Главная / Илм / КОНСТИТУТСИЯ

КОНСТИТУТСИЯ

konstitutsiaКОНСТИТУТСИЯ (лот. constitutio – сохтор, холат), буния, мачмуи хусусиятхои вазифави ва морфологии организм, ки ба ирсият ва таъсири бардавому бошиддати мухити атроф вобастаги дорад.
Хануз дар замонхои кадим маълум буд, ки одамон аз руи сохти бадан, мизоч, ичрои ин ё он кор аз хамдигар фарк мекунанд. Букрот одамонро вобаста ба мизоч, дамавимизоч, балгамимизоч ва молихулиёи чудо карда буд. Чолинус мафхуми «halitus»-ро чори намуд, ки мачмуи аломатхои зохириро дар назар дорад (сохти бадан, намуди зохири). Ба акидаи Чолинус одамон вобаста ба мачмуи аломатхои номбурда ба ин ё он бемори майл доранд. у таъкид кардааст, ки гайр аз майл ба бемори дар пайдоиши он тарзи хаёт низ таъсири амик мегузорад.
Таълимоти хозираи К. нафакат ба хусусиятхои анатомии организм, балки ба тавсифи фаъолияти олии асаб, вазъи системаи гадудхои дохили ва муносибати он ба мухит асос ёфтааст.
Вобаста ба андом (каду комат) К. се навъ мешавад: астенияви, гиперстенияви ва нормостенияви. Ба астениявихо одамони сандуки синаашон борики пахн, гарданашон дароз, дасту пояшон борику китфонашон хурд мансуб мебошанд. Одамони гиперстенияви чуссаи калон, шонаи пахн, гардани кутох, сари лунда, дасту пои нисбатан кутох, синаи фаррох ва шиками дамида доранд. Ашхоси нормостенияви дар байни ин харду гурух меистанд.
Хусусиятхои буниявии организм ба инкишофи чараёни беморихои гуногун ва хислатхои одам таъсир мерасонанд. Онхо бояд дар амалияи тиб ба эътибор гирифта шаванд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …