Главная / Чамъият / КОГАЗХОИ КИМАТНОК

КОГАЗХОИ КИМАТНОК

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ БОЗОРИ КОГАЗХОИ КИМАТНОК

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2011, №6, мод. 456; с. 2014, №3, мод. 151;  с. 2015, №11, мод. 976; Конуни ЧТ аз 14.11.2016 с., №1373)

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки дар раванди барориш, пахнкуни, гардиш ва пардохти когазхои киматноки эмиссиони,  новобаста аз шакли ташкилию хукукии эмитент, хусусияти таъсисдихи  ва фаъолияти субъектхои бозори когазхои киматнок ба вучуд меоянд, танзим намуда, тартиби танзим ва назоратро дар бозори когазхои киматнок бо максади таъмини амали бехавф, кушода ва самараноки бозори когазхои киматнок, хифзи хукуки сармоягузорон ва дорандагони когазхои киматнок, ракобати боинсофонаи иштирокчиёни бозори когазхои киматнок муайян менамояд.  

qoqazhoi-qimatnok

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

андеррайтинг – аз чониби андеррайтер дар асоси созишнома бо эмитенти когазхои киматнок гузаронидани обунашави ба когазхои киматнок ё фуруши когазхои киматноке, ки бо тарики эмиссияи оммави бароварда шудаанд;

андеррайтер – иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки бо эмитенти когазхои киматнок бо ухдадории гузаронидани обунашави ба когазхои киматнок ё фуруши когазхои киматноки ба тарики эмиссияи оммави баровардашуда ё таъмини обунашави ба когазхои киматнок ё хариди онхо аз чониби шахсони дигар шартнома мебандад;

барориши когазхои киматноки эмиссиони – мачмуи хамаи когазхои киматноки як эмитент, ки арзиши номиналии баробар доранд ва ба дорандагони онхо вобаста аз намуди онхо андозаи баробари хукукхоро медиханд. Ба барориши когазхои киматноки  эмиссиони раками ягонаи бакайдгирии давлати дода мешавад, ки он нисбат ба хамаи когазхои киматноки эмиссионии барориши мазкур пахн мегардад. Барориши когазхои киматноки эмиссиони бо рохи бакайдгирии тархи барориш амали карда мешавад;

барориши иловагии когазхои киматноки эмиссиони – мачмуи когазхои киматнок, ки иловатан ба когазхои киматноки пештар пахнгардида пахн карда мешаванд;

бастаи калони сахмияхо – 5 фоиз ва зиёда аз он сахмияхои оддии аз тарафи чамъияти сахоми баровардашуда;

– бастаи сахмияхои назорати – беш аз 50 фоизи сахмияхои оддии аз тарафи чамъияти сахоми баровардашуда;

биржаи фонди – шахси хукукие, ки дар шакли ташкилию хукукии чамъияти сахоми таъсис ёфта, ташкили савдои когазхои киматнокро амали менамояд ва чихати мусоидат барои бастани ахдхо бо когазхои киматнок бо рохи истифодаи низоми савдои биржаи фонди хизмат мерасонад; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

бозори аввалияи когазхои киматнок – муносибатхое, ки дар раванди аз чониби эмитент бегонакунии когазхои киматнок ба сохибони аввал тавассути бастани ахди граждании хукуки ба рох монда мешаванд;

бозори муташаккили когазхои киматнок – доираи гардиши когазхои киматнок, ки дар он ахдхо бо когазхои киматнок бо расмиёт ва шартхое танзим мешаванд, ки ташкилкунандаи савдо барои иштирокчиёни ин ахдхо мутобики конунгузори мукаррар кардааст;

бозори номуташаккили когазхои киматнок – доираи гардиши когазхои киматнок, ки дар он ахд бо когазхои киматнок бе риояи талаботи бозори муташаккил амали карда мешавад;

бозори такрории когазхои киматнок – муносибатхое, ки дар раванди муомилоти когазхои киматноки пештар баровардашуда байни субъектхои бозори когазхои киматнок сурат мегиранд, ба истиснои муносибатхо дар бозори аввалияи когазхои киматнок;

вомбарг – когази киматноки эмиссиони мебошад, ки хукуки дорандаи онро барои аз шахси барорандаи вомбарг дар мухлати дар он пешбинишуда гирифтани арзиши номиналии вомбарг ё дигар молу мулки ба он баробарро тасдик менамояд, инчунин ба дорандаи он хукуки гирифтани фоизи он аз арзиши номиналии вомбарг ё хукукхои дигари молумулкиро медихад;

гардиши когазхои киматнок – бастани ахдхои граждани – хукуки  оид ба  когазхои киматнок дар бозори такрори;

делистинг – расмиёти аз чониби биржаи фонди хорич намудани когазхои киматнок аз руйхати нархгузори;

дороихои сармоягузори – маблагхои пули, когазхои киматнок, дороихои дигар, ки макоми давлатии ваколатдорнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон онхоро хамчун дороихои сармоягузори муайян намудааст;

дорандаи номинали – шахс, иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки сохибмулки когазхои киматнок намебошад, манфиатхои сахмдорро нисбат ба когазхои киматнок намояндаги мекунад ва ичрои хукукхоро ба онхо аз номи худ ва бо супориши сохибмулк дар асоси шартнома амали менамояд;

инсайдер – шахсе, ки бо сабаби сохиби намудани сахмияхои (хиссаи иштирок дар сармояи оинномавии) эмитент ё шахси бонуфузи он, аъзоги дар макоми идоракунии эмитент ё шахси бонуфузи он, бастани шартномаи мехнати ё шартномаи граждании хукуки бо эмитент ё бо шахси бонуфузи он, ваколатхои ба у хамчун мансабдори макоми давлати додашуда, инчунин дар холатхои дигари бо конунгузори мукарраргардида ба маълумоти инсайдери дастраси дорад;

иттилооти махфи – хама гуна иттилооте, ки оммави (кушода) набуда, ошкор кардани он метавонад ба нархи бозории когазхои киматноки баровардаи эмитент, ахдхо бо онхо, ба худи эмитент ва фаъолияти он, инчунин ба шахсони дигаре, ки иттилооти мазкур ба онхо дахл дорад, таъсир мерасонад;

иттилооти ба хама дастрас дар бозори когазхои киматнок – маълумоте, ки мувофики Конуни мазкур бояд ошкор карда шавад;

иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок – шахси хукукие, ки дорои ичозатнома барои амали намудани як ё якчанд намудхои фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок мебошад;

ичрои ахди биржави – ичрои хисобхо аз руи ахди бо когазхои киматнок дар биржаи фонди басташуда тавассути аз чониби тарафхо ичро кардани ухдадорихое, ки аз ахд бармеоянд;

когази киматноки эмиссиони – когази киматноке, ки дар як вакт дорои аломатхои зерин мебошад: мачмуи хукукхои молумулки ва гайримолумулкиро, ки боиси шаходат додан, гузашт кардан ва ичрои катъи бо риояи шакл ва тартибе, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, дар худ нигох медорад, бо барориш пахн карда мешавад, андоза ва мухлати  баробари ичрои хукукхоро дар дохили як барориш, новобаста ба вакти ба даст овардани когази киматнок, дорад;

когазхои киматноки эмиссионии номи – когазхои киматноке, ки маълумот дар бораи сохибони он ба эмитент дар шакли фехристи сохибони когазхои киматнок бояд дастрас бошад, гузариши хукукхо ба он ва амали намудани хукукхои бо он алокамандбуда хаммонандкунии хатмии сохиби онро талаб менамоянд;

листинг – расмиёти ворид намудани когазхои киматнок ба руйхати нархгузории биржаи фонди;

маълумоти инсайдери – хама гуна маълумот оид ба когазхои киматноки эмиссиони ва амалиёт бо онхо, инчунин дар бораи эмитенти ин когазхои киматнок ва фаъолияти у, ки ба шахсони сеюм маълум нест ва ошкор кардани он ба арзиши бозории ин когазхои киматнок метавонад таъсир расонад;

намуди гайрихуччатии когазхои киматноки эмиссиони – намуди когазхои киматноки эмиссиони, ки сохиби он дар асоси навиштачот дар низоми пешбурди фехристи сохибони когазхои киматнок ё дар холати ба нигохдори супоридани когазхои киматнок, дар асоси навиштачот дар хисоби депо муайян карда мешавад;

пахнкунии когазхои киматнок – бегона кардани когазхои киматноки эмитент ба сохибони аввал тавассути бастани ахдхои граждании хукуки;

пешниходи шахси – пешниход оид ба пахнкуни ё фуруш дар бозори когазхои киматнок ба гурухи шахсоне, ки хайати он пешаки муайян карда шудааст;

пешниходи оммави – пешниход оид ба пахнкуни ва фуруши когазхои киматнок, ки ба хама гуна шахсони вокеи ва хукуки манзур гардидааст, ба истиснои пешниходи шахси, фуруши когазхои киматнок дар раванди амали намудани мурофиаи муфлисшави мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, фуруши когазхои киматнок хангоми ичрои истехсолоти суди мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

раками бакайдгирии давлати – коди раками (харфи, аломати), ки барориши мушаххаси (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссионии ба кайди давлати гирифташавандаро муайян менамояд;

руйхати нархгузори – номгуи когазхои киматноки эмиссиони, ки ба талаботи ташкилкунандагони савдо чавобгу буда, бо тартиби мукарраргардида ба савдо рох дода шудаанд ва нисбати онхо бо хуччатхои дохилии биржаи фонди талаботи махсус (листинги) ба когазхои киматнок ва эмитентхои онхо мукаррар карда шудааст;

сармоягузор – шахси вокеи ва хукукие, ки маблаггузориро ба когазхои киматнок анчом медихад;

сармоягузори институтсионали – шахси хукукие, ки маблагхои шахсони вокеи ва хукукиро бо максади сармоягузори ба дороихои сармояви чалб менамояд;

сармоягузори инфироди – сармоягузоре, ки сармоягузори институтсионали намебошад;

сахмия – когази киматноки эмиссиони мебошад, ки чамъияти сахоми мебарорад ва вобаста ба намуд ва категория хукуки сахмдоронро барои гирифтани суди сахмия (дивиденд), иштирок дар идоракунии чамъияти сахоми, гирифтани кисми молу мулки чамъияти сахоми, ки пас аз бархам додани он боки мемонад, тасдик менамояд;

сертификати когазхои киматноки эмиссиони – хуччате, ки аз чониби эмитент бароварда мешавад ва мачмуи хукукхоро ба микдори дар сертификат зикргардидаи когазхои киматнок тасдик мекунад. Сохиби когазхои киматнок хукук дорад аз эмитент ичрои ухдадорихои онро дар асоси чунин сертификат талаб намояд;

низоми савдои биржаи фонди – мачмуи коидахо, расмиёти гузаронидани савдо, аз чумла бо истифодаи воситахои хисоббарор, таъминоти барномави, махзани маълумот, воситахои телекоммуникатсиони ва тачхизоти дигар, ки имконияти бастани ахдхо, таквият додан, нигох доштан, тахия ва ошкор кардани маълумоти барои бастан ва ичрои ахд бо когазхои киматнок зарурро таъмин менамояд;

субъектхои бозори когазхои киматнок – эмитентхо, сармоягузорон, иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, ташкилотхои худтанзимкунанда, макомоти ваколатдори давлати мебошанд;

тархи барориш – хуччате, ки аз чониби эмитент бароварда шуда, дорои маълумот дар бораи эмитент, вазъи молиявии он, когазхои киматноки баровардашудаи (баровардашавандаи) он мебошад;

ташкилкунандаи савдо – биржаи фонди ва ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок;

ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок – шахси хукукие, ки дар шакли ташкилию хукукии чамъияти сахоми таъсис ёфта, ташкил ва таъмини техникии савдои когазхои киматнокро бо рохи истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории байни мизочони хамин ташкилкунандаи савдо  амали менамояд; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

ташкилотхои худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок – иттиходияхои ихтиёрии иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, ки мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки амал мекунанд;

карор оид ба барориши когазхои киматнок – хуччати дорои  маълумоти кофи барои муайян намудани андозаи хукукхои когазхои киматнок мебошад;

– курби когазхои киматнок – нархи харид ва (ё) фуруши когазхои киматнок, ки аз чониби иштирокчии савдо пешниход шуда, дар низоми савдои биржаи фонди эълон карда шудааст;

шакли хуччатии когазхои киматноки эмиссиони – шакли когазхои киматноки эмиссиони, ки сохиби онхо дар асоси пешниходи когазхои киматноки ба тарзи муносиб ба расмият даровардашуда ё сертификати когазхои киматнок ё дар холати ба нигохдори супоридани онхо, дар асоси кайд бо хисоби депо муайян карда мешавад;

шахси бонуфуз – шахси вокеи ва хукуки, ки дорои кобилияти ба фаъолияти субъектхои бозори когазхои киматнок таъсир расонидан  мебошад;

ширкати идоракунанда – иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки аз номи худ ва аз хисоби мизочони ширкати идоракунанда ба манфиати онхо фаъолияти идоракунии бовариноки дороихои сармоягузориро  амали менамояд;

ширкати оммави – эмитенте, ки когазхои киматноки онро 50 ва зиёда аз он шахсон сохиби мекунанд ва ё эмитенте, ки пешниходи оммавии когазхои киматнокро амали намудааст ё амали менамояд. Чамъиятхои сахомии кушода ширкатхои оммави мебошанд.

эмиссияи оммавии когазхои киматнок – эмиссияи когазхои киматнок, ки дар баробари  пешниходи оммавии когазхои киматнок сурат мегирад;

эмиссияи шахсии когазхои киматнок – эмиссияи когазхои киматнок, ки дар рафти он эмитент когазхои киматноки худро тавассути пешниходи шахси мебарорад ва пахн мекунад;

эмитенти когазхои киматнок – шахси хукукие, ки барориши когазхои киматнокро мутобики конунгузори Чумхурии Точикистон амали намуда, аз номи худ ухдадор мешавад, ки ухдадорихоро дар назди сохибони когазхои киматнок, ки аз шартхои барориши когазхои киматнок (минбаъд -эмитент) бармеоянд, ичро мекунад;

эмиссияи когазхои киматнок – мачмуи амалхои пайдархам, ки барои пахнкунии когазхои киматнок зарур мебошанд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи бозори когазхои киматнок

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бозори когазхои киматнок ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1373)

 

Моддаи 3. Намудхои когазхои киматноке, ки барориш ва гардиши онхо бо Конуни мазкур

                      танзим карда намешаванд

 

  1. Конуни мазкур барориш ва гардиши намудхои зерини когазхои киматнокро танзим наменамояд:

– когазхои киматноки давлати ва когазхои киматноке, ки аз тарафи Бонки миллии Точикистон бароварда ё кафолат дода мешаванд;

– сертификати бонки;

– вексел;

– чек;

– борнома (коносамент).

  1. Барориши когазхои киматноки дар моддаи мазкур пешбинигардида, ба истиснои сертификати бонки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. Барориши сертификати бонки бо тартиби мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон ба танзим дароварда мешавад.
  2. Гардиши когазхои киматноки давлати дар бозор баробари дигар когазхои киматнок амали карда мешавад.

 

Моддаи 4. Тавсифоти асосии сахмияхо

 

  1. Хадди акали арзиши номиналии сахмияхо 1 сомони мебошад. Арзиши номиналии сахмияхои зиёда аз 1 сомони бояд ба хадди акали арзиши номиналии сахмияхо бебакия таксим шавад.
  2. Арзиши номиналии сахмияхои эмитент-резидентхо инчунин метавонад бо асъори хоричи ифода ёбад. Арзиши чунин сахмияхо дар санаи барориш набояд аз хадди акалли арзиши номиналии сахмияхои бо кисми 1 хамин модда пешбинишуда камтар бошад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  3. Сахмияхо дар шакли хуччати ё гайрихуччати бароварда мешаванд.
  4. Дар холати барориши шакли хуччати, сахмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи фирмавии эмитент ва макони чойгиршавии он;

– номи когази киматнок – сахмия, силсила ва раками тартибии он, санаи барориш ва раками сабти давлати, намуди сахмия (одди ё имтиёзнок) ва арзиши номиналии он, ном ё номгуи сохиби сахмия (барои сахмияи номи) ё ишора оид ба он, ки сахмия манзури бароварда шудааст;

– мухлати пардохти суди сахмияхо (дивидендхо);

– имзои (факсимили) ду шахси масъули эмитент, шарти гардиш, ном ва сурогаи иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки пешбурд ва нигохдории фехристи дорандагони когазхои киматнокро амали менамояд (дар кисми кафои он).

  1. Сертификати сахмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи когази киматнок «(Сертификати сахмияхо)», микдори сахмияхои шаходатдодаи он, категорияи сахмияхо;

– номи фирмавии эмитент ва махалли чойгиршавии эмитент;

– номи ширкат (барои шахсони хукуки) ё номи (барои шахсони вокеи) сохиби сахмия (барои сертификатхои сахмияхои номи) ё ишора оид ба он, ки сахмия манзури бароварда шудааст;

– арзиши номиналии як сахмия, мухлати пардохти суди сахмияхо (дивидендхо);

– махал ва санаи барориш, раками сабти давлати, силсила ва раками тартибии сахмия;

– имзои (факсимили) ду шахси ваколатдори эмитент ва номгуи хукукхо аз руи сахмияхо, инчунин ном ва сурогаи иштирокчии касбии бозори когазхои киматноке, ки пешбурд ва нигохдории фехристи дорандагони когазхои киматноки эмитентро амали менамояд (дар кисми кафои он).

  1. Сертификати сахмия метавонад дар бораи эмитент дигар маълумотхоро низ дошта бошад.
  2. Ба сертификати сахмия метавонад варакаи купони барои пардохти суди сахмияхо (дивидендхо) замима гардад.
  3. Варакаи купони аз ду кисм – худи купон ва талони он иборат мебошад.
  4. Купон барои пардохти суди сахмияхо (дивидендхо) хукуки сохиби сахмияро барои гирифтани даромад дар шакли суди сахмия (дивиденд) дар соли дар он ифодаёфта тасдик менамояд ва бояд чузъиёти асосии зеринро дар бар гирад:

– раками тартибии сабти купон барои пардохти дивидендхо;

– раками сабти давлатии сахмия, силсила ва раками тартибии сахмия, ки аз руи он суди сахмияхо (дивидендхо) пардохт карда мешавад;

– номи эмитент;

– махал ва санаи барориши сахмия;

– соли пардохти суди сахмияхо (дивидендхо), имзои (факсимили) шахсони ваколатдори эмитенти сахмия.

  1. Талони варакаи купони хукуки сохиби сахмияро ба гирифтани варакаи нави купони баъд аз пардохти тамоми купонхо тасдик менамояд ва бояд чузъиёти асосии зеринро дар бар гирад:

– раками тартибии сабти сахмия, силсила ва раками тартибии сахмияе, ки мувофики он суди сахмияхо (дивидендхо) пардохт карда мешавад;

– номи эмитент;

– махал ва санаи барориши сахмия;

– имзохои (факсимили) шахсони ваколатдори эмитенти сахмия.

  1. Сахмия таксимнашаванда аст. Дар сурати ба якчанд шахс тааллук доштани хамон як сахмия, он моликияти муштараки хамаи онхо дониста мешавад.
  2. Сохибони сахмия метавонанд хукукхои худро ба воситаи яке аз онхо ё тавассути намояндаи умуми амали намоянд.

 

Моддаи 5. Тавсифоти асосии вомбаргхо

 

  1. Вомбаргхо аз чониби шахсони хукуки бароварда шуда, арзиши ягонаи номинали ва шартхои якхелаи барориш ва пардохт доранд.
  2. Хадди акали арзиши номиналии вомбаргхо 10 сомони мебошад. Арзиши номиналии вомбаргхои зиёда аз 10 сомони бояд ба хадди акали арзиши номиналии вомбаргхо бебакия таксим шавад.
  3. Арзиши номиналии вомбаргхои эмитент-резидентхо инчунин метавонад бо асъори хоричи ифода ёбад. Арзиши чунин вомбаргхо дар санаи барориш набояд аз хадди акалли арзиши номиналии вомбаргхои дар кисми 2 хамин модда пешбинишуда камтар бошад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255);
  4. Шартхои барориш ва пахнкунии вомбаргхоро Конуни мазкур ва оинномахои ташкилотхо (эмитентхо) муайян мекунанд.
  5. Вомбаргхо дар шакли хуччати ё гайрихуччати бароварда мешаванд.
  6. Вомбаргхо метавонанд номи ва манзури бароварда шаванд.
  7. Дар холати барориши шакли хуччати, вомбарг бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи когази киматнок (“Вомбарг)”, номи фирмави ва махалли чойгиршавии эмитенти вомбарг, номи фирмави ё номи сохиби вомбарг ё навиштачот оид ба он, ки манзури бароварда шудааст, арзиши номинали;

– андозаи фоизхо, агар он пешбини шуда бошад;

– тартиб, мухлати пардохти он ва пардохти фоизхо;

– макон ва санаи барориш, инчунин раками сабти давлати, силсила ва раками тартибии вомбарг;

– имзои (факсимили) ду шахси ваколатдори эмитент ва хукукхое, ки аз вомбарг бармеоянд, инчунин ном ва сурогаи иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки пешбурд ва нигохдории фехристи сохибони вомбаргхоро амали менамоянд.

  1. Сертификати вомбарг метавонад маълумоти дигарро низ дар бораи эмитент дар бар гирад.
  2. Ба гайр аз кисми асоси ба вомбарг варакаи купони барои пардохти фоизхо метавонад замима гардад.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БОЗОРИ КОГАЗХОИ КИМАТНОК

 

Моддаи 6. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок макоми идоракунии давлати мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар бозори когазхои киматнок мегузаронад, танзим ва назорати фаъолияти субъектхои бозори когазхои киматнокро амали менамояд, хифзи хукукхои сармоягузоронро таъмин менамояд, инчунин дигар вазифахои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро амали менамояд.
  2. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда шуда, тартиби фаъолияти он бо Конуни мазкур мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои

                      киматнок

 

Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ваколатхои зеринро ичро мекунад:

– самтхои асосии рушди бозори когазхои киматнокро муайян менамояд ва фаъолияти макомоти давлатиро оид ба танзими бозори когазхои киматнок хамоханг месозад;

– талаботро нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок бо максади таъсис додани бозори миллии когазхои киматнок дар Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд;

– барориши когазхои киматноки эмиссиониро ба кайд мегирад;

– стандартхо ва коидахои якхелашудаи амалисозии фаъолияти касбиро бо когазхои киматнок, амалиёт бо когазхои киматнок, ошкор сохтани маълумот аз чониби чамъиятхои сахоми ва иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок тахия ва тасдик менамояд;

– талаботро чихати таъсис додани бозори миллии когазхои киматнок бо максади таъмини амали самаранок ва шаффофи он мукаррар менамояд;

– махакхои (меъёрхои) устувории молиявиеро, ки риояи онхо аз чониби иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок хатми мебошад, тахия намуда, талаботро оид ба риояи онхо мукаррар менамояд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои амали намудани фаъолияти касби бо когазхои киматнок ичозатнома медихад;

– Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнокро дар Чумхурии Точикистон пеш мебарад;

– фехристи ичозатномахои додашуда, боздошташуда ва бекоркардашудаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнокро пеш мебарад;

– аз чониби иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок ва чамъиятхои сахоми риоя гардидани талаботи конунгузори дар бораи когазхои киматнокро назорат мебарад;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, ташкилотхои худтанзимшавандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок ва чамъиятхои сахомиро оид ба риоя гардидани талаботи Конуни мазкур  месанчад;

– нисбат ба иштирокчиёни касби ва чамъиятхои сахоми, ки Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро, ки бозори когазхои киматнокро танзим менамоянд, вайрон кардаанд, чорахои пешбининамудаи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро меандешад;

– фаъолияти шахсонеро ки, дар бозори когазхои киматнок бе ичозатномаи дахлдор ба фаъолияти сохибкори машгуланд, пешгири менамояд;

– ба рушд ва дастгирии адолат, самараноки, ракобат ва тартиб дар бозори когазхои киматноки Чумхурии Точикистон мусоидат менамояд;

– бо макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, инчунин бо макомоти давлатии хоричи, ки бозори когазхои киматнокро танзим менамоянд, хамкори менамояд;

– манфиатхои конунии сармоягузоронро дар бозори когазхои киматноки Чумхурии Точикистон хифз менамояд;

– ба баланд бардоштани сатхи касбии иштирокчиёни бозори  когазхои киматнок мусоидат менамояд;

– оид ба масъалахои рушди бозори когазхои киматнок тадкикот мегузаронад;

– талаботи тахассусиро нисбат ба шахсон ва ташкилотхое, ки фаъолияти касбиро бо когазхои киматнок анчом медиханд, тасдик менамояд;

– масъалахои вобаста ба танзими бозори когазхои киматнокро шарху эзох медихад, тавсияхои методии дахлдорро тахия менамояд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои бакайдгирии тархи барориши когазхои киматноки гайридавлати бочи давлати меситонад ва дигар хизматрасонихои пулакиро анчом медихад;

– тибки мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» дар бораи хама гуна ахд ва амалиёти шубханоки субъектони бозори когазхои киматнок ба макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм хабар медихад. Пешниходи чунин маълумот ошкор намудани сирри тичорати ва  иттилооти махфии бо конун хифзшаванда шуморида намешавад; (КЧТ аз 14.03.14с., № 1076)

– ваколатхои дигари танзими давлатии муносибатхои дар бозори когазхои киматнок гузошташударо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

 

Моддаи 8. Хукукхои макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок

 

Бо максадхои амали намудани вазифахои худ мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад:

– санадхои меъёрии хукуки кабул намояд ва ичрои онхоро таъмин кунад;

– савдоро бо когазхои киматнок дар биржаи фонди дар холатхои ошкор гардидани далелхои содир кардани амалхои гайриконуни бо когазхои киматнок боздошт намояд;

– амалиётро оид ба хисоби шахсии шахси бакайдгирифташуда (сахмдор) ва амалиётро бо когазхои киматноки эмитент дар холатхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон боздошт намояд ва боздошти онро беэътибор созад;

– ба субъектхои бозори когазхои киматнок огохиномахои барои ичро хатмиро фиристонад, инчунин аз онхо ичрои онхоро талаб намояд;

– маводро ба макомоти хифзи хукук фиристонад ва доир ба масъалахои вобаста ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок бо даъво ба суд мурочиат намояд;

– аз макомоти давлати вобаста ба эмитентхои когазхои киматнок ва иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок маълумот талаб намояд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба субъектхои бозори когазхои киматнок барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи когазхои киматнок мучозоти маъмури дихад;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо макомоти ваколатдори хоричи, ки бозори когазхои киматнокро танзим менамоянд, созишнома дар бораи хамкори ба имзо расонад;

– аз чамъиятхои сахоми дар бораи молик-бенефитсиарон (манфиатгирон) маълумот  гирад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1373)

– дигар хукукхоро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон амали намояд.

Моддаи 9. Хукуки макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок

                      чихати дархости иттилоот аз субъектхои бозори когазхои киматнок

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок бо тартиб ва дар холатхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукук дорад аз субъектхои бозори когазхои киматнок иттилооти заруриеро, ки бо Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки манъ карда нашудааст, бо нишон додани сабабхои дархост талаб намояд.
  2. Субъекти бозори когазхои киматнок, ки талаботи хаттиро гирифтааст, вазифадор аст бо тартиб ва дар мухлати мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ин талаботро ичро намояд, ба истиснои холатхое, ки дар талабот оид ба зарурати пешниходи иттилоот сабаби дархост нишон дода нашуда бошад ё иттилооти дархостшуда мутобики Конуни мазкур мавзуи танзими макоми ваколатдори давлати набошад.
  3. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок вазифадор аст талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро оид ба сирри тичорати ва хифзи иттилооти махфи риоя намояд.
  4. Иттилооти аз субъектхои бозори когазхои киматнок воридгардида, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, набояд ошкор гардад ё ба шахси сеюм расонида шавад.

 

Моддаи 10. Хукуки макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок

                        чихати гузаронидани санчиши субъектхои бозори когазхои киматнок

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад кормандони худро барои гузаронидани санчиши риояи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби субъектхои бозори когазхои киматнок, ба истиснои ташкилотхои карзи, ваколатдор намояд. Дар ташкилотхои карзи санчиши риояи конунгузории Чумхурии Точикистонро Бонки миллии Точикистон ичро менамояд.
  2. Корманди барои гузаронидани санчиш ваколатдоршуда хукук дорад:

– ба бинои субъекти бозори когазхои киматнок дар вакти кори дохил шавад;

– аз субъекти бозори когазхои киматнок пешниход намудани хуччатхо ва маълумоти дигареро, ки ба гузаронидани санчиш вобаста мебошад, талаб намояд;

– хуччатхоро тафтиш намояд, аз онхо иктибос гирад, инчунин хуччатхои санчидашударо бо огох намудани рохбарияти субъекти дахлдор нусхабардори кунад.

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок санчишхоро бо тартиб ва дар мухлатхои пешбиникардаи  конунгузории Чумхурии Точикистон мегузаронад.
  2. Санчиши риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муковимат ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм дар фаъолияти субъектхои бозори когазхои киматнок аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар якчояги бо намояндагони макоми ваколатдори муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм гузаронида мешавад. (КЧТ аз 14.03.14с., № 1076)
  3. Субъекти бозори когазхои киматнок хукук дорад аз руи амали макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ва корманди он вобаста ба гузаронидани санчишхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят намояд.

 

Моддаи 11. Хукуки макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок

                         чихати андешидани чорахо нисбат ба субъекти бозори когазхои киматнок

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар холатхои ошкор намудани вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бозори когазхои киматнок аз чониби субъектхои бозори когазхои киматнок хукук дорад ба онхо чихати ичрои хатми барои бартараф намудани вайронкунии конунгузори огохинома (амр) фиристонад, субъектхои мазкурро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии маъмури кашад ва ба макомоти суди барои гирифтани карори суд бо максади хифзи хукукхои сохибони когазхои киматнок ва ё мизочони иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок мурочиат намояд.
  2. Хангоми ба даст овардани далелхои вайрон кардани конунгузори оид ба бозори когазхои киматнок, санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок аз чониби иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, инчунин барои пешниход накардани маълумот ё пешниход кардани маълумоти носахех ва ё нопурра аз чониби онхо ё вакте, ки иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок пардохтнопазир мегардад, макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад:

– барои ичрои хатми вобаста ба ислохи конунвайронкуни фавран ё дар давоми мухлати муайяншуда огохинома (амр) фиристонад;

– чорахои маъмури андешад;

– бо талаботе, ки  ичрояш хатми мебошад, мурочиат намояд;

– амали ичозатномаро ба мухлати то се мох муваккатан боздошт намояд;

– бо даъво ба суд барои бекор кардани ичозатнома мурочиат намояд.

  1. Дар холатхои пайдо шудани шубха ё ошкор шудани конунвайронкуни дар фаъолияти ташкилоти карзие, ки субъекти бозори когазхои киматнок мебошад, макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок аз Бонки миллии Точикистон хохиш менамояд ташкилоти карзии мазкурро санчад ва тибки конунгузории бонки нисбат ба вайронкунандаи конунгузории Чумхурии Точикистон чорахои фаврии ислохнамои ва таъсиррасони андешад. Бонки миллии Точикистон хукук дорад ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар хусуси боздошти ичозатномаи ташкилоти карзи оид ба фаъолияти иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок мурочиат намояд.

 

Моддаи 12. Пешбурди Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок дар Чумхурии

                         Точикистон

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пешбурд ва нигохдории Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнокро дар Чумхурии Точикистон амали менамояд.
  2. Дар Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок

дар Чумхурии Точикистон маълумот дар бораи хамаи когазхои киматноке, ки барориши онхо аз чониби эмитентхо дар худуди Чумхурии Точикистон амали шудааст, дарч мегардад.

  1. Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок дар Чумхурии Точикистон бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

– номи пурраи эмитент;

– маълумот дар бораи бакайдгирии давлатии эмитент;

– сурогаи хукукии эмитент;

– намуди когазхои киматноке, ки онхоро эмитент баровардааст;

– маълумот дар бораи микдори когазхои киматноки баровардашуда аз руи  эмиссияи онхо ва арзиши номинали аз руи хар намуди когазхои киматнок;

– намуди пешниходе (кушода ё пушида), ки барои пахнкуни истифода бурда шуда буд;

– маълумоти дигари пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок.

  1. Талабот ба эмитент оид ба тартиб ва хачми ошкор кардани ахборот дар бораи барориши когазхои киматнок бо максади ворид кардан ба фехристи когазхои киматнок бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мутобики Конуни мазкур мукаррар карда мешаванд.
  2. Шахсони вокеи ва ё хукуки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои пешниход накардани маълумот ё пешниход кардани маълумоти носахех оид ба барориши когазхои киматнок барои ворид кардани он ба Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок дар Чумхурии Точикистон дар хачм ва тартибе, ки Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар кардаанд, масъулият доранд.
  3. Хар шахси манфиатдор хукук дорад маълумоти дар Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок дар Чумхурии Точикистон мавчудбударо, ба истиснои маълумоте, ки дар кисми 6 моддаи 29 Конуни мазкур дарч гардидааст, дастрас намояд.
  4. Тартиби пешбурди Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок дар Чумхурии Точикистон, инчунин тартиби дастраси ба иттилооте, ки дар он мавчуд аст, бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок муайян карда мешаванд.
  5. Дар Фехристи ягонаи давлатии когазхои киматнок, ки макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пеш мебарад, бояд дар бораи сохибони бастаи калони сахмияхои чамъияти сахомии кушода, ки шахсияти моликони когазхои киматнокро ошкор менамояд, маълумот дарч гардад. Маълумот дар бораи моликони когазхои киматнок бо дархости макоми ваколатдор дар сохаи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм пешниход карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1373)

 

БОБИ 3.

МУКАРРАРОТИ АСОСИ ДАР БОРАИ КОГАЗХОИ КИМАТНОКИ ЭМИССИОНИ

 

Моддаи 13. Мукаррароти умуми

 

  1. Когазхои киматноки эмиссиони метавонанд номи ё манзури бошанд. Когазхои киматноки эмиссионии номи метавонанд дар шакли хуччати ва гайрихуччати бароварда шаванд. Когазхои киматноки эмиссионии манзури метавонанд танхо дар шакли хуччати бароварда шаванд.
  2. Бо талаби сохиби он метавонад як сертификат барои ду ё зиёда когазхои киматноки эмиссионии манзурии бадастовардаи як барориш  дода шавад.
  3. Сертификати когазхои киматноки эмиссионии манзури бояд маълумотеро, ки Конуни мазкур пешбини намудааст, дошта бошад.
  4. Микдори умумии когазхои киматноки эмиссионии манзури, ки дар хамаи сертификатхои додашудаи эмитент нишон дода шудааст, набояд аз шумораи когазхои киматноки эмиссионии манзурии барориши мазкур зиёд бошад.
  5. Хама гуна хукукхои молумулки ва гайримолумулкие, ки дар шакли хуччати ё гайрихуччати дарч гардидаанд, новобаста ба номгуи онхо когазхои киматноки эмиссиони мебошанд, агар шартхои пайдоиш  ва гардиши онхо ба мачмуи аломатхои когазхои киматноки эмиссиони мувофикат кунанд.
  6. Эмитентхои Чумхурии Точикистон хукук доранд когазхои киматнокро берун аз худуди Чумхурии Точикистон танхо бо ичозати макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пахн кунанд.
  7. Ташкили гардиши когазхои киматноки эмиссионии эмитент-резидент берун аз худуди Чумхурии Точикистон, аз чумла тавассути пахнкуни мутобики хукуки хоричии когазхои киматноки эмитенти хоричи, ки хукукхоро нисбат ба когазхои киматноки эмиссионии эмитент-резидент тасдик мекунад, танхо бо ичозати макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок амали карда мешавад.
  8. Ичозати мазкур аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хангоми риоя намудани шартхои зерин дода мешавад, агар:

– бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмитент-резидент амали гардида бошад;

–  когазхои киматноки эмитент-резидент ба руйхати нархгузории биржаи фонди ворид карда шуда бошанд;

–  дигар талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон риоя шуда бошанд.

  1. Ичозат барои пахнкуни ва ё гардиши когазхои киматноки эмитент-резидент берун аз худуди Чумхурии Точикистон дар асоси аризае, ки ба он хуччатхои тасдиккунандаи риояи талаботи моддаи мазкур замима мегарданд, аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дода мешавад. Номгуи чунин хуччатхо бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок муайян карда мешавад.
  2. Ичозат барои пахнкунии когазхои киматноки эмитентхо-резидентхо берун аз худуди Чумхурии Точикистон метавонад дар як вакт бо кайди давлатии барориши (барориши иловагии) чунин когазхои киматнок дода шавад.
  3. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ухдадор аст ичозати мазкурро дихад ё дар бораи рад кардани он дар давоми си рузи баъд  аз санаи гирифтани хамаи хуччатхои зарури карори далелнок кабул намояд.
  4. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад оид ба сахех будани маълумоте, ки дар хуччатхои барои гирифтани ичозат пешниход шудааст, санчиш гузаронад. Дар ин холат мухлати пешбининамудаи кисми 11 моддаи мазкур метавонад дар муддати гузаронидани санчиш, вале на зиёда аз дах руз тамдид карда шавад.
  5. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок метавонад чорахо андешад, то ки когазхои киматноки манзури бо максади конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастомада ва маблаггузории терроризм истифода нашаванд.
  6. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок бо талаби конунии макоми ваколатдори мубориза ба мукобили конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастомада ва маблаггузории терроризм бояд барориши когазхои киматноки манзуриро дар Чумхурии Точикистон манъ намояд.

 

Моддаи 14. Карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки

                         эмиссиони

 

  1. Карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони бояд инхоро дар бар гирад:

– номи пурраи эмитент, махалли чойгиршавии он ва сурогаи почтави;

– санаи кабули карор дар бораи пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– номи макоми ваколатдори эмитент, ки карорро дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони тасдик  кардааст;

– санаи тасдики карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони;

– андозаи сармояи оинномавии эмитент;

– максадхо ва самти фаъолияти у;

– нишондодхои шахсони мансабдори рохбарикунандаи эмитент;

– номи макоми назораткунанда;

– маълумот оид ба пахнкунии когазхои киматноки барориши пештар (дар холати пахнкунии когазхои киматноки эмиссионии иловаги);

– максади барориши когазхои киматноки эмиссиони;

– намуд, категорияи (шакли) когазхои киматноки эмиссиони;

– хукукхои молик, ки дар когази киматноки эмиссиони дарч гардидаанд;

– тартиби пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– нишондоди маблаги умуми ва микдори когазхои киматноки эмиссиони дар барориши мазкур (барориши иловаги);

– тартиби пардохти суди сахмияхо (дивидендхо);

– мухлати обунашави ба когазхои киматноки эмиссиони;

– нишондоди шакли когазхои киматноки эмиссиони (номи ё манзури);

– арзиши номиналии когазхои киматноки эмиссиони;

– мухлати баргардонидани маблагхо хангоми даст кашидан  аз гузаронидани барориши когазхои киматноки эмиссиони;

– имзои шахсе, ки вазифаи макоми ичроияи эмитентро амали менамояд,  мухри эмитент;

– маълумоти дигаре, ки бо Конуни мазкур ва оинномаи эмитент пешбини шудааст.

  1. Карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссионии чамъияти сахоми аз чониби шурои директорон (шурои нозирон) тасдик карда мешавад.
  2. Чамъияти сахоми танхо пас аз пардохти пурраи арзиши хамаи сахмияхо аз чониби сахмдорон дар бораи барориши вомбаргхо карор кабул карда метавонад.
  3. Карор дар бораи барориши вомбаргхо, ки аз руи онхо ичрои ухдадорихои эмитент ба тарики гарав, кафолати бонки ё дигар усулхои пешбининамудаи конунгузори таъмин карда мешавад, инчунин бояд маълумотро дар бораи шахси таъминкунанда ва   шартхои таъминот дар бар гирад.
  4. Таркиби маълумот дар бораи шахсе, ки таъминот пешниход мекунад, аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок муайян карда мешавад. Дар ин холат карор дар бораи барориши вомбарг, инчунин бояд аз чониби шахсе, ки чунин таъминотро фарохам овардааст, ба имзо расонида шавад.
  5. Вомбарге, ки ичрои ухдадорихои он бо яке аз усулхои дар моддаи мазкур зикршуда таъмин мегардад, ба дорандаи он хукуки талаб карданро нисбат ба шахси фарохамсозандаи чунин таъминот низ медихад.
  6. Эмитент хукук надорад карори барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиониро дар кисмати хачми хукукхо оид ба когазхои киматноки эмиссиони, ки бо ин карор мукаррар карда шудааст, пас аз кайди давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони тагйир дихад.
  7. Карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони дар ду нусха тахия мегардад. Пас аз бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони як нусхаи карор дар бораи когазхои киматноки эмиссиони дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок нигох дошта мешавад, як нусхаи дигар бошад, ба эмитент дода мешавад.
  8. Хангоми мавчуд будани номувофики дар матнхои нусхахои карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони афзалият ба матни хуччате  дода мешавад, ки дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок нигох дошта мешавад.
  9. Хангоми бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ба хар нусхаи карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони оид ба бадкайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ба кайд гузошта мешавад ва раками бакайдгирии давлатии додашуда ба барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони нишон дода мешавад.

 

БОБИ 4.

ЭМИССИЯИ КОГАЗХОИ КИМАТНОК

 

Моддаи 15. Расмиёти эмиссия ва даврахои он

 

  1. Расмиёти эмиссияи когазхои киматноки эмиссиони, агар тартиби дигар бо Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон  пешбини нагардида бошад, даврахои зеринро дар бар мегирад:

– кабули карор дар бораи пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– тасдики карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони;

– омода намудани тархи барориш;

– бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони;

– пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– тасдики хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони.

  1. Эмитент барои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони аз лахзаи бакайдгирии барориши когазхои киматнок ва додани раками бакайдгирии давлати дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок  хукук дорад.
  2. Барориши когазхои киматноке, ки аз кайди давлати нагузаштаанд, гайриконуни мебошад. Маблаге, ки аз фуруши хамин когазхои киматнок ба даст меояд, бояд мусодира гардида, ба сармоягузорон баргардонида шавад.
  3. Эмитент вазифадор аст дар давоми си рузи таквими пас аз бакайдгирии давлатии (азнавбакайдгирии) шахси хукуки барои бакайдгири ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок тархи барориши когазхои киматнокро пешниход намояд.

 

Моддаи 16.  Бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки

                         эмиссиони

 

  1. Бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиониро макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок (минбаъд – макоми бакайдгиранда), новобаста ба хачми умумии эмиссия ва усули обунашави (кушода ё пушида будани фуруши он) амали менамояд.
  2. Барои бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони хуччатхои зеринро пешниход кардан зарур аст:

– ариза дар бораи бакайдгирии давлатии когазхои киматноки эмиссиони;

– нусхаи тасдиккардаи нотариалии карор дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони, ки мутобики моддаи 14 Конуни мазкур ба расмият дароварда шудааст;

–  нусхаи тасдиккардаи нотариалии хуччатхои таъсиси;

– намунаи бланки когазхои киматнок ва ё сертификати когазхои киматнок дар холати барориши шакли хуччати;

– ду нусхаи тархи барориши когазхои киматнок;

– хуччати тасдиккунандаи пардохти бочи давлати барои бакайдгирии барориши когазхои киматнок.

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок вазифадор аст дар мухлати си рузи таквими аз санаи гирифтани хуччатхои барои бакайдгири пешниходшуда барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиониро ба кайди давлати гирад ё дар бораи рад кардани бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони карори асоснок кабул намояд.
  2. Хангоми бакайдгирии давлатии барориши когазхои киматноки эмиссиони ба он раками мушаххаси бакайдгирии давлати дода мешавад.
  3. Хангоми бакайдгирии давлатии хар як барориши иловагии когазхои киматноки эмиссиони ба он хамон раками мушаххаси бакайдгирии давлати бо коди иловагии ин барориши иловагии когазхои киматноки эмиссиони дода мешавад.
  4. Тартиби додани раками бакайдгирии давлати ба бароришхои когазхои киматноки эмиссиони аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар карда мешавад.
  5. Макоми бакайдгиранда танхо барои пуррагии маълумоте, ки дар хуччатхои барои бакайдгирии давлати пешниходшудаи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони нишон дода шудааст, чавобгу мебошад.
  6. Барои бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки гайридавлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бочи давлати ситонида мешавад.
  7. Барои бакайдгирии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони, ки маълумотро танхо дар бораи когазхои киматноки ба давлат тааллукдошта дар бар мегирад, бочи давлати ситонида намешавад.
  8. Коидахои барасмиятдарории бакайдгирии барориш ва стандартхои сертификатхои когазхои киматнокро макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар менамояд.

 

Моддаи 17. Асос барои рад кардани бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии)

                         когазхои киматноки эмиссиони

 

  1. Асос барои рад кардани бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ва бакайдгирии тархи барориши когазхои киматнок инхо мебошанд:

– аз чониби эмитент вайрон кардани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи когазхои киматнок, аз чумла дар хуччатхои пешниходшуда мавчуд будани маълумоте, ки боиси баровардани хулоса дар бораи зиддият доштани шарти эмиссия ва гардиши когазхои киматноки эмиссиони ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва мувофикат накардани шароити барориши когазхои киматноки эмиссиони ба конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи когазхои киматнок мегарданд;

– мувофикат накардани хуччатхои барои бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони пешниходшуда ва таркиби маълумоти дар онхо мавчудбуда ба талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок;

– дар давоми си рузи таквими бо дархости макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пешниход накардани хамаи хуччатхои зарури барои бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони;

– ба тархи барориши когазхои киматнок ё карор дар бораи барориши когазхои киматнок (хуччатхои дигар, ки барои бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони асос мешаванд) дохил намудани маълумоти бардуруг ё маълумоте, ки ба хакикат мувофик нест (маълумоти носахех).

  1. Нисбат ба карор дар бораи рад кардани бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ва тархи барориши когазхои киматнок ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 18.  Талабот нисбат ба пахн кардани когазхои киматноки эмитенти хоричи

 

  1. Когазхои киматноки эмитенти хоричи метавонанд дар худуди Чумхурии Точикистон пас аз бакайдгирии тархи барориши когазхои киматноки эмитенти хоричи аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пахн карда шаванд.
  2. Когазхои киматноки эмитенти хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон метавонанд пахн карда шаванд, агар эмитенти хоричи шартхои зеринро конеъ гардонад:

– эмитент хамчун шахси хукуки дар давлате, ки  резиденти он  мебошад, ба кайд гирифта шудааст ва мутобики конунгузории давлате, ки дар он ба кайд гирифта шуда, дорои макоми хукукии мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чамъияти сахомии кушода баробар бошад;

– эмитент бо иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки фаъолияти брокери ва ё дилериро барои муаррифии манфиатхои он дар бозори когазхои киматноки Чумхурии Точикистон амали менамояд, шартнома бастааст;

– эмитент бо иштирокчии касбии бозори когазхои киматноке, ки фаъолияти пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнокро амали менамояд, барои бахисобгирии хукукхои сохибони когазхои киматнок, ки дар Чумхурии Точикистон когазхои киматноки он пешниход шудаанд, шартнома баста бошад.

  1. Барои пахнкунии когазхои киматноки эмитенти хоричи ба гайр аз талаботе, ки дар кисми 1 ва 2 моддаи мазкур мукаррар гардидаанд, ичрои мукаррароти Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон талаб карда мешавад.

 

Моддаи 19. Талабот нисбат ба мундаричаи тархи барориши когазхои киматнок

 

  1. Маълумоти дар тархи барориши когазхои киматнок дарчгардида бояд ба хакикати вокеи мувофик буда, барои баходихии вазъи хочагию молиявии эмитент муносиб бошад.
  2. Маълумоти дар тархи барориш ифодаёфта наметавонад аз мухлати шашмоха зиёд бошад.
  3. Тархи барориши когазхои киматнок бояд инхоро дар бар гирад:

– тавсифномаи эмитент, номи фирмави, сурога ва санаи таъсиси эмитент, намуди асосии фаъолияти хочаги, иштироки эмитент дар гуруххои саноати, бонки ва молияви, иттиходияхои дигар, инчунин маълумот дар бораи чамъиятхои хочагидории фаръи ва вобастаи эмитент;

– маълумот дар бораи шахсони мансабдори эмитент, аз чумла маълумот дар бораи сохтор ва салохияти макоми идоракунии эмитент, руйхати шахсони ба хайати макоми идоракунии эмитент дохилбуда, микдори ба шахсони мансабдор мансуббудаи сахмияхои эмитент ва чамъиятхои фаръи ва вобастаи он.

  1. Маълумот дар бораи сахмдорони (иштирокчиёни) эмитент:

– маълумот дар бораи микдори умумии сахмдорони (иштирокчиёни) эмитент;

– маълумот дар бораи сохибони бастахои калони сахмияхо ва сахмдороне, ки сохибони бастаи назоратии сахмияхо мебошанд;

– маълумот дар бораи ахдхои бастаи эмитент, ки дар бастани онхо манфиатдории шахсони мансабдори он, шахсони бонуфузи сохибони бастахои калони сахмияхо дар се соли охири молиявии баанчомрасида ё барои хар як соли баохиррасида, агар эмитент фаъолияти худро аз се сол камтар амали карда бошад, инчунин дар давраи то санаи тахияи тархи барориши когазхои киматнок чой дошт.

  1. Маълумот дар бораи эмиссияи когазхои киматнок:

– сана ва раками протоколи кабули карор дар бораи барориши когазхои киматнок;

– намуд, категория (навъ) ва шакли когазхои киматноки эмиссионии пахншаванда;

– арзиши номиналии хар як намуд, категория (навъ), силсилаи когазхои киматноки эмиссионии пахншаванда;

– хачми тахминии барориш бо ифодаи пули ва микдори когазхои киматноки эмиссиони, ки пахнкунии он дар назар дошта шудааст;

– нархи (тартиби муайян намудани нархи) пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– максади гузаронидани эмиссия ва самтхои истифодабарии маблагхое, ки дар натичаи пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони ба даст омадаанд;

– тартиб ва мухлати пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– тартиб ва шартхои пардохти когазхои киматноки эмиссионии пахншаванда;

– тартиб ва шартхои бастани шартномахо дар рафти пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони дар холати мавчуд будани чунин шартхо;

– маълумот дар бораи биржаи фонди, ки дар он фуруши когазхои киматнок пешбини шудааст;

– номи иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок (агар эмитент аз хизматрасонии он истифода намояд);

– амале, ки дар холати барзиёд ё нарасидани сатхи обунашави ичро карда мешавад;

– маълумот дар бораи хиссаи иштироки давлат дар сармояи оинномавии эмитент, мавчуд будани хукуки махсус (“сахмияи тиллои”);

– тартиби ошкор кардани ахборот дар бораи пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони;

– тартиби баргардонидани маблагхои аз пардохти когазхои киматнок гирифташуда, дар холати баргузорнагардида эътироф намудани барориши когазхои киматноки эмиссиони;

– сурогаи махалхои пардохти даромадхо;

– номгуй ва натичахои эмиссияхои пештараи когазхои киматнок.

  1. Маълумот дар бораи вазъи молиявии эмитент, ки инхоро дар бар мегирад:

– хисоботи солонаи молиявии эмитент дар се соли охири молиявии баохиррасида ё барои хар як соли молиявии баохиррасида, агар эмитент фаъолияти худро камтар аз се сол амали карда бошад, хулосаи аудитор (аудиторон) нисбат ба хисоботи молиявии  мазкур;

– маълумот дар бораи карздории чори ва кредитхои эмитент;

– маълумот дар бораи далелхои асосие, ки дар давоми се соли охири баитмомрасидаи молияви ё хар соли баитмомрасидаи молияви рух додаанд, агар эмитент фаъолияти худро аз се сол кам амали карда бошад;

– тартиб ва самтхои истифодаи маблагхое, ки дар натичаи пахнкунии банакшагирифтаи когазхои киматнок чалб карда шудаанд;

– маълумот дар бораи иштироки эмитент дар мурофиахои суди, дар холатхое, ки агар чунин иштирок метавонад ба фаъолияти молиявию хочагии эмитент таъсир расонад.

  1. Тибки санадхои меъёрии хукукие, ки мутобик ба Конуни мазкур кабул гардидаанд, метавонад ба таркиб, мазмун ва тартиби барасмиятдарории тархи барориш талаботи иловаги мукаррар карда шавад.
  2. Тархи барориш бояд аз чониби шахсони масъули иттилооти дар тархи барориш дарчгардида, шахсони мансабдор ва шахсони дигари эмитент имзо карда шаванд.
  3. Шахсоне, ки ба тархи барориш имзо гузоштаанд, барои зараре, ки дар натичаи маълумоти носахех, нопурра ба сохиби когазхои киматнок расонида шудааст ва ё сармоягузорро ба иштибох мебарад, якчоя бо эмитент ба чавобгарии иловаги кашида мешаванд.
  4. Дар холати таъсисдихии чамъияти сахоми, тархи барориш бояд маълумотхоеро, ки дар кисмхои 3 ва 5 моддаи мазкур ифода ёфтаанд, дар бар гирад.
  5. Дар холати барориши вомбарг, ба гайр аз маълумоти дар кисмхои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур ифодаёфта дар тархи барориш бояд маълумоти зерин ифода ёбад:

– мухлати пардохт;

– дигар шартхо вобаста ба когазхои киматнок;

– кафолати ичрои ухдадорихо.

  1. Дар тархи барориш омилхои имконпазири хавф дар фаъолияти эмитент алохида бояд кайд карда шаванд.
  2. Тархи барориши эмитенти хоричи, ки пахнкунии когазхои киматнокро дар Чумхурии Точикистон амали менамояд, бояд маълумоти иловагии зеринро дар бар гирад:

– максадхои (сабабхои) пахнкунии когазхои киматнок дар худуди Чумхурии Точикистон;

– тартиби татбики хукук ва ухдадорихои сохибони когазхои киматноки эмитенти хоричи;

– тартиби баррасии бахсхои вобаста ба амали намудани хукукхои сохибони когазхои киматнок ва изхори даъво нисбат ба эмитент хангоми аз чониби он ичро накардани ухдадорихо оид ба когазхои киматнок;

– номгуи намояндаи эмитент дар Чумхурии Точикистон, ваколатхо ва масъулияти он дар назди сохибони когазхои киматнок;

– хавфхои вобаста ба хариди когазхои киматноки эмитенти хоричи;

– чорахои пасткунандаи хавфхо вобаста ба сохиби кардани когазхои киматноки эмитенти хоричи;

– маълумот дар бораи рейтинги кредитии эмитент;

– маълумот дар бораи гардиши когазхои киматнок берун аз худуди мамлакат, ки резиденти он эмитент мебошад;

– маълумот дар бораи хамаи биржахои фондии хоричи, ки дар онхо савдо бо когазхои киматноки эмитент амали шудааст (мешавад);

– нашрияхои  даврии чопи ва электрони, ки аз онхо дар бораи эмитент маълумоти иловаги гирифтан мумкин аст;

– маълумоти дигаре, ки бо санадхои меъёрии хукукии мутобики Конуни мазкур кабулшуда, пешбини гардидааст.

 

Моддаи 20. Тагйиру иловахо ба тархи барориш хангоми эмиссияи когазхои киматнок

 

  1. Эмитент вазифадор аст ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок тагйиру иловахоро ба тархи барориши когазхои киматнок бо маълумоти муфассали нав барои бакайдгирии он дар мухлати на дертар аз панч рузи кори аз лахзаи бавучудои ё ошкор шудани тагйиру иловахо дар холатхои зерин пешниход намояд:

– агар дар маълумоте, ки дар тархи барориш дарч гардидааст, тагйирот ба вучуд ояд;

– агар маълумоти нави мухим ба вучуд ояд, ки бояд дар тархи барориш ошкор шавад, агар он то лахзаи пешниход намудани тархи барориш ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок чой дошта бошад;

– агар тархи барориш маълумотеро дар бар гирад, ки он бардуруг бошад, ба иштибох барад ё дар тархи барориш оид ба ошкор кардани ахборот камбудихо мавчуд бошанд.

  1. Тагйиру иловахо ба тархи барориш аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар мухлати на зиёда аз дах рузи кори аз лахзаи пешниход кардани тагйиру иловахо ба кайд гирифта мешаванд.
  2. Дар давраи бакайдгирии тагйиру иловахо ба тархи барориш бастани ахдхо бо когазхои киматноки барориши мазкур манъ карда мешавад.
  3. Дар холати бакайдгирии тагйиру иловахо ба тархи барориш эмитенти когазхои киматнок бо тартиб ва усулхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок, ки мутобики Конуни мазкур кабул гардидаанд, бояд оид ба тагйиру иловахои ба тархи барориш воридкардашуда ба обуначиёни когазхои киматнок ва ба дигар сармоягузорони когазхои киматноки ба таври кушода пахншаванда  ахбор ошкор намояд.

 

Моддаи 21. Боздоштани пахнкунии когазхои киматнок ва бекор кардани тархи барориши

                        бакайдгирифташуда

 

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок метавонад пахнкунии когазхои киматнокро ба мухлати на зиёдтар аз як мох боздорад ва пас аз ба охир расидани ин мухлат метавонад бакайдгирии тархи бароришро дар холатхои зерин бекор намояд:

– тархи барориш дорои хама гуна маълумоте бошад, ки бардуруг аст ё  ба иштибох меандозад;

– дар раванди пахнкунии когазхои киматнок шартхои пешниходи когазхои киматнок вайрон карда шаванд;

– дар раванди пахнкунии когазхои киматнок талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукие, ки дар асоси Конуни мазкур кабул гардидаанд, вайрон карда шаванд.

  1. Хангоми боздоштани пахнкунии когазхои киматнок пешниходи когазхои киматнок дар давоми мухлате, ки пахнкуни боздошта шудааст, манъ аст.
  2. Хангоми бекор кардани бакайдгирии тархи барориш, шахсони пахнкунандаи когазхои киматнок вазифадоранд пахнкунии минбаъдаи когазхои киматнокро катъ кунанд.
  3. Агар хангоми эмиссияи когазхои киматнок бакайдгирии тархи барориш бекор карда шуда бошад, дар ин холат пахнкунии когазхои киматнок доирнагардида хисоб меёбад.

 

Моддаи 22. Маълумот дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки

                         эмиссиони, ки аз чониби эмитент ошкор карда мешавад

 

  1. Дар холати бакайдгирии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони эмитент вазифадор аст дастрасии иттилоотро, ки дар тархи барориши когазхои киматнок мавчуд аст ба хама гуна шахсони ба ин манфиатдор, новобаста ба максадхои гирифтани ин иттилоот, таъмин намояд.
  2. Дар холати обунашавии кушода эмитент вазифадор аст дар бораи бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ахборот чоп кунад, хамзамон тартиби ба хама гуна шахсони манфиатдор дастрас шудани маълумоти дар тархи барориши когазхои киматнок бударо дар макоми нашриявии ахбори омма нишон дихад.
  3. Дар холати обунашавии пушида, ки бо бакайдгирии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони сурат мегирад, эмитент вазифадор аст дар бораи бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ахборот чоп намуда, зимнан, тартиби ба сохибони эхтимолии когазхои киматнок дастрас шудани иттилоотеро, ки дар тархи барориши когазхои киматнок дарч мегардад, ишора намояд.

 

Моддаи 23. Шартхои пахнкунии когазхои киматноки эмиссионии баровардашуда

 

  1. Эмитент хукук дорад танхо пас аз бакайдгирии давлатии барориши когазхои киматноки эмиссиони дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ба пахнкунии когазхои киматнок шуруъ намояд.
  2. Микдори когазхои киматноки эмиссионии пахншаванда набояд аз микдоре, ки дар тархи барориши когазхои киматнок нишон дода шудааст, зиёд бошад.
  3. Эмитент метавонад микдори камтари когазхои киматноки эмиссиониро нисбат ба микдори дар тархи барориши когазхои киматнок нишондодашуда пахн кунад.
  4. Микдори вокеии когазхои киматноки пахнкардашуда дар хисобот оид ба натичахои барориш, ки барои тасдик пешниход мегардад, нишон дода мешавад.
  5. Маблагхои сармоягузорон хангоми баргузор нагардидани эмиссия бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок баргардонида мешаванд.
  6. Эмитент вазифадор аст пахнкунии когазхои киматноки эмиссионии баровардашударо на дертар аз як сол аз рузи бакайдгирии (азнавбакайдгирии) давлатии барориши (барориши иловагии) чунин когазхои киматнок ба охир расонад.
  7. Дар мавриди пахнкунии кушод ё муомилоти когазхои киматноки эмиссиони ба яке аз сохибони эхтимоли нисбат ба дигари он додани афзалият хангоми харидори намудани когазхои киматнок манъ аст.
  8. Мукаррароти мазкур дар холатхои зерин татбик намегардад:

– хангоми ба сахмдорони чамъияти сахоми додани хукуки афзалиятноки харидори намудани барориши нави когазхои киматнок ба микдоре, ки ба шумораи сахмияхои ба онхо мансуббуда дар лахзаи кабули карор дар бораи эмиссия мутаносиб аст;

– хангоми аз чониби эмитент ба гайрирезидентхо чори намудани махдудиятхо  барои харидори намудани когазхои киматнок.

  1. Ба эмитенте, ки когазхои киматнокро пахн менамояд, истифода бурдани маблагхое, ки дар рафти фуруши когазхои киматнок ба даст меоянд, манъ карда мешавад.
  2. Маблагхои пулие, ки дар рафти фуруши когазхои киматнок ба даст меоянд, то аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок баргузоргардида ё баргузорнагардида эътироф намудани пахнкунии когазхои киматнок дар хисоби бонкии бонки хизматрасон нигох дошта мешаванд.
  3. Дар холати баргузоргардида эътироф шудани пахнкунии когазхои киматнок, маблагхои пули ба суратхисоби эмитент гузаронида мешаванд, когазхои киматнок бошанд ба моликияти сармоягузорон (харидорон) ба хисоби онхо гузаронида мешаванд.
  4. Дар холати баргузорнагардида эътироф шудани пахнкунии когазхои киматнок:

– маблагхои пулие, ки аз пахнкунии когазхои киматнок ба даст омадаанд, дар давоми се рузи кори пас аз рузи баргузорнагардида эътироф шудани пахнкунии когазхои киматнок ба сармоягузорон баргардонида мешаванд;

– когазхои киматнок ба хисоби эмитенте, ки ин когазхои киматнокро пахн кардааст, баргардонида мешаванд. Хамзамон когазхои киматноки эмиссияи мазкур, ки пахнкунии онхо баргузорнагардида эътироф шудааст, бекор карда мешаванд.

  1. Махдудиятхое, ки дар кисмхои 7 ва 8 моддаи мазкур мукаррар гардидаанд, нисбат ба пахнкунии вомбарг татбик намегарданд.
  2. Тартиби нигохдори ва бахисобгирии маблагхое, ки аз фуруши вомбарг ворид мегарданд, аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 24. Хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои

                         киматноки эмиссиони

 

  1. Эмитент вазифадор аст на дертар аз си рузи пас аз ба охир расидани пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони хисобот пешниход намояд.
  2. Дар хисобот оид ба натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:

– санахои шуруъ гардидан ва ба охир расидани пахнкунии когазхои киматнок;

– нархи (нарххои) вокеии пахнкунии когазхои киматнок;

– микдори когазхои киматноки пахншуда;

-хиссаи когазхои киматноки пахнкардашуда ва пахнкарданашудаи барориш;

– хачми умумии воридшавии маблагхо барои когазхои киматноки пахншуда, аз чумла хачми маблагхо бо пули милли, ки барои пардохти когазхои киматнок супорида шудаанд, хачми маблагхои пули бо асъори хоричи, ки барои пардохти когазхои киматноки пахнкарда супорида шудаанд ва дар лахзаи супоридан аз руи курби Бонки миллии Точикистон бо пули миллии Чумхурии Точикистон ифода ёфтаанд, хачми дороихои модди ва гайримодди, ки хамчун пардохт барои пахнкунии когазхои киматнок супорида шуда,  бо пули миллии Чумхурии Точикистон ифода ёфтаанд;

– дар бораи ахдхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун ахдхои калон эътироф мегарданд ва ахдхое, ки дар бастани онхо манфиатдори мавчуд аст ва дар раванди пахнкунии когазхои киматнок ичро шудаанд.

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок вазифадор аст дар давоми дах рузи кори аз лахзаи пешниходи хисобот дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони оид ба тасдики хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматнок карор барорад ё пахнкунии мазкури когазхои киматнокро баргузорнагардида эътироф намуда, бакайдгирии тархи бароришро бекор кунад.
  2. Дар давоми панч рузи кори аз рузи тасдики хисобот дар бораи барориши (барориши иловагии) когазхои киматнок аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок эмитент вазифадор аст натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматнокро тавассути чоп кардани натичахои он ошкор намояд.
  3. Хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматнок  аз чониби шахсе, ки вазифаи макоми инфиродии ичроияи эмитентро амали менамояд ва сармухосиби он ба имзо расонида мешавад.
  4. Шахсоне, ки хисобот оид ба натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиониро ба имзо мерасонанд, хангоми мавчуд будани гунохи онхо барои зараре, ки аз чониби эмитент ба сохибони когазхои киматнок дар натичаи дар хисоботи мазкур дарч гардидани маълумоти носахех, нопурра ва ё сармоягузорро баиштибохбаранда, ки аз чониби онхо тасдик шудааст, якчоя масъулияти субсидиари доранд.

 

Моддаи 25. Боздоштани барориши когазхои киматнок. Баргузорнагардида ё беэътибор

                        эътироф намудани барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки

                        эмиссиони

 

  1. Барориши когазхои киматнок метавонад дар хама гуна даврахои расмиёти  эмиссия то тасдики хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони хангоми ошкор гардидани коидавайронкунихои зерин аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок боздошта шавад:

– дар чараёни эмиссия аз чониби эмитент вайрон кардани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи когазхои киматнок;

– дар хуччатхое, ки дар асоси онхо бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони амали шудааст, ошкор намудани иттилооти носахех ё баиштибохбаранда.

  1. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад эмиссияи когазхои киматнокро то бартараф намудани хукуквайронкуни боздорад. Дар ин холат рафти мухлати пахнкунии когазхои киматнок то лахзаи идома додани эмиссия боздошта мешавад. Идома додани эмиссия бо карори макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок амали мегардад.
  2. Тартиби боздоштан ва идома додани эмиссияи когазхои киматнок бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок муайян карда мешавад.
  3. Барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони метавонад бо карори макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок то ба кайди давлати гирифтани хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони баргузорнагардида эътироф карда шавад.
  4. Асос барои баргузорнагардида эътироф кардани барориши (барориши иловагии) когазхои киматнок инхо мебошанд:

– дар рафти эмиссияи когазхои киматнок аз чониби эмитент вайрон кардани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон, ки танхо бо рохи аз муомилот гирифтани когазхои киматноки эмиссионии барориши (барориши иловагии) когазхои киматнок   бартараф карда мешавад;

– дар хуччатхое, ки дар асоси онхо бакайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони амали карда шудааст, ошкор намудани маълумоти носахех ё баиштибохбаранда, ки боиси вайрон гардидани хукукхо ва ё манфиатхои конунии сармоягузорон ё сохибони когазхои киматноки эмитент мегардад;

– аз чониби эмитент ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пешниход нагардидани хисобот дар бораи натичахои барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони дар мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур пас аз ба охир расидани мухлати пахнкунии онхо;

– пахн накардани ягон когази киматноки барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони;

– аз чониби эмитент ичро накардани талаботи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар бораи бартараф намудани вайронкунии талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон, ки хангоми эмиссияи когазхои киматнок ба он  рох дода шудааст.

  1. Барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони метавонад бо даъвои макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар асоси карори суд беэътибор дониста шавад
  2. Беэътибор донистани ахдхои алохида, ки дар раванди пахнкунии когазхои киматноки эмиссиони баста мешаванд, боиси беэътибор гардидани барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони намегардад.
  3. Баргузорнагардида ё беэътибор донистани барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони боиси бекор гардидани бакайдгирии давлатии он, аз муомилот гирифтани когазхои киматноки эмиссионии барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссионии мазкур ва ба сохибони чунин когазхои киматноки эмиссиони баргардонидани маблагхои пули ё молу мулки дигаре, ки эмитент барои пардохти онхо гирифтааст, мегардад.
  4. Тартиби аз муомилот гирифтани когазхои киматноки эмиссиони ва ба сохибони чунин когазхои киматноки эмиссиони баргардонидани маблагхо ё молу мулки дигар бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар карда мешавад.
  5. Хамаи харочоти вобаста ба баргузорнагардида ё беэътибор донистани барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони ва баргардонидани маблагхо ба сохибони онхо аз хисоби эмитент амали карда мешаванд.
  6. Сохибони когазхои киматноки эмиссиони, ки бинобар сабаби баргузорнагардида ё беэътибор донистани барориши (барориши иловагии) когазхои киматноки эмиссиони зарар дидаанд, хукук доранд товони зарари расонидаро аз эмитенти когазхои киматнок талаб намоянд.

 

Моддаи 26. Тадбирхои иловаги оид ба химояи манфиатхои сармоягузорон

 

  1. Агар дар давраи гузаронидани фуруши озоди когазхои киматнок эмитент ба маълумот дар бораи барориши когазхои киматнок, ки дар тархи барориши когазхои киматнок нишон дода шудааст, ислохот дарорад, шахсоне, ки ба когазхои киматнок обуна шудаанд ё онхоро харидаанд, метавонанд дар давоми понздах рузи баъди нашри маълумоти нав шартномаро бекор намоянд, агар онхо чунин шуморанд, ки ин ислохот метавонанд ба курби (арзиши) когазхои киматнок таъсири номусоид расонанд.
  2. Дар сурати шартномаро бекор кардани харидор эмитент барои талофи намудани харочоту зиёнхои сармоягузорон, ки ба обунашави ва харидории когазхои киматнок алокаманданд, масъул мебошад.
  3. Агар ахбори аввал нашргардидаи тархи барориши когазхои киматнок, ки минбаъд ба он тагйирот ворид шудааст, аз тарафи иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок тасдик шуда бошад, ин иштирокчи якчоя бо эмитент дар назди сармоягузорон масъул мебошад.
  4. Агар маблаги вокеии обунашави ё харидории когазхои киматнок аз маблаге, ки онро эмитент дар тархи барориши когазхои киматнок эълон карда буд, кам бошад, шахсоне, ки ба когазхои киматнок обуна шудаанд ё онхоро харидори  намудаанд, дар мухлати понздах рузи баъди ба итмом расидани мухлати обунашави метавонанд шартномаро бекор кунанд. Эмитент бошад, дар ин холат вазифадор аст ба сармоягузорон пулхои гирифтаашро бе ухдадории пардохти фоизхо ва талофии харочот ё зиёнхои эхтимоли баргардонад.
  5. Дар мавриди аз маблаги дар тархи барориши когазхои киматнок эълонгардида зиёд будани маблаги обуна эмитент вазифадор аст ба обуначиён пулхоро ба микдоре баргардонад, ки аз андозаи барориши эълонгардида зиёд мебошад. Тартиби баргардонидани маблагхо дар маълумот дар бораи барориши когазхои киматнок тавсиф мегардад.

 

Моддаи 27. Хусусиятхои барориши вомбаргхо аз чониби чамъияти хочагидори

 

  1. Барориши вомбаргхо аз чониби чамъияти хочагидори пас аз пардохти пурраи сармояи оинномавии он ичозат дода мешавад.
  2. Арзиши номиналии хамаи вомбаргхои чамъияти хочагидори набояд аз андозаи сармояи оинномавии он ва ё хачми таъминоте, ки бо ин максадхо ба чамъияти хочагидори аз чониби шахсони сеюм дода шудааст, зиёд бошад.
  3. Хангоми набудани таъминоте, ки аз чониби шахси сеюм дода шудааст, барориши вомбаргхо на пештар аз соли сеюми мавчудияти чамъияти хочагидори ва бо шарти ба тарики муносиб тасдик гардидани хисоботи солонаи мухосиби дар ду соли ба охир расидаи молияви ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 28. Хукуки моликият ба когазхои киматнок

 

  1. Хукуки сохибони когазхои киматноки шакли хуччатии барориш бо когазхои киматнок, сертификатхо ва сабтхо аз руи хисоби депо дар махфуздорандахо (агар сертификатхо барои нигохдори ба махфуздоранда супорида шуда бошанд) тасдик мегардад.
  2. Хукуки моликият ба когазхои киматноки шакли барориши гайрихуччати дар низоми пешбурди фехрист – бо сабтхо дар хисобхои шахсии нигохдорандаи  фехрист ё дар холати бахисобгирии хукукхо ба когазхои киматнок дар махфуздоранда – бо кайдхо аз руи хисоби депо дар махфуздоранда  тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 29. Гузариши хукукхо ба когазхои киматнок

 

  1. Хукук ба когазхои киматноки номии гайрихуччати дар холатхои зерин ба харидор мегузарад:

– ба хисоб гирифтани хукукхо ба когазхои киматнок дар низоми пешбурди фехрист – аз лахзаи ворид намудани кайдхои воридоти дар хисоби шахсии харидор;

– ба хисоб гирифтани хукукхо ба когазхои киматнок ба шахсе, ки фаъолияти махфуздорандагиро амали менамояд – аз лахзаи ворид намудани кайди воридоти аз руи хисоби депои харидор.

  1. Тартиби гузаштани хукукхо ба когазхои киматноки хуччати бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нагардида бошад, дар ин холат махфуздоранда ё нигохдорандаи фехрист метавонанд когазхои киматнокро аз хисоби як нигохдорандаи бакайдгирифташуда ба хисоби шахси дигар бо асосхои зерин интикол диханд:

– бо супориши шахси бакайдгирифташуда;

– фармоиши интиколи;

– бо хуччатхое, ки бастани ахдро дар биржаи фонди тасдик менамоянд;

– бо хуччатхое, ки вориси хукукиро тасдик менамоянд;

– бо карори суд.

  1. Шахсе, ки пешбурди фехристи нигохдорандагони когазхои киматнокро амали менамояд, вазифадор аст дар бораи гузариши хукук ба когазхои киматнок дар фехрист дар давоми се рузи бонки аз лахзаи гирифтани хуччатхо кайди дахлдор кунад ё раддияи асоснокро ба кайди дахлдор пешкаш намояд.
  2. Дар холатхое, ки агар маълумот дар бораи чой доштани бавучудои, гузариш (супоридан), тагйир ёфтан, гарони ва катъ гардидани хукук ба когазхои киматнок ба шахси бахисобгирандаи хукук ба когазхои киматнок дар лахзаи пушида шудани фехрист барои ичрои ухдадорихои эмитент, ки таркиби когазхои киматнокро (овоздихи, гирифтани суди сахмия ва гайрахо) дар бар мегирад, хабар дода нашудааст, ичрои ухдадорихо нисбат ба шахси бакайдгирифташуда муносиб эътироф мегардад. Масъулият барои сари вакт расонидани чунин огохисози ба ухдаи харидори когазхои киматнок вогузор мешавад.
  3. Маълумот дар бораи сохибони когазхои киматнок, микдори ба онхо тааллукдоштаи когазхои киматнок ва дар бораи амалиёт бо онхо махфи мебошад, ба истиснои маълумот дар бораи сохибони бастаи калони сахмияхои чамъиятхои сахомии кушода, ки мувофики Конуни мазкур ошкор карда мешавад.
  4. Маълумоти мазкур метавонад ба инхо дода шавад:

– ба сохибони когазхои киматнок ва намояндагони конунии онхо;

– ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок;

– ба шахсони дигар дар асоси санади суди, ки кувваи конуни пайдо кардааст.

 

Моддаи 30. Гардиши когазхои киматнок

 

  1. Ахдхо оид ба хариду фуруши когазхои киматноки чамъиятхои сахоми дар бозори муташаккил ва номуташаккил баста мешаванд. Ахдхо дар бозори муташаккили когазхои киматнок аз чониби иштирокчиёни касби бо рохи хариду фуруши когазхои киматнок аз номи худ ё аз номи муштари, аз хисоби худ ё аз хисоби муштари баста мешаванд.
  2. Ахдхо дар бозори номуташаккили когазхои киматнок метавонанд хам аз чониби худи сармоягузорон ва хам бо истифодаи хизмати иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок баста шаванд.
  3. Ваколатхои иштирокчии касби дар бастани ахдхо бо когазхои киматнок бо бастани шартнома бо муштариёну, ки шартхои барои бастан ва ичрои ахдхо зарурро муайян мекунанд, тасдик мегарданд.
  4. Расмиёти бастани ахдхо бо когазхои киматнок ва сабти онхо бо коидахои ташкилоти дар бозори муташаккили когазхои киматнок амалкунанда муайян карда мешавад.

 

БОБИ 5.

ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ БОЗОРИ КОГАЗХОИ КИМАТНОК

 

Моддаи 31. Ошкор кардани иттилоот

 

  1. Зери мафхуми ошкор кардани иттилоот таъмини дастрасии он ба хамаи шахсони ба ин хавасманд, новобаста ба максадхои гирифтани иттилооти мазкур мутобики расмиёте, ки дарёфт кардан ва гирифтани онро кафолат медихад, фахмида мешавад.
  2. Иттилооти дастраси хама дар бозори когазхои киматнок иттилоте эътироф карда мешавад, ки  барои дастрасии он имтиёзхоро талаб намекунад ё он бояд мувофики Конуни мазкур ошкор карда шавад.
  3. Эмитенте, ки чамъияти сахомии кушода мебошад, вазифадор аст иттилоотро дар шакли хисоботи солона, ки дар таркиби он хисоботи молиявии эмитент барои як сол ва дигар иттилооти пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок шомил мебошанд, ошкор созад.
  4. Хисоботи молиявие, ки ба таркиби хисоботи солона шомил мебошад, бояд мутобики санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон тайёр карда шавад.
  5. Хисоботи солона бояд инхоро дар бар гирад:

– хисоботи солонаи молиявии эмитент ва хулосаи аудитор нисбат ба он;

– иттилоот дар бораи хамаи когазхои киматноки дар давоми соли хисоботи баровардаи эмитент;

– маълумот дар бораи микдори умумии сахмдорони (иштирокчиёни) эмитент;

– руйхати хамаи сахмдорони калон ва сахмдорон – сохибони бастахои назоратии сахмияхо ва хиссаи онхо дар микдори сахмияхои эмитент;

– маълумот дар бораи хар як шахси мансабдори эмитент;

– тавсифи кутохи тачрибаи идоракунии корпоративии эмитент;

– маълумоти дигари пешбининамудаи санадхои меъёрии хукуки, ки мутобики Конуни мазкур кабул шудаанд.

  1. Хисоботи солона на дертар аз навад рузи таквимии пас аз санаи баитмомрасии соли хисоботи тахия мегардад.
  2. Ифодаи кутохи хисоботи солона, аз чумла хисоботи молияви бо тартиб ва дар мухлати мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар воситахои чопи ё электронии ахбори омма чоп карда мешавад.
  3. Нусхаи хисоботи солона бояд барои шиносшави ба хамаи шахсони манфиатдор, ки ба онхо нусхаи хисобот бо пардохти маблаге, ки аз харочот барои тайёр кардани он зиёд нест, метавонад дастрас бошад.
  4. Эмитент бояд ба биржаи фондие, ки листинги когазхои киматноки онро анчом додааст, нусхаи хисоботи солонаро на дертар аз си рузи таквими пас аз тасдик гардидани хисоботи солона аз чониби макоми ваколатдори эмитент пешниход намояд.
  5. Хисоботи солона ва иттилоот дар бораи ошкорсозии он ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок на дертар аз чил рузи таквими аз санаи тасдики хисоботи солона аз тарафи макоми ваколатдори эмитент пешниход карда мешавад.
  6. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад хисоботи солонаи эмитентро нашр кунад ё бо тарзи дигар дастрасии онро ба доираи васеи шахсон таъмин намояд.

 

Моддаи 32. Аз чониби эмитент ошкор кардани иттилоот дар бораи далелхои мухим

 

  1. Эмитенте, ки чамъияти сахомии кушода мебошад, вазифадор аст маълумотро дар бораи далелхои мухим (ходисахо, амалиёт), ки ба фаъолияти молиявию хочагии он таъсир мерасонанд, ошкор созад.
  2. Ба далелхои мухим ходисае (далеле), ки ба фаъолияти молиявию хочагии эмитент ва ё ба нархи когазхои киматнок метавонад таъсир расонад, мансуб мебошад, аз чумла:

– тагйирот дар руйхати шахсони ба макоми идоракунии эмитент шомилбуда (ба истиснои мачлиси умумии сахмдорон);

– тагйирот дар андозаи иштироки шахсони ба макоми интихобии идоракунии эмитент дохилбуда, дар сармояи эмитент, инчунин чамъиятхои фаръи ва вобастаи он;

– тагйирот дар руйхати сохибони панч ва зиёда аз он фоизи когазхои киматнок (хиссахо), инчунин дар бораи тагйироти хиссахои сохибони панч фоиз  ва ё зиёда аз он когазхои киматнок (хиссахо) доранд;

– тагйирот дар руйхати шахсони хукукие, ки дар он эмитент сохиби бист ва зиёда аз он  фоизи сармояи оинномави мебошад;

– дар фехристи эмитент пайдо шудани шахсе, ки сохиби беш аз панч фоизи сахмияхои овоздиханда (хиссахо) мебошад;

– далелхое, ки боиси якбора беш аз дах фоиз зиёдшави ё камшавии арзиши дороихои эмитент гардидаанд;

– далелхое, ки боиси якбора беш аз дах фоиз зиёд шудани даромади соф ва зарари софи эмитент гардидаанд;

– далелхо дар бораи ахдхои якдафъаинаи эмитент, ки андозаи онхо ё арзиши молу мулк аз руи онхо дах фоиз ва зиёда аз он дороихои эмитентро дар санаи бастани ахд ташкил медихад;

– азнавташкилдихии эмитент, чамъиятхои фаръи ва вобастаи он;

-даромадхои хисобкардашуда ва ё пардохтшаванда (пардохтшуда) аз руи когазхои киматноки эмитент;

– карорхои мачлиси умуми;

– пардохти когазхои киматноки эмитент;

– ходисахои (далелхои) дигар, ки бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пешбини шудаанд.

  1. Эмитент на дертар аз панч рузи кори аз лахзаи фарорасии далели мухим вазифадор аст:

– дар бораи далелхои мухим дар воситахои ахбори омма маълумот нашр намояд;

– дар бораи далелхои мухим ба биржаи фонди маълумот пешниход намояд, агар когазхои киматноки эмитенти мазкур дар биржаи фонди нархгузори (котировка) карда шаванд.

  1. Эмитент на дертар аз се рузи кори аз санаи ошкор намудани иттилоот дар бораи далелхои мухим бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи мазкур вазифадор аст дар бораи далелхои мухим ва ошкор намудани онхо ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок маълумот фиристонад.
  2. Биржаи фонди вазифадор аст на дертар аз се рузи кори аз лахзаи гирифтани иттилоот дар бораи далелхои мухим ба иштирокчиёни савдои худ дар бораи далелхои мухим маълумот дихад. Иштирокчии савдо дар мухлати се рузи кори аз лахзаи гирифтани иттилоот вазифадор аст мизочони худро бо иттилоот дар бораи далелхои мухим, ки ба у пешниход гардида буданд, шинос намояд.
  3. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад иттилооти эмитентхоро дар бораи далелхои мухим нашр намояд ё дастрасии онхоро бо тарзи дигар ба доираи васеи шахсон таъмин намояд.

 

Моддаи 33. Иттилооти хизмати

 

  1. Иттилооти хизмати хама гуна иттилооти дастраси умуминабуда  дар бораи эмитент ва когазхои киматноки эмиссионии баровардаи у хисоб меёбад, ки шахсони дорои онро  бинобар  вазъи хизмати, ухдадорихои мехнати ё шартномахои бо эмитент басташуда дар мукоиса бо дигар иштирокчиёни бозори когазхои киматнок дар мавкеи афзалиятнок чой медихад.
  2. Ба шахсони дорои иттилооти хизмати инхо мансубанд:

– аъзои макоми идоракунии эмитент;

– аудиторони эмитент ё иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки бо шартнома бо ин эмитент алокаманд мебошад;

– хизматчиёни макомоти давлати, ки бинобар доштани ваколатхои назорати ва ваколатхои дигар ба иттилооти мазкур дастраси доранд.

  1. Хамзамон зери мафхуми аъзои макоми идоракунии эмитент  шахсоне фахмида мешаванд, ки доимо ё муваккатан дар шахсони хукукии мазкур вазифахои вобаста ба ичрои ухдадорихои ташкилию рохбари ё маъмурию хочагиро ишгол менамоянд, инчунин  аз руи ваколати махсус чунин ухдадорихоро ичро мекунанд.
  2. Шахсони вокеие, ки ба иттилооти хизматии ба корхонахо-эмитентхо мансуббуда рох дода шудаанд, инчунин аъзоёни оилаи онхо метавонанд когазхои киматноки ин эмитентхоро танхо бо шарти бо худ нигох доштани онхо ба мухлати на кам аз шаш мох харидори намоянд.
  3. Шахсоне, ки дорои иттилооти хизмати мебошанд, хукук надоранд иттилооти хизматиро барои бастани ахд ба шахсони сеюм маълум намоянд.

 

БОБИ 6.

ФАЪОЛИЯТИ КАСБИ ДАР БОЗОРИ КОГАЗХОИ КИМАТНОК

 

Моддаи 34. Намудхои фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок

 

  1. Дар бозори когазхои киматнок намудхои зерини фаъолияти касби мукаррар карда мешаванд:

– фаъолияти брокери дар бозори когазхои киматнок;

– фаъолияти дилери дар бозори  когазхои киматнок;

– оид ба идораи портфели когазхои  киматнок;

– оид ба муайян кардани ухдадорихои тарафхо (клиринг) аз руи амалиёт бо когазхои киматнок;

– оид ба пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок;

– фаъолияти махфуздори;

– фаъолияти ташкили савдо дар бозори когазхои киматнок.

  1. Иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок шахсони хукукие буда метавонанд, ки танхо бо фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок машгул мебошанд.

 

Моддаи 35. Ичозатномадихи ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори когазхои

                        киматнок

 

Ичозатномадихи ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

 

Моддаи 36. Шартхое, ки мувофики онхо ба пешбурди фаъолияти касби бо когазхои

                         киматнок хамчун иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ичозат дода

                         намешавад

 

  1. Шахси хукукие, ки дар фонди оинномавии он хиссаи ягон иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ё хиссаи шахси хукуки, ки ширкаткунандаи он иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок мебошад, аз бист фоиз зиёд аст, барои хукуки пешбурди фаъолияти касби бо когазхои киматнок хамчун иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ичозатнома гирифта наметавонад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок наметавонад аз дигар иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок моликиятро ба андозаи беш аз панч фоизи фонди оинномави харидори намояд.
  3. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок наметавонад бо инхо савдо кунад:

– когазхои киматноки манзурии барориши худ;

– сахмияхои он эмитенте, ки у сохиби беш аз панч фоизи фонди оинномавии он мебошад.

  1. Маълумоти дар моддаи мазкур ифодагардида наметавонад хамчун сирри тичоратии иштирокчиёни ахдхо эътироф гардад.

 

Моддаи 37. Талабот нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок

 

  1. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок бояд ба талаботи зерин мутобикат намояд:

– доштани воситахои барномавию техники ва тачхизоти дигар, ки барои амали намудани фаъолият дар бозори когазхои киматнок заруранд;

– хуччатхои дохилии иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ташкилотхои худтанзимкунанда, ки шарт ва тартиби амали намудани фаъолиятро дар бозори когазхои киматнок мукаррар менамоянд, бояд ба талаботи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мувофикат намоянд;

– риояи дигар талаботи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Кормандони иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки дар амали намудани фаъолияти касби бевосита иштирок менамоянд, вазифадоранд ба талаботи тахассусии мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мувофик бошанд.
  2. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ва додани шаходатномаи тахассусиро макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар менамояд.
  3. Шаходатномаи тахассуси ба мухлати амали ичозатномаи иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок дода мешавад.

 

Моддаи 38. Фаъолияти брокери дар бозори когазхои киматнок

 

  1. Фаъолияти брокери ин фаъолият оид ба бастани ахдхои гражданию хукуки бо когазхои киматнок бо супориши мизоч аз ном ва аз хисоби мизоч ё аз номи худ ва аз хисоби мизоч дар асоси шартномаи дахлдор бо мизоч эътироф мегардад.
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки фаъолияти брокериро амали менамояд, брокер ном бурда мешавад.
  3. Брокер вазифадор аст когазхои киматнок, маблагхои мизочон ва амалиётро бо онхо мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба хисоб гирад.
  4. Пул ва когазхои киматноки мизоч алохида аз дороихои шахсии брокер ба хисоб гирифта мешаванд ва дар холати муфлисшави ё бархамдихии ихтиёрии брокер ба тавозуни бархамдихи дохил карда намешаванд.
  5. Брокер бахисобгирии хукук ба когазхои киматноки мизочони худро дар махфуздоранда, нигохдории пулхои мизочро дар хисоби (хисобхои) алохида дар бонкхои тичорати, ки брокер ё махфуздорандаи брокер мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон кушодааст, таъмин менамояд. Дороихои мизочони брокер, ки дар махфуздоранда ё дар бонкхои тичорати чойгир мебошанд, наметавонанд аз руи ухдадорихои брокер ситонида шаванд.
  6. Аз чониби брокер бе супориши хаттии мизоч аз номи мизоч харидан ё фурухтани когазхои киматнок ё ба шахси дигар додани когазхои киматноке, ки ба мизоч мансубанд, манъ аст.
  7. Брокер вазифадор аст супоришхоеро, ки у ё шахси ваколатдори вай аз мизочон мегирад, бо нишон додани номи хар як мизочи  супоришдода, тафсилоти супориш ва вакти воридшавии он харруза ба хисоб гирад.
  8. Брокер вазифадор аст ба мизочон ошкорсозии иттилоотро дар бораи когазхои киматноке, ки мавзуи ахдхо мебошанд, мутобики талаботи Конуни мазкур таъмин намояд.
  9. Брокер вазифадор аст супоришхои мизочонро барои харид, фуруш ва ивази когазхои киматнок бо тартибе, ки супориш ворид мешавад, ичро намояд ва вазифадор аст ба супориши мизоч нисбат ба супоришхои шахсии брокер ё шахси бонуфуз ё шахси ба брокер алокаманд доир ба амалиёт бо когазхои киматнок афзалият дихад.
  10. Брокер вазифадор аст супориши мизочро бечунучаро ичро намояд, агар ичрои супориш бар хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон набошад. Дар ин холат брокер вазифадор аст ба мизоч хабар расонад, ки вай хукук надорад супориши уро ичро намояд.
  11. Брокер хукук надорад бо когазхои киматноке, ки эмитенти он худи у мебошад, ахдхо бандад.
  12. Тартиби амали намудани фаъолияти брокери дар бозори когазхои киматнок аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 39. Фаъолияти дилери дар бозори когазхои киматнок

 

  1. Фаъолияти дилери ин бастани ахдхои хариду фуруши когазхои киматнок аз номи худ ва аз хисоби худ бо рохи эълони оммавии нарххои харид ва ё фуруши когазхои киматноки муайян бо ухдадории харид ва ё фуруши ин когазхои киматнок аз руи нархи эълоннамудаи шахсе, ки чунин фаъолиятро амали менамояд, эътироф мегардад.
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматноке, ки фаъолияти дилериро амали менамояд, дилер ном бурда мешавад.
  3. Ба гайр аз нарх дилер хукук дорад дигар шартхои мухими шартномаи хариду фуруши когазхои киматнокро эълон намояд:

– микдори камтарин ва зиёдтарини когазхои киматноки харидашаванда ва ё фурухташаванда;

– инчунин мухлате, ки дар давоми он нарххои эълоншуда амал мекунанд.

  1. Хангоми дар эълон набудани ишора ба дигар шартхои мухим дилер вазифадор аст тибки шартхои мухими аз чониби мизоч пешниходшуда шартнома бандад.
  2. Дар холати саркаши кардани дилер аз бастани шартнома нисбат ба он мумкин аст дар бораи бастани мачбурии чунин шартнома ва ё дар бораи чуброни зарари ба мизоч расонидашуда даъво карда шавад.
  3. Дилер хукук надорад бо когазхои киматноке, ки эмитенти он  худи у мебошад, ахдхо бандад.
  4. Тартиби амали намудани фаъолияти дилери дар бозори когазхои киматнок аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

 

Моддаи 40. Фаъолият оид ба идоракунии портфели когазхои киматнок

 

  1. Фаъолият оид ба идоракунии портфели когазхои киматнок ин фаъолият оид ба идоракунии бовариноки когазхои киматнок эътироф мегардад, ки ба шахси хукуки аз чониби сохиби ин когазхо мутобики шартномаи басташуда пешкаш гардидаанд.
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки фаъолияти идоракунии портфели когазхои киматнокро амали менамояд, идоракунанда номида мешавад.
  3. Фаъолият оид ба идоракунии портфели когазхои киматнок аз чониби идоракунанда бо максади гирифтани фоида ба манфиати мизочи идоракунанда бар ивази мукофтпули амали карда мешавад.
  4. Идоракунанда сохиби дороихои мизоч намебошад.
  5. Молу мулки идоракунанда бояд аз молу мулки мизочони идоракунанда чудо карда шавад.
  6. Ситонидани дороихои инвеститсионии мизочони ширкати идоракунанда аз руи ухдадорихои ширкати идоракунанда манъ аст.
  7. Тартиби амали намудани фаъолият оид ба идоракунии портфели когазхои киматнок, хукук ва ухдадорихои идоракунанда бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 41. Фаъолият оид ба муайян намудани ухдадорихои тарафхо (клиринг) аз руи

                         амалиёт бо когазхои киматнок

 

  1. Фаъолият оид ба муайян намудани ухдадорихои тарафхо (чамъовари, мукоиса, тахрири иттилоот оид ба ахдхо бо когазхои киматнок ва тайёр кардани хуччатхои мухосиби аз руи онхо) ва хисоби аз руи таъмини когазхои киматнок ва хисоббаробаркунихо бо онхо фаъолияти клиринги эътироф мегардад.
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки фаъолияти клирингиро амали менамояд, ташкилоти клиринги номида мешавад.
  3. Ташкилотхое, ки клирингро бо когазхои киматнок амали менамоянд, бинобар сабаби хисоббаробаркуни аз руи амалиёт бо когазхои киматнок хуччатхои мухосибиро, ки хангоми муайян намудани ухдадорихои тарафхо дар асоси шартномахо бо иштирокчиёни бозори когазхои киматнок омода карда шуданд, ки барои онхо хисоббаробаркуни гузаронида мешавад, барои ичро кабул мекунанд.
  4. Ташкилоти клиринги вазифадор аст коидахои амали намудани фаъолияти клирингиро тасдик кунад.
  5. Талабот нисбат ба ташкилотхои клиринги, инчунин коидахои амали намудани клиринг бо когазхои киматнок аз тарафи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар карда мешаванд.
  6. Коидахои амали намудани клиринг бо когазхои киматнок, инчунин тагйиру иловахо ба онхо бояд бо макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мувофика карда шаванд.
  7. Ташкилоти клиринги, ки хисоббаробаркуниро аз руи ахдхо бо когазхои киматнок амали менамояд, вазифадор аст барои паст кардани хавфхои ичро накардани ахдхо бо когазхои киматнок фондхои махсус таъсис дихад.
  8. Андозаи камтарини фондхои махсуси ташкилоти клирингиро макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар менамояд.

 

Моддаи 42. Фаъолият оид ба пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок

 

  1. Фаъолият оид ба пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок ин фаъолият оид ба чамъкуни, кайдкуни, коркард, нигохдори ва пешниход кардани маълумоте эътироф мегардад, ки низоми пешбурди фехристи сохибони когазхои киматнокро ташкил медихад.
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки фаъолиятро оид ба пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок амали менамояд, дорандаи фехрист номида мешавад.
  3. Эмитенти когазхои киматнок бояд бо нигохдорандаи фехристи когазхои киматнок барои пешбурд ва нигохдории фехристи дорандагони когазхои киматнок шартнома бандад.
  4. Дар холатхои истиснои макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок барои пешбурди фехристи сахмдорони чамъиятхои сахоми, ки дар онхо хиссаи давлат мавчуд аст ва аз руи хусусияти фаъолияти худ объектхои махсусан мухим ба хисоб мераванд, хукук дорад.
  5. Чамъияти сахомии пушида хукук дорад пешбурд ва нигохдории фехристи сахмдоронро мустакилона таъмин намояд ё пешбурд ва нигохдории онро ба нигохдорандаи фехрист супорад.
  6. Фехристи дорандагони  когазхои киматноки як эмитент бояд аз чониби як нигохдорандаи фехрист пеш бурда шавад. Нигохдорандаи фехрист метавонад фехристхои сохибони когазхои киматноки шумораи номахдуди эмитентхоро пеш барад.
  7. Тартиби пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок, супоридани фехристи дорандагони когазхои киматнок ва хамаи хуччатхои дигари вобаста ба пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар карда мешавад.
  8. Нигохдорандаи фехрист вазифадор аст бо талаби дорандаи когазхои киматнок иктибосро аз фехрист, ки дорои маълумот дар бораи сохиби хисоби шахси, микдори когазхои киматноки мансуб ба хамин  дорандаи талабкунанда, далелхои гаронии онхо бо ухдадорихо, инчунин иттилооти дигари марбут ба ин когазхои киматнок мебошад, пешниход намояд. Иктибос аз низоми пешбурди фехрист, ки хангоми гузариши хукук ба когазхои киматнок ба расмият дароварда шудаанд, ба сохибони онхо ройгон дода мешавад.
  9. Дар холати катъ кардани амали шартнома аз руи нигохдории низоми пешбурди фехрист байни эмитент ва нигохдорандаи фехрист, нигохдорандаи фехрист иттилоотро, ки аз эмитент гирифтааст, хамаи маълумот ва хуччатхоеро, ки низоми пешбурди фехристро ташкил медиханд, инчунин фехристеро, ки дар санаи катъ кардани амали шартнома тахия гардидааст, ба дигар нигохдорандаи фехристи нишондодаи эмитент месупорад.
  10. Нигохдорандаи фехрист, инчунин кормандони он, муассисон набояд шахси бонуфузи эмитент, шахси мансабдори он ва иштирокчии эмитент бошанд, ки мустакилона ё якчоя бо шахсони бонуфуз сохиби панч  фоиз ва зиёда аз он сахмияхои эмитенти мазкурро сохиби менамоянд.
  11. Нигохдорандаи фехрист хукук надорад дар ихтиёри худ когазхои киматноки эмитентеро, ки фехристи нигохдории когазхои киматноки онро  пеш мебарад, дошта бошад.
  12. Раддияи беасоси нигохдорандаи фехрист дар бораи ворид намудани кайдхо ба фехрист ё саркаши кардан аз чунин кайдхо боиси чавобгарии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.
  13. Нигохдорандаи фехрист барои зараре, ки бинобар сабаби гайриимкон гардидани амалисозии хукукхои конунии мизоч дар натичаи аз чониби нигохдорандаи фехристи дорандагони когазхои киматнок вайрон кардани тартиби пешбурди фехрист дар назди мизоч масъул мебошад.
  14. Нигохдорандаи фехрист барои аз чониби эмитент пешниход шудани маълумоти носахех бо максади тахия ва пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок чавобгар намебошад.
  15. Маълумот дар бораи амалиёт бо когазхои киматнок, хисобхо, микдори когазхои киматноки шахсони вокеи ва хукуки, ки дар фехристи сохибони когазхои киматнок ифода ёфтаанд, махфи мебошад. Иттилооти мазкур ба инхо дода мешавад:

– сохибони когазхои киматнок ва намояндагони конунии онхо;

– макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок;

– макоми ваколатдор дар сохаи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1373)

– шахсони дигар дар асоси карори суд, ки мавриди амал карор гирифтааст.

 

Моддаи 43. Фаъолияти махфуздори

 

  1. Фаъолияти махфуздори  ин хизматрасони оид ба нигохдории когазхои киматнок, сертификатхои когазхои киматнок ва ё бахисобгири ва гузаштани хукук ба когазхои киматнок эътироф карда мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки фаъолияти махфуздориро амали менамояд, махфуздоранда номида мешавад.
  3. Шахсе, ки аз хизматрасонии махфуздоранда  барои нигохдории когазхои киматнок, сертификатхои когазхои киматнок ва ё бахисобгирии хукукхо ба когазхои киматнок истифода мебарад, депонент номида мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  4. Шартномаи байни махфуздоранда ва депонент, ки муносибатхои онхоро дар раванди фаъолияти махфуздори  танзим менамояд, шартномаи махфуздори номида мешавад. Шартномаи махфуздори  бояд дар шакли хатти баста шавад.
  5. Махфуздоранда вазифадор аст шартхои амали кардани фаъолияти махфуздориро, ки кисми таркибии чудонашавандаи шартномаи махфуздории басташуда мебошанд, тасдик намояд.
  6. Бастани шартномаи махфуздори боиси гузаштани хукуки сохибият ба когазхои киматноки депонент намегардад.
  7. Махфуздоранда хукук надорад когазхои киматноки депонентро ихтиёрдори кунад, онхоро идора намояд ё аз номи депонент хама гуна амалиётро бо когазхои киматнок, ба гайр аз супориши депонент дар холатхои пешбининамудаи шартномаи махфуздори ичро намояд.
  8. Махфуздоранда барои таъмини амнияти сертификатхои когазхои киматноки дар у махфуздошта масъулияти гражданию хукуки дорад.
  9. Ба когазхои киматноки депонентхо наметавонад аз руи ухдадорихои махфуздоранда чарима баста шавад.
  10. Махфуздоранда  хукук дорад маблагхои пулии депонентхоро, ки барои маблаггузории когазхои киматнок пешбини гардидаанд, маблагхои пулие, ки аз фуруши когазхои киматнок ба даст омадаанд, инчунин маблагхои пулиеро, ки дар шакли даромад аз руи когазхои киматноки дар махфуздоранда  нигохдоришавандаи депонент ба даст омадаанд, нигох дорад ва ба хисоб гирад.
  11. Махфуздоранда маблагхои пулиро дар хисоби (хисобхои) бонкии алохида, ки махфуздоранда дар бонкхои тичорати мекушояд, нигох медорад.
  12. Махфуздоранда хукук дорад дар фехристи дорандагони когазхои киматнок хамчун дорандаи номиналии когазхои киматнок ба кайд гирифта шавад.
  13. Махфуздоранда барои ичро накардан ё ба таври номуносиб ичро кардани ухдадорихои худ аз руи бахисобгирии хукукхо ба когазхои киматнок, аз чумла барои пурраги ва дурустии кайдхо аз руи хисобхои депо масъул мебошад.
  14. Иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок ва дигар шахсони хукуки хамчун муассис метавонанд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махфуздорандаи марказиро таъсис диханд. Тартиби фаъолияти махфуздорандаи маркази аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 44. Фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори когазхои киматнок

 

  1. Фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори когазхои киматнок хамчун фаъолияти биржаи фонди ва ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок эътироф карда мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  2. Биржаи фонди вазифадор аст хуччатхои зерини дохилиро тасдик намояд:

– коидахои савдои когазхои киматнок;

– коидахои листинги когазхои киматнок;

– маблаг ва тартиби пардохти боч, аъзохаккихо ва пардохтхои дигаре, ки биржаи фонди меситонад;

– коидахое, ки фаъолияти иштирокчиёни савдоро барои каллобии  нарххо махдуд месозад;

– тартиби ошкорсозии ахборот аз чониби биржаи фонди.

  1. Коидахои савдои когазхои киматнок бояд инхоро дар бар гиранд:

– тартиби бастани ахдхо бо когазхои киматнок тавассути низоми савдо ва шартхои гузаронидани савдо;

– талаботе, ки нисбат ба иштирокчиёни савдо, тартиби рох додан барои иштирок дар савдо ва хорич намудан аз хайати иштирокчиёни савдо пешниход мешаванд;

– тартиби рох додани когазхои киматнок ба савдо;

– тартиби боздоштан ва идомаи савдо;

– тартиби ичрои ахдхое, ки дар биржаи фонди баста шудаанд;

– тартиби баррасии бахсхо байни иштирокчиёни савдо, инчунин байни иштирокчиёни савдо ва биржаи фонди.

  1. Коидахои савдои когазхои киматнок, инчунин тагйиру иловахо ба онхо бояд хатман бо макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мувофика карда шуда, пас аз он мавриди амал карор дода мешаванд.
  2. Биржаи фонди вазифадор аст коидахои савдои когазхои киматнок, руйхати когазхои киматнокеро, ки ба листинги биржаи фонди ворид карда шудаанд, маълумот дар бораи ахдхо бо онхо (ба гайр аз маълумот дар бораи иштирокчиёни ахдхо) ва нишондихандахои биржавиро барои шиносшави ба хар  шахси манфиатдор пешниход намояд.
  3. Биржаи фонди хукук дорад андоза ва тартиби аз иштирокчиёни савдо ситонидани аъзохакки, бочхо ва пардохтхои дигарро барои хизматрасонихои худ муайян кунад.
  4. Биржаи фонди бояд аз руи бастани ахдхо дар биржаи фонди бо максадхои ошкорсозии холатхои истифодабарии иттилооти хизмати, каллобии нарххо ва риоя намудани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи когазхои киматнок ва санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок аз чониби иштирокчиёни савдо ва эмитентхое, ки когазхои киматноки онхо ба руйхати нархгузори дохил шудаанд, назорати доими барад.
  5. Иштирокчиёни савдо вазифадоранд ба биржаи фонди тибки талабаш  маълумоти ба он барои назорат зарурро мувофики коидахои гузаронидани савдо дар биржаи фонди пешниход намоянд.
  6. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад нозирони биржавиро, ки барои назорат бурдан ба риояи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби биржаи фонди ваколатдор мебошанд, таъин намояд.
  7. Биржаи фонди хукук надорад фаъолияти ташкили савдои когазхои киматнокро бо дигар намудхои фаъолият омехта намояд.
  8. Ифодаи «Биржаи фонди» ё ифодае, ки дар он ибораи «Биржаи фонди» мавчуд аст ё ибораи ба он монандро дар номгуи ширкати худ ё барои максадхои кори ё рекламаи одди танхо хамон ташкилоте истифода бурда метавонад, ки бо тартиби муайяннамудаи кисми 2 моддаи мазкур таъсис гардида бошад.
  9. Коидахои амали намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори когазхои киматнок аз чониби биржаи фонди дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок тасдик карда мешаванд. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  10. Фаъолияти асосии ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок ин ташкили низоми мубодилаи нархгузории когазхои киматнок байни мизочони хамин ташкилкунандаи савдо мебошад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  11. Мизочони ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок метавонанд танхо иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок бошанд. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)
  12. Ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок вазифахои зеринро ичро менамояд:

– истифодабари ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории когазхои киматнок;

– ба мизочони худ додани имконияти дастрасии истифода ва дастгирии низоми мубодилаи нархгузории когазхои киматнок бо максади бастани ахдхо бо когазхои киматнок ва дигар воситахои молиявие, ки ба муомилот дар ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок ворид шудаанд;

– ташкили мубодилаи мунтазами нархгузории когазхои киматнок байни мизочони ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок;

– ташкили мубодилаи иттилоот оид ба бастани ахдхо бо когазхои киматнок байни мизочони ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок;

– ба мизочони худ пешниход кардани иттилооте, ки барои бастани ахдхо бо когазхои киматноки ба муомилот дар ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок воридшуда зарур мебошад.

(КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

  1. Коидахои амали намудани фаъолият оид ба ташкили савдо дар ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок аз чониби ташкилоти нархгузории бозори гайрибиржавии когазхои киматнок,  дар  мувофика бо макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок  тасдик карда мешаванд. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 45. Талаботи иловаги нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок,

                        ки фаъолияти ташкили савдоро дар бозори когазхои киматнок ва фаъолияти

                       махфуздориро амали менамоянд

 

Талаботи иловаги нисбат ба иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматноке, ки фаъолияти ташкили савдоро дар бозори когазхои киматнок ва фаъолияти махфуздориро дар бозори когазхои киматнок амали менамоянд, инхоро дар бар мегиранд:

– мавчуд будани коидахои амалиёти ва иктидорхои техникии дахлдор барои таъмини иттилоотрасони дар бораи амалиётхои гузаронидашуда дар речаи вакти вокеи;

– чорахои кофи барои таъмини назорат ба фаъолияти иштирокчиён ва субъектхои бакайдгирифташуда дар раванди савдо, инчунин чорахое, ки ичрои талаботи биржаи фондиро аз чониби онхо таъмин менамоянд;

– хуччатхои дохили, ки талабот ва ваколатхои дахлдореро муайян месозанд, ки барои амали сохтани назорат дар бозори когазхои киматнок бо максади пешгирии амалхои каллоби ва амали сохтани мониторинг бо риояи коидахои дахлдори амалиётии иштирокчиёни бозори когазхои киматнок кофи мебошанд.

(КЧТ аз 23.11.15 с., № 1255)

 

Моддаи 46. Якчоя кардани намудхои фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок

 

  1. Фаъолият оид ба пешбурди фехристи дорандагони когазхои киматнок фаъолияти истиснои буда, наметавонад бо дигар намудхои  фаъолияти касбии бозори когазхои киматнок якчоя карда шавад.
  2. Махдудияти омехта намудани намудхои фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок ва ахдхо бо когазхои киматнок аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок мукаррар карда мешавад.
  3. Дар холати аз чониби як шахси хукуки омехта кардани якчанд намуди фаъолияти касби, барои амали намудани хар кадоми онхо шахси хукукии мазкур бояд ичозатномаи дахлдор ва вохиди сохтории алохида дошта бошад.

 

Моддаи 47. Дорандаи номинали

 

  1. Дорандаи номинали метавонад хукукхои зерини молумулкиро амали намояд:

– хариду фуруши (иваз намудани) когазхои киматнок;

– аз номи мизоч гирифтани даромад аз руи когазхои киматнок, агар ин дар шартнома пешбини шуда бошад.

  1. Ба хайси дорандаи номиналии когазхои киматнок махфуздоранда  ва брокер метавонанд баромад кунанд.
  2. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки махфуздоранда намебошад, наметавонад хамчун дорандаи номиналии когазхои киматнок ба манфиати дигар дорандаи номинали баромад кунад.
  3. Супоридани когазхои киматнок ба дорандаи номинали боиси гузаштани хукуки моликият ба когазхои киматнок ба дорандаи номинали намегардад.
  4. Дорандаи номинали ухдадор аст:

– ахдхоро бо когазхои киматнок бо супориши шахс (ё намояндаи он), ки ба манфиати он у дорандаи номиналии когазхои киматнок мебошад ва мутобики шартномае, ки бо ин шахс баста шудааст, амали намояд;

– когазхои киматнокеро, ки у ба манфиати шахси дигар дар хисобхои чудогонаи берун аз тавозун дорад, ба хисоб гирад;

– бо талаби шахс (ё намояндаи вай), ки у ба манфиати вай дорандаи номиналии когазхои киматнок мебошад, когазхои киматнокро ба хисоби шахсии он дар фехристи дорандагони когазхои киматнок ё ба хисоби депо дар махфуздоранда  дихад;

– маълумотро дар бораи сохибони когазхои киматнок бо талаби нигохдорандаи фехрист, махфуздоранда, макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ошкор созад;

– на дертар аз се рузи кори аз лахзаи гирифтани пардохтхо аз руи ин когазхои киматнок дар ин бора шахсеро, ки ба манфиати у дорандаи номиналии когазхои киматнок мебошад, огох намояд ва маблаги аз ин когазхои киматнок бадастомадаро ба суратхисоби шахси мазкур дар давоми се рузи кори аз лахзаи гирифтани супориши дахлдори вай гузаронад.

 

Моддаи 48. Андеррайтер

 

  1. Ба хайси андеррайтер танхо брокер ва дилер баромад карда метавонанд.
  2. Пахнкуни ва рекламаи когазхои киматнок аз чониби андеррайтер наметавонад то бакайдгирии тархи барориши когазхои киматнок дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ба чо оварда шаванд.
  3. Андеррайтер вазифахои зеринро амали менамояд:

1) омода кардани эмиссияи оммавии когазхои киматнок:

– эълони оммави дар бораи нияти эмитент чихати гузаронидани эмиссияи оммавии когазхои киматнок;

– якчоя бо эмитент тахия намудани хуччатхо ва муайян кардани шартхои эмиссияи оммавии когазхои киматнок;

– додани бахои пешаки ба эмиссияи оммавии когазхои киматнок, баркарор намудани робитахо байни эмитентхо ва сармоягузорон;

– мусоидат намудан ба бакайдгирии тархи барориши когазхои киматнок дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок.

2) фуруши когазхои киматнок:

– фуруши когазхои киматнок ба сармоягузорон;

– гузаронидани маъракаи рекламави;

– вобаста ба шакли андеррайтинг кафолат додани хариди когазхои киматнок хангоми пахнкунии онхо;

– дастгирии корхои тахлили ва тадкикоти.

  1. Аз руи шартнома метавонад дигар намудхои хизматрасонихо аз чониби андеррайтер ё андеррайтерхо оид ба ташкили оммавии пешниход ва хизматрасонии пахнкунии когазхои киматнок пешбини гардад.
  2. Бо шартномаи байни эмитенти когазхои киматнок ва андеррайтер ба ухдаи андеррайтер ухдадории обуна шудан ба хамаи когазхои киматнок ё кисми онхо ё харидани хамаи когазхои киматнок ё кисми онхо, ки бо тарики обуна пахн карда намешаванд ё аз руи  натичахои барориши оммави дар рузи охирини барои обунашавии оммавии мукарраршуда харида мешаванд, гузошта мешавад.
  3. Дар шартнома бояд андозаи мукофоти андеррайтер барои хамаи намудхои хизматрасони оид ба ташкили пешниходи оммави ва хизматрасонии пахнкунии когазхои киматнок пешбини гардад.
  4. Андеррайтерхо хукук надоранд:

– ба сахмгузорони эхтимоли бо максади хавасмандкунии онхо иттилооти носахех пешниход намоянд ва ба кабули карори инвеститсиони таъсир расонанд;

– оид ба гузаронидани тахкикотхо ба эмитент хисоботи галат ва носахех пешниход намоянд ва инчунин тархи бароришеро пешниход кунанд, ки дар он иттилооти носахех ё нопурра ифода гардида бошад;

– тархи бароришеро, ки дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ба кайд гирифта нашудааст, истифода  ва пахн намоянд;

–  маъракаи рекламавиро гузаронанд ё ба таври оммави когазхои киматнокро дар давраи то бакайдгирии тархи барориш дар макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пешниход намоянд;

– иттилоотро дар бораи эмитент пешниход намоянд, ки ба пешниходи оммавии когазхои киматнок робита надорад.

  1. Андеррайтер дар холатхое, ки агар дар натичаи амали гайриконунии он эмитент зарар бинад, дар назди эмитент масъулияти пурраи молумулки дорад.

 

Моддаи 49. Аз чониби иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ба мизочон ошкор

                        намудани маълумот

 

Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ухдадор аст:

– ба мизоч чихати шинос шудан бо хамаи иттилооти дар бораи когазхои киматнок мавчуда, эмитенти онхо (ба истиснои иттилооте, ки дар бозори когазхои киматнок дорои сирри тичорати ва хизмати мебошад) хангоми кабули фармон барои ичрои ахдхо бо когазхои киматнок имконият фарохам созад;

– дар бораи эхтимолият ва далелхои ба вучуд омадани бахси манфиатхо дар раванди бо супориши мизочи худ бастани ахдхо бо когазхои киматнок, уро огох созад;

– ба мизочи худ сабабхои даст кашидан аз ичрои талаботи уро шарх дихад;

– иттилоотеро, ки аз эмитентхо гирифта шуда, барои пахн кардан таъин гардидааст, ба маълумоти мизочон расонад;

– дар хачм ва тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок иттилооти ба фаъолияти ичозатномадор дахлдоштаро ба мизочон ошкор созад.

 

Моддаи 50. Ошкорсозии иттилоот ва хисоботи иштирокчии касбии бозори когазхои

                        киматнок

 

  1. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок вазифадор аст:

– ба маълумоти макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок тагйиру иловахоеро, ки ба хуччатхои хангоми ичозатномагири пешниходшуда ворид карда шудаанд, расонад;

– бо талаби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок иттилооти заруриеро, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон  манъ карда нашудааст, пешниход кунад.

  1. Иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок бояд маълумотро дар шакли хисоботи солона ва семоха, ки дар таркиби он хисоботи молиявии иштирокчии касбии когазхои киматнок барои соли гузашта ва маълумоти дигар, ки бо санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок пешбини гардидааст, ошкор созад.

 

Моддаи 51. Ошкорсозии иттилоот ва хисоботи биржаи фонди

 

  1. Биржаи фонди вазифадор аст ба хар як шахси манфиатдор маълумоти зеринро ошкор созад:

– чадвали хизматрасонихои биржаи фонди дар бозори когазхои киматнок;

– руйхати когазхои киматноке, ки ба руйхати баходихии биржаи фонди ворид карда шудаанд, инчунин хисобот ва дигар ахбороти эмитентхои онхо;

– маълумот дар бораи ахдхо дар биржаи фонди;

– нишондихандаи индекси биржаи фонди;

– хуччатхои дохилии биржаи фонди.

  1. Дар бораи хар як ахди дар биржаи фонди басташуда ба хамаи шахсони манфиатдор иттилооти зерин расонида мешавад:

– сана ва вакти бастани ахдхо;

– номгуи когазхои киматнок, ки мавзуи ахдхо мебошанд;

– нархи як когази киматнок;

– микдори когазхои киматнок.

  1. Биржаи фонди ухдадор аст ба иштирокчиёни савдо дастрас будани иттилоотро дар бораи чадвали савдои когазхои киматноке, ки ба савдои когазхои киматнок ичозат дода шудаанд, нархгузории (курби) когазхои киматнок, натичахои чаласаи савдо таъмин намояд.
  2. Биржаи фонди ухдадор аст дастрасии иттилоотеро, ки дар кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур оварда шудааст, тавассути нашр намудан дар интернет – сахифаи расмии худ таъмин намояд.
  3. Биржаи фонди ухдадор аст ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хисобот пешниход намояд.

 

БОБИ 7.

ТАШКИЛОТХОИ ХУДТАНЗИМКУНАНДАИ ИШТИРОКЧИЁНИ КАСБИИ БОЗОРИ

КОГАЗХОИ КИМАТНОК

 

Моддаи 52. Ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои

                        киматнок

 

  1. Ташкилоти худтанзимкунанда аз чониби иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок чихати таъмини шароит барои  фаъолияти касбии иштирокчиёни бозори когазхои киматнок, риояи стандартхои ахлоки касби дар бозори когазхои киматнок, химояи манфиатхои сохибони когазхои киматнок ва мизочони дигари иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок, ки аъзои ташкилоти худтанзимкунанда мебошанд, мукаррар намудани коидахо ва стандартхои гузаронидани амалиёт бо когазхои киматнок, ки фаъолияти пурсамарро дар бозори когазхои киматнок таъмин менамоянд, таъсис дода мешавад.
  2. Ташкилоти худтанзимкунанда мувофики талаботи амали намудани фаъолияти касби ва гузаронидани амалиёт бо когазхои киматнок, ки аз чониби макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок тасдик карда шудаанд, барои аъзои худ коидахои хатмии амали намудани фаъолияти касби дар бозори когазхои киматнок, стандартхои гузаронидани амалиёт бо когазхои киматнокро мукаррар менамояд ва риояи онхоро назорат менамояд.
  3. Ташкилоте, ки аз чониби иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок таъсис дода шудааст, дар асоси ичозати аз тарафи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок додашуда макоми ташкилоти худтанзимкунандаро доро мегардад.
  4. Тартиби гирифтани макоми ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок мувофики санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок амали карда мешавад.

 

Моддаи 53. Ухдадорихои ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори

                        когазхои киматнок

 

  1. Ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок ухдадор аст:

– талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намояд;

– макоми ваколатдори давлатиро оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар бораи камбудихои содирнамудаи аъзои худ ва тадбирхои андешидашуда огох созад;

– ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хисобот пешниход намояд ва оид ба фаъолияти худ мутобики санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок иттилоотро ошкор созад.

  1. Ташкилоти худтанзимкунанда вазифадор аст ба макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок, аз чумла ба кормандони он хангоми ичрои вазифахои танзими бозори когазхои киматнок  мусоидат намояд.

 

Моддаи 54. Боздоштан ва катъ кардани фаъолияти ташкилоти худтанзимкунандаи

                        иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок

 

  1. Ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок хукук дорад фаъолияти худро дар асоси карори кабулнамудаи аъзои ташкилот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи ташкилот катъ намояд.
  2. Дар холати аз чониби ташкилоти худтанзимкунанда вайрон кардани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бозори когазхои киматнок макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок хукук дорад, ки амали ичозати ташкилоти худтанзимкунандаро то аз чониби он бартараф намудани коидавайронкунихои ошкоршуда ба мухлати мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок боздорад.
  3. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок вазифадор аст ташкилоти худтанзимкунандаи иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнокро дар бораи кабули чорахо нисбат ба он, бо нишон додани сабабхои кабули чунин чорахо хабардор намояд.

 

БОБИ 8.

АМАЛХОИ МАНЪШУДА НИСБАТ БА КОГАЗХОИ КИМАТНОК

 

Моддаи 55. Аз чониби инсайдерхо манъ будани амалисозии ахдхо

 

  1. Инсайдерони когазхои киматнок инхо махсуб меёбанд:

– шахсони мансабдори эмитент;

– сахмгузори калони эмитент;

– шахсе, ки бинобар вазъи хизматии худ, ухдадорихои мехнати, шартномаи гражданию хукуки, ки бо эмитент бастааст ё бинобар ичрои ваколатхои назорати ва гайра ба иттилооти махфи рох дорад;

– шахсони вобастаи шахсони номбурда, ки ба таври гаразнок ё аз руи холатхои новобаста аз онхо иттилооти махфиро гирифтаанд ва дар бораи хусусияти иттилооти гирифташуда хабардор буданд ё бояд медонистанд.

  1. Ба инсайдерхо, инчунин ба шахсони  бонуфузи онхо  инхо манъ аст:

– гузаронидани амалиёт бо когазхои киматнок бо истифода аз иттилооти махфи ба манфиатхои худ ё ба манфиати шахси сеюм;

– ба шахсони сеюм додан ё дастрас намудани   иттилооти махфи ё иттилооти ба он асосёфта, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба шахсони сеюм додани тавсияхо дар бораи гузаронидани амалиёт бо когазхои киматнок, ки ба иттилооти  махфи асос ёфтааст.

  1. Хар шахсе, ки иттилооти махфиро аз инсайдери эмитент ё аз шахси бонуфузи у мегирад, дар асоси иттилооти мазкур хукуки гузаронидани амалиётро бо когазхои киматноки ин эмитент надорад, агар шахси мазкур дар лахзаи гирифтани иттилоот ё дар лахзаи гузаронидани амалиёт бо когазхои киматнок медонист, ки иттилоот хусусияти  махфи дорад.
  2. Ба иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок гузаронидани амалиёт бо когазхои киматноки эмитент бо шартхои зерин манъ нест:

– агар иштирокчии касбие, ки амалиётро бо когазхои киматнок мегузаронад, хамчун агенти мизоч баромад кунад ва барои гузаронидани амалиёти муайян бо супориши мушаххаси мизоч амал кунад;

– агар иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок дар бораи тибки  иттилооти аз инсайдер гирифташуда амал кардани мизоч огох карда нашуда бошад;

– агар иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок ба мизоч барои идора кардани когазхои киматнок маслихат надода бошад;

– агар мизоч шахси вобаста ё бонуфузи иштирокчии касби набошад.

 

Моддаи 56. Амалхои манъшудаи иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок

 

  1. Ба иштирокчиёни касбии бозори когазхои киматнок амали каллобии  нарххо дар  бозори когазхои киматнок манъ аст.
  2. Ба каллобии нарххо дар бозори когазхои киматнок амалхое мансуб мебошанд, ки аз чониби як ё якчанд шахсон содир мешаванд ва дар натича нархи когазхои киматнок баланд мешавад, паст мешавад ва ё муддате нигох дошта мешавад ё талабот ва ё пешниход ба когазхои киматнок баланд мешавад, паст мешавад ва ё муддате нигох дошта мешавад ё хачми савдои когазхои киматнок баланд мешавад, паст мешавад ва ё муддате дошта мешавад.
  3. Амалиёт бо нархгузории когазхои киматнок, ки аз чониби макомоти хокимияти давлати дар доираи татбики сиёсати пулию карзи, инчунин бо максади идораи карзи давлати дар бозори когазхои киматнок амали мегардад, каллоби ба хисоб намеравад.

 

БОБИ 9.

МУКАРРАРОТИ  ХОТИМАВИ

 

Моддаи 57. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 58. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар

                        бораи когазхои киматнок ва биржахои фонди»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 10 марти соли 1992 «Дар бораи когазхои киматнок ва биржахои фонди» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с.1992, №11, мод.155; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1995, №22, мод.268 фасли VIII; с.1998, №10, мод.135; с.2003, №12, мод.696; с.2006, №3, мод.157; с.2011, №3, мод.164)  аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 59. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                               Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 28 июни соли 2011,

№ 745

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …