Главная / Илм / КОНСУЛТАТСИЯИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКи

КОНСУЛТАТСИЯИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКи

konsultatsiai-tibbi-genetikiКОНСУЛТАТСИЯИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКи, як шакли ёрии тибби ба ахолист, ки барои кам кардани хуручи беморихои ирси равона шудааст. Муассисае, ки чунин ёри мерасонад, низ хамин номро гирифтааст. Одатан, К.-ро дар назди Ин-тхои тадкикоти илми, кафедраи мактабхои олии тибби, беморхонахо, поликлиникахо ташкил мекунанд. Сабаби дар доираи нигохдории тандурусти ташкил шудани К. саривакт конеъ гардондани талаботи ахоли ба ёрии генетики мебошад.
Имконияти пешгири ва табобати беморихои ирси ба савияи донишхо оид ба хусусияти тагйироти биохимияви, физиологи ва морфологие, ки хангоми ин ё он бемори ба амал меоянд ва дарачаи тахияи усулхои ба ин максадхо зарури чаррохи, табобати ва санитарию гигиени вобаста аст. Бинобар ин афкори дар байни ахоли маъмуле, ки гуё беморихои ирси ногузиранд, аз хакикат дур мебошад. Бемории ирси пеш аз хама натичаи тасодуф буда, хамон вакт руй дода метавонад, ки волидайни амалан солим дар организми худ як моддаи вайрони генетики дошта, аз мавчудияти он тамоман бехабаранд. Ба тухмаи бордор (зигота) маттахид шудани хар ду нукси генетики низ, ки аз он организми кудак инкишоф меёбад, тасодуфист. Эхтимоли вохурдани ду хомили нукси генетики нихоят кам мебошад. Вале агар чунин вохури ба амал ояд ва азбаски дар ин бора, одатан, баъди таваллуди кудаки гирифтори бемории ирси мефахманд, дарачаи имконнопазирии ин гуна бемориро барои кудакони оянда муайян кардан мумкин аст. Пас, агар ин тавр бошад, таваллуди кудаки беморро дар оянда метавон пешгири кард. Гайр аз ин, генетикаи тибби алхол бо усулхои ташхиси дохилибатнии такр. 70 бемории ирси мусаллах аст. Онхо имкон медиханд, ки пеш аз таваллуд волидайнро дар хусуси бемор будани кудак бохабар созанд ва эшонро дар бораи ба максад мувофик будани катъи хомилаги бовар кунонанд.
Тасаввурот доир ба илочнопазирии беморихои ирси низ аз хакикат дур аст. Имруз тиб дар ихтиёри худ усулхои табобати такр. 40 бемории ирсиро дорад ва микдори онхо тадричан меафзояд.
Самараи кори К. аз бисёр чихат ба дурустии ташхис вобаста аст. Ба беморихои ирси шабохат доштани ягон бемории дигар чунин маъно надорад, ки он хатман ирси аст. Мас., кари мумкин аст мохияти ирси дошта бошад, вале он метавонад окибати бемории сурхакон (гулафшон) низ бошад, ки онро зан хангоми хомилаги аз сар гузаронидааст. Чанин ба ангезандаи беморихои сирояти, баъзе дорухо, афканишоти рентгени ва пайвастхои химиявии гуногун, ки дар организми модар дар давраи хомилаги дучор мешаванд, хеле хассос мебошад. Акидае, ки гуё организми модар чанинро пурра хифз мекунад, хато аст ва бинобар ин, бемории модарзоди хатман бемории мохиятан ирси буда наметавонад. Хатто чунин ходисаи дар байни аъзои як оила маъмул будани хамон як бемори, ки бо эхтимоли муайян имкон медихад бемории мохиятан ирси будани он тахмин карда шавад, хамеша барои тасдики ирси будани ин бемори далели кофи нест. Сабаби бемор шудани чанд кас дар оила шояд омиле бошад, ки ахли оила ба таъсири он дучор мешавад. Агар илова ба ин суханхо гуем, ки хамон як бемори дар хар шахс зухуроти гуногун дорад, маълум мешавад, ки барои чавоб гуфтан ба саволи ирси будан ё набудани ин бемории кудак факат баъди муоянаи хаматарафа чавоб додан мумкин аст. Духтури генетик хамеша бо усулхои тамоман гуногуни тадкик – клиники, биохимияви, ситогенетики ва г. сару кор дорад. Ба духтур усули генеалоги ё тахлили шачара ёрии мухим мерасонад. Аммо одамоне, ки ба К. мурочиат мекунанд, аксаран ба духтур дар бораи хешу акрабои худ ва саломатии онхо маълумоти нодуруст медиханд, то ки сабаби бемории кудакро ба гардани хешовандони дигар зананд ё падари хакики будани худро рупуш намоянд.
Максади К. дар он аст, ки дарачаи эхтимолияти пайдо шудани бемории ирси муайян карда шавад. Вале бо ин кори духтури К. хотима намеёбад. Шархи дурусти ходисаи рухнамуда ва маълумот додан дар бораи имкониятхои тибби хозира оиди ташхису табобати беморихои ирси – чунин аст доираи нопурраи масъалахое, ки духтури генетик дар рафти машварат бояд дахолат кунад, то ки волидайнро барои халли дурусти масъалаи асоси, аз чумла фарзанддор шудан ё нашудан, омода созад. Ниг. низ. Ген, Генетика.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …