Главная / Илм / КРАХМАЛ

КРАХМАЛ

krahmalКРАХМАЛ, охар, нишаста, ангиштоби асосии захиравии растанихо; формулаи умумиаш (C6H10O5)n. Дар об хал намешавад; бо йод ранги кабуди баланд хосил мекунад. Хангоми гидролизи нопурраи К. декстринхо ва дар аснои гидролизи пурра – глюкоза хосил мешаванд. К. дар унсурхои хучайра (хлоропластхо ва амилопластхо) хосил ва дар тухм, пиёзак, лундак, инчунин дар баргу поя захира мешавад. Хусусан биринч, чуворимакка, гандум, бехи, картошка аз К. боянд. К. ва хосилаи он дар саноати хуроквори (истехсоли хасиб, канноди), дар тиб, саноати дорусози (истехсоли антибиотикхо, витаминхо ва г.), сохахои саноати бофандаги ва истехсоли когаз истифода мешаванд. Онро асосан дар шакли хока, якчоя бо окиси рух ё талк кор мефармоянд. Луоби К. барои имола низ корбаст мешавад (бо максади мухофизати луобпардахо аз таъсири омилхои ангезишовар ва суст намудани чаббиши дорухо).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …