Главная / Илм / КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОНДар бораи бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОНДар бораи бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2008, №3, мод.194; с.2013, №7, мод.525)

(Конуни ЧТ аз 22.07.2013 № 997, аз 2.01.2018 № 1502)

Конуни мазкур асосхои хукуки ва тартиби бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул, хукукхо ва махдудиятхои (гаронихои) хукуки ба онро дар худуди Чумхурии Точикистон бо максади эътироф ва химояи давлатии тибки Конуни мазкур бакайдгирифтаи хукукхо ва махдудиятхои (гаронихои) хукуки ба молу мулки гайриманкулро мукаррар менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМи

Моддаи 1. Мафхумхои асоси Борбардории КОНУН дар формати PDF

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд:

– молу мулки гайриманкул – китъахои замин, хамчун моликияти давлати, бинои истикомати ва гайриистикомати, иншоот, объектхои сохтмони нотамом, нихолхои бисёрсола ва дигар молу мулки гайриманкуле, ки ба замин алокамандии мустахкам дорад, яъне объектхое, ки интиколашон бидуни расонидани зиёни вокеии бехисоб ба таъиноташон имконнопазир аст (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он – мачмуи маълумот ва хуччатхои мураттабгардида нисбат ба объектхои бакайдгирифташудаи молу мулки гайриманкул;

– маълумоти мушаххас – насаб, ном, номи падар, руз, мох, соли таваллуд, шахрванди, раками шиноснома, сурогаи чои истикомати шахси вокеи, номи пурра, ракам ва рузи додани хуччат дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки, раками мушаххаси андозсупоранда, сурогаи хукукии шахси хукуки (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– бинои истикомати ва гайриистикоматии чудогона – кисми дохилии бинои истикомати ва гайриистикомати, ки аз дигар кисмхои хамхудуди бино бо деворхо, таворахо чудо гардида, даромади алохида аз бинои ёрирасон (даромадгох, дахлез, галерея, катораи поймонакхо ва майдонхо, толори лифт ва гайрахо) ё ин ки аз худуди истифодабарии умум (худуди назди хона, куча ва гайрахо) бевосита ва ё бавоситаи бинои худуди дигар бо рохи мукаррар намудани сервитут дорад, таъинот, чойгиршави дар дохили бино, ки майдони он дар хуччатхои фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он сабт шудаанд. Бинои истикоматии чудогона метавонад аз бинои ёрирасон, баромадгох (дахлез, даромадгох ва гайрахо) иборат бошад;

– харитаи кадастри – хуччати фехристи ягонаи давлатии бакайдгирии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он мебошад, ки дар он накшаи графикии худуди дахлдори минтакаи бакайдгири, сархади китъахои замин, сервитутхо, худуди мухофизатшаванда, чойгиршавии бинои истикомати ва гайриистокамати, иншоот ва объектхои сохтмонии нотамом дар китъаи замин. инчунин маълумот дар бораи ракамхои кадастрии китъахои замин, бинои истикомати ва гайриистокамати, иншоот ва объектхои сохтмонии нотамом, дигар маълумот мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон нигох дошта шудааст;

– раками кадастрии объекти молу мулки гайриманкул- раками ягонаи дар худуди Чумхурии Точикистон такрорнашаванда ва ивазнашавандае, ки дар тамоми давраи мавчудият ва бархамхурии мавчудияти молу мулки гайриманкул нигох дошта мешавад;

– бинои истикомати ва гайриистикомати- хамагуна объекти дар боло ва зери замин сохташудае, ки сохтмони он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон эътироф карда шуда, барои истифодаи дарозмуддат пешбини гардидааст ва бо замин алокаманди дошта, бе расонидани зарар интиколи он имконнопазир аст, таъинот, чойгиршави ва андозаи он дар хуччатхои фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он сабт шудааст;

– объектхои сохтмонии нотамом – объекти сохтмонаш мавкуфгузошта, ки барои ба вучуд омадани он хамчун бинои истикомати ва гайриистикомати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, вале нотамом мебошад, бо замин алокамандии мустахкам дошта, таъинот, чойгиршави ва андозаи он дар хуччатхои фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он сабт шудааст;

– объекти таъиноти махсус – объекти молу мулки гайриманкуле, ки хангоми пахн гардидани маълумот дар бораи он метавонад ба амнияти милли, иктидори мудофиави ва манфиатхои мухими Чумхурии Точикистон зарар расад;

– махдудияти (гаронии) хукук – хукуки шахс нисбати молу мулки мушаххаси гайриманкул, ки молик ё истифодабарандаи он намебошад, аз чумла сервитут, ипотека, ичора, истифодаи беподош, шарт ва ё манъкуние, ки сохибхукукро махдуд мекунад, аз чумла хабс, эътирофи молу мулки гайриманкул хамчун объекти меросии таърихию фарханги, махдудият нисбати молу мулки гайриманкули вобаста ба хизматрасонии хатхои баркдихи, кубурхатхо ва дигар иншоотхои мухандиси;

– маълумоти асосии объектхои молу мулки гайриманкул раками кадастри, таъинот, тасвирхо худудхо, чойгиршави, майдони китъаи замин, мавчуд будан ё мавчуд набудани хукуки истифодаи китъаи замин бо хукуки бегона намудани он, майдон ё дигар андозахои бинои истикомати ва гайриистокамати, иншоот ва объектхои сохтмонии нотамом, бинои истикоматии чудогона, инчунин дигар тавсифи объектхои молу мулки гайриманкул дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– варакаи бакайдгири – хуччати фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он буда, навиштачот оид ба ичрои амалиёти бакайдгири ва дигар навиштачот нисбати объектхои молу мулки гайриманкулро дар худуди дахлдори минтакаи бакайдгири дар бар гирифтааст (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– парвандаи бакайдгири хуччати фехристи ягонаи бакайдгирии давлати ва хукук ба он буда, аризахои асл, аз чумла ариза оид ба бакайдгирии давлати, инчунин нусхаи хуччатхо, ки асос барои бакайдгирии давлати нисбати объекти мушаххаси молу мулки гайриманкул, инчунин дигар хуччатхои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраршударо дар бар гирифтааст;

– минтакаи бакайдгири – кисми худуди Чумхурии Точикистон дар сархадхои як ва зиёда вохидхои маъмурию худуди, ки дар он ташкилотхои минтакавии бакайдгирии дахлдори давлати фаъолияти бакайдгириро анчом медиханд;

– махалли кадастри – кисми таркибии нохияи маъмури, ки раками худро дорад ва дар асоси он раками кадастрии объекти молу мулки гайриманкул муайян карда мешавад. Хангоми тагйир ёфтани сархади маъмурии нохия сархад ва коди махалли кадастри тагйир дода намешавад (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– фехристи худудии молу мулки гайриманкул- кисми фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он буда, дорои мачмуаи маълумот ва хуччатхои мураттабгардида нисбати объектхои молу мулки гайриманкули бакайдгирифта мебошад, ки дар худуди дахлдори бакайдгири чойгир аст;

– баруйхатгирии техникии молу мулки гайриманкул – чамъ, баркароркуни ва тахрири маълумот оид ба мавчудият, чойгиршави, таркиб, майдон ва дигар хусусиятхо, холатхо, арзишхои молу мулки гайриманкул дар асоси тахкики вокеии молу мулки гайриманкул (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– шиносномаи техники – хуччати техникие, ки дар натичаи баруйхатгирии техники ва (ё) санчиши холати вокеии молу мулки гайриманкул тартиб дода шуда, маълумот дар бораи масохат ва дигар тавсифхои он, раками кадастри, раками баруйхатгири, сурога (чойгиршави) ва маълумоти дигарро дар бораи молу мулки гайриманкул дар бар мегирад (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– хуччатхои хукукмуайянкунанда – хуччате, ки пайдоиш, гузаштан, катъи хукук ва махдудиятхои (гаронихои) хукукро ба молу мулки гайриманкул мукаррар менамояд (конун, карори макоми ваколатдори давлати, шартномахо, ахдхо, карори суд ва хуччатхои хукукмуайянкунандаи дигари пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон) (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– бозори аввалияи замин – аз давлат ба шахсони вокеию хукукизаминистифодабарандагон гузаштани хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он тибки санадхои меъёрии хукуки (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– бозори дуюмдарачаи замин – аз чониби заминистифодабарандагон -шахсони вокеи ва хукуки фурухтани хукукхои онхо барои амали гардидани ахдхои хукукию граждани вобаста ба хукуки истифодабарии китъахои замин бо хукуки бегона намудани он тибки санадхои меъёрии хукуки (Конуни ЧТ аз 2.01.2018 № 1502);

– хатои техники – хато дар варакаи бакайдгири ё харитаи кадастри, ки ислохи он ба мазмуни хукук, сохибхукук ё тагйири микдори сахм дар хукук таъсир намерасонад. Ба хатои техники, аз чумла сахв дар калимахо, калимахои ихтисоршуда, адад, хатохои имлоии хисобхо дохил мешаванд;

– хатое, ки хусусияти техники надорад- хатое, ки дар варакаи бакайдгири хангоми бакайдгирии давлатии хукукхо, махдудиятхои (гаронихои) хукукхо ба молу мулки гайриманкул рох дода шудааст ва дар натичаи ислох кардани он мазмуни хукук, сохибхукук ё тагйирёбии хукук ба микдори сахм иваз мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …