Баъдан одамон дарахтхои ин чоро бурида, хезум ва чуби хонасози карда, ин чангалро нобуд кардаанд. Солхои пеш, дар замони шурави, дар куххои ин чо конхо канда, маъдан истихроч мекардаанд ва дар корашон ангишт ниёз доштаанд. Кисми зиёди чангалхои Кули Калонро ана хамин кухканхо бурида, барои кокс – ангишт истифода кардаанд.

Солхое, ки ман дар ин чо ба сар мебурдам, дар чангал танхо кочхои сарсабз, ки хезум намешуданд ва буттахо монда буданд. Ба тадрич одамон дарахтхои сарсабзро хам тар бурида, чангал- ро боз хам холитар карданд.

Хукумат чангалбонхо гузошта буд, ки доим бо ин дарахт- буррон дастбагиребон мешуданд, вале мардум боз хам чашми онхоро хато карда, дарахтхоро мебуриданд, зеро ки ин ягона рохи таъмини ниёзашон ба хезум буд. Ба назари ман, агар дав- лат дар дехот фуруши ангиштсангу хезум ва маводи сохтмони манзилро ба рох мемонд, барои хифзи табиати зебои куххо чораи муассиртаре мебуд.

Замони баччаги ва бузбонии ман дар ин чо лаби кулхо пур аз хаймахои кухнавардон ва сайёхони минтакахои дурдасти шурави ва хоричи буд. Умуман, куххои Фон табиати нотакрору тасхиркунандае доранд. Шоир ва овозхони машхури рус Юрий Визбор суруде бо номи «Куххои Фон» дорад, ки мисраи авва- лаш: «Ман диламро дар куххои Фон мондаам» буда, дар васфи хамин куххо сурудааст, ки дар пахнои Шурави машхур буд.

Ин чо иклими ноустуворе дорад. Руздармиён борон ме- борад, дамои хаво метавонад то нисфируз сахт гарм бошад ва ними дигари руз шадидан сард шавад. Факат дар се мохи то- бистон кобили будубош аст, вале хатто дар миёнаи тобистон низ баъзан барфу жола меояд.

Ана дар хамин мавзеъ зери офтоби сузону сардихои шадид тобистонхои баччагии ман бо бузбони гузаштааст. Хар сахар соати 4-5 маро бедор мекарданд, то бузгаларо ба кухи Работ барам. Як ними нонро хам хамрох медоданд. То бегох бузхоро дар кух мечарондам ва бегох онхоро чамъ карда меовардам. Буз хайвони чолоку шумест, ки ба касногузартарин чойхои кух мебаромад ва ман мачбур будам, ки аз паси он ба хамаи он куххои душворгузар бароям.

Кухи Работ резхо дорад, ки саросар аз сангреза иборатанд. Баромадани ин резхо хеле душвор аст, як кадам ба боло мони, лагжида, се-чор кадам ба поён мерави. Баъзан, мачбур мешудам, чахорпо гавак кашида, боло равам, сангхои нугтез ангуштонамро хуншор мекарданд. Бачча, ки будам, сахт монда мешудам, аз чойхои хатарнок, ки мегузаштам, сахт метарсидам, на як бору ду бор аз хастаги ба дод омада, гиря кардаам, вале касе ба до- дам намерасид, зеро дар холи хамаи бузхоро саривакт чамъ карда наовардан бо чехраи турши зани амакам ва гур-гури у рубару мешудам, ки он хеле бадтар аз хар азобе буд. Дарки масъулият ва тарс аз хашми янгаам маро мачбур мекард, ки хар руз ин душворихоро аз сар гузаронам ва хамеша бузхоро таври лозим чаронда, биёрам. Орзу мекардам, ки мисли хамсолонам таътилро дар деха гузаронам ва ба бозихои ширини кудакии онхо шарик бошам.

Рости, як бор аз муносибати бади зани амакам кахр карда, асоро ба санг зада шикаста, чупониро партофта, ба деха раф- таам. Вале баъд аз чанд руз бо исрори модарам ва аз шарми руи падарам баргашта ва он сол низ вазифаамро то охир ичро кардаам.

Хуллас, тобистонхои кудаки сахти бисёр кашидам, вале агар, аз як су, масъулиятшиноси омухта бошам, аз суи дигар, сахткуши бароям якумри одат шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …