Главная / Илм / КОНСИЛИУМ

КОНСИЛИУМ

konsiliumКОНСИЛИУМ (Covsultatio medicalis), мушовараи пизишкон, машварату маслихати пизишкон, ки барои муайян намудани вазъи саломатии бемор, чигунагии бемории у, усулу воситахои табобат, инчунин барои аник кардани пешомади бемори гузаронида мешавад. К. ё бо хохиши духтури муолич (дар мавриди номаълум ва мураккаб будани дард) ё бо илтимоси хешовандони мариз баргузор мегардад.
К.-ро дар бемористон, амбулаторияю поликлиника, санатория, дар манзили бемор гузаронидан мумкин аст. Агар К. дар муассисаи табобати гузаронида шавад, ичозати сардухтур ё мудири муассиса лозим мешавад. Хулосаи К. хатман дар варакаи собикаи бемори зикр меёбад ва ба он хамаи аъзои К. имзо мегузоранд.
Хайати К. ё аз духтурони як соха (мас., факат терапевтхо ё чаррохон ва г.) ва ё аз мутахассисони гуногун (мас., терапевт, чаррох, омосшинос) иборат аст. Дар мавриди хал намудани масъалахои хукуки, илмию техники ва г. хайати духтурон ва хамчунин намояндагони дигар сохахо ташкил дода мешавад.
К. мумкин аст дар асоси карори органхои судиву тафтишоти барои муайян намудани масълаи вобаста ба чиноятхои зидди ягон одам ва саломатии шахрвандон содиршуда ташкил гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …