КОЛХОЗ

Чун дар хикояти мо чандин бор аз колхоз ёд шуд, бад нест сайри таърихие ба пайдоиши он бикунем, бахусус, ки ин шакли моликият дар хаёти мардуми мо падидаи нав буда, таъсири амике ба зиндагиву фарханг гузоштааст.

Колхозхо (хочагихои чамъияти) охири солхои бистум, аввали солхои сиюми асри гузашта ташкил шудаанд. Карори ташкил кардани колхозхоро хукумати Шурави дар пайи лагви «Сиёсати нави иктисоди» содир карда буд.

Вакте дар Русия болшавикхо инкилоб карда, хокимиятро ба даст гирифтанд, кишвар дар натичаи чанги якуми чахони, аз чихати иктисоди дар холи баде карор дошт. Ба хукумати навтаъсис лозим меомад, ки якбора дар чанд чабха бичангад. Чанг бо Лахистон, чанг бо Чопун ва чанги дохили сарфи зиёд металабид. Аз ин сабаб, хукумат сиёсати Коммунизми харбиро тайи солхои 1918-1921 чори карда буд, ки тибки мукаррароти он, дехконон мачбур буданд тамоми хосили худро ба давлат

*. Вожахои «фахш» ва «сар» дар мисраъи дувум ва чорум иваз шудаанд, зеро овар- дани он узви бадан, ки дар асл аз суйи Бобокалон хонда шуда буд, аз руи одоб нест. Муаллиф .

биспоранд. Ин сиёсат сохаи кишоварзиро ба нобуди кашид ва дар натича ба зиддият ва шуришхои дехконон овард. Аз хамин сабаб, Ленин – раиси Шурои Комиссархои халк, ки хукумати маркази ба хисоб мерафт, дар кунгураи дахуми хизби комму- нист карори Сиёсати нави иктисодиро, ки дар асл бо доктрини коммунисти мухолиф буд, кабул ва чори кард. Ин сиёсат дар солхои 1921-1927 руи кор буд ва моликияти хусуси дар сохаи кишоварзиро ичозат медод, дар холе, ки доктрини марксизм вучуди моликияти хусусиро катъан ичозат намедихад. Тибки ин сиёсат, кишоварзон метавонистанд кисми махсулоти тав- лидкардаашонро дар ихтиёри худ нигох доранд, ки дар натича хочагихо рушд карда, сохаи кишоварзии ба нобуди расида баркарор гардид.

колхоз

Вале аз рузи пайдоишаш, кишвари Шурави аз суи олами сармоя дар инзиво карор дода шуда буд. Хеч сармоядору бонк омода набуд, ки дар ин кишвар маблаггузори кунад ва Иттиходи Шурави торафт аз кишвархои дигар, ки босуръат саноати ме- шуданд, кафо мемонд. Барои Сталин – рохбари шурави пули зиёд лозим буд, ки кишварро саноати кунонад. Чун иктисоди кишвар кишоварзи буд, у карор кард, ки ин сармояро хамин соха бояд бипардозад. У фармон дар бораи чамъиятикунонии воситахои истехсолот ва заминро содир кард, ки сабабгори бадбахтии бештари тамоми халкхои сокини Шурави гашт.

Аз як су, муборизаи беамоне зидди заминдору сармоя- дорон ва босаводон ба рох андохта шуд, ки дар натичаи он миллионхо нафарро ба Сибир бадарга карданду куштанд. Ин мазлумон кувваи созанда ва пешбарандаи чамъият буданд, тачрибаи мудирияти иктисод ва танзими хаёти чомеаро до- штанд. Танхо гунохашон ин буд, ки замину сармоя доштанд ва саводнок буданд. Сиёсати дурбинона ва хирадмандона метаво- нист аз тачрибаи онхо барои ободии кишвар суди бамаротиб бештаре ба даст орад. Аз суи дигар, хочагихои чамъиятиеро, ки бо мусодираи замин ва олоти мехнат сохта буданд, водор ба он карданд, ки тамоми махсулоти руёндаи худро ба дав- лат биспоранд, ки ин низ сабабгори кахту гушнагии бесобика ва марги миллионхо нафар гашт, ки ба номи «голодомор» ё «гушнамури» маъруф аст.

Хикоят мекунанд, ки он замон, як писарбаччаи панчруди, ки хануз бархаёт аст, бо дастури модараш ба назди раиси кол- хоз омаду гуфт:

  • Модарам хохиш карданд, ки як токи гандум дихед, ба хохарам атола пазем, ки аз гушнаги варам кардаасту мисли бародарам, ки дируз мурд, мемирад.

Раис пурсид:

  • Бародари мурдаатро чи кор кардед?
  • Гур кардем, – хик-хик аз гиря нафасгир шуда гуфт кудак.
  • Рав, ба очаат гуй, ки ин хам мурад, катори хамон барода- рат гур мекунед! – бо зарда чавоб дод раис.

Бечора раис, гуё агар гами он духтари бадбахтро мехурд, бо ахли авлодаш ба Сибир бадарга шуданаш якин буд.

Солхои шуми бисту сии асри гузашта дар саросари шашяки руи замин ахвол хамин будааст. Миллионхо одамон бо чабр курбони он сиёсати беамони наслкуши шудаанд.

Ба хамин кимати миллионхо чони инсони Сталин дар муд- дати нисбатан кутох – дах-дувоздах сол, тавонист кишварро саноати кунад. Барои у ва низоме, ки созандааш у буд, хаёти инсон ва фочиаи ичтимои арзише надошт ва накли кавли у, ки гуфта буд: «Катли як нафар чиноят ва катли хазорон нафар омор аст», исботи ин фикр аст.

Ин чо дар чавоб ба таънаи баъзе миллатгарохои рус, ки гуё Русия точиконро мехуронд, бояд гуфт, ки дигар ташхис додани ин, ки ба бахои чони хазорон хазор тифли маъсуми точик Русия саноати шуд ё бо бахои чони хазорон хазор «кулак»-и халкхои дигар Иттиходи шурави сохта шуд, корест бемаъни ва тавхин ба рухи он хама курбоншудагон!

Хамин колхози Рудаки низ хосили он солхост, хануз хам мардум медонанд, ки заминхои колхоз моли ки буданд, бар- загову аспу югу омочи ки мусодира ва чамъияти шуда, асоси колхозро ташкил кардаанд.

Дар замони баччагии ман колхоз муассисае буд, ки аксари мардуми дехот аъзои он буданд. Вале вокеият ин буд, ки мардум расман сахмдори ин хочагихо бошанд хам, дар асл моликияти хочагиро моли худ намехисобиданд, балки ба он хамчун моли- кияти бесохиб муносибат мекарданд. Онхое, ки ба моликияти колхоз дастраси доштанд, дар дузди ва азхуднамудани он ибо намекарданд. Дар холати ошкор шудани дуздиву фасод аз суи макомоти назораткунанда, аксаран бо ришва аз чавобгари ха- лос мешуданд.

Иктисод дар Шурави накшави буда, хочагихо вазифадор буданд, то тамоми махсулоти истехсолкардаашонро бо нархи таъиншуда ба давлат бисупоранд, ки ин дар кормандон барои ичро кардани накша ангеза эчод намекард. Дар холати ичро нашудани накша масъулон чазо медиданд. Ин амр онхоро во- дор мекард, ки изофанависи ва оморсози кунанд. Хамин тавр, иктисоди накшавии шурави дар сохаи кишоварзи як низоми фасодзада ва дуруг буд, ки ба камбуди маводи гизои овард ва давлат мачбур шуд, барои вориди гандум аз хорича маблагхои калон сарф кунад.

Одамон тибки фарханги суннати ба моликияти шахси эхти- ром коил буданд. Вале ин шакли моликияти чамъияти фарханги мардуми моро, ки харомхуриро гунох медонистанд, комилан тагйир дода, фарки халолу харомро аз миён бурд.

Дар деха замони баччагии ман Кампири Робиа ном пи- разане мезист, ки то охири хаёташ нафакаи таъинкардаи дав- латро нагирифт ва гайр аз ин ичозат хам надода буд, ки ба хонааш барккаши кунанд. У гуфта буд, ки ман ба давлат кор накардаам, ки аз он нафака гирам, он барои ман харом аст. Пули баркро хам пардохта наметавонам, фардо дар он дунё чи чавоб медихам. Хамин тавр, ин пиразан то охири умр бо куте, ки аз замини худаш ба даст меовард, бо каноат зист.

Каноат ва халолхури каблан чузъи афкори чомеа будааст, ки бо пайдоиши «моликияти бесохиб» тагйир ёфта, лукмаи халоли мардумро харом кард.

Намедонам, сабаб хотираи мардум аз он забти беинсофонаи моликияти бобоёнашон буд, ё нафси бад, вале як иддае, ки он солхо руйи кор буданд, беибо моликияти чамъиятиро тороч мекарданд. Намехохам бигуям, ки дар чомеаи кабл аз колхоз дуздиву харомхури набудааст. Вале кабл аз колхоз моликият сохиб дошт ва дуздиву харомхури наметавонист ин кадр густар- да пахн шуда, чузъи фарханги ом бишавад. Албатта, на хама ба дузди даст мезаданд. Он вакт хам зиёд буданд нафароне, ки имону эътикод доштанд, ки харомхури гунох аст.

Вале нуктаи кобили таваччух ин аст, ки онхое хам, ки аз дуздиву харомхури ор мекарданд, амали табахкоронро нодида мегирифтанд, дар тую маъракахои онхо иштирок мекарданд ва дар хурдани моли хароми онхо шарик мешуданд. Аз ин мета- вон хулоса баровард, ки харому дуруг ором-ором дар чомеаи шуравии точик – ин миллати некройу некпиндор ва озода роич ва маъмул мешуд.

Ба назар чунин менамояд, ки коммунизм хамчун мафкура дар назария дилкашу чолиб бошад хам, дар амал ба табиати инсон созгор набудааст. Хамин изофанависи, оморсозии дуругин ва фасоди густарда дар охир яке аз сабабхои сукути ногузири кишвари абаркудрати Шурави шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …