КОС

kosКОС (Pelvis), як чузъи скелет, ки ба андомхои поёни тааллук дорад. Аз ду устухони кос, чорбанд ва думгоза иборат аст. К. якчоя бо банди косу рон такягохи бадан аст.
К. калон ва хурд мешавад. К.-и калон аз пеш бо девораи пеши шикам, аз кафо бо сутунмухра, аз пахлухо бо нуги устухонхои тихигох фаро гирифта шудааст; К.-и хурдро аз пеш устухони зихор, аз кафо устухони чорбанду думгоза ва аз пахлу устухонхои сурин ихота кардаанд. Дар К.-и калон узвхои кисми поёни чавфи шикам (рудахои борик ва гафс), дар К.-и хурд пешобдон, рудаи рост ва аъзои таносули дохили чой гирифтаанд.
К. аз се устухон – тихигох, сурин ва зихор иборат аст, ки бо кисмхои пахлуии чорбанд ва байни хамдигар пайваст мебошанд. Кисми поёни чорбанд, ки бо думгоза робита дорад, пайванди камхаракатеро ба вучуд меорад (аз пеш ва кафо бо бандакхо устувор аст). Дар сатхи кафои устухони сурин ду чок мавчуд аст, ки бо бандакхо пушида шуда, суроххои калон ва хурди суринро ташкил медиханд. Дар худуди К. мушакхои тихигоху камар, мушакхои сидодии даруни ва мурудшакл чойгиранд. Онхо аз устухонхои К. ибтидо гирифта, ба устухони рон пайваст мешаванд.
К. ва узвхои онро шохахои артерияи тахигохии даруни бо хун таъмин мекунанд. Венахо, ки артерияхоро хамрохи менамоянд, бофтаи венави ташкил намуда, хун аз онхо ба венаи тихигохии даруни, сипас ба венаи холии поёни ва кисман ба венаи даромадгохи чигар меравад. Мушак ва узвхои К.-и хурд аз асаббофтхои камар, чорбанд ва думгоза, инчунин кисми косии силсилаи асабхои наботи (вегетативи) бо асаб таъмин карда мешаванд.
Дар К. нуксу осебхои гуногун ба мушохида мерасанд. Баъзе аз осебхо модарзоди (мас., деформатсияи К.) буда, бархе бинобар амрози илтихоби, нодуруст сабзидани устухонхо ва ихтилоли раванди сахт гаштани онхо ташаккул меёбанд. Дар К. омосхои гайрисаратони ва саратони низ пайдо мешаванд.
Коси занхо. К.-и занхо аз К.-и мардхо фарк дорад. Ин фаркият хусусан дар давраи балогати чинси нагз зохир мешавад. Устухони К.-и занхо тунук ва сабук аст. Он нисбат ба К.-и мардхо васеъ ва фаррох мебошад. Чорбанди занхо пахн буда, мисли чорбанди мардхо бисёр кач нест. Ин хангоми таваллуд ахамияти калон дорад. Масофаи байни дунгихои сурини К.-и зан нисбат ба К.-и мард зиёд аст. Аз руи андоза ва нишондодхои К.-и калон метавон оид ба андозаи К.-и хурд хулоса баровард. То 2 см хурд шудани яке аз андозахои К.-и калон далели танг будани К.-и хурд мебошад. Дар амалияи акушери чор сатхи К.-и хурдро чудо мекунанд: сатхи вуруд ба К.-и хурд; сатхи кисми васеи чавфи К.-и хурд; сатхи кисми борики чавфи К.-и хурд; сатхи хорич аз К.-и хурд. Хати пайванди маркази хама андозахои рости К. мехвари К. ном дорад.
КЛ
Расми 1. Коси мард (А) ва зан (Б). Хатхои андозахои коси калон ва вуруд ба коси хурд нишон дода шудаанд. 1 – distántia cristárum (масофаи байни тегахои тихигох); 2 – диаметри кундаланг; 3 – distántia spinárum (масофаи байни тегахои болоии пеши тихигох); 4 – кутр (конъюгата)-и хакики (гинекологи); 5 – диаметри кач.
Расми 2. Андозаи коси зан. 1 – кутр (конъюгата)-и анатоми; 2 – конъюгатаи хакики (гинекологи); 3 – андозаи рост (баромад аз кос); 4 – конъюгатаи диагонали; 60° – кунчи хамии кос.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …