Главная / Чамъият / КОНСЕПСИЯИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ МАХАЛ ТО СОЛИ 2030

КОНСЕПСИЯИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ МАХАЛ ТО СОЛИ 2030

 

КОНСЕПСИЯИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ МАХАЛ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 

Бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз “11” июли соли 2015, № 522 тасдик шудааст

  1. Мукаррароти умуми
  1. Раванди рушди миллии Чумхурии Точикистон бо дигаргунсозихои мураккаби барномави дар бахшхои гуногуни иктисодиёти милли ва таъминоти хаётии кишвар алокаманд аст. Ин раванд мавчудияти самтдории муайяни стратегиро такозо менамояд, ки бо тагйироти институтсионали, таксимоти дакики вазифахо ва хамохангсозии сифатноки фаъолияти макомоти маркази ва махаллии идоракуни таквият ёфтаанд.
  2. Дар ин раванд макомоти махаллии идоракунии давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (минбаъд – худидоракунии махалли) накши махсусан мухимро мебозанд.
  3. Мутобики таксимоти маъмурию худуди каламрави Чумхурии Точикистон ба се вилоят – Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (кисми шаркии кишвар, бо 8 вохиди маъмурию худуди), вилояти Сугд (кисми шимолии кишвар, бо 18 вохиди маъмурию худуди), вилояти Хатлон (кисми чанубии кишвар, бо 25 вохиди маъмурию худуди), шахри Душанбе (пойтахти мамлакат, ки аз 4 нохия иборат мебошад), шахру нохияхои тобеи чумхури (бо 13 вохиди маъмурию худуди) ва 427 чамоатхои шахрак ва дехот таксим шудааст. Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот чамоатхо мебошанд, ки тартиби таъсис, ваколатхо ва фаъолияти онхоро конун танзим менамояд.
  4. Аз тахлили фаъолияти макомоти идоракунии махалли хулоса баровардан мумкин аст, ки вазифахои онхо, низоми институтсионали ва усулхои банакшагири холо ба вазифахои зудтагйирёбандаи стратегии рушд ва идоракунии минтакави мутобик карда нашудаанд ва чунин холат ба макомоти махалли имконият намедихад, ки ба тахия ва татбики барномаю накшахои миёнамухлат ва дарозмухлати рушди ичтимоию иктисодии махал муносибати мачмуи дошта бошанд.
  5. Бинобар ин зарурати тахия ва кабули Консепсияи дарозмухлати идоракунии рушди махал дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд – Консепсия) ба миён омадааст, ки имконияти муайян намудани самтхои асоси ва вазифахои стратегии ташаккули низоми муосири идоракунии махал ва амалишавии самараноки онро дар чомеаи тезинкишофёбанда фарохам меорад.

2. Максади Консепсия ва самтхои асосии рушди махал

  1. Максади Консепсияи мазкур аз ташаккули самтхои асоси ва заминаи сиёсию ташкили ва хукукии идоракунии рушди махал, вазифахо барои такмили идоракунии рушди махал, инчунин муайян кардани механизмхо ва мархилахои асосии татбики Консепсия иборат мебошад. Консепсия хуччати дарозмухлат буда, мукаррароти он хангоми тахияи барномаю накшахои стратегии давлатии рушди махал ва минтакахо ба инобат гирифта мешаванд.
  2. Консепсия асоси ташкилию сиёси ва методологиро барои пешбурди азнавсози дар сатхи махал фарохам оварда, ба татбики хуччатхои стратегии каблан кабулнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, тахияи санадхои меъёрии хукуки дар сохаи танзими функсияхо, ташкил ва сохтори идоракунии махал мусоидат хохад кард.
  3. Нихоят, Консепсия асосхои мачмуии ташкили, методологи ва хукукию молиявиро чихати тахияи Стратегияи дарозмухлати ислохоти идоракунии махал дар Чумхурии Точикистон ташаккул медихад.
  4. Самтхои асосии такмили идоракунии рушди махал аз инхо иборат мебошанд:

– мушаххассози ва мутаносибгардонии функсия ва ваколатхо байни сатххои идоракунии маркази ва махаллии давлати, инчунин худидоракунии махалли бо азнавтаксимкунии захирахои модди ва молияви;

– дар сатхи худуди ва махаллии идоракуни ташаккул додани низоми макомоти ичроияи хокимияти давлати, ки ба принсипхои бунёдии идоракунии самараноки давлати мувофик буда, барои рушди устувори ичтимоию иктисодии кишвар шароити зарури фарохам меорад;

– чори намудани механизмхое, ки хамбастагии нисбатан зичи стратегияи дарозмухлатро бо раванди банакшагири ва ичрои бучети давлати, инчунин накша ва стратегияхои харсолаи рушди сохахо ва барномахои сармоягузори дар сатхи махалли таъмин менамояд;

– ноил гардидан ба таксими нисбатан дакики функсияхо, вазифахо ва ваколатхо оид ба пешкаш намудани хизматрасони ба ахоли, бехтар намудани сифат ва дастрасии он;

– чори намудани механизмхои самараноки назорат ва хисоботдихии макомоти идоракунии махалли ва рохбарони онхо.

  1. Татбики самтхои асоси ва вазифахои пешбинишудаи рушди махал имкон медихад захирахои давлати нисбатан мутаносиб харч шаванд, ки дар мачмуъ боиси баланд гардидани эътимоди ахоли ба хокимияти давлати хам дар сатхи маркази ва хам дар сатхи махалли хохад шуд.
  2. Татбики бомуваффакияти хамин Консепсия аз ташаккули таъминоти дахлдори ташкилию иттилооти, кадрию захиравии тадбирхои тавсияшаванда, такмили механизмхои пахн намудани тачрибаи самарабахши идоракунии махалли ва хамохангсозии хамаи чорабинихо алокаманди дорад.

3. Асосхои сиёсию ташкили ва хукукии такмили идоракунии рушди махал дар Чумхурии Точикистон

  1. Дар чараёни ислохот, ки дар бахшхои гуногуни иктисодиёти милли амали шуда истодааст, вазифахои мухим ба зиммаи макомоти махаллии низоми идоракунии давлати, аз чумла худидоракунии махалли вогузор шудаанд. Бо дарназардошти ин, як катор ташкилотхои мададрасон дар чараёни татбики лоихахои худ шарх ва тахлили функсионалии вазъи идоракунии махаллиро анчом доданд. Дар ин самт Барномаи рушди СММ накши мухим мебозад. Соли 2013 бо дастгири ва иштироки Барномаи рушди СММ хуччати “Асосхо барои Консепсияи такмили идоракунии рушди махал дар Чумхурии Точикистон” тахия гардид.
  2. Нуктаи огози ин хуччати гояви Накшаи амал оид ба татбики Консепсияи такмили сохтори идоракунии давлати дар Чумхурии Точикистон, ки бо Амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 29 майи соли 2009, №АП-1002 тасдик шудааст, ба хисоб меравад.
  3. Хуччати мазкур максадхои такмили низоми идоракунии давлатиро фаро гирифта, мухимияти мушаххасгардони ва мутаносибгардонии функсия ва ваколатхоро байни дастгохи маркази ва макомоти худудии хокимияти давлати, инчунин макомоти худидоракунии махаллиро махсус пешбини менамояд.
  4. Дар асоси Консепсияи такмили сохтори идоракунии давлати Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи низоми макомоти идоракунии давлатии Чумхурии Точикистон” аз 16 апрели соли 2012, № 828 кабул гардид, ки дар он мафхумхои гайримутамарказгардони ва гайритачаммуъсози шарх дода шудаанд.
  5. Максади асосии тамоми ислохоти низоми идоракунии давлатии дар Чумхурии Точикистон гузаронидашаванда аз баланд бардоштани сатхи сифати зиндагии мардуми кишвар ва мусоидат ба рушди иктисодиёт иборат мебошад. Барои ноил гардидан ба ин хадафхо Хукумати Чумхурии Точикистон Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015 (минбаъд – СМР)-ро кабул намуд. Яке аз самтхои асоси дар доираи СМР – рушди идоракунии маъмурию худуди ва ташаккули низоми худидоракунии мукаммали махалли муайян карда шудааст.
  6. Аз СМР Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон барои солхои 2013-2015 (минбаъд – СБСНМТ) сарчашма мегирад. Аз миёни самтхои асосии стратегии такмили рушди сохаи идоракунии бахши давлати дар СБСНМТ хамчунин рушди масъалахои идоракунии минтакави ва баланд бардоштани неруи макомоти махалли ва низоми макомоти худидоракуни дар шахрак ва дехот пешбини шудааст.
  7. Асоси методологи барои гузаронидани ислохот дар сохаи идоракунии давлати ва махалли Стратегияи ислохоти системаи идоракунии давлати барои давраи то соли 2015 мебошад, ки дар он роххои умумии ислохоти идоракунии бахши давлати муайян шудаанд.
  8. Дар баробари хуччатхои номбаршуда асосхои хукукии такмили идоракунии рушди махалро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти махаллии хокимияти давлати”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти худидоракунии шахрак ва дехот”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи макомоти худфаъолияти чамъияти”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи низоми макомоти идоракунии давлатии Чумхурии Точикистон” ва конунхои дигари сохави ташкил медиханд, ки дар онхо вазифахои макомоти идоракунии махалли муайян гардидаанд.
  9. Тахлили асосхои меъёрии хукукии низоми идоракунии махал нишон дод, ки баъзе мукаррароти конунхои дар боло зикргардида холо амали намешаванд. Бо максади дар амал татбик намудани заминаи хукуки гузаронидани тахлили системави оид ба муайянсозии фаъол будани меъёрхои пешбинишуда ва амалкунанда, мутобиксозии конунгузории чории сохаи идоракунии махалли бо дигар конунхои сохави, ки дар онхо вазифахои макомоти идоракунии махалли ва худидоракунии махалли муайян гардидаанд, инчунин тачдиди назари низоми санадхои зерконуни дар сохаи идоракунии махалли зарур аст.

4. Вазифахо барои такмили идоракунии махалли дар Чумхурии Точикистон

  1. Барои татбики бомуваффакияти тадбирхои пешбинишаванда, ки дар банди 1. Консепсияи мазкур ифода ёфтаанд, халли масъалахои зайл пешниход шудааст:

– таъсиси механизмхои хамохангсоз барои татбики Стратегияи ислохоти системаи идоракунии давлати, аз чумла Консепсияи идоракунии рушди махал дар Чумхурии Точикистон;

– гузаронидани тахлили мачмуи оид ба чамъбасти функсияхои макомоти марказии хокимияти давлати дар сатхи махал ва дар асоси тахлили гузаронидашуда чудо намудани функсияхои макомоти марказии хокимияти давлати, ки аз нигохи самаранокии иктисоди ичрои онхо дар сатхи махаллии хокимияти давлати мумкин бошад;

– гузаронидани тахлили функсияхои макомоти махаллии идоракунии давлати ва аз онхо чудо намудани функсияхое, ки дар мархилаи минбаъдаи ислохоти идоракунии махал метавонанд ба макомоти худидоракунии махалли вогузор карда шаванд;

– гузаронидани тахлили хукукии тамоми санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи низоми идоракунии махаллии давлати ва худидоракунии махалли, инчунин масъалахои банакшагири ва татбики барномахо ва накшахо чихати муайян сохтани мухолифат байни онхо ва тахияи пешниходот барои ворид намудани тагйиру иловахо ба санадхои мазкур;

– гузаронидани тахлили муназзами системаи мавчудаи андоз ва сиёсати бучети бо максади муайян намудани манбаъхои дастгирии молиявии функсияхои идоракунии давлати дар сатхи махал ва худидоракунии махалли;

– таъсиси усули мувофики муносибатхои байнибучети, ки аз таксимоти функсияхо байни сатххои идоракунии давлати бармеоянд;

– гузаронидани тахлили асоснокии иктисоди ва функсионалии таксимоти мавчудаи маъмурию худуди;

– тахлили системаи мавчудаи назорати хизматии макомоти махаллии идоракунии давлати ва макомоти худидоракунии махалли аз чониби макомоти марказии давлати ва тахияи пешниходот оид ба такмили он;

– омузиши корхои анчомдодаи ташкилотхои мададрасон дар самти такмили идоракунии махалли ва истифодаи маълумоти мазкур дар чараёни такмили идоракунии махалли;

– огози тахияи барномаи омодасозии кадрхои (менечерхои) идоракунанда дар сатхи махалли дар муассисахои тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон. Бо ин максад истифодаи имконоти васеи барномахои байналмилали дар сохаи маориф ва рушди хамкори бо муассисахои тахсилоти олии касбии дигар кишвархо;

– аз чониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон тахия намудани барномаи бозомузии рохбарони макомоти идоракунии махалли ва макомоти худидоракунии махаллиро доир ба тавзехи принсипхои такмили идоракунии махалли ва худидоракунии махалли, инчунин омузиши усулхои муосири рохбарии макомоти идоракунии махалли ва худидоракунии махалли.

5. Механизм ва мархилахои асосии татбики Консепсияи идоракунии рушди махал

  1. Низоми идоракунии раванди ислохот, ки ба такмили системаи идоракунии макомоти махаллии хокимияти давлати барои давраи то соли 2030 нигаронида шудааст, бояд ноил шудан ба хадафхо, самарабахшии гузаронидани хамаи чорабинихо, инчунин устувории дарозмухлати натичахои бадастомадаро таъмин намояд. Бо ин максад механизми идоракуни бояд дар асоси татбики чорабинихо, бо дарназардошти барнома ва накшахои мувофика ва тасдикгардида, нишондихандахои микдории ноил шудан ба максад, назорати мутамаркази сифати идоракунии чорабинихои ислохот созмон дода шавад.
  2. Барои татбики ислохот дар сохаи идоракунии маъмурию худуди бояд Кумитаи рушди махали назди Президенти Чумхурии Точикистон хамчун сохтори масъул таъин карда шавад, ки амалхои мувофикашудаи макомоти марказии ичроияи хокимияти давлати, хамкории муштарак бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, инчунин ташкилотхои манфиатдор ва чомеаи шахрвандиро хангоми гузаронидани чорабинихо доир ба ислохоти системаи идоракунии махалли таъмин менамоянд.
  3. Дар мархилаи аввали ислохот (солхои 2015-2020) Хукумати Чумхурии Точикистон бояд Накшаи чорабинихо оид ба татбики Консепсияи мазкурро тасдик намуда, лоихаи Стратегияи ислохоти идоракунии махал дар Чумхурии Точикистонро тахия ва барои тасдик пешниход намояд.
  4. Тартиби хавасмандгардонии фаъолият оид ба чори намудани стандартхои хизматрасонихои давлати ва регламентхои маъмури бояд муайян карда шуда, бо максади таксими дакики ухдадорихои функсионали байни сатххои идоракуни ва ба онхо интикол додани ваколатхои муносиб корхои вобаста ба тахияи Фехристи функсия ва хизматрасонихои давлати ба охир расонида шаванд. Хамчунин зарур аст, накшаи мушаххассозии зина ба зинаи ваколатхо, функсияхо ва сарчашмахои маблаггузории байни макомоти маркази ва махаллии хокимияти давлати тахия карда шавад, ки дар он натичахои тахлилхои функсионали, тагйирот дар сохтори дастгоххои маркази ва вохидхои худудии макомоти ичроия, инчунин натичахои лоихахои пилоти дар сохаи таксимоти ваколатхо ба инобат гирифта мешавад.
  5. Дар мархилаи дуюми ислохот (солхои 2020-2025) бо максади ташаккули худидоракунии махалли, ки кодир аст ба ахоли хизматрасонии хушсифатро пешкаш намояд, дар сатхи конунгузори ва институтсионали оид ба рушди мустакилияти молиявии худидоракунии махалли вобаста ба татбики функсияхои ба зиммаашон вогузоргардида, бо муайян намудани моликияти худидоракунии махалли ва мутобикан вобаста намудани хукуки моликият бояд тадбирхо андешида шавад.
  6. Иловатан, дар дурнамои миёнамухлат бояд вобаста ба самтхои зайл тадбирхо андешида шаванд:

– тахкими неруи макомоти идоракунии давлати ва макомоти худидоракуни доир ба масъалахои маъмурият ва идоракуни тавассути таълим ва бозомузии хайати кадрии онхо;

– баланд бардоштани самарабахшии хамкории мутакобилаи макомоти ичроияи хокимияти давлати ва чомеаи шахрванди, инчунин афзун намудани шаффофияти фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– тачдиди системаи таъминоти иттилоотии макомоти ичроияи хокимияти давлати тавассути чори намудани унсурхои хукумати электрони;

– тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки ва тахияи заминаи методи барои такмили системаи мавчудаи назорат, раванди хариди давлати дар сатхи махал, механизми маблаггузории равандхои маъмурию идоракуни аз хисоби манбаъхои беруна (аутсорсинг);

– тахия ва татбики лоихахои тачрибави дар сохаи таксимоти ваколатхо байни сатххои хокимияти давлати ва худидоракунии махалли ва лоихахои тачрибави оид ба чори намудани стандартхои хизматрасонихои давлатию махалли ба ахоли дар сатхи минтакави;

– таъсиси системаи мониторинг вобаста ба амалишавии хамин Консепсия;

– мутаносибгардонии фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва чори намудани механизмхои аксуламал нисбат ба коррупсия дар сохахои фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати.

  1. Инчунин бо максади таксимоти дакик ва ба тартиб даровардани ваколатхо оид ба масъалахои ташаккулёбии кисми даромад ва харочоти маблагхои бучети дар сатхи махал бояд маблаггузории макомоти махалли мутобик ба ухдадорихои функсионалии онхо таъмин карда шавад.
  2. Дар мархилаи сеюми ислохот (солхои 2025-2030) бояд таксимоти маъмурию худуди мутобики азнавтаксимкунии функсияхо ба тартиб дароварда шуда, меъёрхои таксимоти маъмурию худуди ва муносибатхои мутакобилаи байни сатххои идоракунии давлати ва худидоракунии махалли муайян карда шаванд.
  3. Маблаггузории чорабинихо оид ба такмили низоми идоракунии рушди махал аз хисоби маблагхои дар Бучети давлати пешбинигардида бо чалби кумаки молияви ва машваратию техникии ташкилотхои мададрасон амали карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …