Главная / Илм / КУЛФАК

КУЛФАК

kulfakКУЛФАК (Clavicula), чанбар, устухони чуфти китф. Шакли харфи «S»-ро дорад. Бо кисми беруни бо шохаи акромионии шона, бо кисми даруни бо туш (сарсина) пайваст мешавад. Хар ду пайвандгох бо бандакхои кави устувор гаштаанд.
Ба кисми сарсинагии К. мушакхои чаноги-чанбари-пистонаки, чаноги-ломи ва мушаки калони сина пайваст шудаанд; ба кисми акромионии он мушакхои делташакл ва трапетсияшакл пайваст мебошанд. Дар кисми поёни К. мушаки тахти чанбар чой гирифтааст.
Дар сатх чойгир шудан ва робитаи зич доштан бо даст К.-ро дучори харгуна осебхо мегардонад. Хангоми гусастагии пайванди акромиони-чанбари кисми берунии К. ба пеш ва боло баромада, мисли тугмахои роял хаму рост мешавад. Дар мавриди баромадани нуги сарсинагии К. он аз зери пуст возех ба назар мерасад.
Шикастагии К. бо дард, варам, хуномос ва деформатсия падид меояд; фаъолияти даст халал меёбад. Ин гуна осеб бисёр вакт хангоми таваллуди тифл ба мушохида мерасад. Дар мавриди шикаста пора шудани К. хавфи зарар ёфтани асабхои бозу, рагхои калон ё гунбази плевра ба миён меояд.
Хангоми баромадан ё шикастани К. чабрдидаро бетаъхир ба беморхона фиристодан лозим аст. То муоинаи рентгенологи чо ба чо кардани устухонхои шикаста чоиз нест. Муоличаи осебу шикастагии К. бо усули консервативи ва дар баъзе мавридхо бо чаррохи сурат мегирад.
КЛ
Кулфаки рост. А – намуд аз боло; Б – намуд аз поён; 1 – нуги акромиони; 2 – нуги сарсинаги; 3 – изи бандаки кабургаю чаноги; 4 – теппачаи конусшакл ва хати трапетсияшакл; 5 – сатхи пайванди акромиони.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …