Главная / Илм / КОМПЛЕМЕНТ

КОМПЛЕМЕНТ

komplementКОМПЛЕМЕНТ (лот. complementum – иловаги), силсилаи сафедахои мухофизии зардоби хуни одам ва хайвонот, ки дар аксуламалхои махсуси подгун (антиген)-подтан (антитела) иштирок карда, самараи биологии онро меафзоянд. Системаи К. аз 9 унсур иборат аст. Онхо бо тартиби муайян фаъол гашта, бо комплекси подгун-подтан пайваст мешаванд. Дар натичаи чунин пайвастшави мумкин аст хучайрахои хассоскардаи подтанхо дучори лизис гарданд (ситолиз), фагоситози микроорганизмхо таквият ёбад. Системаи К. нафакат вазифаи мухофизати дорад, балки он хангоми баъзе беморихо дар раванди вайрон кардани бофтахои худи организм низ иштирок менамояд.
К. дар таркиби зардоби хуни хукчахои бахри бисёр аст. Бинобар ин дар холатхои зарури аз зардоби хуни ин чонвар истифода мекунанд. Дар сурати нигох доштани зардоб ва муддати 20 дак. гарм кардани он (t 56°С) фаъолияти К. нест мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …