Главная / Илм / КОКУ

КОКУ

kokuКОКУ (Taraxcum officinale), гули кахках, дегкафонак, ширгулак, навъе аз гиёххои бисёрсола. Пояаш 5 – 30 см, баъзан то 50 см кад мекашад. Дар нуги поя «сабадак»-и зард хосил шуда, дар хар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Ду маротиба (бахор ва тирамох) гул мекунад. Барги К. дар бехи поя месабзад. К дар хама нохияхои Точикистон фаровон аст. Одатан дар лаби чуй, сохили рудхо, маргзор, талу теппахо, чангалзор, дашту сахро, бог, канори роху назди икоматгоххо ва г. месабзад.
К. гиёхи кадимии гизоист. Барги онро юнонихо ва румихои кадим чун сабзавот истеъмол мекарданд. Точикон аз барги К. ва гиёххои дигар самбусаи алафи мепазанд, бехи онро тару тоза истеъмол мекунанд. Барои рафтани талхи К.-ро дар намакоб 30 дакика тар карда мондан лозим аст.
К. гиёхи маъмули доруист. Бино ба маълумоти Теофраст (372 – 287 то м.) К. доги кунчитакро бархам медихад. Абуалии Сино бо оби К.-и тару тоза истискоро табобат мекард. Бо «шир»-и К. «гул»-и чашмро меравонд. Аз баргу пояи он мархаме тайёр намуда, ба чои каждумгазида мебаст, К.-ро позахр мехисобид. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Мухаммад Хусайн хосияти К. асосан ба хосияти косни монанд аст, вале нисбат ба он таъсири сахттар дорад. К. хунпартоиро бозмедорад, меъдаро кувват мебахшад. Хокаи решаи К.-ро ба чои газидаи хашарот ва хайвоноти захрнок мебанданд.
Табибони халки К.-ро барои табобати илтихоби чигар, заъфарма, иллати захрадон, дарди санги гурдаву масона, диабети канди, бавосир, кабзияти меъдаву руда, касалихои пуст, инчунин ба сифати доруи захрарон, мушаххи (иштихоовар), исхоловар ва пешоброн истифода мебаранд. Аз барги тару тозаи К. хурише тайёр мекунанд, ки кори узвхои хозимаро таквият мебахшад.
Дар тибби илми чушоби К.-ро барои кушодани иштихо, кабзият ва чун давои зардарон кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи К.-ро дар як истакон об 20 дак. мечушонанд ва баъди хунук шудан полида, рузе 2 – 4 маротиба пеш аз хурок ¼ истакон менушанд. Киёми равгании К. давои хубест барои чарохатхои сухтаги. Чушоби решаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштихоовар таъйин мекунанд. Бо ин максад 3 чумча (40 г) решаи К.-ро дар 1 истакон об 20 дакика чушонда, дар як руз 2 маротиба пеш аз хурок як истакони меошоманд. Дорухои К.-ро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили таквиятбахши узвхои хозима, иштихоовар ва захрарон истифода мебаранд. Солхои охир муайян кардаанд, ки бехи К. барои шахсони гирифтори атеросклероз хеле муфид аст. Барои ин хокаи бехи хушки онро истеъмол кардан лозим (дар як шаборуз пеш аз хурок 5 г).
Ад.: Мацку Я., Крейча И., Атлас лекарственных растений, Братислава, 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …