Главная / Илм / «КОМИЛУ-С-СИНОАТ»

«КОМИЛУ-С-СИНОАТ»

komilu-s-sanoat«КОМИЛУ-С-СИНОАТ», асари энсиклопедии Али ибни Аббоси Мачусии Ахвози (ваф. с. 994) дар боби тиб ва дорушиноси. Китоб масъалахои асосии тибби назарияви ва амалии кадима, инчунин комёбихо ва махсули тачрибаи бои худи Ахвозиро дарбар мегирад. Нимаи дуюми а. 10 ба забони араби таълиф шудааст. Дар асар тамоми воситахои нигахдории тандурусти ва табобати беморихо дарч гардидааст. Китоб аз чихати содагии таъбир, табакабанди ва услуби илмии худ аз бехтарин китобхои тибби ба шумор меравад. Муаллиф онро барои подшох Азудуддавлаи Бувайхи таълиф карда, номи диг. он «Ал-Китобу-л-малики» мебошад. «К.» аз чанд кисм иборат аст. Кисми аввал ба мавзуъхои физиология – намуд ва шинохтани мизоч, моеъ, хилт, кувватхои бадан ва дигаргуншавии онхо аз таъсири иклим, шароити зиндаги бахшида шудааст. Мувофики маълумоти С. Ковнер (1893) ташрех (анатомия)-и бадан дар «К.» аз руи тибби Чолинус инъикос ёфтааст, вале муаллиф оид ба 9 мушаки чашм, ки 3-тои онхо дар харакати мижгон иштирок менамоянд, маълумоти дакик додааст.
Кисми зиёди «К.» ба беморихо ва тарзи ташхис (диагностика), ташхиси тафрики, инчунин ба табобат ва тадбири онхо бахшида шудааст. Муаллиф пайдоиши беморихоро ба дигаргуншавии унсурхои дохилии бадан ва таъсири манфии мухити атроф вобаста менамояд.
Кисмхои дигари китоб ба шинохтани набз ва тагйир ёфтани он дар аснои як катор беморихо, харорати бадан, тадбири либос, гигиенаи хурок, мухити зиндаги ва г. бахшида шудаанд.
Китоб оид ба пайдоиши санг дар дохили рахм (бачадон)-и занхо, баромадани устухонхо хангоми авчи ихтилочи мушакхо, фаркияти байни бемории пес ва махав, усули чаррохии санги гурда, истифодаи догсузи дар табобати як катор беморихои пуст, усулхои хунгири, шифобахшии обхои минерали ва усули истифодаи онхо маълумот медихад. Муаллиф канд ва ширро хамчун гизо ва дору барои табобати сил таъин намудааст. Муаллиф дар «К.» дар хусуси дар хайвонот санчидани дорухои нав дастур медихад.
Дар охири а. 11 Константини Африкои «К.»-ро аз араби ба забони лотини ба номи «Пантегнум» тарчума намуд. С. 1127 Стефан Анмохи такроран ин асарро ба забони лотини тарчума кард, ки он баъди с. 1492 чанд маротиба дар Гарб чоп шудааст.
Ад.: Ковнер С., Истории арабской медицины, Киев, 1893; «Абхосу-н-надвайти-л-оламийти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ч. 1, Халаб, 1977.

Ю. Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …