Главная / Илм / КОНДИТСИОНЕРОНИИ ХАВО

КОНДИТСИОНЕРОНИИ ХАВО

kondisionerii-havoКОНДИТСИОНЕРОНИИ ХАВО, дар дохили хонаю наклиёт бо ёрии асбобхои техники ба вучуд овардани харорати барои одамон, кори дурусти асбобхо, нигох доштани асархои санъат ва г. мувофик. Бо рохи кондитсионерони газхои таркиби, суръати харакат ва фишори хаво танзим карда мешавад.
Дастгоххои К. х. барои аз гарду чанг тоза, гарм, хунук, хушк ва нам кардани хаво, инчунин барои танзим, назорат ва идораи автомати бо асбобу олоти махсус чихозонида шудаанд. Дар баъзе мавридхо бо ёрии К. х. хаворо одоратсия (омехтани моддахои хушбуй ба хаво), дезодоратсия (бартараф намудани буи бади хаво) ва ионнок мекунанд, гази карбонатро дур месозанд, хаворо сероксиген ва аз бактерияхо тоза менамоянд. К. х. маркази ва чузъи мешавад. Кондитсионеронии маркази, одатан, ба тамоми бино ва чузъи бошад, ба як хучра хизмат мекунад. К. х. бо ёрии кондитсионерхои гуногун ба амал бароварда мешавад. Барои К. х. инчунин дастгоху васоити гуногун, мас., хавотозакунак (вентилятор), ионизатори хаво, дезодорантхо (дар зарфхои аэрозли ва г.) истехсол мекунанд. Харорати мусоиди хонахои истикомати зимистон 19 – 210, тобистон 22 – 250, намии нисби 30 – 60% ва суръати харакати хаво 0,25 м/сон. мебошад. Ба он бояд диккат дод, ки фарки харорати хучрае, ки дар он кондитсионер гузошта шудааст, аз харорати дигар хучрахо аз 8 – 120 зиёд набошад, зеро якбора пасту баланд шудани харорат ба саломати зарар дорад. Ба тавассути кондитсионерхои хозиразамон хавои хонаро дар фасли тобистон хунук ва зимистон гарм кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …