Главная / Илм / КОЛПИТ

КОЛПИТ

kolpitКОЛПИТ (Colpitis, vaginitis; аз юн. kolpos – махбал), вагинит, газаки луобпардаи махбал. К. хангоми ба махбал дохил шудани микроорганизмхои бемориовар (стрептококкхо, стафилококкхо, гонококкхо, трихомонадахо, занбуругхо), дар натичаи риоя накардани коидахои гигиенаи шахси (мавриди истифодаи дастмолу сачоки умуми ва г.) ва мучомаат (алокаи чинсии тасодуфи), аз чисмхои бегона захмдор шудани махбал, хангоми искот, зоиш, энтеробиоз (кичча) ва г. пайдо мешавад. Гасли махбал бо максади пешгирии хамл ва бардавом истифода бурдани моддахои химияви низ ба инкишофи К. мусоидат мекунанд. Суст шудани кори тухмдон, хусусан дар давраи климакс, дар пайдоиши К. мавкеи мухим дорад. К.-и занбуруги (барфаки махбал) дар натичаи муддати мадид ва беназорат истифода бурдани антибиотикхо ба вучуд меояд. К. чун оризаи ногувори хунок, махмалак, гулудард (дар натичаи бо раги хун ба махбал ворид шудани ангезандаи ин касалихо) низ пайдо мешавад.
Обияти махбал, хисси вазнини дар поёни шикам, хориш ва сузиши махбал нишонахои К. мебошанд. Хусусияти обият ба сабаби бемори вобаста аст. Обияти зард ё хокистарранг, гализу фаровон, ки луобпардаро ба ангезиш меорад, окибати аз трихомонада иллат ёфтани махбал мебошад (ниг. Трихомоноз). Хангоми иллати гонококки (К.-и сузок) тарашшух фаровону римнок буда, пуст ва луобпардаи узвхои чинсиро ба ангезиш меоварад. Дар аснои К.-е, ки аз тагйири синнусолии махбал ба вучуд омадааст (тунук гаштани луобпарда аз сабаби суст шудани кори тухмдон), тарашшухи хунолуд пайдо мешавад.
Хусусияти бемориро танхо духтур муайян карда метавонад. Аз ин ру мавриди пайдоиши обияти махбал фавран ба духтури гинеколог мурочиат кардан зарур аст. Саривакт табобат кардани бемори инкишофи оризаи ногуворро пешгири менамояд. Дар холати табобат накардан, бемори боиси бо хам часпидани девораи махбал (хусусан дар занхои солхурда ва духтарчахо) мегардад.
Коидахои гигиенаи шахсиро катъи риоя намуда, инкишофи К.-ро пешгири кардан мумкин аст. Хангоми кор дар шароити гарду чанголуд лозими (изор) ва либоси махсус пушидан лозим. Барои пешгирии К.-и трихомонади риояи коидахои бехдошти алокаи чинси ва режими санитарию гигиени дар оила ахамияти калон дорад. Либоси таг, дандоншуяк, сачок ва г. бояд алохида ва доимо тоза бошанд. Ин тадбир ба бемории К. гирифтор шудани духтарчахоро пешгири менамояд. Суиистеъмол аз гасли махбал ва бе тавсияи духтур истифода бурдани он чоиз нест. Пеш аз истифодаи дорухои химиявии зидди хамл бо духтур маслихат кардан зарур аст. Занхои гирифтори К. бояд зери назорати духтур бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …