Главная / Илм / КРАУС Адолф Андреевич

КРАУС Адолф Андреевич

kraus-adolfКРАУС Адолф Андреевич (1905, ш. Ригаи Латвия – 1958, хамон чо), яке аз ташкилотчиёни сохаи тандурусти дар Точикистон. С. 1928 Донишкадаи тиббии Ленинградро хатм намудааст. Худи хамон сол бо роххати донишкада ба Точикистон омада, дар корхои ободони ва ташкили муассисахои тибби дар нох. Кулоб фаъолона иштирок кардааст. С. 1930 ба вазифаи директори Пажухишгохи санитарию бактериологи таъин гашт. Он аввалин пажухишгох дар чумхури махсуб мешуд. С. 1939 дар ш. Сталинобод (хозира Душанбе) Донишкадаи тибби таъсис ёфт ва сарвари онро К. ба ухда гирифт. у дар муддати кутох чараёни таълимро ба рох монд, ба таълимгоххои тиббии ш.-хои Москва ва Ленинград (хозира Санкт-Петербург) мурочиат карда, хохиш намуд, ки дар масъалаи фарохам сохтани маводу асбобхои аёни ва омузгорон кумак расонанд. Худи хамон сол дар донишкада 8 кафедра ва китобхона ба фаъолият шуруъ намуданд, ба ягона факултаи он (терапия) 130 наф. донишчу кабул шуд. К. соли 1945 бинобар ба вазифаи чонишини вазири тандурустии Латвия таъин гаштанаш аз чумхури куч баст.
К. тули 17 соли фаъолият дар Точикистон дар ташаккули хадамоти тандурусти сахми босазо гузошт. Дар ДДТТ коллективи ахлу тифоки донишчуён, омузгорон ва кормандонро тарбия кард. Солхои ЧБВ фаъолияти даххо беморхонахои калони ба чумхури кучидаро мураттабу муназзам сохт.
Бо ордену медалхои ЧШС Точ. ва ЧШС Латвия сарфароз гардонда шудааст. Вакили Шурои намояндагони халки ш. Душанбе интихоб шуда буд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …