Главная / Илм / КОРСЕТИ ОРТОПЕДи

КОРСЕТИ ОРТОПЕДи

korseti-ortopediКОРСЕТИ ОРТОПЕДи, чихозест барои ночунбон нигох доштани сутунмухра хангоми шикастан, иллат ёфтан ва кач шудани он. К. о.-ро аз масолехи гуногун (пуст, матоъ, гач, нитролак, чабираи филизи, пластмасса ва г.) аз руи колаби гач тайёр мекунанд. К. о. бояд зич чафс шуда, сутунмухраро мустахкам нигох дорад. Духтур вобаста ба хусусияти бемори К. о.-и ночунбон таъин мекунад. К. о.-и ночунбон дар аснои сили сутунмухра, шикастан ё баъди чаррохии он истифода мешавад. Он барои бехаракат нигох доштани мухрахои осебдида ва кисман бартараф намудани фишор мухим аст. Чунин корсетхоро хангоми миёндарде, ки аз иллат ёфтани кисми камарию чорбандии сутунмухра пайдо шудааст (мас., остеохондроз, спондилолистез ва г.) тавсия медиханд. К. о.- и ислохи ба кудакони гирифтори сколиоз (ба тарафи рост ё чап кач шудани сутунмухра) барои пешгирии минбаъд кач шудани сутунмухра ва кисман рафъ намудани качшави дода мешавад. Мухлати пушида гаштани корсетро духтур мукаррар мекунад. Аз руи таъиноти духтур варзиши шифои ва масхи мушакхои бадан зарур аст, чунки дар натичаи бардавом пушида гаштани К. о. мушакхои тан суст мешаванд. К. о.-ро бояд аз руи майка ё куртаи трикотажии пахтагин пушид. К. о.-и филизи ва паластмассиро шустан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …