Главная / Илм / КУЛФИНАЙ

КУЛФИНАЙ

kulfinayКУЛФИНАЙ (Fragaria ananassa), кулфунай, гиёхест бисёрсола. Пояаш то 30 – 35 см кад мекашад. Баргаш мураккаб (себарга); дар нуги хар навдааш мугча мебандад. Гулаш сафед, майда. Мевааш мисли шохтут, марминчон, тамашк ва шахтути замини буда, сурх баъзан гулоби мешавад. К.-ро барои тархури истифода мебаранд. Аз он мураббо ва нушоба тайёр мекунанд. Дар таркиби меваи К. канд, кислотахои органики, клетчатка, моддахои пектини, витаминхои С, Е, В1, В2, В6, В15, каротин (провитамини А), микроэлементхо мавчуд аст.
Дар тибби кадим К. воситаи мухими пархези, мукавви ва давобахш махсуб мешуд. Табибони тибети онро барои пешгирии пири истифода мекарданд.
Табибони халки меваи тару хушк, афшура, барг ва решаи К.-ро хангоми беморихои гуногуни чигар (холесистит, зардпарвин, гепатити кухна, дарди санги талхадон), рохи меъдаю рудахо (гастрит ва энтероколити музмин, бавосир ва г.), узвхои пешоб (кабзияти пешоб, дарди санги масона), инчунин дар мавриди табларза (чун давои араковар), камхуни, тарбод, никрис ва г. истифода мебаранд. Бо афшураи К. доги кунчитак ва гармичаро меравонанд. Бахри рафъ намудани буйи нохуши дахон бо афшураи мева ва барги К. гаргара мекунанд. Бо накеъи барги К. шукуфа ва чарохати римнокро тарбанди менамоянд. Меваи К.-ро барои табобати никрис, назлаи меъда, кабзият, галаёни хун, атеросклероз, афтодани кирмхо ба кор мебаранд. Бо мархами меваи К. шукуфаро дармон мебахшанд. Чушоби меваи хушки он воситаи араковар ва пешоброн, чушоби решааш воситаи хунбанд ва кабзиятовар аст.
Дар тибби илми меваи К. ба сифати гизои пархези, иштихоовар, хозим ва хунофар, хангоми беморихои гуногуни меъда, чигар, дилу рагхо (миокард, бемории ишемияи дил, кардиоатеросклероз, галаёни хун), камхуни, ихтилоли мубодилаи намак ва никрис тавсия дода мешавад. Ашхосе, ки узвхои пешобашон санг дорад, бояд аз чушоби мева ва барги К. истифода кунанд. Рузе то 1 кг истеъмол намудани меваи К. дарди санги гурда ва никрисро даво мебахшад.
Ад.: Вехов В. н. (ва диг.), Культурные растения СССР, М.. 1978; Жизнь растений, т. 5 (2), М., 1981; Н у р а л и е в Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …