Главная / Илм / КОСИ ТАНГ

КОСИ ТАНГ

kosi-tangКОСИ ТАНГ (Pelvis contracta), як навъ нукси анатоми. Шакл ва андозаи коси зан барои таваллуд ахамияти калон дорад. Аз ин ру, духтури машваратгохи занона коси занро чен мекунад. К. т. барои гузаштани тифл, хусусан сар, мамониати чидди мерасонад. Хангоми ин таваллуд тул кашида, вазнин мегузарад, баъзан бо фочиа меанчомад. Тангии кос мумкин то дарачае зиёд бошад, ки номувофикатии куллии байни андозаи кос ва сари тифл ба миён ояд. Ин боиси осеби тавлидии навзод ва диг. оризахои ногувор шуда метавонад. Дар ин сурат чаррохии гуногуни акушери мегузаронанд (мас., Чоки кайсар). Номувофикати хангоми муътадилии андозаи кос, вале калон будани сари тифл низ метавонад ба амал ояд.
Занхои косашон танг ё тифлашон калонро ду хафта пеш аз зодан ба шуъбаи беморихои таваллудхона мехобонанд. Дар натича аворизи ногувори марбут бо К. т. – ро метавон пешгири кард.
К. т. окибати инфантилизм (инкишофи нокифояи узвхои таносул), рахит, сили косу рон ва беморихои дигаре, ки боиси тагйири шакли кос мегарданд, шуда метавонад. Аз ин ру, барои пешгирии К. т. мубориза бо беморихои сирояти ва амрози дигари овони кудаки ахамияти калон дорад, зеро онхо ба инкишофи чинсии духтарчахо монеъ мешаванд. Пешгирии рахит низ хеле мухим аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …