Главная / Чамъият / КОИДАХОИ ХАРАКАТ ДАР РОХ – КОНУН дар Китоб

КОИДАХОИ ХАРАКАТ ДАР РОХ – КОНУН дар Китоб

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ ХАРАКАТ ДАР РОХ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1995, №22, мод. 336; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 2000, №11, мод. 527; с. 2008, №3, мод. 189; с. 2009, №12, мод. 822; с. 2010, №1, мод. 4; с. 2015, №11, мод. 974; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1458) 

Максади Конуни мазкур муайян намудани асосхои хукукии харакат дар рох чихати хифзи хаёт ва саломатии шахрвандон, системаи таъмини бехатарии харакат дар рох, тартиби банакшагири ва маблаггузории чорабинихо оид ба таъмини бехатарии харакат дар рох мебошад.  (КЧТ аз 20.03.08с., №370)

harakati-roh

БОБИ 1

КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Вазифахои Конуни мазкур

Конун муносибатхои чамъиятиро дар сохаи харакат дар рох ва бехатарии он танзим намуда, хукуку вазифахо ва масъулияти субъектхо – иштирокчиёни харакати рох, вазоратхо, идорахо, иттиходияхо корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хочагидори (минбаъд вазоратхо, идорахо ва ташкилотхо) муайян мекунад.

Вазифахои  Конуни мазкур  аз хифз намудани хаёт, саломати ва амволи шахрвандон, химояи хукук ва манфиатхои конунии онхо, инчунин хифзи манфиатхои чамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ходисахои роху наклиёт, сабук гардонидани окибатхои вазнини онхо иборатанд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи харакат дар рох

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи харакат дар рох ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат аст. (КЧТ аз 20.03 08с, №370; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Моддаи 3. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода шудаанд:

Иштирокчиёни харакат дар рох – шахсоне, ки аз роххои автомобилгард ва чойхои дигар, ки барои аз як чой ба чои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борхо тавассути воситахои наклиёт пешбини шудаанд, истифода бурда, дар раванди харакат хамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва гайра бевосита иштирок менамоянд.

Рохи автомобилгард – мачмуи иншооти мухандиси  мебошад, ки барои харакати воситахои наклиёт ва пиёдагардхо пешбини шудааст.

Воситаи наклиёт – механизме, ки барои бо роххо интикол намудани одамон, бор ё тачхизоти дар болои он васлшуда, таъин шудааст.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Харакат дар рох – мачмуи муносибатхое мебошанд, ки дар раванди харакати одамон ва борхо бо ёрии воситахои наклиёт ё бе онхо дар худуди роххои автомобилгард ба вуxуд меоянд;

Бехатарии харакат дар рох – холати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараxаи мухофизати иштирокчиёни он аз ходисахои роху наклиёт ва окибатхои онхо аст;

Таъмини бехатарии харакат дар рох – фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабхои ба амал омадани ходисахои роху наклиёт, сабук гардонидани окибатхои вазнини он нигаронида шудааст.

Моддаи 4. Коидахои харакат дар рох

Дар Чумхурии Точикистон барои воситахои наклиёт харакат ва аз тарафи дасти рост мукаррар карда шудааст.

Тартиби огози харакат, тагйири самти харакат, чойгирии воситахои наклиёт ва пиёдагардхо, интихоби суръати харакат ва фосила, гузаштани чоррахахо, гузаргоххои пиёдагардхо ва гузаргоххои рохи охан, истгоххои воситахои наклиёти истифодаи умуми, истифодаи асбобхои нурафшони беруни, коидахои харакати пиёдагардхо, харакати велосипедсаворон, инчунин масъалахои ташкили харакат ва бехатарии он тавассути Коидахои харакати рох, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, танзим карда мешаванд.

БОБИ 2.

СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ХАРАКАТ ДАР  РОХ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

Моддаи 5. Идоракунии давлати дар сохаи харакат дар  рох

Идоракунии давлати дар сохаи харакат дар рох ва бехатарии он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати ва дигар макомоти ваколатдор сурат мегирад. (КЧТ аз 20.03.08с., №370)

 

Моддаи 6. Иштироки вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо дар таъмини бехатарии харакат дар рох

Вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо дар доираи салохияти худ бехатарии харакат дар рохро таъмин менамоянд, барои ичрои барномахои давлати ва сохавии харакат дар рох масъулият доранд, доир ба харакат дар рох санадхое мебароранд, ки хилофи конунгузори намебошанд, ичрои тадбирхои таъмини бехатарии харакат дар рохро аз тарафи корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки ба хайати онхо дохиланд, таъмин мекунанд.

Вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо бо супориши Хукумати Чумхурии Точикистон баъзе вазифахои идоракунии байнисохавиро вобаста ба харакат дар рох ва бехатарии он ичро карда метавонанд.

Дар вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо, дар корхонахо ва ташкилотхое, ки воситахои наклиёт доранд, вазифаи мутахассис оид ба бехатарии харакат дар рох ё хадамоти бехатарии харакати рох ташкил карда мешавад.

Низомнома оид ба хадамоти бехатарии харакат дар рох аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад.

Моддаи 7. Иштироки корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо дар таъмини бехатарии харакат дар рох

 

Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва хочагидориашон, барои таъмини бехатарии харакат дар рох чорабинихо тахия намуда, онхоро амали месозанд. Дар коллективхои мехнати оид ба риояи талаботи конун дар бораи харакат дар рох тадбирхои пешгириву фахмондадихиро ба амал мебароранд.

Моддаи 8. Иштироки иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон дар амали гардонидани чорабинихои таъмини бехатарии харакат дар рох

Иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон бояд ба макомоти давлати дар амали гардонидани чорабинихои бехатарии харакат дар рох мусоидат намоянд. Вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо вазифадор хастанд, ки таклифхои иттиходияхои чамъияти ва шахрвандонро оиди масъалахои бехатарии харакат дар рох ба назар гиранд.

Давлат сиёсати андози имтиёзнокро нисбати иттиходияхои чамъияти, ки максади асосиашон амали гардонидани чорабинихои таъмини бехатарии харакат дар рох мебошад, татбик менамояд.

БОБИ 3.

САЛОХИЯТИ МАКОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ХАРАКАТ ДАР РОХ

Моддаи 9. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи харакат дар рох

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи харакат дар рох аз инхо иборатанд:

муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии харакат дар рох дар худуди Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

мукаррар намудани низоми ягонаи коидахо, стандартхо, меъёрхои техники ва дигар санадхои меъёри оид ба масъалахои таъмини бехатарии харакат дар рох;

тахияи лоихаи конунхо, санадхои меъёри оид ба масъалахои харакат дар рох ва бехатарии он, инчунин чавобгари барои риоя накардани онхо дар худуди Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

муайян кардани ваколатхои макомоти ичроияи хокимияти давлати ва макомоти ваколатдори давлати оид ба харакат дар рох;

ташкил додани макомоти давлатии ваколатдор дар сохаи харакат дар рох, рохбари ба фаъолияти онхо;

тахия ва тасдик намудани барномахои давлатии тараккии харакат дар рох ва бехатари дар роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан;

бо маблаг таъмин, рохбари ва назорат кардан ба ичрои барномахои давлатии тараккии харакат дар рох ва бехатарии он;

ташкил додани фондхои Чумхуриявии таъминоти модди ва молиявии тараккии харакат дар рох ва мустахкам намудани бехатарии он дар худуди Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

хамохангсозии фаъолияти вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи харакат дар рох;

назорати давлати ба ичрои конунгузории Чумхурии Точикистон, коидахо, стандартхо, меъёрхои техники ва дигар санадхои меъёри дар сохаи харакат дар рох ва таъмини бехатарии он;

муайян намудани тартиботи ягонаи ташкили харакат дар  рох ва бехатарии он;

мукаррар намудани талаботи ягона оид ба лоихакаши, сохтмон, тармим, таъмир, нигохубин ва хифзи роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, тасдик кардани барномахои сохтмони онхо:

мукаррар намудани талаботи ягонаи тахия ва xори намудани накшахои умуми, лоихахои банакшагирии тафсили ва хонасози дар махали ахолинишин, накшахои комплексии наклиёт ва планхои хонасозии алохида;

мукаррар намудани талаботи ягона оид ба тармим ва холати техникии воситахои наклиёте, ки дар Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд;

муайян намудани тартиби додани ичозатномахо (литсензияхо) ва сертификатхо барои фаъолияти вобаста бо сохтмон, таъмир ва истифода кардани воситахои наклиёт, боркашони ва мусофиркашони, тайёр намудани ронандахо, сохтмон, тармим, таъмир ва нигохубини роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан ва дигар навъхои фаъолият, ки ба бехатарии харакат таъсир мерасонад;

муайяи намудани принсипхои умумии сугуртакунии хатмии воситахои наклиёт, ронандахо ва мусофирон;

барпо намудани системаи ягонаи бахисобгирии нишондихандахои асосии омории харакат дар рох ва бехатарии он;

ташкили корхои тадкикоти илми ва конструктории технологи дар сохаи харакат дар рох ва бехатарии он;

таъсиси системаи ягонаи иттилоотию кофтукови ва бонки маълумоти бахисобгирии ронандахо, воситахои наклиёт, хукуквайронкунихои маъмури, ходисахои наклиёти рох ва окибатхои онхо, инчунин нишондихандахои дигар;

иштирок дар фаъолияти байнихукумати ва ташкилотхои байналмилали оид ба масъалахои харакат дар  рох ва бехатарии он.

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дигар масъалахои дорои ахамияти давлати оид ба сохаи харакат дар рох, ки дар конун пешбини шудааст, низ дохил мешаванд.

Моддаи 10. Салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи таъмини бехатарии харакат дар рох

 

Ба салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи таъмини бехатарии харакат дар рох дохил мешавад:

-тахия ва татбики барномахои минтакавии таъмини бехатарии харакат дар рох, танзим ва назорати ичрои онхо;

-таъмини бехатарии харакат дар рох дар худуди минтакаи дахлдор;

-ташкили ичрои корхо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситахои техники дар роххои автомобилгарди истифодаи умуми таъиноти махалли, кучахо ва махалхои ахолинишин;

-дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд. (КЧТ аз 20.03.08с., №370)

Моддаи 11. Салохияти сохибони роххои автамобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан

 

Салохияти сохибони роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан ё макомоти ваколатдори онхо дар сохаи харакати рох аз инхо иборат аст:

тахияи барномахо ва андешидани тадбирхо оид ба таракки, такмил, таъмир ва барои харакат дар холати бехатар нигох доштани роххо, кучахо, гузаргоххои рохи охан ва китъахои барои онхо xудокардашуда;

муайян кардани сохтори идора, лоихакаши, сохтан ва нигохубин кардани роххо, кучахо ва гузаргоххои рохи охан;

иштирок дар тахияи низомномахо дар бораи сохторхои махсуси идоракунии харакат дар рох;

чуброни хароxоти сохибони воситахои наклиёт, инчунин пардохти кeмакпулии якдафъагй ба осебдидагон, агар ходисахои наклиёти рох аз сабаби нигохубини гайриканоатбахши роххои автомобилгард, кучахо гузаргоххои рохи охан руй дода бошад;

таъмини шароити бехатар, босарфа ва халоватбахши харакат дар рох;

ташкили чорабннихо ва амали намудани онхо барои хифзи мухити табиат;

таъмини иштирокчиёни харакат дар рох бо ахбор дар бораи масъалахои холати садамаовар ва пeшиши рох ва шароити дигар;

халли масъалахои истифодаи роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан дар вазъиятхои фавкулодда;

муайян кардани меъёрхо ва xудо намудани маблаги лозима барои сохтмон, тармим, таъмир ва нигохубини роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан;

вогузор кардани хукук барои сохгмони иншооти коммунали ва иншооти дигар, кашидани хатти алока, барои корхои мухофизати ва иншоот, иншооти хизматрасони ва тачхизонидани онхо мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

ташкили корхо оид ба ахолшинони ва нигохубини нихолхои назди роххо ва гайра;

фавран бартараф намудани харобихои роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан;

таъмини кори хадамоти махсус оид ба амали намудани чорабинихои ташкили харакат дар рох;

сари вакт ошкор намудани монеахои харакат дар рох ва бартарафкунии онхо ва дар сурати гайриимкон будани ин кор фавран бо аломатхои рох  воситахои манъкунанда ва рохнишондиханда нишонагузори наму­дани он чойхо;

ташкили ичрои талаботи мукарраршуда оид ба таъмини бехатарии харакат дар рох;

халли дигар масъалахои харакат дар рох мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 12. Салохияти сохибони воситахои наклиёт

Салохияти сохибони воситахои наклиёт (ба истиснои шахсони вокеи) аз инхо иборат аст:

дидани чорахо оид ба ривоxу равнаки истифодабари ва нигохубини воситахои наклиёт;

васеъ намудани шабакаи муассисахои таълими оид ба тайёр наму­дани ронандагони воситахои наклиёт ва такмили ихтисоси онхо;

ташкил ва татбики чорахои таъмини тиббии бехатарии харакат дар рох;

ташкил ва татбики чорахои мухит аз таъсири бади наклиёт;

бахисобгирии ходисахои наклиёти рох ва риоя накардани Коидахои харакат дар рох тахлили сабабхо ва шароити ба амал омадани онхо;

ташкил ва бо маблагтаъминкунии чорахои пешгири намудани маъюбшавии вобаста бо ходисахои садамави дар рох;

чуброни зарари дар натиxаи ходисаи наклиёти рох бо айби онхо расонидашуда, инчунин пардохти ёрдампулии яквакта ба шахсони дар ин гуна ходисахо зарардида бо карори макомоти суди;

халли масъалахои истифодаи наклиёт дар вазъияти фавкулодда.

БОБИ 4

ХУКУКУ ВАЗИФАХОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ХАРАКАТ ДАР  РОХ

Моддаи 13. Хукуку вазифахои асосии иштирокчиёни харакат дар рох

 

Иштирокчиёни харакат дар рох дорои хукуки зайл мебошанд:

ба шароити бехатарии харакат дар рох, чуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии харакат мутобикат накардани холати роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан расонида шудааст;

ба чуброни зиён ва додани ёрдампулии яквакта аз хисоби онхое, ки ба ходисаи наклиёти рох айбдоранд;

ба суд шикоят кардан нисбати амалхои шахсони мансабдор ва макомоти хокимияти ичроияи давлати дар сурати аз тарафи онхо вайрон намудани конуни мавxуда;

омeхтани меъёрхо ва коидахои харакат дар рох;

гирифтани ахбор аз ташкилотхои рох, коммунали ва гайра дар бораи шароити харакат дар рох.

Иштирокчиёни харакати рох вазифадоранд:

талаботи Конуни мазкур, Коидахои харакат дар рох ва дигар санадхои меъёриро оид ба масъалахои бехатарии харакат дар рох то xое, ки барояшон дахл дорад, донанд;

барои харакат дар рох шароити бехатар мухайё кунанд, бо амалхо ё беамалии худ ба дигар иштирокчиёни харакат дар рох зиён нарасонанд;

товони зиёнеро, ки бо айби онхо бинобар риоя накардани талабо­ти конун дар бораи харакат дар рох расонида шудааст, чуброн кунанд;

амри макомоти назорат ва бозрасии давлатиро оид ба риояи конунгузори дар бораи харакат дар рох ичро намоянд.

Хукуку вазифахои ронандаи воситаи наклиёт, пиёдагард, мусофир (пассажир), велосипедрон ва чорворон бо Коидахои харакат дар рох, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, танзим карда мешаванд.

Моддаи 14. Коидахои асоси барои додани ичозати идоракунии воситахои наклиёт

Агар синну соли шахрванди Чумхурии Точикистон ба синну соли мукарраркардаи  Конуни мазкур мувофик буда, камбудии xисмони ё беморие надошта бошад, ки монеи идоракунии бехатари воситахои наклиёт ва хосил кардани малакаи кофии идоракунии воситахои наклиёт гардад, у хукук дорад барои идоракунии воситахои наклиёт ичозат гирад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Тартиби ба идоракунии воситахои наклиёт ичозат доданро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Номгуи нокисихои чисмони ва ё беморихое, ки дар сурати мавчуд будани онхо ба шахс бобати гирифтани шаходатнома барои идораи воситахои наклиёт ичозат дода мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Хукуки идора намудани воситахои наклиёти категори ё хелхои дахлдор бо шаходатномае, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобили дода мешавад тасдик карда мешавад, ки онро Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон медихад.

Дар худуди Чумхурии Точикистон хамчунин шаходатномахои ронандагии милли ва байналмилалие амал мекунанд, ки ба Конвенсияи харакат дар рох мувофиканд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Моддаи 15. Асосхо барои катъи хукуки идоракунии воситахои наклиёт

Катъи истифодаи хукуки идоракунии воситахои наклиёт (махрум сохтан аз хукуки идоракунии воситахои наклиёт) ба сабаби бад шудани саломатии ронанда, ки барои идоракунии бехатарии воситахои наклиёт монеь мешавад, хамчунин барои ичро накардани вазифахои тавассути Конуни мазкур мукарраргардида дар мавридхое, ки конун пешбини намудааст, сурат мегирад.

Катъи истифодаи хукуки идоракунии воситахои наклиёт бинобар бад шудани саломати дар асоси хулосаи муассисаи тибби, ки ба идора­кунии воситахои наклиёт кобил буданро муайян мекунад, сурат мегирад.

Махрум сохтан аз хукуки идоракунии воситахои наклиёт бинобар eхдадорихои бо конунгузори мукарраргардидаро ба xо наовардани ронанда дар асоси материалхои парвандаи конунвайронкунии маъмурии Коидахои харакат дар рох ва дигар мавридхое, ки Конун пешбини намуааст, катъ мегардад.

Аз хукуки идора кардани воситаи наклиёт махрум намудани ронанда то замони пурра аз байн рафтани сабабхое, ки барои бехавфу хатар идора кардани воситаи наклиёт монеъ мегарданд, идома меёбад ва дар мавриди eхдадорихои мукарраргардидаро ба xо наоварданаш ба мeхлате, ки дар Конун муайян шудааст, давом мекунад.

Агар ронанда Коидахои харакат дар рохро, ки руйхати онхо дар конунгузори мукаррар карда мешавад, риоя накунад, eро шахсони мансабдори боваколати Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон барои санчиши донишаш ба комиссия мефиристанд.

Моддаи 16. Омузиши коидахои харакат дар рох ба ахоли

Корхонаю муассиса ва ташкилотхо сарфи назар аз шаклхои моликият барои таълим додани Коидахои харакат дар рох ба шахрвандоне, ки ба тарики кироя кор мекунанд, тадбирхо андешида, амали мегардонанд.

Макомоти маориф таълими Коидахои харакат дар рохро дар хамаи кeдакистонхо, мактабхои миёнаи маълумоти умуми ва оли, дар омeзишгоххои касбию техники, хамчунин таълими мутахассисони даркориро ба рох мемонанд.

Ба бачагон омeхтани малакахои дар рох бехавфу хатар рафтор кар­дан дар кeдакистонхо аз якунимсолаги огоз мешавад. Коидахои харакат дар рох ба талабагон аз рeи барномае таълим дода мешавад, ки онхо дар давраи хонданашон дар мактабу омeзишгох барои идора кардани мотосикл хукукдор гашта, шаходатнома мегиранд.

Макомоти хифзи иxтимоии ахоли тадбирхое меандешанд, ки максад аз онхо ба мeйсафедон ва маъюбон таълим додани харакати бехавфу хатар дар рох, инчунин мухофизати онхо хангоми харакат дар рох аст.

Коидахои харакат дар рох ба ахоли мувофики барномахое, ки макомоти дахлдори давлати оид ба бехатарии харакат дар рох тасдик намудаанд, бо пешниходи макомоти маориф ва хифзи иxтимоии ахоли таълим дода мешаванд.

Коидахои харакат дар рох ба шахрвандон дар муассисахои давлати, ва гайридавлати таълим дода мешаванд. хамчунин шахрвандон ин Коидахоро мустакилона меомeзанд. Шахрвандон имтихоноти давлатиро барои сохиб гаштан ба хукуки идоракунии воситахои наклиёт танхо дар макомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон месупоранд.

Макомоти Бозрасии давлатии автомобили, воситахои ахбори омма ба макомоти дахлдор барои амали намудани чорахои профилактики ва ба гурeххои иxтимоии аз чихати синну сол гуногуни ахоли таълим додани Коидахои харакат дар рох ёри мерасонанд.

БОБИ 5

РОХХОИ (КУЧАХОИ) АВТОМОБИЛГАРД

Моддаи 17. Роххои (кучахои) автомобилгард, таксиму тафрика ва истифодаи онхо

Тартиби таксиму тафрика ва истифодаи роххои (кучахои) автомобилгардро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 18. Талаботи асоси оиди кашидани лоихаи роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан

Ташкилоту корхонахо ва муассисахое, ки лоихахои типи ё инфиродии сохтмон, тармим ва таъмири роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи оханро мекашанд, бояд мачмуи тадбирхои таъмини бехатарии харакат дар  рох, талабхои экологиро бо назардошти эхтиёxоти хос маъюбон пешбини намоянд.

Аз хисоби ихтисори тадбирхое, ки ба бехатарии харакат дар рох таъсир мерасонанд, кам кардани харxи маблаг манъ аст. Лоихахои сохтмони, навсози ва таъмири роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан бояд мавриди экспертиза карор дода шаванд. Мувофикаи назорати давлати оид ба риояи конунгузори, коидахо, меъёру стандартхои бехатарии харакати рохро роxеъ ба мутобикати ин лоихахо ба талабхои коида, меъёру стандартхои бехатарии харакати рох ва экспертизаи экологи гирифта, бояд ба хеx гуна каxрави аз талаботи онхо рох дода нашавад.

Моддаи 19. Талаботи асоси оид ба сохтмон, тармим ва таъмири роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан

Тамоми корхои сохтан, навсози ва таъмири роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан бояд мувофики лоиха ва талабхои коидаю меъёрхо ва стандартхои Чумхурии Точикистон оид ба бехатарии харакат дар рох ба xо оварда шаванд.

Агар барои амали сохтани баъзе лоихахо шароит имкон надихад ичрокунандаи кор бояд аз ин ба лоихакаш ва фармоишгар бо максади андешидани чораи бехатарии харакат дар рох хабар дихад.

Сохтмон, тармим ва таъмири роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан бо иштироки макомоти назорати давлати оид бо риояи конунгузори, коидаю меъёр ва стандартхои бехатарии харакат дар рох баъд аз ичрои чорабинихои таъмини бехатарии харакат дар  рох кабул карда мешаванд.

Коидахои ягонаи таъмир ва нигохубини роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан, Коидахои истифодаи онхо ва мухофизати онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

Моддаи 20. Бо иншоотхои хизматрасони тачхизонидани роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан

Макомоти махаллии хокимияти давлати вазифадоранд хамрохи макомоти рохсозию рохдори барои xихозонидани роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан бо иншооти хизматрасонии автомобили мувофики меъёрхои тасдиккардаи лоихакаши, накшахои сохтмон ва схемахое генералии чойгиронии чунин иншоотхо тадбирхо андешанд. хамчунин кори онхоро бо максади пурратар конеъ гардонидани талаботи иштироккунандагони харакати рох ташкил кунанд. Роххою кучахо ва гузаргоххои рохи охан, ки серхаракатанд, барои даъвати мошини ёрии таъxилии тибби, кормандони макомоти корхои дохили ва ташкилотхои рохсози ва истифодаи он бо воситахои кeмакрасонии алока тачхизонида мешаванд.

Моддаи 21. Махдуд ва манъ кардани харакат хангоми ичрои кор дар роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан

Харакат дар роххои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан ба максади пешгирии фалокати наклиёт ба тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон муваккатан махдуд ё катъ шуда метавонад.

Моддаи 22. Ташкили харакат дар роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан

Ташкили харакат дар рох аз тарафи хадамоти махсус сурат мегирад, ки низомномахои онхоро макомоти дахлдори давлати оид ба бехатарии харакат дар рох тасдик менамояд.

Дар мавриди ба амал омадани тахдид ба бехатарии харакат дар рох шахсони мансабдори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, хадамоти рохсозию рохдори ва коммунали хукук доранд ба ташкили харакат дар рох фаври тагйирот дохил намоянд.

Моддаи 23. Вазифахои шахсони мансабдоре, ки ба сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан масъуланд

Шахсони мансабдоре, ки барои сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан кeпрукхо ва иншоотхои дигар масъул мебошанд, вазифадоранд, ки;

Иншоотхои мазкурро тавре нигохубин намоянд, ки ба талабхои мукарраркардаи таъмини бехатарии харакат дар рох мувофик ва чавобгe бошанд;

агар холате пеш ояд, ки ба бехатарии харакат дар рох хавф тахдид набояд, барои сари вакт манъ ё махдуд кардани харакат, хамчунин барои мухайё намудани шароити бехатарии харакат тадбирхо андешида, амали гардонанд;

хангоми сохтмон, тармим ва таъмири роххо, кучахои автомобилгард ва гузаргоххои рохи охан оиди бехатарии харакат хаматарафа чора бинанд;

чойхои ичрои кор, чойхоеро, ки он xо дар рох, куча, гузаргохи рохи охан мошину механизмхо масолехи бинокори ва гайра монда шудаанд, бо аломатхои махсуси рох, панxарахо ва воситахои рохнишондиханда ва дар торики ва туман – бо чарогхои огохкунанда, ки меъёрхои мавxуда пешбини менамоянд, аломатгузари кунанд;

хангоми ба анxом расонидани кор дар рох, куча ва гузаргоххои рохи охан бояд чойхоро фавран ба холате биёранд, ки харакати бемонеа ва бехатари воситахои наклиёт ва пиёдагардхо таъмин гардад ва минтакахои ба ин максад xудокардашударо бехатар созанд;

дар сурати ифлос шудани кисми мошингарди роххо, кучахо, гузаргоххои рохи охан барои тоза кардани онхо ва сари вакт хабардор кардани иштирокчиёни харакат дар рох аз пайдо шудани хатари харакат дар рох чорахои таъхирнопазир андешанд;

онхоро бо воситахои техникии танзимкунандаи харакат дар рох тачхизонанд;

китъахои харобу хатарнок ва чойхои зиёд шудани ходисахои наклиёти рохро ошкор намоянд ва дар чунин чойхо чихати бехатар сохтани шароит ва ташкили харакат дар рох барои таъмини бехатарии он тадбирхои дахлдор андешанд;

монеахои харакат дар рохоро сари вакт ошкор намуда, бартарафшавии онро таъмин намоянд, дар сурате ки ин кор гайриимкон бошад, бо аломатхои рох, панxарахо ва воситахои рохнишондиханда фавран нишонагузори кунанд;

хар мох фалокатхои рохро тахлил намоянд;

ба имкони ходисахои тавассути воситахои наклиёт дар роххои автомобилгард, кучахо, гузаргоххои рохи охан рехтани хок, санг ва ё дигар мавод рох надиханд;

харочоти сохибони воситахои наклиётро чуброн кунанд, агар мувофики карори макомоти суди ходисахо бо айби гайриканоатбахш будани истифодабарии роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан руй дода бошанд.

Сохибони роххо, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, мансабдорони ташкилотхои истифодабарии рох, дар сурати бо айби онхо руй додани ходисахои наклиёти, мувофики тартиби мукарраркардаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.

БОБИ 6

ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

Моддаи 24. Ичозат додани воситахои наклиёт барои иштирок дар харакат дар рох

Барои иштирок дар харакати рох ба хамон воситахои наклиёт ичозат дода мешавад, ки конструксия (сохт) ва холати техникиашон ба Коидахои мукарраршудаи байнидавлатии сохави, меъёрхо ва стандартхо чавоб дихад ва аз санчиш, кайд ва муоинаи техникии давлати гузашта, мувофики тартиби мукарраршуда сугурта шуда бошанд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Барои иштирок дар харакат дар рох ба воситахои наклиёти мачмуи идоракуниашон аз тарафи рост ичозат дода намешавад. (КЧТ аз 20.03.08с., №370)

Моддаи 25. Талаботи асоси оид ба истехсоли воситахои наклиёт

Конструксияи (сохти) воситахои наклиёт бояд ба талаботи коидахо, меъёру стандартхои муосир, ки барои дараxаи партови маводи ифлоскунандаи хаво мукаррар гардидааст, чавоб дода тавонад ва хуччатхои меъёрии техникии онхо бояд бо макомоти ваколатдори давлати мувофика шуда бошанд.

Моддаи 26. Талабхои асоси  оид ба дигар кардани тачхизоти воситахои наклиёт

 

Дигар кардани тачхизоти воситахои наклиёт, яъне тагйир додани навъ ё марка (тамга), таъинот ё андозахои сохти воситахои наклиёте, ки мавриди истифода карор доранд, тавассути насби кабина, кузов ва ё кисмхои онхо, тачхизоти махсус ва ракамхои агрегатхо, ки тибки хуччатхо барои хамин воситаи наклиёт пешбини нашудаанд, бояд ба коидахо ва меъёрхои Чумхурии Точикистон мувофик бошад.

Дигар кардани тачхизоти воситахои наклиёт, ки ба тагйири маълумотхои тавсифии воситахои наклиёт боис гаштааст, бояд дар хуччатхои кайди он сабт гардад.

Моддаи 27. Талабхои асоси оид ба холати техникии воситахои наклиёт, ки мавриди истифода карор доранд

Холати техникии воситахои наклиёт, ки мавриди истифода карор доранд, дар бобате, ки ба бехатарии харакат дар рох ва хифзи мухити зист дахл дорад, бояд ба коидахо, меъёрхо ва стандартхое мувофик бошанд, ки аз руй тартиби мукарраргардида тасдик шудаанд.

Барои таъмини холати лозимаи техникии воситахои наклиёт сохибони онхо ё дигар шахсони мувофики конуни мавxуда аз онхо истифодакунанда вазифадор мебошанд.

Моддаи 28. Ба кайд ва ба хисоб гирифтани воситахои наклиёт

Хамаи воситахои наклиёти механики, ки дар харакат дар рох иштирок мекунанд, хамчунин ядакхояшон бояд ба кайд ва ба хисоб гирифта шаванд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Сохибони воситахои наклиёт вазифадоранд, ки воситахои наклиёти ба худашон тааллукдоштаро дар давоми дах шабонарeз, аз лахзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз холати техникии онхо ё сар задани холатхое, ки дар натиxаашон бояд воситахои наклиёт дубора аз кайд гузаранд (дохил кардани тагйирот дар маълумотхои бахисобгири), аз кайд гузаронанд.

Тартиби ба кайд ва ба хисоб гирифтани воситахои наклиёт, ба онхо додани хуччатхои бакайдгири ва ракамхои бакайдгирии давлати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Моддаи 29. Муоинаи техникии давлатии воситахои наклиёт

Воситахои наклиёти механикие, ки дар харакати рох иштирок доранд, хамчунин ядакхои (нимядакхои) онхо аз рeи тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, бояд хатман аз муоинаи техники гузаранд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Ба воситахои наклиёти механикие, ки аз муоинаи хатмии навбатии техники нагузаштаанд, минбаъд барои истифода ичозат дода намешад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Моддаи 30. Талабхои асоси оид ба хизматрасонии техникии воситахои наклиёт

 

Сохибони воситахои наклиёт ё шахсоне, ки аз онхо истифода мебаранд, барои сари вакт ва дар хаxми пурра, мутобики меъёрхои аз тарафи истехсолкунандагони воситахои дахлдори наклиёт мукарраршуда гузаронидани корхои хизматрасонии техники ва таъмир вазифадор мебонанд.

Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста аз шакли моликият ва хочагидори, хамчунин шахрвандоне, ки чихати хизматрасони ва таъмири воситахои наклиёт кeмак мерасонанд, бояд барои гузаронидани чунин корхо ичозатнома  дошта бошанд.

Макомоти хокимияти давлати дар махалхо бояд корро ба рох монда, бахри ташкили шабакаи хадомоти ёрии фаврии техники ба иштирокчиёни харакат дар рох мустакиман дар роххои автомобилгард, кучахо ва дар гузаргоххои рохи охан аз хар чихат кeмак намоянд.

Моддаи 31. Манъи истифодабарии воситахои наклиёт

Истифодабарии воситахои наклиёт манъ карда мешавад:

а) бо кушода гирифтани ракамхои бакайдгирии давлати дар чунин холатхо:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

дар сурати чой доштани носозихо ва шартхое, ки фехристи онхо дар коидахои харакат дар рох мукаррар карда шудааст;

аз нав тачхизонидани воситахои наклиёт бе ичозати дахлдор;

нагузаштани муоинаи техникии давлати;

надоштани санади сугуртаи масъулияти граждании сохиби наклиёт;

б) бо боздошт намудани воситаи наклиёт бо нигохдории он дар истгохи махсус дар мавридхои:

идора кардани воситахои наклиёт аз тарафи шахсон дар холати масти, хамчунин надоштани хуччатхо оиди хукуки идоракуни ё истифодабарии воситаи наклиёт ё гузаштани мухлати амали онхо; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1253)

идоракунии воситахои наклиёт бо пардахои пахлуи ва яклухти акиб, ки дар сохтори воситахои наклиёт аз тарафи заводи истехсолкунанда пешбини нашудаанд, бо шишахои сиёху хира, ки  нургузарониашон ба меъёрхои мукарраршудаи стандартхои давлати  (ГОСТ)  мутобикат намекунад, идоракунии воситахои наклиёт бо шишахои ойинаги, ба истиснои пардачахо дар шишахои автобусхо, инчунин мавчуд будани ичозати махсуси макомоти ваколатдори давлати ва воситахои наклиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки руйхати онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад; (К ЧТ аз  9.01.10с., №579).

идоракунии воситахои наклиёте, ки ракамхои кисму агрегатхояшон ё ракамхои бакайдгирии давлатиашон пинхон, сохтакори ё бо ягон усул тагйир дода шудаанд, хамчунин бо навиштахои дар хуччати бакайдгири зикргардида мувофикат накардани ракамхои кисму агрегатхои воситахои наклиёт;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

идоракунии воситахои наклиёт, ки ба тартиби мукарраргардида ба кайд гирифта нашудаанд ё ракамхои бакайдгири надоранд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

халалдор кардани харакат дар рох тавассути вайрон кардани коидахои бозисти ё таваккуфи воситахои наклиёт.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Моддаи 32. Сугуртаи хатмии давлатии воситахои наклиёт

Хамаи воситахои наклиёте, ки дар харакати рох дар худуди Чумхурии Точикистон иштирок мекунанду дар макомоти Бозрасии давлатии автомобили ба кайд гирифта мешаванд, бояд аз бобати масъулияти шахрванди барои расонидани осеб ба хаёт ва саломатии шахрвандон ё расонидани зиёни модди дар рафти истифодаи ин воситахои наклиёт, сугурта карда шаванд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

Тартиби сугуртаи хатми ва андозаи пардохтхои сугуртавиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Сугуртапулй аз рeи сугуртаи хатмии давлати новобаста из маблаги сугуртаи иxтимоии давлати, таъминоти иxтимои ва аз рeи тартиби чуброни зарар, пардохта мешавад.

Моддаи 33. Вазифахои шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва холати техникии воситахои наклиёт масъуланд

Шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва холати техникии воситахои наклиёт масъул мебошанд, вазифадоранд:

хостагири, такмили ихтисос ва махорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатии онхо ва риоя шудани низоми кор ва истирохатро тахти назорат карор диханд;

ба идоракунии воситахои наклиёт шахсонеро рох надиханд, ки шаходатномаи идора кардани ин ё он навъи наклиётро надоранд, дар мeхлати мукарраршуда аз муоинаи тибби нагузаштаанд, дар холати мас­ти, захролуд ё нашъаманди, холати бемори ё тахти таъсири дорухое карор доранд, ки хушёри ё диккати онхоро суст менамояд;

бе роххати харакат ба рох баромадани воситахои наклиётеро ичозат надиханд, ки холати техники ва тачхизоташон ба талаботи Коидхои харакати рох чавобгe нест, хамчунин аз рeи тартиби мукарраршуда ба кайд гирифта нашудаанд, ё аз муоинаи техникии давлати нагузаштаанд;

холати зарурии техникии воситахои наклиётро таъмин намоянд;

ходисахои наклиёти рох ва вайронкунихои Коидахои харакат дар рохро ба хисоб гиранд, сабабу холатхои руй додани онхоро тахлил кунанд, барои аз байн бурдани онхо чорахо андешанд;

бо Бозрасии давлатии автомобили хатхои харакати воситахои наклиёти истифодаи умум, хатхои харакати воситахои наклиёте, ки борхои хатарнок мекашонанд, кашондани борхои вазнин ва калонхаxм, тартиби кашида бурдани ду ва беш аз воситахои наклиёти механики ва тагйир додани тачхизоти воситаи наклиётро мувофика намоянд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

БОБИ 7

БАНАКШАГИРИ ВА МАБЛАГГУЗОРИИ ТАДБИРХОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ХАРАКАТ ДАР РОХ

 

Моддаи 34. Банакшагирии тадбирхои таъмини бехатарии харакат дар рох

 

Макомоти ичроияи хокимияти давлати барномахои давлати, вилояти, шахри ва нохиявии таъмини бехатарии харакат дар рохро тахия, тасдик ва ичро менамоянд. Тахияи ин барномахо дар асоси мутобикати дурусти онхо бо баплангирии минтакави ва сохави, ташкили нишондихандахои ба хамдигар алокаманду хамоханг бо назардошти шароити иxтимоию иктисоди ва экологии минтакаи мушаххас, дараxаи тараккии шабаки роххо, ходисахои рох ва дигар нишондихандахои системаи ягонаи бахисобгирии давлатии харакат дар рох сурат мегирад.

Моддаи 35. Маблаггузори барои тадбирхои таъмини бехатарии харакат дар рох

Маблаггузори барои тадбирхои дар барномахо пешбинишуда, хамчунин дигар тадбирхои таъмини бехатарии харакат дар рох аз хисоби буxети Чумхурияви ва махалли маблагxудокунии вазоратхо, идорахо ва иттиходияхо,  сурат мегирад.

Ба максади маблагдихи барои корхои лоихасози, сохтмон, тармим ва нигахдории роххои автомобилгард фондхои Чумхурияви ва вилоятии рох ташкил карда мешаванд.

Принсипхои ташкилдихи ва истифодаи фондхои рохро Хукуматм Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 36. Принсипхои умумии ташкили системаи давлатии бахисобгирии нишондихандахои харакат дар рох ва бехатарии он

Дар Чумхурии Точикистон системаи ягонаи бахисобгирии давлатии нишондихандахои харакат дар рох ва бехатарии он барои воситахои наклиёт, ронандагон, роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, маъюбшавии вобаста ба наклиёти рох, хукуквайронкунии маъмури дар сохаи харакат дар рох ва гайра мукаррар карда мешавад.

Фехристи нишондихандахои омории харакат дар рох, тартиби бахисобгири ва хисоботдихи аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

БОБИ 8

ТАЪМИНИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ХАРАКАТ ДАР  РОХ

 

Моддаи 37. Таъмини тиббии бехатарии харакат дар рох

Таъмини тиббии бехатарии харакат дар  рох инхоро дарбар мегирад:

хатман аз муоинаи тибби ва муоинаи такрории тибби гузаштани ронандашавандахо ва ронандагони воситахои наклиёт, пеш аз сафар гузаронидани муоинаи тиббии ронандагон, расонидани ёрии тиббии аввали ва осебдидагони ходисахои наклиёти рох ба иштирокчиёни харакат дар рох, шахсони мансабдори макомоти корхои дохили ва дигар вохидхои махсус, инчунин ба ахоли ёд додани тарзу усулхои расонидани ёрии пешакии тибби ба осебдидагони ходисахои наклиёти рох то расидани духтурон.

Даврахои муоинаи тибби ва тартиби ташкили ёрии тибби ба осебдидагони ходисахои наклиёти рох аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикисто муайян карда мешавад.

БОБИ 9

НАЗОРАТ ДАР СОХАИ ХАРАКАТИ РОХ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН

 

Моддаи 38. Вазифахои назорат дар сохаи харакат дар рох

Назорат дар сохаи харакат дар рох барои аз тарафи вазоратхо, дигар макомоти марказии хокимияти ичроияи давлати ва иттиходияхо, хамчунин шахрвандон риоя намудани Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи харакат дар рох ташкил карда мешавад.

Моддаи 39. Макомоте, ки дар сохаи харакат дар рох назорат мекунанд

Назорат дар сохаи харакат дар рох аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти давлатии ба ин кор махсус ваколатдоршуда (Назорати давлати), хамчунин аз тарафи вазорату идорахо ва иттиходияхо (назорати идорави) сурат мегирад.

Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон вазифахои махсуси контроли, назорати ва ичозатдихиро дар сохаи бехатарии харакат дар рох ичро менамояд.

Ба системаи Бозрасии давлатии автомобили макоми Чумхуриявии идоракунии Бозрасии давлатии автомобили, макомоти идоракунии Бозрасии давлатии автомобилии вилоятхо, шахрхо ва нохияхо дохил мешаванд.

Ба Бозрасии давлатии автомобили Сарбозраси давлатии автомобилии Чумхурии Точикистон, дар вилоятхо, шахрхо ва нохияхо бошад, сарбозрасхои давлатии автомобилии вилоятхо, шахрхо ва нохияхо рохбари мекунанд.

Моддаи 40. Хифзи мухити зист

Вазорату кумитахои давлати, идораю иттиходияхо, корхонаю муассисахо ва ташкилотхое, ки машгули лоихасози, истехсол ва истифодаи воситаи наклиёт мебошанд, вазифадор хастанд, ки мачмуи тадбирхоро оид ба пешгири ва кам кардани таъсири зараровари воситахои наклиёт ба мухит тахия намуда, риояи конунхои хифзи табиатро таъмин кунанд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1458)

БОБИ 10

ЧАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ КОНУНИ МАЗКУР

Моддаи 41. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 42. Масъулияти сохибони воситахои наклиёт барои зарар расонидашуда

Сохибони воситахои наклиёт бояд зарареро, ки воситахои наклиёти онхо расонидаанд, мувофики карори макомоти суд чуброн намоянд.

Дар сурати халокати иштирокчиёни харакат дар рох сохибони воситахои наклиёт, ки бо айби онхо ходисаи наклиёти рох руй додааст, ба оилаи шахси халокшуда ё нонхeрони e ба андозаи маоши сесолаи шахси халокшуда ёрдампулии яквакта мепардозанд, ки ин маблаг аз шахсони гунахкор ситонда мешавад.

Дар холати мачрух шудани иштирокчии харакат дар рох сохибони воситахои наклиёт ба вай аз маоши яксола то дусола ёрдампулии яквакта мепардозанд, ки ин маблаг аз шахсони гунахкор ситонда мешавад.

БОБИ 11

ШАРТНОМАХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

Моддаи 43. Шартномахои байналмилали

Агар дар шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон коидахое мукаррар шуда бошанд, ки аз коидахои конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи харакат дар рох фарк кунанд, коидахои шартномахои байналмилали татбик мегарданд.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                        Э.  РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе,  4 ноябри соли 1995,

№196

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …