Главная / Илм / КОНЪЮНКТИВИТ

КОНЪЮНКТИВИТ

konyuktivitКОНЪЮНКТИВИТ, илтихоби мултахима, газак гирифтани луобпардаи пилкхо ва гузаи чашм. Ба таъсири омилхои гуногуни беруна – микробхо ва вирусхои касалиовар, инчунин таъсироти физикию химияви дастарс будани пилки чашм боиси ба вучуд омадани К. мегардад. Хавои олуда бо чангу губор, бинохои дудолуд, дар нимторики кор кардан, ба чашм зур овардан, бо ёрии айнак ислох накардани нуксонхои босира (алалхусус астигматизм ва дурбини), бемории бини ва гулу, узвхои хозима, вайрон шудани мубодилаи моддахо, майзадаги ва г. ба инкишофи К. мадад мерасонанд. К. шадид ва музмин мешавад.
К.-и шадид маъмулан сирояти буда, зери таъсири микробхо ва вирусхо рух медихад. Ба К. кариб хамеша хар ду чашм баробар гирифтор мешавад. К. бо аломатхои ашкрези, рушноитарси, лаввос ва сих задани чашм, варамидани пилкхо, об гирифтан ва сурх шудани пилки чашм падид меояд; аз чашм хилм баромада, шабонгох дар мижахо шах шуда мемонад, пилкхоро ба хамдигар мечаспонад. К. ахён-ахён бо зуком ва бетобии умуми – сардард, бехоби, таб чараён мегирад. Аломатхои К. баъзан чандон баръало зохир намешаванд – пилки чашм сахл сурх шуда, каме хилм (чирк) мекунад, пагохихо дар гушаи даруни чашм хилм шах шуда мемонад. Фаромуш набояд кард, ки К.-и аз асари микробу вирусхо пайдошуда гузаранда аст. Хангоми рух додани аввалин нишонахои К. ба духтур мурочиат кардан лозим. Чашмро баста мондан мумкин нест, зеро ин боиси афзоиши микробхо гашта, ба иллати карния мусоидат мекунад. Баробари чамъ шудани хилм онро бо пахта ва оби чушонидаи хунук мешуянд (аз тарафи кунчи беруни чашм ба суи дарун). Дар мавриди К.-и сироятии шадид дорухои зиддибактерияви нафъ доранд. Аммо онхоро аз руи таъинот ва тахти назорати духтур ба кор бурдан лозим. Бе ичозати духтур муоличаро катъ кардан (хатто дар сурати аз байн рафтани нишонахои зохири) мумкин нест, вагарна бемори тул кашида кухна мешавад.
К.-и музмин батадрич сар мешавад, пилкхо вазнин гашта, лавос ва сих мезананд. Бемор гумон мекунад, ки ба чашмаш рег даромадааст. Бегохихо ин аломатхо афзуда, бо чарог кор карданро душвор мегардонанд. Дар аснои К.-и музмин пилки чашм чандон тагйир намеёбад: он каме сурх ва шахшул мешавад, чашм андаке хилм мекунад. Чараёни К.-и музмини бардавому мунтазам аст, бемори гох сихат шуда, гох аз нав шиддат меёбад.
Муоличаи К.-и музмин асосан аз рафъи сабаби он иборат аст. Агар зарур бошад, беморихои умумиро табобат мекунанд. Нуксонхои босираро тавассути айнак ислох менамоянд. Хангоми кор баъди хар 30 дак. ба чашмхо 5 – 10 дак. ороми лозим аст. Дорухои обакии рафъи дард, ки онхоро духтур таъин мекунад, хеле манфиатбахш мебошанд.
Дар мавриди К.-и шадиди сирояти микробхои касалиангез маъмулан ба воситаи чизу чора (рахти хоб, сачок, руймолу руймолча)-и бо хилми чашми бемор олудашуда мегузаранд. Бисёр вакт чашм аз дастони чиркин сироят меёбад. Хангоми дар як тагораи умуми дастуру шустан хам К. сироят мекунад. Ангезандаи К.-ро магасхо низ пахн менамоянд. Бинобар ин барои пешгирии бемории оммави риоя намудани бехдошти шахси (сачок ва рахти хоби алохида, зуд-зуд шустани даст), нест кардани магасхо нихоят мухим аст. Барои пешгирии К. тозагии хаво, равшании муътадили чои кор ва г. низ муфиданд. Дар мавриди ихтилоли босира бояд саривакт айнак гирифт.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …