Главная / Чамъият / КОИДАХОИ ХАРАКАТ ДАР РОХ (аз соли 2017)

КОИДАХОИ ХАРАКАТ ДАР РОХ (аз соли 2017)

КОИДАХОИ ХАРАКАТ ДАР РОХ (Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “29” июни  соли 2017, № 323 тасдик шудааст: Матни пурра дар сахифаи  >>>>

  1. 1. МУКАРРАРОТИ  УМУМИ
  1. Коидахои харакат дар рох (минбаъд – Коидахо) ба Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи харакат дар рох” асос ёфта, тартиби ягонаи харакатро дар роххои Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.
  2. Дар Точикистон харакати воситахои наклиёт аз тарафи рости рох мукаррар карда шудааст.
  3. Мафхумхои асосие, ки дар Коидахои мазкур истифода мешаванд:

alomathoi-harakati-roh-02– автомобил – воситаи наклиёти механикии берелс, ки барои интиколи одамон ё бор дар роххо истифода мешавад ё барои дар роххо кашола карда бурдани воситахои наклиёте, ки барои интиколи одамон ё бор истифода мешаванд. Ба автомобилхо квадритсиклхо (мотоаробахо) –  воситахои наклиёти механикии чорчархаи дорои мачмуи идоракунии намуди автомобили ва вазни мучаххази на зиёда аз 550 кг дошта баробар карда мешавад. Ба автомобилхо тракторхо ва мошинхои худгард мансуб нестанд;

– автопоезд (хайати наклиёти) – воситаи наклиёти механикие, ки бо истифода аз тачхизоти васлкуни бо як ё якчанд ядак пайваст шудааст;

– автобус – автомобил бо шумораи зиёда аз хашт чойи нишаст, ба истиснои чойи нишасти ронанда, ки аз руйи сохтор ва тачхизоташ барои интиколи бехатару барохати мусофирон ва багочи онхо пешбини шудааст;

– автомобили сабукрав – автомобилхое, ки вазни нихоии чоизашон аз 3500 кг зиёд нест ва шумораи чойхои нишасти онхо, ба истиснои чойи нишасти ронанда, аз хашт зиёд нест;

– автомобили боркаш – автомобилхое, ки барои интиколи бор таъин шудаанд ва вазни нихоии чоизи онхо аз 3500 кг зиёд аст;

– афзалият – хукуки дар навбати аввал нисбат ба дигар иштирокчиёни харакат дар рох бо самти пешбинишуда харакат кардан;

– аспароба – воситаи наклиёте, ки бо кувваи мушаки хайвон (хайвонхо) ба харакат оварда мешавад;

– бехатарии харакат дар рох – холати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дарачаи мухофизати иштирокчиёни он аз ходисахои роху наклиёт ва окибатхои онхо аст;

– бозистии воситаи наклиёт – катъи максадноки харакати воситаи наклиёт то 5 дакика ё зиёдтар аз он, хангоми зарур будани ин амал барои ба воситаи наклиёт савор кардан (фуровардани) мусофирон, боргири (борфурори);

– бозистии мачбурии воситаи наклиёт – катъи харакати воситаи наклиёт вобаста ба вайронихои техники ё хатаре, ки аз бори интиколшаванда, холати иштирокчии харакат дар рох ва ё монеаи дар рох пайдошуда ба вучуд меояд;

– бори хатарнок – модда ва ашёе, ки хангоми интиколи онхо метавонанд сабаби таркиш, сухтор гашта, ба хаёт ва саломатии одамон,  мухити зист зарар расонанд, арзишхои моддиро хароб ё нест кунанд;

– бурдани чашм – холати физиологии ронанда дар натичаи таъсири нури равшани ба чашмонаш, вакте ки у имконияти объективона муайян намудани монеахо ё шинохтани сархади чузъхои рохро дар масофаи кутохтарин надорад;

– воситаи наклиёт – механизме, ки барои бо роххо интикол намудани одамон, бор ё тачхизоти дар болои он васлшуда таъин шудааст;

– воситаи наклиёти механики* – воситаи наклиёте, ки тавассути мухаррик ба харакат дароварда мешавад. Ин истилох ба тракторхо, мошинхо ва механизмхои худгард, хамчунин троллейбусхо ва воситахои наклиёти мухаррики барки дошта, ки дорои суръати харакати нихоии конструктивии беш аз 50 км/соат мебошанд, пахн мегардад.

Эзох: *Чудокунии воситахои наклиёти механики ба категорияхо – автомобили сабукрав, автомобили боркаш, мототсикл, автобус, троллейбус, трамвай – мутобик аст ба категорияхои мукаррарнамудаи шаходатномаи миллии ронандаги;

– воситаи наклиёти маршрути – воситаи наклиёти истифодаи умум (автобус, троллейбус, трамвай ва гайра), ки бо хатсайри мукарраргардидаи чойхои бозистиаш ишоратшуда харакат мекунад;

– воситаи наклиёти таъиноти оперативи (фаври, махсус) – воситаи наклиёте, ки рангубори махсус ва (ё) сигналхои нурию овози дорад;

– воситаи наклиёти сустхаракат – воситаи наклиёти механикие, ки бо аломати фарккунандаи “Воситаи наклиёти сустхаракат” ишорат шудааст ва аз руи сохти конструктивиаш ё вобаста ба шароити таъмини бехатари хангоми интиколи бор наметавонад бо суръати зиёда аз 30 км/соат харакат намояд;

– воситаи наклиёти релси – трамвай ва платформахо, ки бо тачхизоти махсус бо рохи трамвай харакат мекунанд;

– воситаи наклиёти гаронвазн ва (ё) бузургхачм – воситаи наклиёти дорои чунин вазн ва (ё) андоза, ки барои харакаташон дар рох ичозати махсуси макомоти ваколатдор зарур аст;

– вазни (массаи) нихоии чоиз – вазни (массаи)  мучаххази воситаи наклиёт бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи корхонаи (заводи) истехсолкунанда хамчун вазни (массаи) нихоии чоиз мукаррар карда шудааст. Вазни (массаи) нихоии чоизи автопоезд – ин чамъи вазни (массаи) нихоии чоизи хар як воситаи наклиёти дар хайати автопоезд  буда мебошад;

– велосипед, веломобил (минбаъд-велосипед) – воситаи наклиёте (гайр аз аробачахои маъюби), ки  бо воситаи кувваи мушаки одами (одамони) дар болои (дохили) он буда ба харакат дароварда мешавад;

– гузаргохи рохи охан – чойи буриши рох бо роххои охан дар як сатх;

– гузаргохи пиёдагард – китъаи кисми мошингарди рох, ки барои гузаштани пиёдагардон аз кисми мошингарди рох пешбини ва бо аломатхои рохи “Гузаргохи пиёдагард”  ва (ё) нишонаи уфукии рох ифода шудааст;

– дидашавандагии нокифоя – дидашавандагии рох камтар аз 300 метр бо самти харакат вобаста ба шароити номусоиди боду хаво (борон, барф ва дигар боришоти атмосфери) ва омилхои дигари паст шудани шаффофияти мухит (чанг, дуд, туман, губор);

– дидашавандагии махдуд – дидашавандагии рох аз тарафи ронанда бо самти харакат, ки бо релефи махал, андозахои геометрии рох, растанихо, бино ва дигар иншоот, инчунин воситахои наклиёт, махдуд шудааст;

– дидашавандагии рох – масофаи нихои бо самти харакат, ки дар он  аз чойи нишасти ронанда чузъиёти рох ва воситахои техникии ташкили харакат дар рох, ки пеш аз воситаи наклиёт мавчуданд, шинохта шуда,  хангоми идораи он дуруст дарк карда мешаванд;

– иштирокчиёни харакат дар рох – шахсоне, ки аз роххои автомобилгард ва чойхои дигаре, ки барои аз як чой ба чойи дигар расонидани одамон ва интиколи борхо тавассути воситахои наклиёт пешбини шудаанд, истифода бурда, дар раванди харакат хамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва гайра бевосита иштирок менамоянд;

– интиколи гурухи муташаккили кудакон – интиколи яквактаи  хашт ва зиёда аз он кудакони синну соли томактаби ва мактаби бо рохбалад, дар воситаи наклиёти механикие, ки ба воситахои наклиёти маршрути мансуб нест;

– истгох – чойи истодани воситахои наклиёт дар хатсайри хамлу накли мунтазам, ки барои саворшавию фуровардани мусофирон ва интизории воситахои наклиёт тачхизонида шудааст;

– идора намудани воситаи наклиёт – чойивазкунии  воситаи наклиёт нисбат ба мавкеи аввалааш тавассути таъсир расонидан ба чузъхои идоракунии он;

– канори рох – чузъи рохи бо таври конструктиви ё бо хатти нишонаи рохи яклухти уфуки чудокардашуда, ки ба канори берунии кисми мошингарди рох пайваст буда, бо он дар як сатх чойгир аст ва барои харакати воситахои наклиёт пешбини нашудааст, ба гайр аз холатхои пешбининамудаи хамин Коидахо. Канори рохро барои бозисти ва таваккуфи воситахои наклиёт, харакати пиёдагардон, мопедхо, велосипедхо (хангоми мавчуд набудани пиёдароха, пайрохахои пиёдагардон, велосипедронон ё хангоми мавчуд набудани имконияти бо онхо харакат кардан), аспароба (чана) истифода бурдан мумкин аст;

– корхо дар рох – корхо  вобаста ба сохтмон, тачдид, таъмир ё нигохдории рохи автомобилгард (куча), иншооти сунъи ва воситахои техникии ташкили харакат дар рох;

 изеологии

– кабудизор – китъаи замине, ки ба таври сунъи бо алафхои табии, кишти гулхо, кучатхо ва дигар растанихо обод карда шудааст;

– катораи муташаккили наклиёт – гурухи иборат аз се ва зиёда аз он воситахои наклиёти механикие, ки бевосита аз паси якдигар дар як хатти харакат бо чарогхои наздикнамои доимо фурузон тахти мушоияти воситаи наклиёти таъиноти махсус бо  чарогаки махсуси шуълавари ранги кабуд ё кабуд ва сурхи фурузон харакат мекунанд;

– мопед – воситаи наклиёти механикие, ки тавассути мухаррики хачми кориаш то 50 см мукааб ба харакат дароварда мешавад ва дорои суръати харакати нихоии конструктивие, ки тавсифномаи техникии он на зиёда аз 40 км/соат аст, муайян карда шудааст. Ба мопедхо велосипедхо бо мухаррики овеза, мокикхо ва дигар воситахои наклиёти механики бо тавсифи техникии шабех баробар карда мешаванд;

– мототсикл – воситаи наклиёти механикии дучарха бо ядаки пахлуи ё бе он, ки ба воситаи мухаррики хачми кориаш 50 см мукааб ва беш аз он ба харакат дароварда мешавад. Ба мототсиклхо воситахои наклиёти механикии сечарха бо вазни мучаххазашон на зиёда аз 400 кг, хамчунин воситахои наклиёти механикие, ки бо мухаррики хачми кориаш то 50 см мукааб чихозонида шуда, дорои суръати харакати нихоии конструктивие, ки тавсифномаи техникии он зиёда аз 50 км/соат аст, муайян карда шудааст, мансубанд;

– мусофир – шахс ба гайр аз ронанда, ки дар дохили воситаи наклиёт (дар болои он) мебошад, инчунин шахсе, ки ба воситаи наклиёт ворид (савор) мешавад ё аз воситаи наклиёт мефарояд ва дар дохили он карор дорад, аммо ба идораи он алока надорад;

– махалли ахолинишин – худуде, ки ворид шудан ба он ва берун шудан аз он бо аломатхои рохи “Аввали махалли ахолинишин” ва “Охири махалли ахолинишин” ё  бо аломатхои рохи “Аввали сархади махалли ахолинишин” ва “Охири сархади махалли ахолинишин” ифода шудааст;

– минтакаи истикомати – худуди хавлихои иморатхо, инчунин кисми махалхои ахолинишин, ки ворид шудан ба онхо ва баромадан аз онхо бо аломатхои рох “Минтакаи истикомати” ва “Охири минтакаи истикомати” ифода карда шудаанд;

– монеа барои харакат дар рох – объекти дар рохи иштирокчии харакат дар рох чойгирбуда, ки уро мачбур месозад суръати харакаташро паст кунад, онро давр зада гузарад ё бозистад;

– мошини худгард – трактори тасмачарх, мошини кишоварзи, рохсози, сохтмони ва дигар мошин, ки бе андешидани чорахои иловаги  оид ба  таъмини бехатарии харакат дар рох барои иштирок дар харакат дар рох пешбини нашудаанд. Иштироки мошинхои худгард дар раванди харакат дар рох мутобики талаботи хамин Коидахо амали мегардад;

– микроавтобус – автобуси якошёна бо шумораи на зиёда аз хабдах чойи нишаст, бо назардошти чойи ронанда;

– манёвркуни (манёвр) – огози харакат, дар рафти харакат чойивазкунии воситаи наклиёт аз як хат ба хатти  дигар (минбаъд- чойивазкуни), инчунин гаштани он ба тарафи рост ё чап, тобхури, баромадан аз кисми мошингарди рох, ба кафо харакат кардан; 

– масофаи боздори – масофаи тайнамудаи воситаи наклиёт хангоми бозистии таъчили аз аввали таъсиррасони ба чузъхои идоракунии мачмуи боздори (педал, дастаи боздори) то чойи бозистии он;

– пул – иншооте, ки барои харакат аз болои дарё, чари ва дигар монеахо пешбини шудааст ва сархади он аввал ва охири равокахои иншоот мебошанд;

– пиёдагард – шахсе, ки дар харакат дар рох берун аз воситаи наклиёт иштирок менамояд ва ягон кореро дар рох анчом намедихад. Ба пиёдагардон инчунин шахсоне, ки бо аробачахои маъюбии бемухаррик харакат мекунанд, велосипед, мопед, мототсиклро кашола карда мебаранд, чана, ароба, аробачаи бачагона ё маъюбиро мекашанд (мебаранд), баробар карда мешаванд;

– пайрохаи пиёдагард – чузъи рох, ки бо таври конструктиви ё бо ёрии хатхои нишонаи уфукии рох чудо карда шудааст, барои харакати пиёдагардон таъин гардида, бо аломати рохи “Пайрохаи пиёдагард” ифода шудааст;

– пиёдароха – чузъи рох, ки хамшафати кисми мошингарди рох мебошад ё аз он бо китъаи махсус (кабудизор) чудо карда шуда, барои харакати пиёдагардон пешбини гардидааст;

– пайрохаи велосипедгард – рохи мутобикгардонидашуда ё ки чузъи рохи бо таври конструктиви ё бо ёрии хатти нишонаи уфукии рох чудогардидаи барои харакати ронандагони велосипед (минбаъд -велосипедрон) пешбинишуда, ки бо аломати рохи “Пайрохаи велосипедгард” ифода гардидааст;

– пешгузари – харакати воситаи наклиёт бо суръати зиёдтар нисбат ба  суръати воситаи наклиёти хамсамти дар хатти хамсоя харакаткунанда;

– пули болои рох – иншооти мухандиси, дар болои рох (роххои охан), ки ба рохи дигар фуромадхо дорад ва харакатро дар сатххои гуногун таъмин менамояд;

– ронанда – шахсе, ки ягон намуди воситаи наклиётро идора мекунад, галабоне (подабоне), ки хайвоноти боркаш, савори ё подаро бо рох пеш мебарад. Ба ронанда таълимдиханда хангоми таълими рондани воситаи наклиёт ва кабулкунандаи имтихони амалии идора кардани он баробар дониста мешаванд;

– рох – кисми замин ё ин ки сатхи иншооти сунъии ободкардашуда ё мувофикагардондашудаи барои харакати воситахои наклиёт ва пиёдагардон истифодашаванда;

– рохи асоси – рохи бо аломатхои “Рохи асоси”, “Буриш бо рохи дуюмдарача”, “Пайвастшавии рохи дуюмдарача”, “Шохрох” ё “Рох барои автомобилхо” ифодакардашуда, нисбат ба рохи буридашаванда (хамрохшаванда) ё рохи бо руйпуши сахт (асфалт ва сементобетон, масолехи санги ва монанди инхо), нисбат ба рохи хоки, ё ин ки хар дилхох рох нисбат ба роххои баромад аз худудхои хамшафат. Бевосита пеш аз чорроха дар рохи дуюмдарача мавчуд будани китъаи рох бо руйпуш ахамияти онро бо рохи буридашаванда баробар намесозад;

– рох додан – талаботеро ифода менамояд, ки иштирокчии харакат дар рох набояд харакатро огоз кунад, аз нав ба харакат дарояд ё харакатро идома дихад, хамчунин манёвреро анчом дихад, агар ин амал тавонад дигар иштирокчиёни харакатро, ки нисбат ба у хакки афзалият доранд, барои тагйир додани самт ё суръати харакат мачбур созад;

– рохбандон – чамъшавии воситахои наклиёт дар рох, бинобар харакат намудан ба суръати нихоят паст нисбат ба суръати барои минтакаи мазкури рох мукарраргардида;

– сафи муташаккили пиёдагардон – гурухи муташаккили одамоне, ки дар кисми мошингарди рох ба як самт харакат мекунанд;

– сабкат – пеш гузаштан аз як ё якчанд воситаи наклиёти харакаткардаистода, ки бо баромадан ба хатте (тарафи кисми мошингарди рох), ки барои харакати самти мукобил пешбини шудааст ва баъдан ба хатти пеш ишголнамуда (тарафи кисми мошингарди рох) баргаштан вобаста мебошад;

– таъмини бехатарии харакат дар рох – фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабхои ба амал омадани ходисахои роху наклиёт, сабук гардонидани вазнинии окибатхои он нигаронида шудааст;

– тахограф – тачхизоти назоратие, ки насби он дар воситаи наклиёти механики бо максади чен кардан ва (ё) дар низоми худкор ба кайд гирифтани маълумот оид ба рохи тайнамуда, суръати харакати воситаи наклиёт, дар давраи кору истирохати ронандагони онхо ва дигар маълумот пешбини шудааст;

Матни пурра дар сахифаи  >>>> 

Инчунин Аломатхои харакати рох ба забони точики дар сахифаи http://komron.info/cr/alomathoi-harakati-roh/

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …