Главная / Чамъият / КОНУНИ ОИДИ БУЧЕТИ ТОЧИКИСТОН с. 2018

КОНУНИ ОИДИ БУЧЕТИ ТОЧИКИСТОН с. 2018

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2018 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, №11, мод. 781; Конуни ЧТ аз 05.02.2018 с., №1504) 

Моддаи 1. Хачми умумии даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон

bujet

Хачми умумии Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2018 аз хисоби хамаи манбаъхои даромад ба маблаги 21003087 хазор сомони мукаррар карда шавад, аз чумла:

– даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон аз хисоби воридоти андозию гайриандози ва грантхо 16172700 хазор сомони, аз онхо:

воридоти андози – 14743919 хазор сомони;

воридоти гайриандози – 1023781 хазор сомони;

грантхо барои дастгирии бучет аз хисоби

созмонхои байналмилалии молияви – 405000 хазор сомони;

– бучети лоихахои давлатии сармоягузори

бо чалби захирахои молиявии беруна – 3274477 хазор сомони,

аз онхо:

карзхо – 1764612 хазор сомони;

грантхо – 1509865 хазор сомони;

– маблагхои махсуси ташкилоту муассисахои бучети – 1555910 хазор сомони.

 

Моддаи 2. Хачми умумии харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистон

Хачми умумии харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2018 ба маблаги 21337420 хазор сомони мукаррар карда шавад, аз чумла барои маблаггузории:

– макомоти хокимият ва идоракунии давлати – 1120829 хазор сомони;

– маориф – 3863064 хазор сомони;

– тандурусти – 1550944 хазор сомони;

– сугуртаи ичтимои ва хифзи ичтимои – 3357910 хазор сомони;

– фарханг ва варзиш – 648729 хазор сомони;

– хочагии манзилию коммунали,

хифзи мухити зист ва хочагии чангал – 851712 хазор сомони;

– комплекси сузишворию энергетики – 3483176 хазор сомони;

– сохаи кишоварзи, мохидори ва шикор – 676081 хазор сомони;

– саноат ва сохтмон – 132376 хазор сомони;

– наклиёт ва коммуникатсия – 1462898 хазор сомони;

– дигар сохахои иктисодиёт ва хизматрасони – 57297 хазор сомони;

– харочоти дигар – 2476547 хазор сомони.

 

Моддаи 3. Хачми умумии касри бучети давлати ва манбаъхои пушонидани он

  1. Хачми умумии касри Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2018 ба андозаи 0,5 фоизи Мачмуи махсулоти дохили ё ба маблаги 334333 хазор сомони мукаррар карда шавад.
  2. Манбаи пушонидани касри бучети давлати ба таври зерин муайян карда шавад:

– даромад аз хусусигардонива истифодаи моликияти давлати- 26000 хазор сомони;

– даромад аз фуруши векселхои хазинадори – 95000 хазор сомони;

– ичрои барзиёди накшаи даромади бучетхои махалли – 10152  хазор сомони;

– аз хисоби карзхои (грантхои) созмонхои байналмилалии молияви – 203181 хазор сомони.

  1. Маблаггузории пардохти карзи асосии берунаи Чумхурии Точикистон ба андозаи 1,6 фоизи Мачмуи махсулоти дохили ё ба маблаги 1105088 хазор сомони, аз чумла аз хисоби харочоти чории бучети чумхурияви 538680 хазор сомони ва аз хисоби барориши векселхои давлати, чалби карзхои (грантхои) созмонхои байналмилалии молияви, маблагхои баргардонидашуда аз руи созишномахои зеркарзи, бакияи маблагхои озоди бучети чумхурияви ба 1 январи соли 2018 дар Бонки миллии Точикистон ва Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт 566408 хазор сомони муайян карда шавад.
  2. Маблаггузории хизматрасонии карзи дохилии Чумхурии Точикис­тон ба андозаи 384587 хазор сомони, аз чумла аз хисоби харочоти чории бучети чумхурияви 179577 хазор сомони, аз хисоби баргардонидани карзхои Чамъияти сахомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратхисоби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон 40000 хазор сомони ва аз хисоби бакияи маблагхои озоди бучети чумхурияви дар Бонки миллии Точикистон ба 1 январи соли 2018 ва Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт 165010 хазор сомони муайян карда шавад.

 

Моддаи 4. Хачми умумии даромад ва харочоти бучети чумхурияви

Бучети чумхурияви барои соли 2018 аз руи даромад ба маблаги 9532802 хазор сомони, аз руи харочот ба маблаги 9856983 хазор сомони ва касри он ба маблаги 324181 хазор сомони тасдик карда шавад.

 

Моддаи 5. Даромади бучети чумхурияви аз руи манбаъхои даромад

Дар бучети чумхурияви барои соли 2018 воридоти даромад аз хисоби субъектхои хочагидории дар худуди Чумхурии Точикистон карордошта ба маблаги умумии 9532802 хазор сомони мукаррар карда шавад, аз чумла:

– андоз аз арзиши иловашуда – 4909992 хазор сомони;

– аксизхо – 403492 хазор сомони;

– андоз аз фуруш – 19600 хазор сомони;

– андоз барои захирахои табии – 193827 хазор сомони;

– андоз аз фоида – 640134 хазор сомони;

– андоз аз даромад – 813640 хазор сомони;

– бочхои гумруки- 842789 хазор сомони;

– андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард – 360000 хазор сомони;

– даромадхои дигари гайриандози – 944328 хазор сомони;

– грантхои созмонхои байналмилалии молияви- 405000 хазор сомони.

 

Моддаи 6. Харочоти бучети чумхурияви аз руи гурухбандии вазифави

Харочоти бучети чумхурияви барои соли 2018 аз руи гурухбандии вазифави дар хачми зерин тасдик карда шавад:

Маблаггузории бахши хокимияти давлати ва идоракуни – 720113 хазор сомони,

аз чумла:

– макомоти ичроия ва конунгузори – 157744 хазор сомони;

– сиёсати молияви ва андозию бучети – 107832 хазор сомони;

– фаъолияти сиёсати беруни – 240176 хазор сомони;

– макомоти дигари давлати – 214361 хазор сомони.

Маориф – 705808 хазор сомони,

аз чумла:

– тахсилоти умуми – 155742 хазор сомони;

– тахсилоти касби – 387490 хазор сомони;

– фаъолияти дигар дар сохаи маориф – 162576 хазор сомони.

Тандурусти – 275530 хазор сомони,

аз чумла:

– беморхонахо – 159636 хазор сомони;

– марказхои саломати- 4979 хазор сомони;

– хифзи саломатии ахоли- 32350 хазор сомони;

– фаъолияти дигар дар сохаи тандурусти – 78566 хазор сомони.

Сугуртаи ичтимои ва хифзи ичтимои – 507191 хазор сомони,

аз чумла:

– сугуртаи ичтимои- 336666 хазор сомони;

– хифзи ичтимои- 50984 хазор сомони;

– фаъолияти дигар дар сохаи сугуртаи ичтимоива хифзи ичтимои           – 119541 хазор сомони.

Фарханг ва варзиш – 286298 хазор сомони,

аз чумла:

– чорабинихо оид ба тарбияи чисмони ва варзиш – 4394 хазор сомони;

– муассисахои фархангию маърифати – 70624 хазор сомони;

– воситахои ахбори омма – 112607 хазор сомони;

– фаъолияти дигар дар сохаи фарханг ва варзиш – 98672  хазор сомони.

Хочагии манзилию коммунали, мухити зист ва хочагии чангал – 68935 хазор сомони.

Комплекси сузишворию энергетики – 2076825 хазор сомони.

Кишоварзи, мохидори ва шикор – 160037 хазор сомони,

аз чумла:

– барои рушди сохаи чорводори – 4000 хазор сомони;

– барои рушди сохаи растанипарвари – 4300 хазор сомони;

– барои рушди муносибатхои лизинги ва таъсису мукаммал намудани марказхои хизматрасони дар шахру нохияхои чумхури – 30000 хазор сомони.

Саноат ва сохтмон – 133083 хазор сомони.

Наклиёт ва коммуникатсия – 172764 хазор сомони.

Фаъолияти дигари иктисодива хизматрасони – 56300 хазор сомони.

Харочоте, ки ба категорияхои дигар дохил карда нашудаанд – 3276794 хазор сомони,

аз чумла:

– амалиёт бо ухдадорихои карзии давлати – 1413448 хазор сомони;

аз онхо:

амалиёт бо ухдадорихои карзии дохилии давлати – 179577 хазор сомони;

амалиёт бо ухдадорихои карзии берунаи давлати – 1233871 хазор сомони;

– харочоти шахри Душанбе барои амали намудани вазифахои пойтахт – 25000 хазор сомони;

– Фонди харочоти пешбининамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон – 78839 хазор сомони;

– харочоти дигаре, ки аз руи сохахои иктисодиёт гурухбанди нашудаанд – 1759507 хазор сомони.

 

Моддаи 7. Харочоти бучети чумхурияви аз руи гурухбандии идорави ва барномави

Харочоти бучети чумхурияви дар соли 2018 аз руи гурухбандии барномави дар сохахои маориф, тандурусти, сугуртаи ичтимои ва хифзи ичтимои, комплекси сузишворию энергетики, кишоварзи, мохидори ва шикор, наклиёт ва коммуникатсия тибки замимаи 2 мукаррар карда шавад.

 

Моддаи 8. Харочоти бучети чумхурияви аз руи гурухбандии иктисоди

Дар соли 2018 харочоти вазорату идорахо, ташкилоту муассисахо аз хисоби бучети чумхурияви аз руи гурухбандии иктисоди дар хачми зерин мукаррар карда шавад:

Харочот – 9856983 хазор сомони,

аз чумла:

Пардохти музди мехнат – 1541731 хазор сомони,

аз онхо:

– музди мехнати кормандони асоси – 1471163 хазор сомони;

– музди мехнати кормандони хайати техники ва хизматрасони – 70568 хазор сомони.

Маблагчудокунихо ба эхтиёчоти ичтимои – 204615 хазор сомони,

аз онхо:

– аз хисоби музди мехнати кормандони асоси – 179646 хазор сомони;

– аз хисоби музди мехнати кормандони хайати техники ва хизматрасони – 17661 хазор сомони;

– сугуртаи тибби ва сугуртахои дигар – 7308 хазор сомони.

Хариди мол ва хизматрасони – 2161776 хазор сомони,

аз онхо:

– пардохти хизматрасонии коммунали – 145526 хазор сомони;

– пардохти хизматрасонии алока – 72621 хазор сомони;

– дигар хариди мол ва хизматрасони – 1943629 хазор сомони.

Хизматрасонии карзхои дохили ва беруна – 1413448 хазор сомони,

аз онхо:

– пардохти фоизхои карзи дохили – 179577 хазор сомони;

– пардохти карзи берунаи асоси – 538680 хазор сомони;

– пардохти фоизхои карзи берунаи асоси – 695191 хазор сомони.

Харочоти пардохти кумакпулихо (субсидияхо) – 87680 хазор сомони.

Харочот барои трансфертхо – 1014933 хазор сомони.

Кумакпулихои ичтимои – 175294 хазор сомони.

Трансфертхои дигар – 295068 хазор сомони.

Амалиёт бо дороихо, ухдадорихо ва сармоягузори – 2962441 хазор сомони,

аз чумла:

– маблаггузории асосии мутамарказ – 2645171 хазор сомони;

– хариди мошинхо ва тачхизот – 65715 хазор сомони;

– дигар дороихои гайримолияви – 242796 хазор сомони;

– хариди дороихои молиявии дохили – 8759 хазор сомони.

 

Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон

Фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон барои соли 2018 ба маблаги 315354 хазор сомони тасдиккарда шавад.

 

Моддаи 10. Мусоидати молияви (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз бучети чумхурияви ба бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шахру нохияхои тобеи чумхуричудошаванда

  1. Хачми мусоидати молияви (субвенсия) аз бучети чумхурияви барои бучетхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шахру нохияхои тобеи чумхури барои фонди музди мехнат ба маблаги 820797 хазор сомони тасдик карда шавад, аз чумла барои:

– Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон – 174057 хазор сомони;

– вилояти Хатлон – 461007 хазор сомони;

– нохияи Варзоб – 12307 хазор сомони;

– нохияи Рашт – 41498 хазор сомони;

– нохияи Лахш – 28886 хазор сомони;

– нохияи Нуробод – 26983 хазор сомони;

– нохияи Сангвор – 14185 хазор сомони;

– нохияи Точикобод – 18559 хазор сомони;

– нохияи Файзобод – 26296 хазор сомони;

– нохияи Шахринав – 17019 хазор сомони.

  1. Хачми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз бучети чумхурияви барои бучетхои махалли барои пардохти харочоти чори ба маблаги 4239 хазор сомони тасдик карда шавад, аз чумла барои:

– нохияи Сангвор – 3785 хазор сомони;

– нохияи Точикобод – 454 хазор сомони.

  1. Мусоидати молияви (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба фондхои максадноки давлати, ба бучети вилоятии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шахру нохияхои тобеи вилоятхо ва чумхури аз руи ичрои вокеии бучети чумхурияви мустакиман аз бучети чумхуриявичудо карда мешавад.

 

Моддаи 11. Маблагхои накди гардони хазинавии бучети чумхурияви

Маблагхои накди гардони хазинавии бучети чумхурияви ба 1 январи соли 2019 ба маблаги 239313 хазор сомони тасдик карда шаванд.

 

Моддаи 12. Хачми умумии даромад ва харочоти бучетхои махалли

  1. Дар соли 2018 хачми умумии бучетхои махалли аз руи даромад бо дарназардошти мусоидати молияви (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз бучети чумхуриявичудо карда мешаванд, ба маблаги 5782934 хазор сомони, харочот ба маблаги 5793086 хазор сомони ва касри бучет ба маблаги 10152 хазор сомони, аз чумла дар бучети Вилояти Мухтори Кухис­тони Бадахшон – 1254 хазор сомони, вилояти Хатлон – 7367 хазор сомони, нохияи Варзоб – 180 хазор сомони, нохияи Рашт – 311 хазор сомони, нохияи Лахш – 193 хазор сомони, нохияи Нуробод – 176 хазор сомони, нохияи Сангвор – 111 хазор сомони, нохияи Точикобод – 123 хазор сомони, нохияи Файзобод – 220 хазор сомони ва нохияи Шахринав – 217 хазор сомони муайян карда шавад.
  2. Касри бучетхои махалли дар соли 2018 аз хисоби таъмини ичрои барзиёдии даромад ва маблагхои озоде, ки ба холати 1 январи соли 2018 ба вучуд омадааст, пушонида мешавад.

 

Моддаи 13. Таносуби воридоти андози ва гайриандози ба бучетхои чумхурияви ва махалли

  1. Дар соли 2018 ба бучети чумхурияви даромадхои андози ва гайриандозии зерин ворид карда шаванд:

– андоз аз фуруши алюминийи аввалия 100 фоиз;

– бочхои гумруки 100 фоиз;

– андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна 100 фоиз;

– дигар пардохтхои хатми ва даромадхои гайриандозии умумидавлати (инчунин мучозоти чаримавии онхо), хироч барои харакати воситахои наклиёти автомобилии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон 100 фоиз;

– аз Ширкати сахомии холдингии кушодаи «Барки Точик» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, инчунин андозхо барои захирахои табии (роялти барои об) 100 фоиз;

– аз Чамъияти сахомии кушодаи «Неругохи барки обии

Сангтуда-1» андозхо барои захирахои табии (роялти барои об) 100 фоиз;

– аз Корхонаи вохиди давлатии «Ширкати алюминийи Точик» – андоз аз арзиши иловашуда 100 фоиз;

– аз Корхонаи вохиди давлатии «Рохи охани Точикистон»

ва Чамъияти сахомии кушодаи «Точиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида 100 фоиз;

– аз Бонки давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон «Амонатбонк» – андоз аз фоида 100 фоиз;

– аз марказхои идораи лоихахои сармоягузори, намояндагихои дипломати, консулгарихо ва шахсони ба онхо баробаркардашуда – андоз аз даромади шахсони вокеи100 фоиз;

– аз ширкатхои алокаи мобили (ба истиснои Чамъияти сахомии кушодаи «Точиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 100 фоиз;

– аз Бонки миллии Точикистон – андоз аз арзиши иловашуда,

андоз аз даромади шахсони вокеи ва дигар пардохтхои хатми100 фоиз;

– аз Чамъияти дорои масъулияти махдуди Точикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб» – андоз аз фоида   50 фоиз;

– пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони

сарватхои зеризамини аз хисоби истихрочи маъданхои фоиданок (ба гайр аз канданихои фоиданоки маъмули, обхои зеризамини ва лойи табобати) 100 фоиз;

  1. Дар соли 2018 хиссачудокунии маблаг аз андоз ва даромади умумидавлати, ки аз андозсупорандагони дар худуди Чумхурии Точикистон карордошта ворид мегардад, ба бучети чумхурияви ва бучетхои махалли аз руи таносуби (фоизхои) зерин тасдик карда шавад:

– андоз аз арзиши иловашуда:

– ба бучети вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз вилояти Сугд ва шахрхои Рогун, Турсунзода ва Хисор) – 100 фоиз;

– аз вилояти Сугд – 60 фоиз ба бучети вилоят ва 40 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Рогун – 25 фоиз ба бучети шахр ва 75 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Турсунзода – 81 фоиз ба бучети шахр ва 19 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Хисор – 89 фоиз ба бучети шахр ва 11 фоиз ба бучети чумхурияви;

– андоз аз фоида:

– ба бучети вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз шахрхои Душанбе, Вахдат ва Рогун) – 100 фоиз;

– аз шахри Душанбе – 33 фоиз ба бучети шахр ва 67 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Вахдат – 42 фоиз ба бучети шахр ва 58 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Рогун – 100 фоиз ба бучети чумхурияви.

– андоз аз даромад:

– ба бучети вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз вилояти Сугд, шахрхои Душанбе, Вахдат ва Рогун) – 100 фоиз;

– аз вилояти Сугд – 58 фоиз ба бучети вилоят ва 42 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Душанбе – 30 фоиз ба бучети шахр ва 70 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Вахдат – 30 фоиз ба бучети шахр ва 70 фоиз ба бучети чумхурияви;

– аз шахри Рогун – 50 фоиз ба бучети шахр ва 50 фоиз ба бучети чумхурияви;

– андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард:

ба бучети чумхурияви 100 фоиз;

– аксизхо:

ба бучети вилоятхо, шахрхо ва нохияхо 100 фоиз;

– низомхои махсуси андозбанди:

ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо 100 фоиз;

– андозхои махалли, дигар пардохтхои хатмии махалли ва воридоти дигари гайриандозии махалли:

ба бучети вилоятхо, шахрхо ва нохияхо 100 фоиз.

  1. Воридоти андозхои танзимшавандае, ки хиссаи он ба даромади бучети чумхурияви пешбини шудааст, сараввал ба бучети чумхурияви дохил гардида, хиссаи бучетхои махалли сари вакт гузаронида мешаванд.
  2. Воридоти андозхои танзимшавандае, ки ба бучети чумхурияви аз шахри Душанбе аз накшаи умумии тасдикгардида барзиёд дохил шудааст, ба бучети шахри Душанбе гузаронида мешавад.

 

Моддаи 14. Бучети сугуртаи ичтимои ва нафака

  1. Бучети сугуртаи ичтимои ва нафака барои соли 2018 аз руи даромад ба маблаги 2730823 хазор сомони, аз чумла аз хисоби андози ичтимои ба маблаги 2665823 хазор сомони ва мусоидати молияви (субвенсия) аз хисоби бучети чумхурияви ба маблаги 65000 хазор сомони ва харочот ба маблаги 2730823 хазор сомони мувофики замимаи 3 тасдик карда шавад.
  2. Мусоидати молияви (субвенсия) аз хисоби бучети чумхурияви дар холате чудо карда мешавад, агар даромади бучети сугуртаи ичтимои ва нафака талаботи вокеии пардохти нафака ва кумакпулихоро конеъ карда натавонад.
  3. Дар соли 2018 даромади бучети сугуртаи ичтимои ва нафака аз хисоби андози ичтимои, харочоти он барои пардохти нафака ва кумакпулихои ичтимои дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхои тобеи чумхури ва хачми мусоидати молияви (субвенсия), ки ба вилоят ва шахру нохияхои чумхуричудо карда мешавад, мувофики замимаи 4 тасдик карда шавад.
  4. Дар соли 2018 хиссачудокунии маблаг аз андози ичтимои, ки аз андозсупорандагони дар худуди Чумхурии Точикистон карордошта ворид мешавад, барои пардохти нафака ва кумакпулихои ичтимои аз руи таносуби (фоизхои) зерин тасдик карда шавад:

– аз Корхонаи вохиди давлатии «Ширкати алюминийи Точик» 100 фоиз ба суратхисоби Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– дар шахри Душанбе 33 фоиз ба суратхисоби Раёсати Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи шахр ва 67 фоиз ба Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– дар шахри Рогун 22 фоиз ба суратхисоби шуъбаи Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи шахр ва 78 фоиз ба суратхисоби Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

– дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхои дигари тобеи чумхури 100 фоиз ба суратхисоби раёсат ва шуъбахои дахлдори Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 15. Имтиёзхои андози барои корхонаю ташкилотхои алохида дар соли 2018

  1. Андоз аз арзиши иловашуда дар соли 2018 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истехсоли молхои зераксизи), тахвили он ба корхонахои коркарди гандум, инчунин фуруши махсулоти аз гандум коркардшуда ба меъёри 10 фоиз мукаррар карда шавад. Бахисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки хангоми хариди (воридоти) дигар молу махсулоти (кору хизматрасонихои) барои тахвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фуруши махсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.
  2. Дар соли 2018 воридоти наклиёти махсуси коммуналию мусофиркашонии чамъияти, ёрии таъчили ва автомобилхои сабукрави назорати, ки номгуй ва микдори онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик гардида, аз хисоби бучети шахри Душанбе харидори мешаванд ва барои пурра намудани парки наклиёти мусофиркашони ва бехтар гардонидани таъминоти сохаи тандурустии шахри Душанбе равона мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки, хамчунин воридоти кувваи барк аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
  3. Дар соли 2018 воридот ва фуруши махсулоти кишоварзи аз чониби Корхонаи вохиди давлати «Оид ба истехсол, харид, захира ва фуруши махсулоти ниёзи аввалия дар шахри Душанбе» аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
  4. Воридоти мазути камсулфур барои эхтиёчоти Чамъияти сахомии шакли кушодаи «Маркази барку гармидихи»-и Душанбе, ки микдори он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизхо ва бочи гумруки озод карда мешавад.
  5. Дар соли 2018 ичрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асоси оид ба сохтмони мехмонхонаи «Исмоили Сомони», вокеъ дар хиёбони Рудакии шахри Душанбе ва муассисахои таълими барои 1200 чойи нишаст дар дехаи Элоки чамоати дехоти Калъаи Дашти нохияи Файзобод, барои 1200 чойи нишаст дар махаллаи Чордаи шахри Вахдат, сохтмон ва тачдиди 20 км рохи автомобилгард дар нохияи Дангара, намояндаи фармоишгар Консорсиуми байналмилалии «COYENE ET BELLIER», сохтмони ду муассисаи тахсилоти миёнаи умуми дар шахри Душанбе аз чониби ширкати хитои «Синзиян Бенсин» ва сохтмони муассисахои таълими дар шахри Кургонтеппа барои 320 чойи нишаст, шахри Сарбанд барои 320 чойи нишаст, нохияи Дангара барои 640 чойи нишаст аз чониби ширкати хитоии «Синохайдро» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд. Воридоти мол аз чониби фармоишгарон ва пудратчиёни асоси барои сохтмони иншооти мазкур тибки номгуй ва хачми тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд.
  6. Дар соли 2018 воридоти ангишт ба чумхури ба микдори 7200 тонна барои конеъ гардонидани талаботи шахсони вокеию хукукии нохияи Мургоби Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд.
  7. Дар соли 2018 ичрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асоси оид ба сохтмони Театри миллии Точикистон дар шахри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
  8. Дар соли 2018 ба маблаги карзи андозхои Чамъияти сахомии кушодаи «Неругохи барки обии Сангтуда-1», ки аз хисоби тахвили кувваи барк ба Ширкати сахомии холдингии кушодаи «Барки Точик» ба вучуд омадааст, фоизхои тибки моддаи 73 Кодекси андози Чумхурии Точикистон мукарраргардида хисоб карда намешаванд.
  9. Воридоти маснуоти заргари то 30 июни соли 2018 аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва бочи гумруки озод карда шуда, бар ивази онхо пардохти махсуси гумруки ба андозаи зерин мукаррар карда шавад:

– барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргари аз метали тилло – 18,0 сомони;

– барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргари аз метали нукра – 3,06 сомони.

  1. Дар соли 2018 воридоти хамаи намудхои чорвои зоти (таъиноти гушти, шири ва пашми), тухмии элита ва репродуксионии навъхои зироатхои кишоварзи дар асоси хуччатхои тасдиккунандаи зот ва сифати тухми аз хоричи кишвар бо максади парвариш ва истехсоли махсулот, инчунин тухмии кирмак барои пиллапарвари аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд.
  2. Воридоти тахвили ашёи хом (фурнитура) барои истехсоли либоси мактаби ба корхонахои дузандагие, ки номгуи онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд.
  3. Дар соли 2018 чихати навсозии техникии Чамъияти сахомии кушодаи «Точик Эйр», Корхонаи вохиди давлатии «Рохи охани Точикистон» ва баланд бардоштани сатху сифати хизматрасони ба мусофирон воридоти хавопаймохо, локомотивхо ва вагонхои замонавии мусофиркашони аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд. (КЧТ аз 05.02.18 с., №1504)

 

Моддаи 16. Хиссагузори ба Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт аз хисоби

ичрои барзиёди даромади бучетхои чумхурияви ва махалли

Дар соли 2018 аз хисоби ичрои барзиёди кисми даромади бучетхои тасдикшудаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва дигар шахру нохияхо баъд аз пушонидани касри бучет ва ичрои барзиёди кисми даромади бучети тасдикшудаи чумхурияви 20 фоизи маблаг ба Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт равона карда мешавад.

 

Моддаи 17. Мукаррарот оид ба чойгиронии депозитхои бучети чумхурияви ва бучети

сугуртаи ичтимои ва нафака дар бонкхо

Дар соли 2018 бо максади зиёд намудани даромади бучет, маблагхои озоди бучети чумхурияви ва бучети сугуртаи ичтимои ва нафака, ки ба  холати 1 январи соли 2018 ба вучуд меоянд, хамчун депозит бо фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон дар бонкхои Чумхурии Точикистон ба мухлати кутохмуддат дар давоми соли бучетичойгир карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Моддахои химояшавандаи бучети давлати

  1. Дар соли 2018 ба моддахои химояшавандаи харочот музди мехнат, маблагчудокунихо ба эхтиёчоти ичтимои, идрорпули, нафака, кумакпули, чубронпули ва пардохти хизматрасонихои коммунали дохил карда шаванд.
  2. Дар сурати зарурат ва мавчуд будани сарфа аз руи моддахои дахлдори харочот, дар холати набудани карз аз руи онхо, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, сохторхои махаллии он ва Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон метавонанд бо тартиби мукарраргардида ба накшаи тасдикшудаи моддахои харочот тагйироти дахлдор ворид намоянд.

 

Моддаи 19. Воридот ба бучети давлати аз хисоби ­маблагхои махсуси ташкилоту

муассисахои бучети ва мукаррарот оид ба харочоти маблагхои махсус

  1. Маблагхои махсуси вазорату идорахо, ташкилоту муассисахои аз хисоби бучети давлати маблаггузоришаванда дар даромаду харочоти ташкилоту муассисахои дахлдори бучети ба хисоб гирифта мешаванд. Хамзамон, 40 фоизи маблагхои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, 50 фоизи маблагхои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар сохаи наклиёт, 5 фоизи маблагхои махсуси муассисахои томактаби, тахсилоти умуми, ибтидои ва миёнаи касби, муассисахои тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, 10 фоизи маблагхои махсуси муассисахои тахсилоти олии касби ва дигар муассисахои сохаи маориф, илм, фарханг, дастгоххои маркази ва макомоти Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон, Вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон ва Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, 20 фоизи маблагхои махсуси дигар ташкилоту муассисахои бучети, ба истиснои маблагхои гранти, сарпарасти, максадноки супориши аз хисоби бучети давлати ва Хазинаи сарватхои давлатии назди Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хар семоха ба бучети дахлдор ворид карда мешаванд.
  2. Ба муассисаю ташкилотхои бучети истифодаи маблагхои махсус (ба истиснои маблагхои гранти ва сарпарасти) берун аз низоми хазинадори тавассути ташкилотхои карзи манъ аст. Дар холати риоя нагардидани низоми мазкур маблагхои ошкоргардида пурра ба даромади бучети дахлдор ситонида мешаванд.
  3. Дар сурати аз хачми маблаги дар бучети давлати тасдикшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблагхои махсуси ташкилоту муассисахои бучети Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии он метавонанд ба сметаи даромад ва харочоти онхо ва ба кисми даромад ва харочоти бучети давлати тагйироти дахлдор ворид намоянд.
  4. Дар соли 2018:

– дар холати ичро нагардидани кисми даромади бучети давлати ва норасоии маблаг барои пардохти харочоти дар бучет пешбинигардида, маблаггузории пардохти музди мехнат, хизматрасонихо аз руи истифодабарии кувваи барк, об ва дигар хизматрасонихои коммуналии вазорату идорахо ва ташкилоту муассисахое, ки маблагхои махсус доранд, аз хисоби ин маблагхо амали карда мешавад;

– 50 фоизи маблагхои аз хисоби додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва маблагхои аз хисоби истифодабарии захирахои ракамгузори бадастовардаи Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон ба даромади бучети чумхурияви гузаронида мешаванд. 50 фоизи маблагхои бокимонда дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон гузошта шуда, тибки Кодекси андози Чумхурии Точикистон андозбанди карда мешаванд ва 50 фоизи маблаг дар ихтиёри Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон гузошта шуда, тартиби дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба он татбик намегардад;

– маблагхое, ки аз хисоби хизматрасонии консулии (ба истиснои пардохт барои додани шиносномахои хоричии дорои хомили электронии иттилооти) Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар хорича ворид мегарданд, баъди пардохт ба бучет мутобики кисми 1 хамин модда, дар сметаи ягонаи даромаду харочоти идорахои мазкур ба хисоб гирифта шуда, барои маблаггузории фаъолияти онхо ва сохтмону таъмири бинохои маъмури равона карда мешаванд;

– маблагхои аз хисоби додани шиносномахои хоричии дорои хомили электронии иттилооти бадастовардаи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба андозаи 100 фоиз ба фонди андухтии дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон карордошта гузаронида шуда, харочоти он тибки фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон амали гардонида мешаванд;

– дар холати норасоии маблагхои дар бучет барои нигохдории намояндагихои дипломати, консулгарихо ва намояндагихои Чумхурии Точикистон дар хорича пешбинигардида, фаркияти он аз хисоби маблагхои махсуси вазорату идорахои дахлдор амали карда мешаванд.

  1. Бакияи маблагхои бучети ва маблагхои махсуси дар суратхисобхои намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар хорича, ки ба холати 1 январи соли 2018 ба вучуд омадааст, ба бучети чумхурияви баргардонида намешаванд ва хусусияти максаднок дошта, барои маблаггузории харочоти бучети соли 2018 пешбинишуда равона карда мешаванд.

 

Моддаи 20. Суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории

сохтмони иншооти мухими давлати

  1. Дар соли 2018 воридот ба суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати ба андозаи 5 фоиз аз хисоби ичрои барзиёдии кисми даромади бучетхои тасдикшудаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва дигар шахру нохияхо, инчунин 10 фоизи маблагхои махсуси Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон, 5 фоизи маблагхои махсуси муассисахои тахсилоти олии касби, раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Хадамоти шиносномадихию бакайдгирии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, ташкилоту муассисахои Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва дигар ташкилоту муассисахои бучети, ба истиснои муассисахои томактаби, тахсилоти умуми, ибтидои ва миёнаи касби, муассисахои тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли мукаррар карда шавад. Ворид намудани маблагхо ба суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати бо тартиби мукарраргардида тибки дастурамали аз чониби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдикгардида амали карда мешавад.
  2. Харочоти маблагхо аз суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати бо фармоишхои дахлдори Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Имтиёзхо барои хизматчиёни харби, кормандони макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти кудрати

  1. Маблаги рафтуомад ба махалли гузаронидани рухсати ба хизматчиёни харби ва кормандони макомоти хифзи хукук, ки барои хизматчиёни онхо дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон чунин имтиёз мукаррар гардидааст, дар як сол як маротиба, дар доираи маблагхои пешбинигардида, танхо дар худуди Чумхурии Точикистон бо пешниход намудани хуччатхои тасдиккунанда пардохта мешавад.
  2. (на барои нашр)
  3. Пардохти чубронпули дар сурати бо амри Президенти Чумхурии Точикистон ба холати казармави гузаронидани хизматчиёни харби, шахсони хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохили, кормандони дигар макомоте, ки дар хифзи тартиботи чамъияти ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблаге, ки тибки Конуни мазкур барои фонди музди мехнат дар сметахои ягонаи даромад ва харочотии вазорату идорахои дахлдор тасдик шудааст, анчом дода мешавад.

 

Моддаи 22. Мукаррарот оид ба хавасмандгардонии кормандон ва тахкими заминаи моддию

техникии Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки

назди Хукумати Чумхурии Точикистон

  1. Аз 1 январи соли 2018 барои хавасмандгардонии кормандон ва тахкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон 30 фоизи маблагхои умумии пинхонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва чарима аз руи онхо, ба истиснои андози ичтимои, низомхои махсуси андозбанди ва андозхои махалли, ки дар чараёни фаъолияти назорати ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва 30 фоизи маблагхои хирочи гумруки ба Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон равона карда мешаванд.
  2. Маблагхо аз хисоби даромадхои андози, ба истиснои ­андозхо ва низомхои махсуси кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба бучети чумхурияви бо намуди андоз ворид карда шуда, хиссаи он мутобики кисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон гузаронида шуда, барои маблаггузории тадбирхои мукарраргардида истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Конуни мазкур пешбинигардида нисбат ба макомоти мазкур татбик намегардад.

 

Моддаи 23. Андозаи нишондиханда барои хисобхо

Аз 1 январи соли 2018 нишондиханда барои хисобхо чихати хисобкунии андоз, боч, дигар пардохтхои хатми, мучозоти чаримави, пардохтхои ичтимои, инчунин барои хисобкунии дигар бузургихои арзишии хадди нихои (поёни ё болои), ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон татбик карда мешаванд, дар хачми 50 сомони мукаррар карда шавад.

 

Моддаи 24. Мукаррарот оид ба пардохти маблаг тибки халномахои суд ва ба бучет ворид

намудани чаримахо ва дигар пардохтхо хангоми риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон

  1. Ичрои халномахои суд дар бораи руёнидани зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони макомоти идоракунии давлати ва хифзи хукукхангоми адои вазифахои хизмати расонидашуда, аз хисоби маблагхои сметаи ягонаи даромад ва харочоти онхо амали карда мешаванд.
  2. Маблагхои аз хисоби татбики чорахои мачбуркуни барои риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла аз хисоби мусодираи молу мулк, чарима, пеня, ­чубронпули воридшуда ва хамчунин чуброни зарари молиявии дар натичаи риоя накардани интизоми молияви ба бучети чумхурияви расонидашуда, ба истиснои маблагхое, ки аз вайронкунандагони конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба замин ситонида мешаванд, ба даромади бучети чумхурияви гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 25. Тасдики хисобот оид ба ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар соли 2016

  1. Хисобот оид ба ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикис­тон дар соли 2016 аз руи даромад ба маблаги 18483788 хазор сомони, аз руи харочот ба маблаги 18294331 хазор сомони бо барзиёдии даромад нисбат ба харочот ба маблаги 189457 хазор сомони тасдик карда шавад.
  2. Харочоти вокеии Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар соли 2016 барои пардохти ухдадорихои карзии Чумхурии Точикистон оид ба пардохти карзи асосии беруна бо дарназардошти хизматрасонии он ба маблаги 1105804 хазор сомони тасдик карда шавад.

 

Моддаи 26. Мукаррарот оид ба ворид намудани тагйирот ба Бучети давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Дар мавриди барзиёд ё кам ичро гардидани кисми даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2018 Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад ба кисмхои даромад ва харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистон, аз чумла ба кисмхои даромад ва харочоти бучети чумхурияви барои соли 2018, мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон» бе тагйир додани хачми касри бучет тагйирот ворид намояд.
  2. Бо сабаби тагйир ёфтани хачми истехсолот (кор ва хизматрасони), андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбанди, инчунин тагйирёбии сохтори ташкилоту муассисахои бучети, ки аз санадхои меъёрии хукукии кабулнамудаи макомоти давлати бармеоянд, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ба кисмхои даромад ва харочоти бучетхои дахлдор тагйирот ворид намуда, бо тартиби мукарраргардида дар байни бучети чумхурияви, бучети сугуртаи ичтимои ва нафака ва бучетхои махаллихисоби байнихамдигари мегузаронад.
  3. Макомоти молия дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе чунин хисоби байнихамдигариро метавонанд байни бучетхои махаллии дахлдор амали намоянд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                      Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,

16 ноябри соли 2017,

№1469

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …