Главная / Илм / КОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМи

КОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМи

komisiyai-tibbiКОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМи дар назди ташкилоти таъминоти ичтимои фаъолият мекунад. Аз духтурони эксперт, намояндагони шуъбаи дахлдори таъминоти ичтимои ва ташкилоти иттифоки касаба иборат аст. КТЭК гурухи инвалидиро мукаррар мекунад, сабабхои доими (бемории умуми ё касби, маъюбии мехнати ва г.) ё тулони гум кардани кобилияти мехнат, шароит ва хусусияти мехнат (марбут бо ахволи саломати)-и барои инвалид дастарс (ба кори дигар гузаронидан, аз вакти кори мукаррари зиёд ё аз кори сменаи шабона озод кардан), инчунин тадбирхоеро, ки ба пурра ё кисман баркарор шудани кобилияти мехнатии инвалидон ёри мерасонанд (таълими касби, тагйири ихтисос, муоличаи баркароркунанда, протезкуни, бо асбобхои кори, мотоароба таъмин кардани инвалидон ва г.), муайян месозад. Гайр аз ин, КТЭК шароити мехнати инвалидонро (бо максади ошкор кардани касбу кори ба онхо дастрас) бевосита дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо мушохида ва назорат мекунад.
Беморро ба КТЭК комиссияи машваратии тиббии чои истикомат ё корхона мефиристонад. Карори КТЭК оид ба шароити мехнати инвалидон барои рохбарони муассисахо, корхонахо, ташкилот ва хочагихои дехкони хатмист. Муоинаи беморони гирифтори беморихои сил, рухи ва г.-ро КТЭК мегузаронад.
Дар холати бо карори КТЭК рози набудан, бемор бояд ба шубаи нохияви (шахри)-и таъминоти ичтимои ариза нависад. Аризаро ба КТЭК-и органи болоии таъминоти ичтимои (чумхурияви, вилояти ё марказии шахри) мефиристанд (он беморро такроран муоина мекунад). Карори муоинаи такрори катъист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …