Главная / Илм / КОНТУЗИЯ

КОНТУЗИЯ

kontuziaКОНТУЗИЯ (Contusio), иллатест, ки дар натичаи сахт лат хурдан, ногахон паст ё баланд шудани фишори атмосфера, аз таъсири вибратсия (хангоми зарби таркиши сахт) ба амал меояд. Дар зери тудаи рег ё санг мондан, хамчунин аз баланди пуштноки (руйноки) ба об афтидан низ сабаби К. шуда метавонад. Баъзан истилохи «контузия»-ро ба маънои латхури истифода мебаранд, вале дар ин сурат, албатта, узв ё чои иллатёфтаро номбар мекунанд (мас., К. – и магзи сар).
Ихтилоли хуш аломати асосии К. мебошад. Дар аснои К.-и сабук бехуши чанд дакика давом кунад хам, фаъолияти нафаскаши ва кори узвхои дилу раг вайрон намешавад. Хангоми К.-и вазнин одам тамоман бехуш мегардад. Бехуши аз чанд соат то чанд шаборуз давом карда, аксар вакт бо осеби фаъолияти дил ва нафаскаши чараён мегирад, иллати узвхои дарун (мас., гурда), устухон, магзи сар, шикастани дасту по, кабурга низ ба мушохида мерасад. Баъди К.- и миёна ва вазнин сар чарх зада, дарди сар, ихтилоли кувваи сомеа ва нутк (хатто то карию гунги) ба амал меояд. К. хар кадар сабук бошад, табобаташ хамон кадар осон аст.
Осебдидаро сарфи назар аз дарачаи вазнинии К. фавран ва эхтиёткорона ба наздиктарин муассисаи табобати бояд бурд; агар у бехуш бошад, албатта бо занбар мебаранд. Агар К. дар натичаи захмдори ва шикастани устухон ба амал ояд ё хунравиро муваккати боздоштан зарур бошад, ба осебдида дар хамон чое, ки флокат руй додааст, фавран ёри мерасонанд. Хангоми К.-и вазнин нафасдихии сунъиро факат бо усули «дахон ба дахон» бояд гузаронд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …