Главная / Чамъият / КОНСЕПСИЯИ КОРХОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВИ ДАР КУВВАХОИ МУСАЛЛАХИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНСЕПСИЯИ КОРХОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВИ ДАР КУВВАХОИ МУСАЛЛАХИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз “20” феврали соли 2015, № 369 тасдик шудааст

КОНСЕПСИЯИ КОРХОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВИ ДАР КУВВАХОИ МУСАЛЛАХИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

sarhadi-davlatii-jt

1. Мукаррароти умуми

  1. Консепсияи корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон (минбаъд – “Консепсия”) мачмуи гояхо ва акидахои муосир дар самти корхои сиёсию тарбиявии максаднок дар байни хайати шахси буда, кисми таркибии раванди такмилёбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Максади асосии Консепсия муайян намудани тартиб, мохият ва мавкеи системаи корхои сиёсию тарбияви дар самти амали намудани сиёсати давлати дар сохаи харби, таъмин намудани холати ахлокию рухии хайати шахси, таъмини конуният, тартиботи хукуки ва волоияти конун, мустахкам намудани интизоми харби ва баланд бардоштани маком ва обрую эътибори Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар чомеа мебошад.
  3. Дар давраи гузариш ба иктисодиёти бозоргони, кисми зиёди ахоли, махсусан чавонон, дар фазои холии маънави карор гирифтаанд, ки ин ба рафти инкишофи чомеаи хукукбунёд ва демократи таъсири манфи мерасонад. Чунин зухуроти манфи, ба монанди ходисахои терроризм ва экстремизм, гардиши гайриконунии маводи мухаддир, хариду фуруши одамон, чиноятхои трансмилли, пастшавии ахлоку маънавиёти чавонон, паст гардидани сатхи корхои ташвикотию таргиботи дар байни чавонон, ба таназзул дучор гардидани арзишхои таърихию фарханги таъсири манфии худро ба чомеа ва коллективхои харби низ расондаанд.
  4. Хусусиятхои тахдидхои дохили ва берунии амнияти миллии Чумхурии Точикистон масъалахои зарурати дар солхои наздик андешидани тадбирхои иловагии давлатиро дар тахкими иктидори маънавию психологии чомеа, баланд бардоштани нуфузи хизмати харби, халли мушкилихои ичтимоии хизматчиёни харби ва аъзои оилахои онхо талаб менамояд.
  5. Омилхои мазкур зарурати ташкили системаи нави корхои сиёсию тарбиявиро бо тамоми категорияхои хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизоми талаб менамояд, ки чавобгуи мархилаи кунунии сохтмон ва омодагии чангии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мебошад.
  6. Дар Консепсия мафхуми Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон тамоми макомоти давлатии харбии Чумхурии Точикистонро (чузъу томхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Кушунхои дохилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Бригадаи посбонии Сарраёсати ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ва Ташкилоти чамъиятии мададгори мудофиаи Чумхурии Точикистон) дар бар мегирад.

2. Кисмхои таркибии Консепсия

  1. Консепсия аз кисмхои таркибии зерин иборат аст:

– вазифахои асосии корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– самтхои асосии корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– намудхои корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– технологияи педагогии тарбияи хайати шахси дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– ташкил ва идораи корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон.

  1. Вазифахои аоосии корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон:

– корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ин раванди таъсиррасонии максадноку системави ба хамаи категорияхои хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизомии Куввахои Мусаллах буда, бо максади таъмини фахмиши ягона ва татбики устуворонаю мунтазами сиёсати давлати дар сохаи мудофиа ва амният, ичрои бечунучаро ва аники амру фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, фармонхои командирон ва сардорон, ташаккул додани сифатхои баланди ахлокию психологи ва омодагии чанги, тарбияи онхо дар рухияи хисси ватандустиву ватанпарасти ва мухаббат ба Ватан, мухофизатгари боваринок ва боэътимоди Ватан, хисси баланди масъулияти шахси хангоми ичрои вазифахои хизмати ва садокат ба Савганди харби гузаронида мешаванд;

– асоси корхои сиёсию тарбиявиро дар Куввахои Мусаллах таргибу ташвики сиёсати пешгирифтаи Хукумат, садокат ба Савганди харби, тайёр будан ба мухофизати манфиатхои Чумхурии Точикистон ташкил медихад.

– корхои сиёсию тарбияви бо хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизоми дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхо, амру фармонхои Президенти Чумхурии Точикистон – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон, оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллах, санадхои меъёрии хукукии байналмиллалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст ва фармонхои командирони (сардорони) дахлдор амали карда мешаванд.

  1. Вазифахои асосии корхои сиёсию тарбияви бо хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизоми чунинанд:

а) бо афсарон:

– ташаккули омодагии ичрои бечунучарои фармонхои сардорони болои ва масъулияти додани фармонхо ба тобеон;

– рушди хисси карзи афсари, ифтихорманди аз касби пуршарафи афсари ва хизмат дар Куввахои Мусаллах;

– рушди майлу рагбат барои такмили махорати касби ва худтакмилдихи;

– баланд бардоштани сатхи фарханги педагоги; ташаккули масъулияти шахси барои омузонидан ва тарбияи хизмтчиёни харби ва муносибати гамхоронаю эхтиромона нисбат ба онхо;

– ташаккули масъулияти шахси барои ичрои ухдадорихои вазифави;

– рушди хисси эхтиром ва риояи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхо ва оинномахои харбии Чумхурии Точикистон;

б) бо прапоршикон:

– ташаккули масъулияти шахси барои ичрои бечунучарои фармонхои командирон (сардорон), карзи харби, талаботи оинномахои Куввахои Мусаллах;

– рушди саъю кушиш барои такмили махорати касби, салохиятноки ва намунаи шахси будан дар ичрои ухдадорихои вазифави, махорати педагоги, муносибати гамхорона нисбат ба тобеон;

– ташаккули муносибати эхтиёткорона вобаста ба нигохдории амволи давлати;

– омузонидани малакаю махорати худомузи ва худтарбиякуни.

в) бо сержантон ва сарбозон:

– ташаккули омодаги барои хифзи Ватан, садокат ба Савганди харби, омодагии ичрои бечунучарои фармонхои командирон (сардорон);

– ташаккули ифтихорманди аз хизмат дар сафи Куввахои Мусаллах, интизоми баланди харби ва масъулияти шахси барои такмили махорати касби;

– рушди саъю кушиш барои рафъи душворихои хизмати харби, азхудкунии бовичдононаи ихтисоси харби;

– ташаккули муносибати эхтиромона бо командирон (сардорон), рафокату дусти бо хамхизматон.

г) бо хизматчиёни харби-занон:

– ташаккули омодагии ичрои бечунучарои фармонхои командирон (сардорон), максадхои мусби ва муносибати даркшуда нисбат ба хизмат дар сафи Куввахои Мусаллах;

– рушди хисси ифтихорманди барои ихтисоси интихобшуда, сифатхои баланди маънави, мехнатдусти ва махорати дар коллективи харби кор кардан;

– ташаккули масъулият барои ичрои ухдадорихои вазифави, такмили махорати касби.

д) бо хайати гайринизомии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон:

– тайёр будан барои ичрои ухдадорихои хизматчии давлати, ки онро манфиатхои Ватан талаб мекунад;

– ташкил намудани корхои таргиботию ташвикоти барои пайдо кардани майлу рагбат ба касби харби.

е) бо курсантони муассисахои таълимии харби:

– ташаккули ифтихорманди барои интихоби касби афсар, мухаббат ба Ватан ва хизмати харби;

– тайёр будан барои ичрои ухдадории харби, ки онро манфиатхои Ватан талаб мекунад;

– майлу рагбат ба такмили донишхои харби ва тайёр будан ба хизмати харби.

ж) бо оилахои хизматчиёни харби:

– муносибати эхтиромонаи онхо ба Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– майлу рагбат барои давом додани анъанахои оилавии хизмат дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон;

– садокат ба халку Ватани худ ва таквият додани эхтиром ба касби пуршарафи харби.

  1. Самтхои асосии корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон инхоянд;

– тайёрии чамъиятию давлатии хайати шахси ва гузаронидани ахбороти сиёси бо онхо;

– корхо оид ба пешгирии конунвайронкуни ва мустахкам намудани интизоми харби;

– кор бо чавонон;

– корхои харбию ичтимои;

– корхои психологи;

– корхои фархангию маърифати;

– хамкори бо макомоти хокимияти давлати ва иттиходияхои чамъияти.

  1. Тайёрии чамъиятию давлати ва ахбороти сиёси дар байни хайати шахси ин мухимтарин шакли тарбия ба хисоб рафта, максади асосии он ташаккул додани сифатхои ахлокии хайати шахси, дарки амики ухдадории харби дар касби худ, омузиши анъанахои таърихии халку Ватан, донистани сиёсати давлати, донистани мукаддасоти милли(суруди милли, парчам, нишони давлати) ва эхтиром овардан ба онхо, ичрои бечунучарои талаботи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон, оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, фармонхои командирон (сардорон), бархурдор будан аз иттилоот оид ба вокеахои мамлакат ва хоричи кишвар, андешидани чорахои мушаххас барои пешгирии хама гуна амалхои манфи, ки таъсири иттилоотию психологи доранд, мебошад.
  2. Корхо оид ба мустахкам намудани интизоми харби ва таъмини тартиботи хукуки ба омузиши конунхои Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии конунгузории харби, тарбияи хукукии хайати шахси ва риояи талаботи оинномахои умумихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва таъмини волоияти конун дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон асос меёбад.
  3. Самти кори мазкур фаъолияти самараноки шахсони мансабдори муассиса ва кисмхои харбиро оид ба тахкими тартиботи хукуки ва интизоми харби, хифзи хаёт ва саломатии хизматчиёни харби, рох надодан ба содир намудани хукуквайронкуни нисбат ба ахолии махалли, пешгирии чиноятхо, расонидани кумак ба шахсони мансабдор дар нигохдории тартиботи хукуки ва тахкими интизоми харби, тахлили холати онхо, ошкор намудани сабабхои ходисахо ва хукуквайронкунихо, рафторхои ношоями чидди, тайёр намудани хулосахо ва пешниходхо барои пешгирии онхоро дар бар мегирад.
  4. Кор бо чавонон – яке аз самтхои асосии ин хуччатро ташкил медихад, зеро аксарияти хайати шахсии Куввахои Мусаллахро чавонон (афсарону прапоршикони чавон, сарбозон) ташкил медиханд.
  5. Вазифахои асоси дар тарбияи чавонон инхоянд:

– корхои фахмондадихи бо хайати шахси чихати дар амал татбик намудани сиёсати Сарвари давлат – Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, талаботи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхо, оинномахои умумихарби ва фармонхои командирон (сардорон);

– баланд бардоштани савияи донишхои сиёси, хукуки, иктисоди, малакаи касби ва эчодии хизматчиёни харби;

– барои мустахкам намудани интизоми харби, таъмини тартиботи хукуки, ташкил ва гузаронидани вохурихои хайати шахси бо ахли зиё, аз чумла бо шоирон, нависандагон, охангсозон, рассомон, хукукшиносон, собикадорони чангу мехнат;

– хамкории мутакобила бо Кумитаи кор бо чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти давлати ва иттиходияхои чамъияти барои баланд бардоштани хисси ватанпарасти;

– баланд бардоштани сатхи маданиятнокии чавонон;

– тарбияи чавонон дар рухияи эхтиром ва сипос ба таърих, фарханг, забон ва анъанахои милли;

– эхтироми расму оин ва забони дигар халку миллатхое, ки дар Чумхурии Точикистон зиндагони мекунанд;

– гузаронидани вохурии сарбозон бо падару модарон барои баланд бардоштани холати ахлокию маънавии онхо;

– гузаронидани чорабинихои самаранок чихати бехтар намудани муносибати байнихамдигарии хизматчиёни харби;

– баланд бардоштани хисси харбию ватандустии чавонон;

– таргиби мунтазами ватандустию ватанпарасти ва ифтихорманди аз зиндагии осоиштаи чомеа;

– таргиби доимии хизмат дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дар байни чавонон.

  1. Корхои харбию ичтимои – ин системаи тадбирхои тарбияви ва ташаккули имтиёзхои хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизоми тибки конун ва санадхои меъёрию хукукии харби дар сафи Куввахои Мусаллах мебошад.
  2. Максади ташкили корхои харбию ичтимои дар коллективхои харби иборат аз фарохам овардани шароиту кафолатхои ичтимои, таъмини фаъолияти хаёти осоиштаи хайати шахси, софдилона, босифат ва дар вакти муайяншуда ичро намудани ухдадории вазифавии ба зиммаи онхо вогузошташуда мебошад.
  3. Ба корхои харбию ичтимои дохил мешаванд: тавзехоти саривактии конун ва дигар санадхои меъёрию хукуки оид ба хифзи ичтимоии хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизомии Куввахои Мусаллах, баррасии саривактии мурочиатхои хизматчиёни харби, гузаронидани машваратхои хукуки ва дар холати ошкор намудани вайронкунии хукуки ичтимоии хизматчиёни харби расонидани кумаки хукукии зарури, омузиш ва пешбинии чараёнхои ичтимои дар коллективхои харби, андешидани тадбирхо оид ба хифзи ичтимоии хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизоми, риояи адолати ичтимоии талаботи конунхо ва халли масъалахои ичтимоию маишии хизматчиёни харби.
  4. Корхои психологи – ин фаъолияти максаднок оид ба ташаккули холати психологии хайати шахси, таъмини ичрои вазифахо ва ухдадорихои хизмати дар хама гуна шароит мебошад.
  5. Корхои психологи бо максади таъмини устувории баланди ахлокию психологии хайати шахси ва тайёрии кушунхо (куввахо) барои ичрои вазифахои гузошташуда амали карда мешаванд.
  6. Корхои психологи омузиш ва пешбинии чараёнхои ичтимоию психологи дар коллективхои харби, пешгирии зухуроти манфи дар рафтори хайати шахси, рафъи холатхои душвори ахлокию психологи, омузиши инфиродии хусусиятхои психологии хайати шахси ва иштирок дар интихоби касби хизматчиёни харби мебошад.
  7. Корхои психологи дар байни хайати шахси бахри ичрои вазифахои зерин равона карда мешаванд:

– омузиши хусусияти инфиродию психологии хизматчиёни харби;

– гузаронидани омузиши холати ахлокию психологии хизматчиёни харби бо максади таъини дурусти онхо ба вазифахои хизмати;

– тахлили вазъи ахлокию психологии хайати шахси дар раванди корхои таълими, тарбияви ва омодагии чанги;

– таъминоти холати психологии хайати шахси дар вакти ичрои вазифахои таълимию чанги, навбатдории чанги, каровули, хизмати дохили, бартараф намудани офатхои табии ва таъмини тартиботи чамъияти;

– пурзур намудани корхои психологи дар байни хизматчиёни харби ва расондани кумак ба онхо ва аъзои оилаи онхо;

– бо рохи таъсиррасонии психологи пешгири намудани вайронкунии интизоми харби.

  1. Корхои фархангию фарогати – ин таъсиррасонии самаранок оид ба ташаккули маънавиёти баланди фархангии хайати шахси, ба рох мондани чорабинихои маърифатию истирохати, шиносои аз таърихи миллату халкхои Точикистон, таърихи Артиши милли ва ташкили корхои маданию фарогати мебошад.
  2. Корхои фархангию маърифати дар хамкори бо муассисахои фарханги ба рох монда шуда, ташкили тарбияи зебоипарасти, рушди дастахои эчодии худфаъолиятии бадеи, ташкил ва гузаронидани чорабинихои фархангию маърифати ва мусобикахои варзиши, ташриф овардани хизматчиёни харби аз осорхонахо, чойхои таърихи, намоишгоххо, театрхо, китобхонахо, тамошои филмхои хуччатию бадеи ва барномахои телевизионию консертиро дар бар мегиранд.
  3. Хамкори бо Вазорати фарханги чумхури ва дигар муассисахои илмию фарханги, макомоти фархангии махалли, осорхонахо ва дигар марказхои маданию маърифати ба манфиати тарбияи ватандустии хайати шахси, баланд бардоштани ифтихорманди аз хизмат дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.
  4. Хамкори бо макомоти хокимияти давлати ва иттиходияхои чамъияти бо максади баланд бардоштани савияи чахонбинии хайати шахси, манфиату эътибори Куввахои Мусаллах ва хизмати харби, тарбияи хукуки ва ватандустии чавонон, инчунин халли самараноки масъалахои ичтимоию маиши, таъсиррасони ба бунёди заминаи васеи меъёри – хукукии харби гузаронида мешавад.
  5. Дар доираи конунгузории милли, инчунин, хамкорихо бо макомоти давлатии давлатхои хоричи ва созмонхои байналмилали ба рох монда мешаванд.
  6. Намудхои корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон:

– тарбияи ватанпарасти;

– тарбияи харби;

– тарбияи ахлоки;

– тарбияи хукуки;

– тарбияи фарханги сиёси;

– тарбияи иктисоди;

– тарбияи эстетики;

– тарбияи экологи;

– тарбияи чисмони.

  1. Тарбияи ватанпарасти – ин таъсиррасони ба хизматчиёни харби бо максади ташаккул ва рушди шуури баланди ватандусти, хиссиёти баланди мухаббат ба Ватани худ, садокат ба анъанахо ва ормонхои олии он, ба Савганди харби, омодаги ва хохиши ичрои шоистаи карзи шахрванди ва харби, ухдадорихои конститутсиони, дарег надоштани чони худ барои хифзи Ватан – Модар, таргибу ташвики онхо барои худтакмилдихии маънавию ахлоки ва касби мебошад.
  2. Роххои асосии тарбияи ватанпарасти инхоянд: ташаккули мавкеи фаъоли шахрвандии шахсияти хизматчии харби, ки ба у имкон медиханд вазифахои давлатиро дар давраи осоиштаги ва чанг самаранок ичро карда тавонад; афзоиши рухияи маънавии Куввахои Мусаллах дар асоси анъанахои кахрамононаи халки точик ва Куввахои Мусаллах; истифодаи эчодкоронаи имкониятхои тарбиявии ниходхои динии милли; такмили тарбияи хизматчиёни харби дар рухияи дустии халкхои Точикистон.
  3. Тарбияи харби – ин раванди мунтаззам ва максадноки таъсиррасони ба рушди маънави ва чисмонии хизматчиёни харби бо максади омода намудани онхо барои хифзи мусаллахонаи Ватан мебошад.
  4. Роххои асосии тарбияи харби инхоянд: таъмини ичрои раванди ягонаи тарбия ва омузиши хизматчиёни харби; риояи тартиби катъии оинномави дар ташкили хизмати харби ва зист дар кисмхои харби; таъмини амнияти хизмати харби ва дастгирии маънавию психологии хар як хизматчии харби дар хар гуна намуди фаъолияти харби; намунасозии шароит ва мухити вокеии чанги муосир дар раванди таълим; таъмини ибрати шахсии хама гуна категорияхои шахсони мансабдор дар ичрои карзи харби; бо максадхои тарбияви истифодаи системаи анъана ва расму оинхои харби.
  5. Тарбияи ахлоки – ин таъсиррасони ба шуур, хиссиёт ва иродаи хизматчиёни харби бо максади дар онхо ташаккул додани хислат ва сифатхои зарурии ахлокию маънави мебошад.
  6. Роххои асосии тарбияи ахлоки инхоянд: мусаллах намудани хизматчиёни харби бо дониш тибки талаботи чамъият ба симои касбию маънавии онхо; ба хизматчиёни харби фахмондани ахамияти ичтимоии хизмати харби; хавасмандкунии хохиш барои худтакмилдихии маънави, кушиши онхо барои максадхои мусбии маънави; ташкил ва гузаронидани чорабинихои максаднок барои баланд бардоштани сатхи тарбияи ахлокию рухии хайати шахси, ташаккули хисси масъулиятшиноси ва нигох доштани эътибори хизматчиёни харби; бо максадхои тарбияви омузиш ва истифодаи хусусиятхои инфиродии хизматчиёни харби, таъсири афкори умум ва мухити солими ахлокию ичтимои дар коллективхои харби; истифодаи имкониятхои ахлокию маънавии иттиходияхои чамъияти барои тарбияи хизматчиёни харби.
  7. Тарбияи хукуки – ин таъсиррасонии доими ба шуури хизматчиёни харби бо максади дар онхо ташаккул додани маърифати хукуки ва ба даст овардани маданияти баланди хукуки мебошад;
  8. Роххои асосии тарбияи хукуки инхоянд: ташкил намудани ташвикоти хукуки; баланд бардоштани тайёрии назарияви ва усулии хизматчиёни харби оид ба масъалахои хукуки; таъмини иштироки фаъолонаи хайати рохбарикунандаи коллективхои харби дар раванди тарбияи хукукии зертобеон; пахн намудани тачрибахои пешкадами тарбияи хукуки; назорати рйояи дакик ва катъии конуният, тартиботи хукуки ва интизоми харби; ташкили вохурихо бо намояндагони макомоти прокуратураи харби ва дигар макомоти хифзи хукук, ташкил намудани хифзи хукукии хизматчиёни харби ва аъзои оилаи онхо.
  9. Бо максади фарогирии пайвастаи хайати шахси бо дониши хукуки дар муассисаю кисмхои харби рузхои ягонаи маърифатнокии хукуки ташкил карда мешаванд.
  10. Тарбияи фархангию сиёси – ин фаъолияти максаднок оид ба ташаккули дониш ва шуури сиёсии хизматчиёни харби, баланд бардоштани маърифатнокии сиёсии онхо мебошад.
  11. Роххои асосии тарбияи фархангию сиёси инхоянд: таъмини бархурдории хизматчиёни харби аз таъриху тамаддуни халки точик ва давлатдории он, сиёсати дохили ва беруни, манфиатхои хаётан мухими милли ва зарурати химояи онхо; омузиши сиёсати давлати дар сохаи мудофиа ва амнияти кишвар; омузиши вазъ ва муносибатхои байналмилалию минтакави ва мавкеи Чумхурии Точикистон нисбат ба онхо; иттилоотонии хизматчиёни харби бо фаъолияти ниходхои давлати ва гайридавлати, созмонхои байналмилалию минтакави ва иштироки Чумхурии Точикистон дар кори онхо.
  12. Бо максади фарогирии пайвастаи хайати шахси бо донишхои сиёси дар муассисаю кисмхои харби рузхои ягонаи маърифатнокии сиёси ташкил карда мешаванд.
  13. Тарбияи иктисоди – ин таъсирраоони ба хизматчиёни харби бо максади дар онхо ташаккул додани донишхои иктисоди, малакаю махорат ва сифатхои шахси, ки барои ичрои муваффаки ухдадорихои вазифави заруранд, мебошад.
  14. Роххои асосии тарбияи иктисоди инхоянд: таъсиси шароити зарури барои рушди бомуваффакияти муносибатхои иктисоди дар Куввахои Мусаллах; ташаккули муносибати сарфакорона ба амволи давлати, истифодаи окилонаи воситахои моддию техники ва таълими; истифода бурдани хавасмандии иктисоди дар корхои тарбияви бо хизматчиёни харби; дар кисмхои харби барои хизматчиёни харби ташкил намудани омузиши донишхои иктисоди; таргибу ташвики донишхои иктисоди оид ба масъалахои гуногуни фаъолияти хочагидории кисми харби; омузиши хизматчиёни харби бо махорати пешбини намудан ва бахо додани окибати иктисодии фаъолияти шахсии худ.
  15. Тарбияи эстетики – ии таъсиррасони ба хизматчиёни харби бо максади рушди хаматарафаи эхсоси чахони маънавии онхо мебошад.
  16. Роххои асосии тарбияи эстетики инхоянд: ташаккули муносибати эстетики ба хизмати харби, карзи харби ва мухити харби; тарбияи муносибати зебоипарасти нисбат ба либоси харби; шиносои бо хаёти эчодию бадеии Куввахои Мусаллах, комёбихои эчодию бадеии шоирону нависандагон, охангсозону рассомон; шиносои бо масъалахои харби дар театр, синамо; адабиёт, рассоми.
  17. Тарбияи экологи – ин таъсиррасони ба хизматчиёни харби бо рохи ташаккул додани дониши онхо дар бораи табиат, гамхори нисбат ба мухити зист мебошад.
  18. Роххои асосии тарбияи экологи инхоянд: корхои фахмондадихи оид ба окибатхои манфи барои табиат ва мухити зист аз фаъолияти харби ва имконияти пешгири намудани он; чалб намудани хизматчиёни харби ба чорабинихои амалии хифзи табиат; такмили донишхои экологии хизматчиёни харби.
  19. Тарбияи чисмони аз таъсиррасони ба хизматчиёни харби бо максади тахкими саломатию обутоби бадан ва ташаккули сифатхои кавииродаги, богайрати ва психологи, ки барои ичрои вазифахои чанги мусоидат менамояд; иборат мебошад.
  20. Роххои асосии тарбияи чисмони инхоянд: ташкили тайёрии чисмонии накшавии категорияхои гуногуни хизматчиёни харби тибки вазифахои навъхои Куввахои Мусаллах; гузаронидани чорабинихои варзишию оммави; ташкили фарогати фаъол дар рузхои истирохати; таргиби тарзи хаёти солим; таргиби комёбихои бехтарини варзиши.
  21. Технологияи педагогии тарбияи хайати шахси дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон. Кисми таркибии мухими системаи корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон тахия ва чори намудани технологияи педагогии татбики онхо мебошад.
  22. Технологияи педагоги ин мачмуи принсипхо, усулхо, воситахо ва шаклхои бо хамдигар мувофикащуда ва мунтазам истифодабарандаи татбики максадхо ва вазифахои тарбияви мебошад.
  23. Хангоми амали намудани корхои сиёси-тарбияви бояд принсипхои асосии зерин истифода бурда шаванд: хусусияти башардустона доштан ва максаднок будани раванди тарбия; ташкили тарбия дар рафти фаъолияти харби ва корнамоихои чанги; пайвастагии серталабии баланд ба шахсият бо эхтироми кадру кимат ва гамхори нисбат ба у; ташкили тарбия дар коллектив ва тавассути коллектив; муносибати инфироди ва фарккунанда ба объекти тарбия; мувофикат ва мунтазами дар тарбия; муносибати мачмуи ва муносиб; такя ба мисолхо ва тачрибахои ибратомез Дар тарбия; хамохангсозии фаъолияти хамаи иштирокчиёни раванди тарбия.
  24. Дар корхои сиёсию тарбияви бо хизматчиёни харби гурухи усулхои зерин истифода бурда мешаванд:

– усулхои омузиши объектхои тарбия: мушохидаи максадноки хизматчиёни харби, омузиши шахсият мувофики хуччатхои шахси, омузиши шархи хол, тахлили фаъолияти амалии хизматчиёни харби, омузиш ва тахлили хислатномахои мустакил, пурсиши хайати шахси, сухбатхои инфироди ва гурухи ва дигар усулхо;

– усулхои таъсиррасонии тарбияви ва хамкори: бовари, ибрат, машк, чалби хизматчиёни харби ба фаъолиятхои гуногун, хавасмандкуни, танкид ва худтанкидкуни, мачбурсози;

– усулхои пешгири ва азнавтарбиякунии хизматчиёни харби: аз нав таълим додан, аз нав бовари кунонидан, “катъи алокаи номатлуб”, танкид ва худтанкидкуни, худислохкуни ва дигар усулхо.

  1. Дар корхои сиёсию тарбияви воситахои зерини тарбия накши мухимро мебозанд: намудхои гуногуни фаъолияти харби дар кисми харби, хавасмандкунии модди ва маънави, воситахои техники, воситахои иттилооти, воситахои педагогию таълими ва дигар воситахо.
  2. Усулхо ва воситахои дар боло зикргардида тавассути шаклхои зерини корхои сиёсию тарбияви амали мегарданд: дар сухбатхои инфироди ва коллективи, намудхои гуногуни иттилоотонии хизматчиёни харби, маърузахо, сухбатхо, шабхои саволу чавоб, чамъомадхо ва мачлисхои машварати бо хизматчиёни харби, конференсияхои илмию амали, шабхои эчоди, мизхои мудаввар ва викторинахо, вохурихо бо собикадорони чангу мехнат, экскурсия ва сайру гашт ба чойхои таърихи ва чойхои шарафи чанги, гузаронидани рузхои Мухофизи Ватан, Часорат, Даъватшаванда ва дигар идхои касби бо намоиши аслиха ва техникаи харби, кори клубхои шавковар ва дастахои худфаъолиятии бадеи, машгулиятхо дар осорхонахо ва хонахои Шухрати чангии кисмхои харби, таблигу ташвики хизмат дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва тавассути дигар шаклхо.
  3. Амали намудани мачмуи принсипхо, усулхо, воситахо ва шаклхои корхои сиёсию тарбиявии хайати шахси системаи сифатноки тарбияи хизматчиёни харбиро таъмин намуда, барои ба даст овардани натичахои самарабахш мусоидат менамоянд.
  4. Ташкил ва идораи корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон. Дар хамаи сатхои ташкил ва усулхои тарбияи хизматчиёни харби субъектхои он (чомеа, макоми хокимияти давлати, макомоти махаллии худидора, васоити ахбори умум, иттиходияхои чамъияти, оилахо ва хешовандони наздики хизматчиёни харби, командирон ва сардорони хамаи сатххо, ситодхо, хадамотхо, макомоти дигари идораи харби, макомоти корхои сиёси-тарбияви, коллективхои харби ва мехнати, макомоти фархангии харби ва гайрахо) ду вазифаи алокамандро ичро менамоянд: тарбияви ва идорави. Ба фаъолияти шахсони мансабдори кисмхои харби бештар вазифаи тарбияви рост меояд, ба фаъолияти шахсони мансабдори зинаи оли бошад вазифаи идорави (вазифаи рохбари) рост меояд.
  5. Ин вазифахо аз чониби командирон ва сардорон тибки санадхои меъёрию хукуки дар мачмуъ бо ичрои вазифахои омодагии чанги ва сафарбари, тайёрии чанги, хизмати кушунхо, фаъолияти харрузаи кушунхо анчом дода мешаванд.
  6. Самаранокии корхои сиёсию тарбияви ба воситаи кушишхои хамохангсозандаи хама сатххои макомоти идораи харби ва макомоти корхои сиёсию тарбияви, таъмини корхои сиёсию тарбиявии пайдарпай ва муносибати фарккунанда хангоми ташкили он бо категорияхои гуногуни хизматчиёни харби, аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизоми, мавчудияти кадрхои аз чихати касби тайёршуда ва заминаи зарурии модди ба даст меояд.
  7. Корхои сиёсию тарбияви асосан аз чониби макомоти идораи харби ва шахсони мансабдори хамаи сатххои идорави ба анчом расонида мешаванд;

а) командирон (сардорон):

– барои рохбарии корхои сиёсию тарбияви ва ташкили чунин корхо мунтазам чихати ичрои вазифахои мушаххас, ки барои нигохдории вазъи солими маънавию психологии хайати шахси равон шудаанд, масъулияти шахси доранд;

– ба макомоти болоии идораи харби оид ба холати маънавию психологи ва интизоми харби дар чузъу томхои тобеъ ва рухияи хайати шахси маълумоти вокеи пешниход менамоянд;

– мохият, тартиби ташкил ва гузаронидани корхои сиёсию тарбиявиро мавриди тахлил карор дода, ба шахсони мансабдор ва макомоти идораи харбии зертобеъ вазифагузори менамоянд;

– сифати ичрои вазифахои гузошташударо оид ба тарбияи хайати шахси назорат намуда, натичаи корхои сиёсию тарбиявиро чамъбаст менамояд, ба муовинони худ ва дигар зертобеон оид ба такмили ин корхо вазифагузори менамоянд.

б) ситодхо:

– мутобикатии накшагузории тайёрии чанги (чараёни таълим) ва корхои сиёсию тарбияви; истифодаи расму оини харбиро дар раванди тарбия таъмин меамоянд;

– чорабинихоро оид ба нигохдории тартиботи оинномави ва таъмини амнияти хизмати харби ташкил менамоянд;

– чорабинихои вобаста ба таъмини амнияти иттилооти ва хифзи кушунхоро аз таъсири манфии иттилоотию психологи накшагузори карда, дар онхо иштирок менамоянд;

– дар асоси тахлили вазъи маънавию психологии хайати шахси барои тахкими он таклифхо пешниход менамоянд ва дар татбики онхо иштирок менамоянд.

в) сардорони навъи кушунхо ва хадамотхо:

– барои ташкили корхои сиёсию тарбияви, пешниходи иттилооти вокеи ба командир (сардор) ва муовини у оид ба корхои сиёсию тарбияви дар хусуси холати интизоми харби (мехнати) ва вазъи ахлокию маънави дар вохидхо ва кисмхои харбии зертобеъ масъулияти шахси доранд;

– шахсан дар чорабинихои сиёсию тарбияви; ташкили онхо дар муассисаю кисмхои харбии зертобеъ иштирок менамоянд;

– харакат менамоянд, ки сифати ичрои вазифахо оид ба ташкили таъминоти дахлдор барои нигохдории сатхи баланди холати маънавию психологии хизматчиёни харби мусоидат намояд.

г) макомоти корхои сиёсию тарбияви:

– барои накшасози, таъминоти услуби, ташкил ва гузаронидани бевоситаи корхои сиёсию тарбияви масъул мебошанд;

– фаъолияти муовинони командирон (сардорон) ва дигар шахсони мансабдорро оид ба ташкил ва гузаронидани корхои сиёсию тарбияви хамоханг месозанд;

– бо иттиходияхои чамъияти ва дини, коллективхои мехнати, васоити ахбори умум бо максади ташаккули афкори вокеии чамъияти оид ба фаъолияти Куввахои Мусаллах, муносибати мусбат ба хизмати харби фаъолона хамкори менамоянд;

– ба командирон (сардорони бевосита) ва сардорони макомоти болоии корхои сиёсию тарбияви оид ба холати маънавию психологи ва интизоми хайати шахси, риояи хукукхои конститутсионии хизматчиёни харби; аъзои оилаи онхо ва хайати гайринизомиён хисобот медиханд.

  1. Ичрои бомуваффакияти корхои тарбияви, таъмини тартиботи хукуки ва мустахкам намудани интизоми харби, яке аз нишондихандахои асосии арзёбии фаъолияти хизматии командирони (сардорони) тамоми зинахо мебошад.
  2. Чорабинихои сиёсию тарбияви байни хизматчиёни харби дар макомоти давлатии харби дар Накшаи ягонаи корхои сиёсию тарбияви пешбини мешаванд. Накшаи мазкур аз чониби раёсатхои корхои сиёсию тарбиявии макомоти давлатии харби тахия ёфта, баъд аз мувофикаи он бо ситодхо ва дигар раёсату шуъбахои дахлдори макомоти давлатии харби аз чониби рохбарони ин макомот тасдик карда мешавад. Тамоми дигар чузъу томхои макомоти давлатии харби накшахои сиёсию тарбиявии худро дар асоси Накшаи ягонаи корхои сиёсию тарбиявии тасдикшуда тартиб медиханд.
  3. Мархилаи хозиразамони сохтмони харби ба масъалахои таъминоти кадрии корхои сиёсию тарбияви, бо назардошти эхтиёчоти кушунхо (куввахо) ва кисмхои харби, тачрибаи таълимию услуби ва таъмини илмии системаи тарбия, талаботи нав пешниход менамояд.
  4. Самтхои асосии такмили таъминоти кадрии корхои сиёсию тарбияви чунин мебошанд: нигохдории кадрхои баландихтисоси макомоти корхои сиёсию тарбияви; нигох доштани сатхи зарурии пуррашавии мансабхои харбии дар макомоти корхои сиёсию тарбияви аз чониби афсарон ивазшаванда; ташаккули насли сифатан нави командирон (сардорон) хамчун тарбиякунандагони харби; нигохдории иктидори харбию илми, педагоги ва сиёсии муассисахои таълимии тахсилоти олии харбии кишвар.
  5. Интихоб, чобачогузори, тарбия, бозомузони ва такмили ихтисоси хизматчиёни харбии макомоти сиёсию тарбияви аз чониби раёсатхои корхои сиёсию тарбиявии макомоти давлатии харби дар хамкори бо раёсатхои кадр ба рох монда мешаванд.
  6. Интихоби кадрхо барои ишголи мансабхои харбии муовинони командирони (сардорони) кисмхои харби оид ба корхои сиёсию тарбияви ва ба онхо баробар аз хисоби афсароне, ки муассисахои таълимии тахсилоти олии харбии кишвар ва давлатхои хоричиро хатм намудаанд, анчом дода мешаванд.
  7. Бозомузони ва такмили ихтисоси муовинони командирон (сардорон) оид ба корхои сиёсию тарбияви дар чамъомадхо ва курсхои такмили ихтисос сурат мегирад.
  8. Худомузии касбии афсарони макомоти корхои сиёсию тарбияви дар системаи тайёрии касбии хайати афсарон ташкил карда мешаванд.
  9. Дар муассисахои таълимии тахсилоти олии харбии мамлакат кафедрахои дахлдор оид ба сиёсати давлати ва корхои тарбияви таъсис дода шуда, амал менамоянд.

3. Мукаррароти хотимави

  1. Консепсия ба талаботхои асосии давлати демократи ва хукукбунёд чавобгу буда, барои дар рухияи баланди ахлокию маънави, харбию ватандусти ва чахонбинии сиёси тарбия намудани хайати шахси мусоидат менамояд.
  2. Максади нихоии Консепсия ба танзим даровардани системаи корхои сиёсию тарбиявии хизматчиёни харби ва таъмини сатхи баланди самарабахшии ин корхо буда, барои амали намудани Консепсияи мазкур аз чониби Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бояд тадбирхои зарури андешида шаванд.

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ КОРХОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВИ ДАР КУВВАХОИ МУСАЛЛАХИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Мутобики моддаи 70 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон фармон медихам:

  1. Консепсияи замимагардидаи корхои сиёсию тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон тасдик карда шавад.
  2. Вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, ки дар онхо хизмати харби пешбини шудааст:

– санадхои меъёрии сохавии худро ба Консепсияи зикргардида мутобик намоянд;

– дар хамкори бо вазорату идорахои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо ба таври зарури амали намудани Консепсияи мазкурро таъмин намоянд.

  1. Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 15 октябри соли 2001, № 691 “Дар бораи тасдики Консепсияи корхои тарбияви дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон” аз эътибор сокит дониста шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                  Эмомали Рахмон

 

ш.Душанбе

20 феврали соли 2015, № 369

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …