Главная / Илм / КОЛЛАПС

КОЛЛАПС

kolapsКОЛЛАПС (Collapsus; ба маънои афтида аст), хумуд, хубут, холати вазнин ва барои хаёт хавфнокест, ки хангоми он фишори рагхои хун якбора паст шуда, фаъолияти системаи асабхои маркази суст ва мубодилаи моддахо халал меёбад. Тасаккун (боздори)- и маркази тахрикдехи хунрагхое, ки дар магзи сар чойгир аст, боиси бо хун пурра таъмин нашудани бофтахо ва паст гаштани фишори шараён мешавад. Дар аснои К. таксимоти хун, яъне бо хун таъмин гардидани узвхо халал меёбад; рагхои узвхои батн бо хун аз хад зиёд пур ва хуни рагхои магзи сар, мушакхо ва пуст якбора кам мешавад. Марбут бо норасоии шадиди кори рагхо микдори оксиген дар хун кам мегардад.
К. дар аснои хунравии бисёру ногахон, норасоии оксиген, ихтилоли тагзия, зарбу лат, тагйироти ногахонии вазъи бадан (К.-и ортостатики), кори вазнини чисмони, захролуди ва баъзе беморихо (тиф, домана, газаки шуш, илтихоби гадуди зери меъда ва г.) ба вукуъ мепайвандад.
Хангоми К. ранги ру парида, одамро араки гализ пахш мекунад, ранги дасту по кабуди мармарин гашта, фарк кардани варидхои руи пуст душвор мегардад. Чашм фуру рафта, тархи руй тагйир меёбад, фишори хуни шараёни якбора паст ва набз суст мешавад. Нафаскаши номураттаб гашта, одам гайриихтиёр пешоб мекунад, дарун меравад; харорати бадан то 350С паст мефарояд. Бемор бехол, акл тира, баъзан бехуш мешавад. Хангоми К. бемор ба табобати фаври мухточ аст, бинобар ин зуд духтури ёрии тиббии таъчилиро даъват намудан лозим. То омадани духтур маризро беболишт, кисми поёни тан ва дасту пойхоро кадре боло карда мехобонанд, спирти навшодирро буй мекашонанд. Ба дасту по гармкунак гузошта, чои гарм ё кахва менушонанд, тирезахоро боз мекунанд, то ки хавои хона тоза шавад. Дар аснои К. беморро хатман дар духтурхона бистари кардан зарур аст. Сари вакт ёри расонидан самари хуб меорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …