Главная / Илм / КОСМЕТИКА

КОСМЕТИКА

kosmetikaКОСМЕТИКА (аз юн. kosmetice – санъати ороиш), пардозгари, оростаги, машшотаги, таълимотест оид ба воситаву тарзхои бех кардани намуди зохирии одам. Аз даврахои кадим халкхои гуногун ба васоити К. ва истифодаи онхо диккати калон медоданд. Дар Миср 2000 сол пеш аз м. барои К. равганхои гуногун, моддахои хушбуй, мушк, ханут ва г.-ро кор мефармуданд. Дар Ошур (500 сол пеш аз м.) занхо ба бадан, мардхо ба муй моддахои хушбуй мемолиданд.
Дар бобати К. олими машхури точик Абуалии Сино низ фикрхои чолиб баён намудааст. Дар «Ал-Конун фи-т-тиб» – и у фанни махсусе ба оростаги бахшида шудааст, ки аз чахор макола иборат аст: андар баёни холатхои муй ва сабусаи сар (аз 29 фасл иборат аст); андар баёни холатхои пуст аз чихати ранг (14 фаслро дарбар мегирад); андар баёни он чи ки пустро, на ранги пустро, ориз бигардад (аз 32 фасл таркиб ёфтааст); андар баёни холатхое, ки ба тан ва андомхои атрофи алокаманданд (аз 17 фасл иборат мебошад).
Дар а-хои 16 – 18 сурхи, грим, упо, сафеди ва г. маъмул гашт. К. тадричан нафакат санъати ороиш, балки ба як бахши тиб низ табдил ёфт. К. усули нигохубини пуст, муй, нохун, инчунин масъалахои табобати нукси зохирии бадан (нукси модарзод ё дар натичаи беморихои гайриирси пайдошуда)-ро дарбар мегирад. К. шартан ба се кисм – гигиени, тибби ва ороиши чудо мешавад.
Дар натичаи тараккии К.-и тибби илми косметология ташаккул ёфт. Он сабаб ва усулхои пешгирию табобати нукси пайдоишаш гуногунро меомузад. Косметология бо диг. илмхои тиб – дерматология, эндокринология, илми чаррохи ва г., инчунин бо саноати аттори зич алокаманд аст. Зеро он омузиш ва тахияи (хамрохи химикхо, фармакологхо) васоити ороишии босамару безарарро дарбар мегирад.
К.-и гигиени ба масоили нигахдории зебоии табиии одам машгул аст. Одам дар хар синну сол чозиб ва зебо буда метавонад. Бахри хаёти солим зисту зиндагонии окилона, тартиби дурусти мехнат, истирохат ва тагзия, хаёти фаъол, машгул шудан ба варзиш, пешгири ва саривакт табобат кардани беморихо мусоидат мекунанд. Риояи коидахои гигиенаи шахси, афзун гардондани мукобилати организм ба беморихои гуногун (ниг. Обутоби организм), кабули ваннахои хавои ва нури офтоб ахамияти калон дорад.
Одам бояд доимо тозаву озода бошад, ба нигох доштани хушандоми ва каду комати дуруст кушиш кунад. Инсон дар чавони, одатан хушандом аст, махсусан агар ба варзиш ва спорт машгул бошад. Сол аз сол дар натичаи суст шудани мубодилаи моддахо ва нокифоя будани фаъолияти чисмони (ниг. Гиподинамия) одам фарбех мешавад. Аз ин сабаб мунтазам вазни худро назорат кардан хеле мухим аст. Дар сурати аз меъёр (мувофики синну сол) 10% зиёд шудани вазн (ниг. Вазни одам) барои маслихат бояд ба духтур мурочиат кард. Бо максади хароб шудан, худсарона пархез намудан ва аз хад зиёд машки чисмони кардан норавост. Бахри зуд зиёд ё кам кардани вазни бадан низ кушиш намудан чоиз нест; ин кор бояд тадричан анчом пазирад. Зуд хароб шудан боиси халта задани пусти рухсорахо, манах, гардан, шикам, гадудхои шир мегардад. Фарбехии беандоза одамро зуд пир мекунад. Каду комати мавзун – тахтапушти рост, сари боло, шиками хамвор – нафакат зебо, балки муфид низ мебошад, зеро ин барои гардиши хун, нафаскаши ва мубодилаи моддахо шароити мусоид фарохам меорад. Тани одам бояд серхаракат ва каиш бошад. Харакати мавзун зеби хар инсон аст.
Одати сахт даст афшонда рох рафтан, «алвонч додани рон», васеъ гузоштани пой ва даст ба миён монда истодан намуди зохирии одам (махсусан зан)-ро вайрон мекунад. Дар вакти нишаст тан ва сарро рост дошта, зонухоро чафс кардан лозим; ба онхое, ки хамеша нишаста ё рост истода кор мекунанд, хар руз якчанд дакика бо гимнастикаи коргохи машгул шудан зарур аст. Хар пагохи гузаронидани машкхои гимнастики низ муфид мебошад.
Тозаги ва покизакори хамсафари зебоианд, малакахои нигохубини гигиениро аз хурдсоли парваридан лозим аст. Нигох дошта тавонистани таровати руй, гафсию зебоии муй, сафедии дандон ва г. басо мухиманд. Лосйонхои гуногун, собуни ироки, шампун, хамирахои дандошуи, элексир, креми ришгири, кремхои мухофизати, гизои ва г., ки саноати аттори истехсол мекунад, чун воситаи нигохубини бадан истифода мешаванд. Ниг. низ. Пардозгарии тибби, Дандон, Муй, Нохун, Пуст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …