Главная / Чамъият / КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МАКОМИ ПОЙТАХТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МАКОМИ ПОЙТАХТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Конуни мазкур макоми пойтахти Чумхурии Точикистонро мукаррар намуда, хусусиятхои идоракуни ва асосхои ташкили, хукуки, иктисоди ва ичтимоии фаъолияти онро муайян мекунад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Пойтахти Чумхурии Точикистон

  1. Тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон пойтахти Чумхурии Точикистон шахри Душанбе мебошад.
  2. Шахри Душанбе хамчун пойтахти Чумхурии Точикистон:

– маркази маъмурию сиёси, иктисоди, ичтимои, илмию таълими ва таърихию фархангии мамлакат мебошад;

– вохиди маъмурию худудиест, ки макоми махсуси давлати­дошта, дар он кароргохи расмии Президенти Чумхурии Точикистон, Дафтардории Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, макомоти олии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва намояндагихои созмонхои байналмилали дар Чумхурии Точикистон чойгир шудаанд;

– махалли нигохдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва чойи тайёр кардани шакли аслии рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон мебошад.

  1. Худуди пойтахти Чумхурии Точикистон худуди шахри Душанбе мебошад.

Моддаи 2. Мафхуми макоми пойтахти Чумхурии Точикистон

Тахти мафхуми макоми пойтахти Чумхурии Точикистон вазъи хукукии шахри Душанбе фахмида мешавад, ки мутобики он хукуку вазифахои алохидаи бо Конуни мазкур мукарраргардидаи макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе оид ба амали намудани функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи макоми пойтахти Чумхурии Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи макоми пойтахти Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Кафолатхои таъмини функсияхои пойтахтро амали намудани шахри Душанбе

Хукумати Чумхурии Точикистон кафолатхои аз тарафи шахри Душанбе амали намудани функсияхои пойтахтро бо роххои зерин таъмин менамояд:

– дар бучети чумхурияви чудо намудани сатри алохидаи харочоти шахри Душанбе барои амали намудани функсияхои пойтахт;

– пешниход намудани мусоидати молияви (субвенсия) ва кумаки молияви (субсидия) ба шахри Душанбе барои амали намудани функсияхои пойтахт бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

– ба моликияти шахри Душанбе додани молу мулке, ки барои амали намудани функсияхои пойтахт зарур мебошанд;

– пешкаш намудани кафолатхои давлати ба сармоягузорихое, ки бахри рушди инфрасохторхои пойтахт чалб карда мешаванд;

– андешидани чорахои дигар, ки амалигардонии функсияхои пойтахтро таъмин менамоянд.

Моддаи 5. Мусоидати макомоти хокимияти давлати ба шахри Душанбе дар ичрои функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон

Макомоти хокимияти давлати ба шахри Душанбе дар ичрои функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон бо рохи иштирок дар корхои зерин мусоидат менамоянд:

– тахия ва амалисозии барномахои максадноки рушди шахри Душанбе хамчун пойтахти кишвар;

– мутобики шартномахои бо макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе басташуда амали намудани накшахои сохтмон, таъмиру тачдид ва нигохдории объектхое, ки ба шахри Душанбе дар ичрои функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон зарур мебошанд;

– нигохдори ва рушди воситахои алока, роххои автомобилгард, низоми наклиёт дар худуди шахри Душанбе, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахр барои амали намудани функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон чудо карда шудаанд;

– рушди объектхои хочагии коммуналию манзили, ки бахри конеъ гардонидани ниёзхои коммуналию маишии ахолии шахри Душанбе равона шудаанд;

– гузаронидани чорабинихо оид ба хифзи табиат, таъмини тартиботи чамъияти ва бехатари аз сухтор, инчунин ташкили чорабинихо барои бартараф кардани окибати офатхои табии, холатхои фавкулода, пешгири намудани онхо ва расонидани кумак ба зарардидагон.

Моддаи 6. Худуди шахри Душанбе

  1. Худуди шахри Душанбе бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои сохти маъмурию худудии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Худуди шахри Душанбе хамаи заминхои дар доираи сархади маъмурию худудии шахри Душанбе карордоштаро дар бар мегирад.
  3. Бо максади идоракунии самараноки шахр, халли масъалахои ахамияти махаллидошта ва ичрои ваколатхои бо Конуни мазкур мукарраршуда худуди шахри Душанбе ба нохияхо таксим шудааст.
  4. Нохияхои шахри Душанбе бо назардошти хусусиятхои ичтимоию иктисоди, таърихи, чугрофи, шахрсози, шумораи ахоли, чойгиршавии коммуникатсияи наклиёт, мавчудияти инфрасохтори мухандиси ва хусусиятхои дигари худуди ташкил карда шудаанд.

Моддаи 7. Махдудиятхо дар истифодабарии худуди пойтахти Чумхурии Точикистон

  1. Дар холатхои алохида дар шахри Душанбе бо максади амали гардонидани функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон тибки накшаи генералии рушди шахр бо карори Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе ва ризоияти Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми истифодаи худуди шахр мумкин аст махдудиятхо мукаррар карда шаванд.
  2. Дар худуди пойтахти Чумхурии Точикистон, ба гайр аз минтакахое, ки бо карори Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигохдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар хайвоноти хонаги, ба истиснои гурба, саг ва паррандахои хушхон ва хурди гайриистеъмоли, манъ аст. Парвариш ва нигохдории гурба, саг ва паррандахои хушхон ва хурди гайриистеъмоли тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба байтори ичозат дода мешавад.

 

БОБИ 2.

ХУСУСИЯТХОИ ИДОРАКУНИИ МАКОМОТИ МАХАЛЛИИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР ПОЙТАХТ 

Моддаи 8. Вазифахои макомоти махаллии хокимияти давлати дар пойтахт

Вазифахои макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе оид ба таъмини амалигардонии функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон аз инхо иборатанд:

– фарохам овардани шароити мусоид барои ичрои вазифахои сиёси, иктисоди, ичтимои, фарханги ва маъмурии Чумхурии Точикистон;

– баланд бардоштани имкониятхои ракобатпазирии пойтахт дар байни пойтахтхои давлатхои дигари чахон;

– бунёди шахр бо рушди устувор;

– рушди пойтахт хамчун маркази равобити байналмилали;

– фарохам овардани шароити мусоид барои амалигардонии фаъолияти Президенти Чумхурии Точикистон, Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон, Суди Олии Чумхурии Точикистон, Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистонва дигар макомоти марказии хокимияти давлати, инчунин намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва созмонхои байналмилали;

– фарохам овардани шароити мусоид барои ташкил ва гузаронидани чорабинихои умумидавлати ва байналмилали;

– амалигардонии дигар функсияхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст. 

Моддаи 9. Ваколатхои Мачлиси вакилони халк дар пойтахт

Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе дар баробари ваколатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои таъмини амалигардонии функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон дорои чунин ваколатхо мебошад:

– дар мувофика бо макомоти ваколатдори марказии хокимияти давлати лоихахои мушаххаси накшахои батанзимдарории сохтмон, меъёр ва коидахои шахрсози ва истифодабарии иншоотхои пойтахтро тахия ва тасдик менамояд;

– коидахои ободони ва нигохдории пойтахтро тасдик менамояд;

– банакшагири ва таъмини стратегияи рушди мачмуии ичтимоию иктисодии шахри Душанберо амали менамояд;

– тартиби вуруди наклиёти дигар шахру нохияхо ба шахри Душанбе ва харакати автомашинахои сабукрав, таксихо, наклиёти боркаш ва махсусро дар худуди шахри Душанбе тасдик менамояд;

– бо макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлатии дигар давлатхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон робитахои байналмилалиро баркарор менамояд;

– дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали менамояд. 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар пойтахт

Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе дар баробари ваколатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои таъмини амалигардонии функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон дорои чунин ваколатхо мебошад:

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти хокимияти давлати, инчунин ба намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи, намояндагихои созмонхои байналмилали дар Чумхурии Точикистон китъахои замин, бино, иншоот, манзил, хизматрасонии манзилию коммунали, наклиёти ва дигар намудхои хизматрасониро пешниход менамояд;

– барои гузаронидани чорабинихои чумхурияви ва байналмилали аз хисоби маблагхои бучети махалли ва кумаки молияви аз бучети чумхурияви шароити заруриро таъмин мекунад;

– дар тахия ва амалигардонии барномахои максадноки чумхуриявии рушди шахри Душанбе иштирок менамояд;

– нигохдори ва рушди воситахои алока ва роххои автомобилгарде, ки аз худуди шахри Душанбе мегузаранд, инчунин хизматрасонии наклиётиро ба ахоли таъмин менамояд;

– марказхои ягонаи хизматрасони ба ахолии шахри Душанберо таъсис медихад;

– коидахои ташкил ва гузаронидани таъмири бинохои истикоматии бисёрошёнаи пойтахтро, ки барои бунёди симои ягонаи меъмории пойтахт равона гардидаанд, тасдик менамояд;

– тавассути ташкилотхои ваколатдор барои таъмири бинохои истикоматии бисёрошёнаи пойтахт, ки ба бунёди симои ягонаи меъмории пойтахт равона карда шудаанд, аз бучети махалли маблагхо пардохт менамояд;

– хамкории байналмилалиро оид ба масъалахои рушди пойтахт амали менамояд;

– лоихаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро, ки бевосита ба манфиатхои пойтахт дахл доранд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мувофика менамояд;

– лоихаи санадхои меъёрии хукуки ва дигар пешниходхоро оид ба масъалахои фаъолият ва рушди пойтахт ба баррасии Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

– дар халли масъалахои баргузории чорабинихои дорои хусусияти умумидавлати ва байналмилали дар пойтахт иштирок менамояд;

– тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти дахлдори давлати чихати ба моликияти коммуналии шахри Душанбе супоридани объектхое, ки дар моликияти чумхурияви карор дошта, дар худуди пойтахт чойгиранд ва барои таъмини ичрои функсияхои пойтахт ахамияти мухим доранд, пешниход ирсол менамояд;

– тибки тартиботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар хифзи тартиботи чамъияти ва таъмини амнияти шахрвандон иштирок менамояд. 

Моддаи 11. Бинохо, сохтмонхо, иншоот ва иморатхои макомоти давлати, ки ба моликияти чумхурияви дохил мешаванд

Бинохо, сохтмонхо, иншоот ва иморатхои макомоти давлати, ки дар худуди шахри Душанбе карор дошта, дар онхо макоми олии конунгузор, макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати, макомоти судии Чумхурии Точикистон, Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон чойгир шудаанд, моликияти чумхурияви мебошад. 

Моддаи 12. Фаъолияти меъмори, шахрсози ва сохтмон дар пойтахт

  1. Дар худуди пойтахти Чумхурии Точикистон – шахри Душанбе фаъолияти шахрсози, меъмори ва сохтмон мутобики накшаи генералии шахри Душанбе ва конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи шахрсози ба амал бароварда мешавад.
  2. Накшаи генералии шахри Душанбе аз тарафи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе тахия гардида, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  3. Додани китъаи замин ва ичозат барои сохтмони бино ва иншоот ба шахсони вокеи ва хукуки бо карори макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе дар асоси накшаи генералии шахри Душанбе амали карда мешавад.
  4. Бо максади ба пойтахт додани симои ягонаи меъмори макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе муоинаи техникии хонахои истикоматии бисёрошёнаро мегузаронад. Дар асоси санади муоинаи техники макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе номгуи хонахои таъмирталабро муайян мекунад. Тартиби гузаронидани муоинаи техники ва таъмири хонахои истикоматии бисёрошёнаи зикргардидаро раиси шахри Душанбе тасдик менамояд.

Моддаи 13. Таъмини бехатари ва тартиботи чамъияти дар пойтахт

  1. Мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо, рохпаймоихо ва дигар чорабинихои оммави дар пойтахти Чумхурии Точикистон – шахри Душанбе тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд.
  2. Бо максади таъмини амният ва хифзи тартиботи чамъияти дар пойтахти Чумхурии Точикистон, фарохам овардани шароит барои амалигардонии функсияхои макомоти давлати, намояндагихои дипломати, муассисахои консулии давлатхои хоричи ва намояндагихои созмонхои байналмилали тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе метавонад тартиби махсуси воридшави, харакати воситахои наклиёт ва чорабинихои санитари-эпидемиологиро дар худуди шахри Душанбе пешбини намояд. 

БОБИ 3.

ХУСУСИЯТХОИ ТАЪМИНОТИ МОДДИ ВА МОЛИЯВИИ ПОЙТАХТ 

Моддаи 14. Хусусиятхои маблаггузории харочоти марбут ба функсияхои пойтахтро ичро намудани шахри Душанбе

Маблаггузории харочоти марбут ба функсияхои пойтахтро ичро намудани шахри Душанбе хангоми муайян намудани бучети чумхурияви барои соли навбатии молияви, инчунин аз хисоби маблагхое, ки макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва намояндагихои созмонхои байналмилали дар Чумхурии Точикистон барои хизматрасонии шахр пардохт менамоянд, пешбини карда мешаванд.

Моддаи 15. Таъминоти модди ва молиявии харочоти иловагии шахри Душанбе хангоми ичро намудани функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон

Карори макомоти давлати, ки ба ичро намудани функсияхои пойтахти Чумхурии Точикистон равона карда шудааст ва харочоти иловагиро пешбини менамояд, бояд бо пешниход намудани воситахои модди ва молиявии зарури бо макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе мувофика карда шавад.

 

БОБИ 4.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 16. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1996, №23, мод. 335; соли 2009, №5, мод. 325) аз эътибор сокит дониста шавад. 

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                           Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе

2 январи соли 2018

№ 1494

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …