Главная / Чамъият / КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАХЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИ ДАР ЧТ

КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАХЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИ ДАР ЧТ

Замима Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 18 ноябри соли 2015, № 673 тасдик шудааст

КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАХЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(карори Хукумати ЧТ аз 20.02.2017 № 66)

  1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
  1. Тахлили таъсири танзимкуни (ТТТ) – усули кабули карорхоест, ки ба далелхои вокеи асос ёфта, хангоми кабули карорхои танзимкунанда истифода мешавад. ТТТ – раванди ошкор намудан ва арзёбии мунтазами окибатхои эхтимоли (масалан, тахлили фоида ва харочот) бо истифода аз усули пайдарпайи тахлили мебошад, ки ин окибатхо метавонанд дар натичаи чори намудани ин ё он тадбири танзимкуни зохир шаванд. Мохияти ТТТ аз мукаррар намудани максадхое, ки макомоти давлати ба онхо ноил шудан мехоханд, дарёфти хамаи роххои дахолати сиёсие, ки тавассути он ба ин максад ноил шудан мумкин аст ва мукоиса намудани алтернативаи эхтимоли иборат мебошад. ТТТ барои интихоби услуби нисбатан амали ва самараноки халли масъала ва муваффак шудан ба хадафхои гузошташуда кумак менамояд.
  2. Дар чараёни гузаронидани тахлил бо максади бехтар дарк намудан ва муайян намудани масъала ва ошкор намудани вариантхои муносиби халли он, саволхои асоси дар шакли пай дар пай гузошта мешаванд. Сипас, дарачаи таъсири роххои халли ошкоршуда тахти тахлил ва мукоисаи систематики карор мегирад. Тамоми раванд ба кабули карорхои асоси дар заминаи далелхои вокеи, тавассути арзёбии харочот ва фоидаи тарзхои гуногуни халли масъала равона гардидааст. Бо максади таъмин намудани сифати далелхои чамъоваришуда ва конуни будани онхо, раванди ТТТ мубохисахои шаффофро доир ба сиёсат фаро мегирад, то ки ба чонибхои манфиатдор имконият дода шавад, ки нуктаи назари худро иброз намоянд. Дар натича, раванди ТТТ масъулият ва хисоботдихии макомоти давлатиро дар назди давлат ва шахрвандони кишвар зиёд менамояд.
  3. Раванди ТТТ гузаронидани тахлили муфассалро бо максади хосил намудани бовари вобаста ба таъсири дилхох доштан ё надоштани мукаррароти нав пешбини менамояд. ТТТ барои ошкор сохтани окибатхои эхтимолии гайричашмдошт ва ё харочоти пинхонии ба талаботи меъёри вобаста, инчунин муайян намудани харочоти эхтимолии риояи ин мукаррарот аз чониби шахрвандон ё доираи сохибкорон ва окибатхои мусбат ва манфии иктисодию ичтимоиии он кумак мерасонад. Бо кумаки ТТТ метавон мукаррар кард, ки ичрои талаботи ояндаи конунгузори ва меъёри ба Бучети давлати чи гуна таъсир хохад дошт. ТТТ метавонад сифати фаъолияти хукукэчодкуниро дар сохахои ичтимои ва иктисоди баланд бардорад, низоми идоракуниро мустахкам гардонида, самаранокии онро бехтар кунад.
  4. ТТТ дар бисёр давлатхои тараккикарда ва ру ба инкишоф, аз чумла дар Иттиходи Давлатхои Мустакил истифода мешавад. Дар байни кишвархое, ки ТТТ-ро истифода менамоянд, метавон чунин давлатхоро зикр намуд: Британияи Кабир, Голландия, Австралия, Ирландия, Зеландияи нав, Канада, Федератсияи Россия, Казокистон, Киргизистон, Молдова. Ин кишвархо ТТТ-ро тахия намудаанд ва солхои тулонист, ки онро дар раванди тахиясозии санадхои меъёрии хукуки истифода менамоянд. Тавре дар диаграммаи поён дида мешавад, теъдоди кишвархои истифодабарандаи ТТТ ру ба афзоиши устувор ниходааст.

Ниг. ба Диаграмма

  1. Айни замон дар Точикистон ТТТ татбик намегардад. Теъдоди ками макомоти давлати тахлили окибатхои эхтимолии иктисоди ва ичтимоии санадхои меъёрии хукукии пешниходшударо тахлил менамоянд. Чунин вазъият ба харочот ва хавфи баланди ба раванди танзимкуни дар кишвар алокаманд мусоидат мекунад. Дар бисёр мавридхо макомоти давлати харочоти баланди риояи меъёрхои танзимкуни ва харочоти баланди татбики ин меъёрхоро сари вакт муайян карда наметавонанд. Дар натича хамаи ин омилхо ба рушди устувори иктисоди ва ташкил кардани чойхои нави кори таъсири манфи мерасонанд.
  2. Тавре тачрибаи кишвархои гуногун нишон медихад, истифодаи бардавом, пайваста ва самарабахши ТТТ дар давраи муайян метавонад ба таври мусби тачрибаи танзимкуни, мухити танзимкуниро (меъёрии хукукиро) тагйир дода, фазои кориро бехтар намояд ва харочоти марбут ба танзимкунии давлатиро кохиш дихад. ТТТ на танхо сифати баланди мукаррароти меъёриро таъмин менамояд, балки ба бехтар намудани муносибати макомоти давлати нисбат ба танзимкуни мусоидат менамояд, ки он хеле мухим аст. Бо ин максадхо чори намудани низоми ТТТ барои лоихахои санадхои меъёрии хукукии нав ба накша гирифта шудааст.
  3. Максади Консепсияи мазкур ин тахияи сиёсати ТТТ ва низоми идоракунии он мебошад, ки онро метавон ба воситаи карорхои хукуки, институтсионали, бучети ва сиёси чори намуд. Консепсия кисматхои низоми пешниходшудаи ТТТ-ро, ки аз модели гайримутамарказ асос меёбад, инъикос менамояд. ТТТ танхо нисбат ба санадхои меъёриии хукукие, ки ба субъектхои сохибкори таъсири потенсиали доранд, татбик мегардад. Хукумати Чумхурии Точикистон бо зарурати кабули карорхои мухим, аз чумла зарурати дарёфти тавозун байни вариантхои гуногуни амалхо ва андешахои манфиатхои чори ва оянда, ташаккули некуахволи, хифз ва таксимоти он, таъмини рушди иктисоди ва хифзи мухити зист, химояи манфиатхои шахрвандон мунтазам ру ба ру мешавад. Имрузхо яке аз воситахои асосие, ки макомоти давлати барои халли мушкилиоти сохахои дар боло зикршуда истифода мебаранд, санадхои меъёрии хукуки мебошанд.
  4. Дар баъзе холатхо бо санадхои меъёрии хукуки харочот ва хавфхои муайян алокаманданд. Дар баробари таъсири барои расидан ба хадафхои иктисоди, ичтимои ва экологи равонагашта, онхо ба рушди устувор низ таъсири манфи мерасонанд. Бинобар ин, вазифаи асосии танзимкунии хуб ин ба хадди нихои расонидани фоида ва ба хадди камтарин фаровардани харочот ва хатархои марбут ба танзимкуни аст.
  5. Аксар вакт макомоти ташаккулдихандаи мухити меъёрии хукуки аз тамоми доираи таъсироти санадхои меъёрии хукукии кабулнамуда бехабаранд ё онхоро сарфи назар мекунанд. Танзим бидуни худдори ва тавозуни зарури метавонад боиси пайдо шудани мушкилоти нав ба чойи он мушкилоте гардад, ки аз ибтидо танзимкуни барои халли онхо равона шуда буд. Аз чумла исбот карда шудааст, ки хиссаи баландтарини харочоти алокаманд ба риояи санадхои меъёри хукукии ба корхонахои хурд рост меояд. Харочоти баланд, аз тарафи дигар боиси афзоиши бахши иктисодиёти гайрирасми ва коррупсия мегардад. Аз ин лихоз, вазифаи дигари ТТТ ин расонидани кумак ба макомоти давлати чихати пешгирии мушкилот ва хавфхои болозикр мебошад.
  6. Мухити меъёрии хукуки дар Точикистон босуръат ташаккул ёфта истодааст. Аз соли 1990 то ба хол Парламенти чумхури (Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли) беш аз 314 Конун кабул намудааст. Хукумат хар сол аз 300 то 700 санадхои меъёрии хукуки кабул мекунад. Тахлили мухтасари мухити мавчудаи меъёрии хукукии кишвар ва низоми танзимкуни имкон медихад, ки дар бораи чанбахои асосии кави ва заифи он чунин хулоса карда шавад:

а) Пахлухои кави:

– мавчудияти дастгирии сиёсии дар сатхи баланд ба раванди нисбатан ошкор ва шаффофи ташаккули сиёсати давлати ва кабули карорхо; мавчудияти чорахои нави мубориза бо коррупсия, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадхои меъёрии хукуки ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки” чори шудаанд;

– мавчудияти тачриба дар баъзе макомоти давлати доир ба пахн намудани лоихахои санадхои меъёрии хукуки дар байни тарафхои манфиатдор;

– бо Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи санадхои меъёрии хукуки” чори намудани тартиб ва раванди ягонаи тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки; мавчудияти талабот барои гузаронидани тахлили таъсири молиявии лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

– мавчудияти дастгири аз чониби доирахои сохибкори чихати чори намудани ТТТ дар Точикистон ва омодагии чомеаи сохибкорон барои иштирок дар раванди кабули карорхо оид ба санадхои меъёрии хукуки;

– мавчудияти талабот оид ба гузаронидани арзёбии таъсири танзимкунии хуччатхои нави ичозатдихи дар Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи низоми ичозатдихи”;

– дар бештари вазоратхо вучуд доштани сохторхои масъули корхои тахлили.

б) Пахлухои заиф:

– вучуд надоштани махзани интернетии ройгони санадхои меъёрии хукуки, ки тавассути он шахрвандон ва сохибкорон тавонанд ба Конунхо ва санадхои зерконуни дастраси дошта бошанд;

– вучуд надоштани худдори ва тавозуни дахлдор дар тамоми раванди хукукэчодкуни, ки он метавонад танзими баландсифатро таъмин ва харочоти сохибкорон, махсусан сохибкорони хурд ва миёнаро паст кунад;

– ивазшавии кадрхо дар макомоти давлати, махсусан дар сохторхое, ки барои тахияи сиёсат ва фаъолияти хукукэчодкуни масъул мебошанд;

– дар сатхи назаррас мавчуд будани имконияти вазорату идорахо дар доираи салохиятхои хеш кабул намудани карорхо.

2. ВАЗИФАХОИ НИЗОМИ ТТТ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  1. Муттахидшавии ТТТ ба раванди хукукэчодкуни дар Точикистон. Максади асосии чори намудани ТТТ дар Точикистон ин тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадхои меъёрии хукукии нав ба субъектхои сохибкори, тахлили гендери, фазои сохибкори ва сармоягузори, паст намудани харочот ва хавфхо барои мухити сохибкори, ки бо танзими давлати, аз чумла тагйироти конунгузории мавчуда, алокаманд мебошад. Хадафи нихоии чори намудани ТТТ аз бехтаргардонии фазои сохибкори ва сармоягузори, бехтар намудани раванди тахияи санадхои меъёрии хукуки ва баланд бардоштани сифати танзим дар мачмуъ, бо истифода аз низоми муосири арзёбии пешаки, ки дар доираи он санадхои меъёрии хукукии нав дар- асоси принсипхои танзими самарабахш тахия мешаванд, иборат аст.
  2. Талабот нисбат ба сиёсати ТТТ. Чори намудани сиёсати ТТТ ва идоракунии он дар Точикистон ба талаботхои зерин асос меёбад:

а) Иштироки чомеа тавассути машваратхои фаъол ва гайрифаъол, Гузаронидани ТТТ набояд танхо икдоми хукумати бошад. Ба раванд хам чомеаи шахрванди ва хам доирахои сохибкорон бо максади хабардор сохтани шудан бо харочоти эхтимоли ва хавфхои потенсиалии бо ташаббусхои нав дар сохаи танзимкуни алокаманд, чалб мещаванд. Иштироки фаъоли чомеа ва доираи сохибкорон метавонад ба таври назаррас дар гузаронидани арзёбии нисбатан босифати окибатхои имконпазири дахолати давлат кумак намояд. Максади мазкури сиёсати муосири ТТТ тавассути таъсиси механизми нави банакшагирии пешакии конунгузори (тайёр ва интишор намудани накшахои кутохмуддат оид ба тахияи санадхои меъёрии хукукии нав ду маротиба дар як сол), дастгири карда мешавад. Чунин механизм асоси хукукэчодкуни гардида, имкон медихад, ки фаъолияти макомоти давлати пешаки ба накша гирифта шуда, тарафхои манфиатдор барои иштирок дар раванди мухокима ва кабули карорхо омода бошанд.

б) Эътимоднокии ТТТ-и ба ваколатхои дахлдор асоснок карда шудааст. Мустахкамсозии сиёсати ТТТ ва низоми идоракунии он дар конунгузори ошкорбаёни, эътимод, эътибор ва устувориро таъмин хохад кард. Талаботи ТТТ бояд чамъият, доираи сохибкори ва гуруххои дастгиркунандаро бо воситахои зарурии таъсире таъмин намояд, ки Хукумат ва макомоти танзимкунанда ваъдахои худро ичро кунанд. Раванд бояд бо дастгирии Парламент пуштибони карда шавад, то ин ки хадафхои умуми, аз чумла танзимкунии босифат ба даст оварда шавад.

в) Барои татбик ва таъмини ичрои талаботи сиёсати ТТТ бояд макоме масъул бошад, ки дорои хукукхои махсус ва захирахо бошад (яъне макоми ваколатдор оид ба ТТТ). Ба ин маком бояд ваколатхое вогузор шаванд, ки имконияти аз чониби хамаи макомоти давлати риоя намудани талабот оид ба тахия, интишори накшахои тахияи санадхои меъёрии хукуки, гузаронидани ТТТ оид ба хар як ташаббуси пешниходшуда, интишори ТТТ ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки барои хабардор гардонидани чонибхои манфиатдор ва мубохисахоро диханд. Талаботи аз тарафи макоми ваколатдор оид ба ТТТ тайёр намудани хисоботи солона дар бораи риояи сиёсати ТТТ аз чониби макомоти давлати нуфузи ин макомро меафзояд ва барои мустахкам намудани сиёсати ТТТ мусоидат мекунад.

г) Хисоботдихи ва масъулияти макомоти давлати: Барои мустахкам намудани принсипхои танзимкунии самаранок ва эътимод ба низоми ТТТ тартиб ва талаботи пурзур намудани хисоботдихандаги ва масъулияти макомоти давлати дар назди Хукумат ва чомеа равона карда мешаванд. Интишори хисоботхои ТТТ таъсирро ба макомоти давлати пурзур намуда, омилхои сифатноки ТТТ ва ва карорхои пешниходшударо меафзояд.

  1. Принсипхои ТТТ:

– Мустахкамкунонии мархилави. Дар мархилаи аввал ТТТ содда хохад буд, вале баъдтар талабот нисбат ба баргузории он васеъ шуда, давраи машваратхо афзоиш меёбад ва ваколатхои макоми ваколатдор оид ба ТТТ пурзур гардонида мешаванд, то ки ин маком ба таври оммави сифати хисоботхои ТТТ-ро бахс карда тавонад. Дар назар дошта мешавад, ки дар мархалаи аввал сифати ТТТ баланд нахохад буд. Барои рушди ботадричи малака ва дониши хизматчиёни давлати барномаи таълими тахия мегардад.

– Мутаносиби. Принсипи мутаносиби хам дар баргузории ТТТ ва хам дар кори макоми ваколатдор оид ба ТТТ татбик хохад шуд. Саъю кушишхо барои гузаронидани ТТТ ва арзёбии онхо ба окибатхои потенсиалии тадбирхои пешниходшуда мутаносиб мешаванд. Харочоти муносиб ба низоми ТТТ.

– Харочот барои нигохдории низоми ТТТ бояд бо фоидахои аз низом хосилшаванда мутобик бошанд. ТТТ бояд харочоташро тасдик намояд ва таъсири худро ба Бучети давлати максимали махдуд намояд. Низом бояд харочоти вобаста ба таъмини татбики он, инчунин харочоти риояи талаботи сиёсати ТТТ-ро аз чониби макомоти давлати минимали намояд.

3. МОДЕЛИ ТТТ БАРОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  1. Модели кобили кабули ТТТ барои Точикистон ин модели “гайримарказонидашуда” мебошад, ки ба принсипи “Бовар кун, лекин бисанч” асос меёбад. Мувофики модели мазкур, ухдадорихо оид ба чори намудани ТТТ дар байни макомоти гуногуни давлати таксим карда мешаванд. Сифати ТТТ тавассути истифодаи механизмхои шаффофият ва машваратхои васеъ бо максади дарёфти мувофика ва ризоият бо чонибхои манфиатдор назорат карда мешавад.
  2. Дар модели “гайримарказонидашудаи” низоми ТТТ худбаходихии ТТТ аз чониби макомоти давлати гузаронидашуда накши мухимро мебозад. Бо вучуди ин, накши асосии макоми ваколатдори ТТТ ин амалигардонии мониторинг ва дастгирии вазорату идорахо бо максади интишори накшахои пурратарин ва дакиктарини тахияи санадхои меъёри хукуки, хисоботхо оиди ТТТ ва таъмини сатхи зарурии шарики бо чонибхои манфиатдор, мебошад.
  3. Амик будани тахлили таъсир ба приноипи “мутаносуби” асос ёфта, мувофики он аксари ТТТ-хои гузаронидашуда одди хоханд буд ва тахлили амик танхо барои микдори ками ташаббусхои дорои таъсироти потенсиали анчом дода мешавад.
  4. Низоми ТТТ ба тайёр намудани накшахо оид ба тахияи санадхои меъёрии хукуки ва хисоботхои ТТТ нигаронида мешавад, ки онхо бо максади хабардорсозии чонибхои манфиатдор ва гузаронидани машваратхо дар портали интернетии макоми ваколатдор чойгир карда мешаванд. Пас аз анчоми давраи машваратхо ва хангоми макоми давлати тахлили шарху мулохизот ва пешниходоти ба даст омадаро гузаронида, чавоби расмиро ба чонибхои манфиатдор мефиристад, матни лоихаи санади меъёрии хукуки такмил дода шуда, тибки тартиби мукарраргардида тасдик карда мешавад.
  5. Бо дарназардошти кабули фикру мулохизахо нисбат ба накшахои тахиясозии санадхои меъёрии хукуки ва хисоботхои ТТТ, низоми идоракунии ТТТ имкон медихад, ки дар холати назаррас будани окибатхои потенсиали, ТТТ-и амик гузаронида шавад. ТТТ-и пурра ва амик тибки дархости Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти давлати ва бо мусоидати макоми ваколатдор оид ба ТТТ гузаронида мешавад. Тахлилхои мазкур барои тавсифоти микдори, бо ифодаи пули инъикос намудани фоидаю харочот, инчунин мушаххас кардани окибатхои потенсиали сайъю кушиши бештарро талаб мекунанд.
  6. Бо дарназардошти он, ки низом ба шаффофият ва хисоботдихандагии макомоти давлати, инчунин ба машваратхо бо чонибхои манфиатдор равона карда мешавад, асоси он портали интернетии макоми ваколатдор оид ба ТТТ хохад буд.
  7. Асоси низоми таъмини сифати санадхои меъёрии хукукии Точикистонро ду мархала ташкил менамоянд:

а) мархалаи якум – банакшагирии тахияи санадхои меъёрии хукуки;

б) мархалаи дуюм – тахлили сифати икдомхо ва карорхои пешниходшуда тавассути машваратхо.

  1. Мархалаи якум – банакшагирии тахияи санадхои меъёрии хукуки – ба баланд бардоштани сатхи шаффофияти фаъолияти макомоти давлати дар сохаи танзимкунии меъёрии хукуки нигаронида шудааст. Мархалаи мазкур ба ухдадорихо оид ба тахия ва дар як сол ду маротиба, яъне дар моххои январ ва июл пешниход намудани руйхати санадхои меъёрии хукукии ба накша гирифташуда ва вориднамудани тагйиру иловахо ба санадхои меёриии хукукии амалкунанда асос меёбад. Хар як санади меъёрии хукукии пешниходшуда якчоя бо тавсифи мухатсари чорахои пешниходшаванда ва таъсироти потенсиалии онхо пешниход мегардад. Хамаи накшахо ба макоми ваколатдор оид ба ТТТ барои чойгир намудан дар портали интернети фиристода мешаванд.
  2. Мархалаи дуюм – тахлили сифати ташаббусхои пешниходшуда ва карорхо тавассути машваратхо: Дар мархалаи мазкур, макомоти давлати хисоботхои ТТТ-ро, аз чумла далелхои зарурати танзимкунии давлатиро омода месозанд.Баргузорсозии ТТТ ба хадди нихои пеш аз тахияи матни санади меъёрии хукуки сурат мегирад. Пас аз анчоми тахияи хисоботи ТТТ, макоми давлати бастаи хуччатхоро (ТТТ ва матни лоихаи санади меъёрии хукукиро) ба макоми ваколатдори ТТТ фиристода, ин маком онхоро барои мухокимаи чонибхои манфиатдор ба муддати на камтар аз ду хафта дар портали интернети интишор мекунад. Дар сурати ба даст овардани шарху тавзехот ё фикру мулохизахо, макоми ваколатдори ТТТ мачмуи хуччатхоро дар якчояги бо шарху тавзехоти гирифтааш ба макоми давлатии салохиятдор мефиристад. Нусхахои тамоми шарху эзохот ва фикру мулохизахои ба даст овардаро макоми ваколатдор хамчунин ба Хукумат мефиристад. Макоми давлатии тахиякунанда имконият пайдо мекунад, ки лоихаи пешниходшавандаи санади меъёрии хукуки ва ТТТ-ро то тибки тартиби мукарраргардида тасдик шуданашон аз сари нав барраси ва такмил намояд.

4. УНСУРХОИ АСОСИИ НИЗОМИ ТТТ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  1. ТТТ барои хамаи лоихахои санадхои меъёрии хукукие, ки ба сохибкори таъсироти потенсиали доранд хатми мегардад, ба истиснои пардохтхои андози, гумруки ва дигар пардохтхои хатми ба Бучети давлати, санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, инчунин меъёрхои бидуни таъсири назаррас ва ё танхо дорои хусусияти расми. Хукумат имконият пайдо мекунад, ки баъзе санадхои меъёрии хукукиро аз гузаронидани ТТТ дар асоси истиснохои ба таври возех дар конунгузори пешбинишуда озод намояд. Барои санадхои меъёри хукукии фаври (таъчили) расмиёти махсус пешбини карда мешавад.
  2. Низоми пешгуии банакшагирии конунгузори. Низоми ТТТ ба Накшахои тахияи санадхои меъёрии хукуки асос меёбад, ки мувофики онхо хамаи вазорату идорахо ба таври расми хар 6 мох (15-уми январ ва 15-уми июл) накшахои худро оид ба тахияи санадхои меъёрии хукукии нав ва ворид намудани тагйироту иловахо ба санадхои меъёрии хукукии амалкунанда ба Хукумат ва макоми ваколатдори ТТТ бо максадхои зерин пешниход менамоянд:

– муайян намудани ташаббусхои танзимкуние, ки тахия ва тасдики онхо ва ё пешниход намудани онхо ба Хукумат барои тасдик намудан ба накша гирифта шудааст;

– ворид кардани ин ташаббусхо ба рузномаи чаласахои Хукумат ва дигар макомоти давлати;

– муайян намудани алока ё такроршави бо дигар ташаббусхои ба накша грифташуда ё дар назар дошташуда;

– хабардор намудани доирахои сохибкорон доир ба накшахои макомоти давлати оид ба танзимукуни бо максади чалби онхо ба машваратхо оид ба ташаббусхои дахлдор.

  1. Накшахо доир ба тахияи санадхои меъёрии хукуки ба макоми ваколатдор оид ба ТТТ имкон медиханд, ки пешниходоти интизоргардидаро пешгуи кунад ва бо макомоти дахлдори давлатие, ки барои тахияи сиёсат ва лоихаи санадхои меъёрии хукуки масъуланд, хамкории зич ба рох монанд. Талабот дар бораи интишор намудан тавассути мукаррароте мустахкам карда мешаванд, ки мувофики онхо хамаи лоихахои санадхои меъёрии хукуки бояд дар мухлати аз ду хафта то се мох дар портали интернетии расмии макоми ваколатдори ТТТ барои мухокима ва пешниходи шарх аз тарафхои манфиатдор интишор карда шаванд.
  2. Портали макоми ваколатдор оид ба ТТТ. Портали макоми ваколатдори ТТТ чузъи калидии низоми ТТТ мешавад. Дар он хамаи накшахо оид ба тахияи санадхои меъёрии хукуки, лоихахои хисоботхо оид ба ТТТ, лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва матнхои нихоии санадхои меъёрии хукукии кабулшуда нашр карда мешаванд. Порталро макоми ваколатдор оид ба ТТТ идора менамояд ва он бо фехристи расмии санадхои меъёрии хукук дар алокаманди хохад буд. Портал се фехристи бо хам алокамандро дар бар хохад гирифт:

– фехристи Накшахои тахияи санадхои меъёрии хукуки макомоти давлати дар шаш мох;

– фехристи хисоботхои ТТТ ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки; ва

– фехристи санадхои меъёрии хукукии кабулшуда аз чониби Парламенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти давлати. Фехристи мазкур сарчашмаи расмии интишори санадхои меъёрии хукуки мегардад.

  1. Макоми ваколатдор оид ба ТТТ порталро хизматрасони ва мунтазам нав мекунад, дар мархалаи минбаъда бошад, бо максади сарфаи вакт ва харочоти вобаста ба тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки портал хамчун воситаи тахрири электрони ва хуччатгузори дар раванди тахияи санадхои меъёрии хукуки хизмат менамояд. Портал, хамчунин, маълумоти мухим ба монанди Дастурамал оид ба ТТТ, маводхои иттилооти ва китобхонаи ТТТ-ро дар бар хохад гирифт.
  2. Заминаи меъёрии хукуки барои гузаронидани ТТТ. Барои чори намудани ТТТ, ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи санадхои меъёрии хукуки” тибки тартиби мукарраргардида тагйиру иловахо ворид карда мешаванд. Онхо мафхумхои асоси, сохаи истифодаи ТТТ ва кисматхои асосии ТТТ-ро муайян менамоянд. Минбаъд, аз чониби Хукумат Дастурамал оид ба ТТТ тасдик карда мешавад, ки он расмиёти маъмури, принсипхои рохбарикунандаи ТТТ, ва талабот ба хисоботхои ТТТ-ро муайян менамояд. Талабот оид ба гузаронидани ТТТ макомоти давлатиро ухдадор мекунад, ки кадамхои муайянро дар чахорчубаи расмиёти стандартии ТТТ риоя намоянд.
  3. Дастурамал оид ба ТТТ бо дарназардошти натичахои ТТТи тачрибави, тачрибаи байналмилали ва бо дастгирии шарикони рушд тахия хохад шуд. Вазифахои асосии Дастуруламалин стандартикунонии раванди баргузории ТТТ, таъмини дониши заминави дар мархалаи аввали чори намудани ТТТ, чори намудани принсипхои танзимкунии самаранок ва муносибати ягона хангоми гузаронидани ТТТ мебошад.
  4. Дастурамал як катор масъалахоро оид ба гузаронидани ТТТ дар бар хохад гирифт, аз чумла кадамхои асоси, руйхати саволхои санчиши ва усулхои тавсияшавандаи тахлили таъсир бо такя ба сохибкори, сармоягузори, чанбахои ичтимои ва гендери, усулхои гузаронидани машваратхо, инчунин маводхои маълумотиву шахсони тамос барои гирифтани машварат. Дар давраи кутохмуддат усулхои асоси дар гузаронидани ТТТ усулхои арзёбии харочоти вобаста ба танзимкунии давлати, ба монанди Модели харочоти стандарти (МХС) хохад буд. Минбаъд, ба Дастурамал усулхои такмилёфтаи тахлили фоидаву харочот ва тахлили самарабахшии харочот илова карда мешаванд. Ба усулхои зикргардида дар гузаронидани ТТТ-и амик бартарият дода мешавад.
  5. Ба Дастурамал оид ба ТТТ шаклхои намунавии хуччатхои дар раванди гузаронидани ТТТ истифодашаванда хамрох карда мешаванд, аз чумла шакли пешниходи Накшахо оид ба тахияи санадхои меъёрии хукуки, инчунин шаклхои хисоботхои ТТТ барои гузаронидани машваратхо ва ба Хукумат пешниход намудан. Дастурамал оид ба ТТТ бо дарназардошти зиёд гардидани тачрибаву дониши макомоти давлати дар сохаи гузаронидани ТТТ, инчунин дар баробари аз худ намудани усулхои нави тахлил муназам тачдиди назар карда мешавад.
  6. Макоми ваколатдор оид ба ТТТ фаъолона ба чори намудани Дастурамал оид ба ТТТ мусоидат хохад кард. Бо дарназардошти он, ки айни замон макомоти давлати тачрибаи баргузории ТТТ-ро надоранд, омузонидан ва такмили иктидор барои чори намудани муваффакона ва ба низом даровардани ТТТ ахамияти калон хохад дошт. Омузиш барои кормандони масъули гузаронидани ТТТ ва намояндагони ассотсиатсияхои сохибкорон пешниход карда мешавад.
  7. Дар мархалаи аввал бо дастгирии шарикони рушд, барномаи заминавии омузишии ТТТ барои рушди тачрибаи кормандон дар гузаронидани ТТТ ва шиносоии онхо бо Дастурамал оид ба ТТТ амали карда мешавад. Дар оянда, барномахои амики омузиши хизматчиёни давлати татбик мешаванд, ки барои аз худ кардани усулхои муосири тахлил ва гузарнидани ТТТ-хои амик кумак менамоянд.
  8. Тадбирхои махсуси омузиши намояндагони чомеаи шахрванди, ассотсиатсияхо ва доирахои сохибкорон барои мустахкам намудани тачриба ва инкишоф додани дониши умумии кормандони ин ташкилотхо оид ба ТТТ равона карда мешаванд. Таваччухи тадбирхои мазкур асосан ба пахни дониш оид ба низоми макомоти танзимкунандаи давлати, раванди танзимкуни ва ТТТ, инчунин расмиёти иштирок дар раванди машваратхо ва мухокимахо равона мегардад. Тадбирхо ба иштирок ва чалби тарафхои манфиатдор дар раванди гузаронидани ТТТ мусоидат намуда, бовари ва хамкориро бо макомоти давлати тахким мебахшанд.
  9. Заминаи институтсионали аз чониби макомоти зерин амали карда мешавад:

а) Хукумати Чумхурии Точикистон. Вазифахои асосии Хукумат тасдик намудани сиёсат ва низоми ТТТ, назорати мархилавии натичахои миёнамуддат ва нихоии татбики он, арзёби ва тасдики хисоботхои солона оид ба татбики сиёсати ТТТ-и аз чониби макоми ваколатдори ТТТ тахияшуда ва кабули карорхо ва тадбирхои сиёсии зарури барои таъмини фаъолияти самарабахши низоми ТТТ мебошанд.

б) Макоми ваколатдор оид ба ТТТ. Барои мусоидати чори намудани ТТТ ва принсипхои самарабахши танзимкуни макоми ваколатдор оид ба ТТТ муайян карда мешавад. Макоми ваколатдор оид ба ТТТ сохтори махсус хохад буд.

  1. Макоми ваколатдор оид ба ТТТ вазифахои зеринро ичро хохад кард:

– таъмини хамохангсозии байни макомоти давлати, инчунин мусоидат намудан ба фаъолияти шабакаи ТТТ;

– омузонидан ва машварати кормандони макомоти давлати оид ба масъалахои ТТТ;

– тачдид намудан ва хизматрасонии портали интернетии санадхои меъёрии хукуки, аз чумла чойгиркунии Накшахо оид ба тахияи санадхои меъёрии хукуки, хисоботхои ТТТ ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки;

– тайёр намудани хисоботхои солона оид ба арзёбии самаранокии фаъолияти макомоти давлати дар татбики сиёсати ТТТ, аз чумла дар гузаронидани ТТТ;

– таъмини хамкори байни макомоти давлати ва намояндагони тарафхои манфиатдор, аз чумла намояндагони чомеаи сохибкори;

– муайян ва тахия намудани тавсияхо оид ба гузаронидани ислохоти зарури бо максади бехтар намудани фазои сохибкори ва сармоягузори, баланд бардоштани самаранокии танзимкунии давлати.

  1. Вохиди сохтории макоми ваколатдор оид ба ТТТ дар доираи 3 вохиди кори: иктисодчи, мутахассисони робита бо чомеа ва сохаи технологияи иттилооти ташкил карда мешавад (карори Хукумати ЧТ аз 20.02.2017 № 66).
  2. Шабакаи ТТТ. Гуруххои махсуси ТТТ дар хар як макоми марказии давлати (шабакаи ТТТ) бо макоми ваколатдори ТТТ робитаи доимиро нигох хоханд дошт. Ба шабакаи ТТТ мутахассисони пешбари вазорату идорахои мутасаддии тахияи сиёсат ва санадхои меъёрии хукуки ворид мешаванд. Иштирокчиёни шабакаи ТТТ барои мухокимаи муваффакиятхои комёбгашта дар татбики ТТТ мунтазам вохурхо баргузор намуда, дар пахн ва мустахкам намудани сиёсати ТТТ дар идорахои худ кумак мерасонанд. Иштирокчиёни шабакаи ТТТ дар барномаи амики омузиш чихати баргузории ТТТ иштирок менамоянд, то дар оянда онхо тавонанд кормандони идорахои худашонро омузонанд ва дар раванди баргузории ТТТ ба онхо кумак кунанд:

а) Мониторинг ва арзёби. Макоми ваколатдор оид ба ТТТ хисоботхои солонаи татбики сиёсати ТТТ ва чори намудани принсипхои танзимкунии самаранокро тахия менамояд. Хисоботхо арзёби ва рейтинги самарабахшии фаъолияти макомоти давлатиро дар бар хоханд гирифт. Низоми ТТТ аз чониби коршиносони мустакил хар 5 сол аз лахзаи ташкилшави аз нав барраси шуда метавонад. Аз нав баррасикуни ба арзёбии интихобии сифати микдори муайяни хисоботхо оид ба ТТТ асос меёбад.

б) Машваратхо бо чомеа. Машваратхо бо чомеа кисмати чудонапазир ва асосии низоми ТТТ гардида, ба тарафхои манфиатдор имконият медиханд, ки дар раванди кабули карорхо накши фаъол дошта бошанд. Шарху пешниходхои дар раванди машваратхо ба даст овардашуда метавонанд барои тахияи карорхои самарабахши танзимкуни ахамияти калон дошта бошанд, ки онхо барои ба сатхи баландтарин расонидани фоидахо ва ба сатхи камтарин овардани харочотхо равон гардида, бо хамин барои рох надодан ба окибатхои гайричашмдошт мусоидат мекунанд. Бинобар ин, машваратхо нисбат ба карорхо ва тадбирхои бесамар кафолати мухимро таъмин мекунанд. Машваратхо барои мухокимаи накшахо оид ба тахияи санадхои меъёрии хукуки, хисоботхои ТТТ ва лоихахои санадхои меъёрии хукуки гузаронида мешаванд.

  1. Расмиёти баргузории машваратхо ба Дастурамал оид ба ТТТ ворид карда мешаванд. Портали макоми ваколатдори ТТТ хамчун воситаи асоси дар баргузории машваратхои фаъол ва гайрифаъол истифода хохад шуд. Кисмати махсуси машваратхои электрони кисми чудонопазири портал хохад шуд, ки ба тарафхои манфиатдор имконият медихад, то дар тамоми мархилахои раванди кабули карорхо ва мухокимахо иштирок намоянд.
  2. Баргузор намудани ду ТТТ-и тачрибави. Барои гирифтани тачриба ва дарсхои аввал, кадами калиди барои чори намудани низоми бомуваффакияти ТТТ баргузор намудани ТТТ-хои тачрибави мебошад. Ба сифати ТТТ-и тачрибави санадхои меъёрии хукуки дар бораи кафолати карзхо ва тахияи регламенти техники оид ба бехатарии махсулоти хуроквори интихоб карда мешаванд. Тачриба мувофики расмиёти стандартии баргузории ТТТ дар асоси усулхои Созмони хамкории ихтисоди ва рушд ва дигар кишвархо гузаронида мешавад.
  3. Максадхои тачриба инхо мебошанд:

– пурзур намудани иктидор, дониш ва тачрибаи кормандон, аз чумла иштирокчиёни гуруххои кории тачрибавии ТТТ;

– санчидани усулхои гуногуни тахлил, ки дар давлатхои гуногуни чахон истифода мешаванд;

– гирифтани маълумот барои ба накша гирифтани низоми мониторинги татбики ТТТ барои макоми ваколатдор оид ба ТТТ;

– гирифтани тачриба барои тахияи Дастурамал оид ба ТТТ бо дарназардошти шартхои маъмури ва шароити Точикистон;

– гирифтани тачриба барои омузонидани кормандони макоми ваколатдор оид ба ТТТ ва тахияи меъёрхои арзёбии сифати ТТТ; баланд бардоштани маълумотноки оид ба ТТТ дар байни тарафхои асосии манфатдор, аз чумла макомоти давлати, намояндагони доирахои сохибкори ва воситахои ахбори омма.

  1. Барои хар як ТТТ-и тачрибави як гурухи кории алохида таъсис дода мешавад, ки ба он кормандони макомоти масъули давлати шомил хоханд шуд. Бо дастгирии шарикони рушд мушовирон барои кумак ба гуруххои кори барои гузаронидани ТТТ-и тачрибави чалб карда мешаванд. Мушовирон бо аъзои гуруххои кори оид ба раванд ва усулхои ТТТ омузиш мегузаронанд ва дар раванди баргузорсозии ТТТ мусоидат менамоянд. Бо анчом ёфтани ТТТ-и тачрибави, хисоботхои ТТТ ва лоихаи Дастурамал оид ба ТТТ омода карда мешаванд.
  2. Харочоти молияви. Маблаггузории таъсис ва фаъолияти макоми ваколатдор оид ба ТТТ, инчунин портали санадхои меъёрии хукуки аз хисоби маблагхои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар доираи маблагхои пешбинамудаи макоми ваколатдор амали карда мешавад. Маблаггузории таъсиси низоми ТТТ бо чалби кумаки молияви ва машваратию техникии шарикони рушд тибки Накшаи чорабинихо оид ба татбики Консепсияи низоми ТТТ амали карда мешавад.
  3. Накшаи чорабинихо. Консепсияи мазкур тибки Накшаи чорабинихо оид ба татбики Консепсияи низоми ТТТ дар Чумхурии Точикистон амали карда мешавад, ки он тадбирхои асосии заруриро барои ноил шудан ба хадафхои гузошташуда муайян менамояд (замима мегардад).

Замима ба Консепсияи низоми ТТТ дар Чумхурии Точикистон

Накшаи чорабинихо оид ба татбики Консепсияи низоми ТТТ дар Чумхурии Точикистон

Номгуи чорабинихо Масъулон Мухлати ичро Сарчашмаи маблаггузори
1 Тасдики хайати ду гуруххои кори оид ба гузаронидани ТТТ-и тачрибави Макоми ваколатдор оид ба ТТТ 2015 Талаб карда намешавад
2 Чалби мушовирон барои мусоидат ба гуруххои кори ва омузонидани онхо чихати гузаронидани ТТТ-хои тачрибави Макоми ваколатдор оид ба ТТТ 2015 Шарикони рушд
3 Тибки тартиби мукаррагардида ворид намудани тагйиру иловахо    ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи санадхои меъёри хукуки” бо максади муайян намудани талабот оид ба гузаронидани ТТТ Макоми ваколатдор оид баТТТ Вазорати адлия, вазорату идорахои дахлдор 2015-марти 2016 Талаб карда намешавад
4 Тахия ва тасдик намудани накшаи чорабинихо барои гуруххои кори оид ба гузаронидани ТТТ-хои тачрибави Гуруххои кори оид ба гузаронидани ТТТ-хои тачрибави, мушовирон 2015 Шарикони рушд
5 Гузаронидани ТТТ-и тачрибави Гуруххои кори оид ба гузаронидани ТТТ-хои тачрибави, Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, мушовирон 2015-апрели 2016 Шарикони рушд
6 Тахия намудани лоихаи Дастурамал оид ба ТТТ Гуруххои кори оид ба гузаронидани ТТТ-хои тачрибави Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, мушовирон апрел-майи 2016 Шарикони рушд
7 Ба анчом расонидани гузаронидани ТТТ-хои тачрибави Гуруххои кори оид ба гузаронидани ТТТ-хои тачрибави Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, мушовирон 30 июни 2016 Талаб карда намешавад
8 Мухокима ва тасдики Дастурамал оид ба ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ июл -августи 2016 Талаб карда намешавад
9 Ташкил намудани сохтор дар назди макоми ваколатдор оид ба ТТТ (харидани тачхизоти зарури, таъини рохбарият ва чалби кормандон) Макоми ваколатдор оид ба ТТТ январ –марти 2016 Бучети давлати, Шарикони рушд (кисман)
10 Тахия ва тасдики стратегияи коммуникатсионии ТТТ Макоми ваколатдор оид баТТТ,  Вазорати адлия, вазорату идорахои дахлдор апрел-июни 2016 Талаб карда намешавад
11 Гузаронидани омузиши кормандони сохтори макоми ваколатдор оид ба ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия июл-сентябри 2016 Шарикони рушд
12 Баргузор намудани омузиши кормандони макомоти давлати оид ба ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия август-декабри 2016 Шарикони рушд
13 Тахия ва тасдики (лоихаи) системаи иттилооти (барномаи компютери) барои портали макоми ваколатдор оид ба ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия 2015 Шарикони рушд
14 Тахияи системаи иттилооти (барномаи компютери) барои портали макоми ваколатдори ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, Вазорати адлия феврал -октябри 2016 Шарикони рушд
13   Баргузор намудани конфронс оид ба огози татбики ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, вазорату идорахои дахлдор декабри 2016 Талаб карда намешавад
16 Огози фаъолияти низоми ТТТ Макоми ваколатдор оид ба ТТТ, вазорату идорахои дахлдор 1 январи 2017 Талаб карда намешавад

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …