Главная / Гуногун / КОРИ ДАВЛАТ

КОРИ ДАВЛАТ

Дигар ман, ки сохиби мошин шудам, зуд-зуд ба дидо- ри падару модар мерафтам. Холи мардуми дех руз аз руз бадтар мешуд. Рафхои магозаи дех холи буданд. Камбуди шадиди маводи хуроки хукмфармо буд. Мардум, дар замони шурави одат карда буданд, ки орду равган ва дигар масолехи мавриди ниёзи аввалия аз суи давлат таъмин шавад.

Хануз дарк накарда буданд, ки низоми иктисоди шурави аз кор афтод ва дигар набояд ба умеди таъминоти давлати шуд. Маводи гизои дар бозорхо каму беш мавчуд бошад хам, на хама имкони ха- ридани онро доштанд. Дигар таваррум он кадр боло рафта буд, ки пули аз фуруши меваи богхояшон бадастомада ба ниёзашон кифоят намекард.

Рузе модарам дар бораи холи бади хонаводаи хешован- дашон холаи Мукаддам ба ман хикоят карданд. Аз гапашон маълум мешуд, ки наберахои кампири Мукаддам на хар руз нони хурдан доранд. Ман аз накли модарам мутаассир шуда, бо падарам дар ин бора сухбат кардам. Маълум шуд, ки падарам низ аз вазъи оилаи хола Мукаддам огох будаанд:

– Вакте Мукаддам бо ахли оилааш нони хурдан надорад, хонаи мо серу пур хам бошад, чизе аз гулу намегузарад, – гуф- танд падар.

Дар давоми сухбат маълум шуд, ки дар деха чунин оилахои ниёзманд зиёданд. Ману падарам машварат карда, карор намудем, ки ба ин оилахо кумак бидихем. Хурсандии падару мо- дарам хадду канор надошт. Ду нафарро масъул кардем ва онхо дар хамкори бо фаъолони дех руйхати оилахои ниёзмандро тартиб доданд, ки такрибан панчох оила буд. Баъди таксим кардани ин кумак, рузи дигар ду нафар бо даъво ба хонаи мо омада, ба модарам арз карда буданд, ки писарашон, яъне ман, ёрихои давлатро аз руи инсоф таксим накардаам.

Онхо фикр мекарданд, ки ман намояндаи давлат ва ёри хам аз суи давлат бошад. Модари ман хам чунин фикр мекарданд ва аз ман хохиш мекарданд, ки дар таксими моли давлат хеле эхтиёт кунам, то ки хам инсофу адолат риоя шавад ва хам мардум аз болои ман шикоят накунанд.

Дигар ин барои мо баччахо як масъалаи шухи шуда буд ва хар чизеро ба давлат рабт медодем. Масалан, агар модарам хохиш кунанд, ки ду-се рузе бештар дар дех бимонем ва мехмон бошем, «кори давлат, бояд биравам» гуфта механдидем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …