Главная / Чамъият / КОНСЕПСИЯИ БЕХТАР НАМУДАНИ ГИЗОИ МАКТАБИ ДАР МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ УМУМИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНСЕПСИЯИ БЕХТАР НАМУДАНИ ГИЗОИ МАКТАБИ ДАР МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ УМУМИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон 28 феврали соли 2015 № 102 тасдик шудааст

1. Мукаддима

  1. Консепсияи бехтар намудани гизои мактаби дар муассисахои тахсилоти умумш Чумхурии Точикистон (минбаъд – Консепсия) аз чониби Шурои хамохангсози байниидорави оид ба тахияи “Консепсияи гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон” бо мусоидати Барномаи умумичахонии озукаи Созмони Милали Муттахид (минбаъд – БУО СММ) ва дастгирии техникии ташкилоти гайридавлатии “Пажухишгохи сохавии гизо” (Федератсияи Россия) дар доираи Лоихаи рушди БУО СММ 200120 “Сабук гардонидани дастраси ба тахсилот барои кудаконе, ки дар холати осебпазир карор доранд”, тахия гардидааст.
  2. Тибки Консепсияи мазкур хадафхо, самтхои асоси, вазифа ва механизмхои татбики сиёсати давлатии Чумхурии Точикистонро дар бахши рушди гизои мактаби муайян карда мешаванд.
  3. Консепсияи мазкур замина барои тахия ва татбики чорабинихо оид ба рушди гизои мактаби мебошад ва мухиммияти таъмини хонандагон бо гизои солим барои инкишофи неруи тахсилоти, таъмини амнияти озукавори, баланд бардоштани сатхи некуахволии мардум, инчунин рушди ичтимоию иктисодии кишварро ба инобат мегирад.
  4. Заминаи хукукии Консепсияро Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон”, конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи хифзи саломатии ахоли”, дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои байналмилалии хукукие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, ташкил медиханд.
  5. Консепсияи мазкур бо дарназардошти тачрибаи ватани ва хоричии ташкили гизои мактаби, аз чумла тачрибаи понздахсолаи татбики Барномаи гизои мактабии БУО СММ тахия шудааст.
  6. Мукаррароти Консепсия бояд хангоми тахияи барномахои миллии Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф, тандурусти, баланд бардоштани сатхи некуахволии мардум, рушди комплекси агросаноати ба инобат гирифта шаванд.

2. Холат ва мушкилоти бехтар намудани гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон

  1. Паст гардидани даромади милли аз содирот, ки бо зухуроти бухрони дар иктисоди чахони ба вукуъ пайваст, вобастаги аз воридоти махсулоти озукавори ва рушди гайрикофии системаи дастгирии ичтимоии ахолии осебпазир, амнияти озукавории Чумхурии Точикистонро зери хатар мегузорад, инчунин барои халли масоили рушди ичтимоию иктисоди монеа мешавад. Новобаста ба рушди бошиддати бахши кишоварзи, Чумхурии Точикистон воридоти кисми зиёди махсулоти озукавори, аз чумла барои ташкили гизои мактаби заруриро идома медихад.
  2. Гизои мактаби хамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар муассисахои тахсилоти умумии ибтидои эътироф шудааст. Баъди чанги шахрванди сатхи давомоти муассисахои тахсилоти умумии ибтидои хамаги 70 фоизро ташкил медод ва ин нишондиханда тадричан афзоиш ёфта, айни замон ба сатхи баланд расид, аз чумла ба туфайли Барномаи гизои мактаби, ки бо дастгирии БУО аз соли 1999 амали мегардад. Гайр аз ин, Барномаи гизои мактаби самаранокии худро дар бехтар гардидани таваччух ва кобилияти зехнии хонандагон исбот намудааст.
  3. Гизои мактаби айни замон дар доираи Лоихаи рушди БУО СММ 200120 “Сабук гардонидани дастраси ба тахсилот барои кудаконе, ки дар холати осебпазир карор доранд” амали гардида, 355 хазор кудаконро, ки дар 2000 муассисахои тахсилоти умумии ибтидоии дехоти 52 нохияи Точикистон тахсил мекунанд, фаро мегирад. Дар доираи барнома, БУО СММ тахвили маводи озукавориро (орд, лубиёи, равгани растани ва намакро) бо сахми якчояи падару модарон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар кисми тахвили меваю сабзавот, гушт, тухм ва кисман пардохти харочот барои сузишвори, маоши ошпазхо ва нонпази амали менамояд.
  4. Хадафхои чории Барномаи гизои мактаби пурра бо Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии ахолии Точикистон барои солхои 2013-2015, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ва Барномаи чорчубавии Созмони Милали Мутахид оид ба рушд мувофика карда шудааст.
  5. Айни замон гизои мактаби самти алохидаи сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон муайян нагардида бошад хам, вале заминахои хукукии он мустахкам мебошад.
  6. Бо максади бехтар намудани вазъи кунунии гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон, Консепсияи мазкур тавсияхоро оид ба тахия ва татбики барномахои кутохмухлат, миёнамухлат ва дарозмухлат тавассути Стратегияи миллии гизои мактаби ва мачмуи тадбирхо бо иштироки тамоми бахшхои дахлдори Хукумат, чомеаи шахрванди, инчунин шариконро дар бар мегирад.
  7. Дар асоси натичахои пешаки, бехтар намудани гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон бояд татбики чорабинихоро дар самтхои зерин дар бар гирад:

а) такмили заминаи дахлдори меъёрии хукуки барои таъмини мутобикат ба стандартхои байналмилали оид ба мавчуд будани маводи гизои ва тайёр кардани гизо, инчунин барои муайян намудани тартиби маблаггузори ва сармоягузории Барномаи гизои мактаби аз сарчашмахои давлати ва хусуси зарур аст;

б) тачдиди блокхои гизо ва ошхонахо дар муассисахои тахсилоти умуми барои таъмини мутобикат ба меъёрхои санитарию бехдошти, бахусус дар масоили системаи обтаъминкуни, инчунин барои истифодаи самараноки тачхизот, сузишвори ва захирахои инсони зарур аст;

в) хамкории мутакобила байни бахши кишоварзи ва гизои мактаби барои таквияти инкишофи сохаи кишоварзии Чумхурии Точикистон ва афзоиши хиссаи маводи гизо ва гизои тайёри махалли, ки барои хадафхои Барномаи гизои мактаби харидори ва истехсол мешавад, зарур аст. Он тахия ва стандартизатсияи хочагихои наздимактабиро, ки дар 30 фоизи муассисахои тахсилоти умумии дар барнома иштироккунанда мавчуданд, дар бар мегирад.

г) ташкили низоми устувори идоракуни ва мониторинги Барномаи гизои мактаби барои тавсеа ва ниходикунонии механизмхои дар Барномаи чори истифодашаванда, зарур аст. Илова ба идоракунии умумии Барномаи гизои мактаби, ин сохтор барои чамъ овардани иттилоот ва гузаронидани тахкикот оид ба масоили ташкили, фарогирии барнома, вояхо, сарчашмахои маводи озукавори, инчунин рушди хамкории давлат ва бахши хусуси, имконият фарохам меорад.

3. Хадафхо ва вазифахои бехтар намудани гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон

  1. Хадафхо ва вазифахои дахлдоре, ки дар Консепсияи мазкур муайян гардидаанд, чихати зарурати ташкили муносибати муосир ба гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон, тибки стандартхои байналмилали ва тахкикот ба миён омадааст. Ин муносибат бо максади таъмини дастраси ба гизои солим барои шумораи зиёди хонандагон, хизматрасонии бехтар дар муассисахои тахсилоти умуми ва таквияти хамкорихои мутакобилаи байни гизои мактаби ва кишоварзи, бахши саноати хуроквори ва бозори маводи озука дар Чумхурии Точикистон тахия гардидааст.
  2. Хадафхои асосии Консепсия инхоянд:

а) тахияи Барномаи давлатии милли ва устувори гизои мактаби бо фарогирии хамачониба барои мусоидат чихати ноилшави ба хадафхо дар бахшхои зерин: маориф (сифати таълим, чалб, давомот), хифзи ичтимои (хусусан барои шахсони осебпазир), гизо;

б) дар шароити махдудиятхои иктисоди ва чисмони, ташкили Барномаи гизои мактаби мутобики меъёрхои байналмилалии сифат, шумора ва гуногунии гизо, ки ба бехтар гардидани саломатии хонандагон дар Чумхурии Точикистон мусоидат менамояд;

в) сахм дар рушди устувор, инкишоф ва ракобатпазирии бахши агросаноатии Чумхурии Точикистон тавассути истехсоли махсулоти баландсифат ва хавасмандгардонии бозорхои маводи озука;

г) сахм дар иктидори кишварии Чумхурии Точикистон ва хифз аз тахдидхои дохили ва хоричи ба амнияти озукавори.

  1. Барои ноил шудан ба хадафхои зикршуда халли масъалахои зерин зарур аст:

а) такмили заминаи меъёрии хукукии дахлдор барои Барномаи миллии гизои мактаби чихати ташкили низоми самараноки идоракуни ва мониторинги Барнома, инчунин нигох доштани меъёрхои адади ва сифатии назорати озука, бехдошт ва хизматрасони;

б) тахияи барномаи намунавии бучети, бо дарназардошти дастгирии молиявии давлат ва бахши хусуси, аз чумла сарчашмахои махалли, милли ва байналмилали, ки дорои кобилияти таъмини устувори молиявии Барномаи гизои мактаби мебошанд;

в) рушди иктидори махаллии истехсоли хуроквори, ки бо Барномаи гизои мактаби робитаи мутакобила дорад, аз чумла тачдиди истехсолот ва инфрасохтори тавлиди мол дар заминаи технологияхои муосир;

г) дастгири ва таквияти робитаи мутакобилаи шарикон дар сатхи махалли, милли ва байналмилали бо максади баланд бардоштани сатхи хамкори, гуногунсозии сарчашмахои маблаггузори ва тавсеаи имкониятхои истифодаи тачрибахои бехтарин барои татбик ва идоракунии Барнома;

д) пешбурди Консепсияи гизои мактабии солим дар хама сатх, аз чумла чомеаи шахрванди.

4. Сиёсати асосии давлати; ташаббусхои меъёрии хукукии зарури барои бехтар намудани гизои мактаби

  1. Бехтар намудани гизои мактаби муайян намудани сохтори ташкили ва идоракунии Барнома, инчунин принсипхои асоси ва механизмхоро аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон талаб мекунад.
  2. Механизмхои Барнома чунин чанбахоро, ба монанди фарогири (муассисахои тахсилоти умуми ва синфхои ширкаткунанда), логистика (воясози, харидори ва тахвили маводи озукавори, тайёр кардани гизо), маблаггузори/механизмхои бучети, инчунин муайян намудани накш ва вазифахои тарафхои манфиатдори дохили (хокимияти ичроия, кормандони муассисахои тахсилоти умуми, падару модарон) ва беруна (чомеа, истехсолкунандагон)-ро дар бар мегирад. Пешниходот оид ба хамаи ин чанбахо дар асоси сахми андухташудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз тачрибаи 15 солаи татбики барномаи мавчудаи БУО, инчунин тахкикоти/лоихаи чори, ки аз чониби БУО бо дастгирии Пажухишгохи сохавии гизо гузаронида мешавад, ташаккул меёбанд.
  3. Дар самтхои зикргардида, пешниходот оид ба механизмхои татбики Барномаи гизои мактаби метавонад инхоро дар бар гирад:

а) бучет ва маблаггузори: такмили заминаи меъёрии хукуки барои якчоякунии сарчашмахои маблаггузории бучети ва гайрибучети; моделхо барои муассисахои тахсилоти умуми (тавассути модели “бар хар сари ахоли”), барои падару модарон ё дигар иштирокчиёни махалли оид ба дастгири дар шакли пули ё намуди моли; моделхо барои иштирокчиён (муассисахои тахсилоти умуми, хонандагон, падару модарон, истехсолкунандагон) барои афзоиши фоида аз барнома тавассути субсидия, бо такя ба сатхи осебпазирии ахоли;

б) фарогири: чори намудани заминаи хукуки оид ба муайян намудани хукук ва дастрасии хонандагон ба Барномаи гизои мактаби дар тамоми каламрави кишвар, бо дарназардошти сатхи осебпазири, сатхи таълим, мавкеи чугрофи (масалан, шахр ё дехот) ё дигар нишондихандахое, ки барои муайян намудани гуруххои максаднок ё минтакахо дар сурати тавсеаи Барномаи гизои мактаби зарур мебошанд;

в) хариди мол ва хизматрасонихо: тахияи низоми механизмхои дахлдор барои таъмини низоми гизои мактаби бо тахвили устувори махсулоти истехсоли махалли; такмили заминаи меъёрии хукуки, ки барои истифодаи самараноки аутсорсинг дар шароити мухити ракобатпазир зарур мебошад; рушди хамкории давлат ва бахши хусуси; муайян намудани тартиби интихоби муассисахои гизои чамъияти; тахкими равобити истехсолию иктисоди байни муассисахои тахсилоти умуми ва истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи, муассисахои истехсоли ва коркард, муассисахои гизои чамъияти; истифодаи гизои мактаби бо максади ташкил ё тачдиди инфрасохтори истехсолию моли дар сатхи милли ва махалли барои таъмин намудани хачми калони маводи гизои ва хизматрасоние, ки аз чониби истехсолкунандагони махалли ва милли барои гизои мактаби истехсол ва пешниход мегарданд.

г) сифат, гуногунии махсулот ва тайёр кардани гизо: ворид намудани тагйирот ба конунгузори, ки фарохам овардани шароитро барои ташкили гизои гарм пешбини мекунанд; тахияи коидахои (регламентхои техники) санитарию эпидемиологи хангоми ташкили гизо дар муассисахои таълими; тахия ва чори намудани меъёрхои зарурии гизо, ташаккули низоми назорати сифати хизматрасони дар ташкили гизои мактаби ва сифати махсулоти хуроквории истифодашаванда.

д) идоракуни, мониторинг ва вокифият аз Барномаи гизои мактаби: тахияи механизмхои мониторинги татбики Барномаи гизои мактаби ва самаранокию таъсири он ба чанбахои ичтимоию иктисоди, демографи ва дигар пахлухои рушди кишвар тибки мукаррароти сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон; муайян намудани накши хамаи иштирокчиёни Барномаи гизои мактаби (дар сатхи махалли, макомоти махаллии хокимияти давлати, муассисахои тахсилоти умуми, шарикони тичорати) бо максади таъмини татбики муносиби Барномаи гизои мактаби ва баланд бардоштани вокифият дар хама сатх оид ба манфиат ва имкониятхои иловагии Барномаи гизои мактаби; ташкили сохтори тахкикот, чамъовари ва тахлили маълумот дар бораи Барномаи гизои мактаби чихати муайян намудани халли муносиби барномави ва бехтар намудани сифати Барномаи гизои мактаби.

5. Татбики Консепсия

  1. Хамохангсозии фаъолият оид ба бехтар намудани гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон аз чониби Шурои хамохангсози байниидорави оид ба тахияи “Консепсияи гизои мактаби дар Чумхурии Точикистон” амали карда мешавад.
  2. Дар доираи татбики Консепсияи мазкур, Шурои хамохангсози байниидорави: (1) накшаи чорабинихоро оид ба бехтар намудани гизои мактаби тасдик мекунад; (2) хамохангсозиро оиди банакшагирии маблагхои бучети ва гайрибучети барои бехтар намудани гизои мактаби татбик менамояд.
  3. Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон ичрокунандаи асосии чорабинихо оид ба татбики Консепсияи бехтар намудани гизои мактаби махсуб меёбад.
  4. Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон ва Вазорати саноат ва технологияхои нав ичрокунандагони чорабинихо оид ба рушди истехсоли ашёи хом ва маводи озука, инфрасохтори истехсоли ва тавлиди мол, бо таваччухи хоса ба равобити истехсолкунандагон ва муассисахои тахсилоти умуми ба шумор мераванд.
  5. Вазифахо оид ба назорати бехатарии маводи гизои, аз чумла хангоми ташкили гизои мактабии истифодашаванда, мутобики Конуни Чумхурии Точикистон аз 1 августи соли 2012, №890 “Дар бораи бехатарии махсулоти хуроквори” амали карда мешаванд.
  6. Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон тахия ва татбики вояхои гизо ва руихати хурокхои намунави, назорати сифат, бехатари ва тавозуни гизои тайёр, ичрои талаботи санитарию бехдошти хангоми ташкили гизои мактаби, мониторинги мунтазами вазъи саломатии бахрагирандагони Барномаи гизои мактабиро амали менамояд.
  7. Вазорати саноат ва технологияхои нав дар доираи имконияту шароитхои мавчуда дастгирии техники ва логистикиро дар раванди татбики Барномаи гизои мактаби мерасонад.
  8. Агентии давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон назорати давлатии риояи талаботи регламентхои техники, стандартхо ва шартхои техникиро дар сохаи хуроки умуми, ки аз тарафи макомоти ваколатдор тахия карда шудаанд, инчунин гузаронидани назорати метрологи ва экспертизаи тачхизоте, ки дар он коркарди махсулоти хуроки умуми сурат мегирад, амали менамояд.

6. Мархилахои асосии татбики Консепсия

  1. Мархилаи якум (солхои 2014-2015). Дар мархилаи якум (1) тахия ва кабули Стратегияи миллии барномаи устувори гизои мактаби, (2) такмили заминаи меъёрии хукукии гизои мактаби, (3) ташаккули инфрасохтори ташкилию идоракуни, (4) тахияи Барномаи лоихахои тачрибави оид ба чори намудани моделхои самараноки ташкили гизои мактаби тибки стандартхои байналмилалии сифат амали мешаванд.
  2. Мархилаи дуюм (солхои 2016-2020). Дар мархилаи дуюм татбики Стратегияи миллии барномаи устувори гизои мактаби тавассути: (1) тахия ва татбики Барномаи миллии гизои мактабии кутохмухлат, (2) хаматарафа чори кардани моделхои нави гизои мактаби, (3) тавсеаи фарогирии Барномаи гизои мактаби, (4) бехтар намудани заминаи истехсоли ва инфрасохтори истехсоли, ки ба самаранокии Барномаи гизои мактаби таъсир мерасонанд, амали карда мешавад.
  3. Мархилаи сеюм (баъди соли 2020). Дар мархилаи сеюм гузариш ба татбики мустакили барномахои бехтар намудани гизои мактаби дар доираи маблагхои хамасола пешбинишудаи Бучети давлати ва аз хисоби дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, сурат гирифта, ташаккули сохаи муосири гизои мактаби мутобики стандартхои байналмилалии барномахои гизои мактабии муосир ва самарабахш ба итмом мерасад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …