Главная / Илм / КОСИМОВ Олим Исмоилович

КОСИМОВ Олим Исмоилович

kosimov-olimКОСИМОВ Олим Исмоилович (тав. 16. 01. 1947, ш. Душанбе), духтури касалихои пусту зухрави, доктори илми тиб (1996), проф. (1999), сармутахассиси Вазорати тандурустии ЧТ оид ба беморихои пусту зухрави (аз с. 2001). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1971). Ординатори кафедраи беморихои пусту зухравии ДДТТ (1971 – 73), духтури шуъбаи беморихои пусту зухравии Беморхонаи клиникии шахрии № 1 (1973 – 76), ассистент (1976 – 93) ва дотсенти кафедраи касалихои пусту зухравии ДДТТ (1993 – 96). Аз с. 1996 мудири кафедраи беморихои пусту зухравии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон. Муаллифи 150 асару маколахои илми, 7 пешниход, 8 тавсияи методи ва 5 китоби дарси барои духтурон. Зиёда аз 20 кашфиёти илмии у дар амал истифода гаштааст. Тахти рохбарии К. 5 наф. рисолахои номзади дифоъ намудаанд. Хамчун мудири кафедра бахри баланд бардоштани савияи дониши духтурони беморихои пуст, акушери ва гинекологи, атфол, урологи ва табибони оилави сахми бузург мегузорад. Дар бисёр симпозиум ва конфронсхои байналхалки иштирок ва маъруза кардааст.
Бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст (2006).
Ос.: Дерматовенерология, Д., 2007; Роль медицинских работников первичной медико-санитарной помощи (ПМСП) в профилактике инфекций, передаваемых половым путем, Д., 2006; Лабораторная диагностика гонореи, Д., 2007; Лабораторная диагностика сифилиса, Д., 2007; Тестовые вопросы и ситуационные задачи по дерматовенерологии, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …