Главная / Илм / КОЛЛАГЕНОЗХО

КОЛЛАГЕНОЗХО

kolagenozhoКОЛЛАГЕНОЗХО (Collagenoses), беморихое, ки бо иллати бофтахои пайванди (наххои коллагени) ва рагхо ба мушохида мерасанд. Тарбод, артрити тарбоди (ниг. Артрит), бодхурда, скелродермия, дерматомиозит, периартериити гирехчадор ба К. мансубанд. Сабабхои пайдоиш ва инкишофи К. пурра маълум нашудааст. Вале аксари мутахассисон чунин мепиндоранд, ки пайдоиши К. натичаи ба бофтахои организми хеш хучум кардани подтанхо мебошад (ниг. Иммунитет).
Дар беморони гирифтори К. баъзан хассосият нисбати бархе аз намудхои озукавори, дору, нури офтоб ва г., яъне аломати беморихои аллерги (сурхча, зукоми аллерги, дерматозхои гуногун) мушохида мешавад. Баробари ихтилоли умумии иммунологи баланд шудани микдори мукопротеиду гаммаглобулинхо дар зардоби хун, баъзе аминокислотахо дар таркиби сафедахои зардоби ва г. аник карда шудааст.
Зухуроти К. гуногунанд, вале бештар варача, иллати банд, пуст, пардаи зардоби (гилофаи наздимафсили, пардаи шуш, гилофаи дил, шикампарда), узвхои дохили ва системаи марказии асаб мушохида мегардад. Хунук хурдан ва мавчуд будани манбаи сироят (мас., гулударди музмин, дандонхои иллати ва г.) ба авчи К. мусоидат мекунанд. Анчоми К. ба дарачаи иллати узвхои дохили (дил, шуш, гурда) ва системаи марказии асаб вобаста аст. Дар шароити хозира аз сабаби истифода бурдани дорухои таъсирнок, хусусан хангоми саривакт огоз ёфтани табобат, бемори сабук чараён мегирад. Дар давраи авч гирифтани К. маризонро бояд дар беморхона чойгир карда, табобат кунанд. Дар мавридхои дигар онхо бояд дар кабинетхои тарбодии дармонгоххо зери назорати духтур карор гиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …