Главная / Маданият ва санъат / КОФИЯ ВА РАДИФ – Чист?

КОФИЯ ВА РАДИФ – Чист?

Кофия калимаи араби буда, маънои лугавиаш пушти сар, охири хар чиз, аз пай раванда мебошад. Дар забони точики баъзехо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он пасванД)-ро ба маънои кофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздах- Лабиби мегуяд:

Хама ёва, хама хому хама суст,
Маъони аз чакова то пасованд.

Дар илми забоншиноси пасовандро ба маънои пасояндяк хиссаи охири калима, ки маънои онро тагйир медихад, низ кор мефармояд. Ба маънои истилохи калимахои хамшакл, хамоханг ё хамвазнеро кофия меноманд, ки дар бештари маврид дар охири мисраъхои шеър омада, вазн ва охангнокии онро муайян месозад. Масалан, «дод», «бод», «шод», «род» ва «даст»-у «раст»-у «хаст» ва гайра. Мисол:

То нагиряд абр, кай хандад чаман,

То нагиряд тифл, кай нушад лабан.

ё ки:

Аз качи афти ба каму кости, Аз хама гам расти, агар рости.

Дар байти аввал калимахои «чаман» ва «лабан», дар байти сони калимахои «кости» ва «рости» кофия шудаанд. Сабаби асосии хамкофия шудани ин калимахо дар он аст, ки дар таркиби калимахои «чаман»-у «лабан» ду харфи якхела- «ан» ва дар таркиби калимахои «кости»-ю «рости» чор харфи якхела «ости» омадаанд. Барои донистани илми кофия бояд ду мафхуми асоси: к а л и м а и к о ф и я (ё к а л и м а х о и к о ф и я) ва р е ш а и к о ф и я ро хамеша дар хотир нигох дошт. Калимахое, ки ба вазифахои кофия меоянд, калимахои кофия ё к а л и – м а и к о ф и я, харфхои якхелаи калимахои кофияро р е ш а и к о ф и я меноманд. Масалан, дар ин байти Фирдавси:

Яке бандаги кардам, ай шахриёр, Ки монд зи ман дар чахон ёдгор.

Калимахои «шахриёр» ва «ёдгор» кофия буда, чузвхои «-ёр»-у «-ор» решаи кофия мебошанд.

Дар ин байти Хофиз:

Ман бандаи он касам, ки шавке дорад, Дар гардани худ зи ишк тавке дорад.

«Шавке» ва «тавке» калимахои кофия буда, чузви «-авке»-и харду калимаи кофия решаи кофия аст. Агар шумо бо ин мисолхо диккат карда бошед, мебинед, ки кофия аз мачуъи харфхо сохта мешаванд. Барои хамин аксари адабиётшиносон кофияро аз як харф иборат донистаанд ва онро р а в и ном додаанд.

Рави низ аз калимаи арабии риво (ресмоне, ки бо он бори уштурро бандад), гирифта шудааст. Дар илми кофия охирин харфи решагии калимаи кофияро р а в и номидаанд. Яъне мисли он ки бори уштур бо ресмон баста мешавад, то ки он наафтад, пас тамоми байтхои шеър ба харфи рави вобастаги дорад. Харчанд кофияро як харф донистаанд, аммо дар асл хашт харфи дигар тобеъи он мебошад, ки дар мачмуъ нух харфро ташкил медихад. Он нух харф инхоянд: таъсис, дахил, ридф, кайд, рави, васл, хуруч, мазид ва нойира.

Дар боло таъкид кардем, ки ду мафхуми асоси – калимаи (калимахои) кофия ва решаи к о ф и я ро мо хамеша дар хотир нигох дошта бошем. Ин гуфта чунин маъни дорад, ки хар харфи решаи кофия номи махсус дорад. Мисол:

Фош мегуяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишкаму аз хар ду чахон озодам.

(Хофиз)

Дар ин байти Хофиз «дилшодам» ва «озодам» калимахои кофия ва чузви «-одам» решаи кофия мебошад. Дар ин решаи кофия се харф (о, д, м) ва як харакат (а) омадааст ва хар кадоми онхо ном доранд. Мувофики коидаи илми кофия, дар ин решаи кофия харфи «о» ридфи муфрад (харфи садоноки дарозест, ки дар кофия пеш аз рави меояд), харфи «д» р а в и и м у т л а к (равие, ки бо харфи в а с л часпида бошад, яъне баъди харфи рави харфи дигаре омада бошад), садоноки кутохи «а» м а ч р о (харакатест, ки баъди рави омада, онро бо харфи в а с л мепайвандад, одатан садоноки кутохи «а» ба вазифаи мачро меояд) ва харфи «м»в а с л (харфест, ки баъди рави меояд) мебошанд.

Аз ин нух харф чортои он (таъсис, дахил, ридф, кайд) хамеша пеш аз харфи рави ва чортои дигараш – васл, хуруч, мазид ва нойира хамеша баъди рави меоянд. Донишманди асри 15, муаллифи «Чамъи мухтасар» – Вахиди Табрези харфхои кофияро дар ин китъа ба назм даровардааст, ки кори хонандаро хеле осон менамояд:

Кофия дар асл як харф асту хашт онро табаъ,

Чор пешу чор пас, он нукта, инхо дойира.

Харфи таъсису Дахилу риДфу кайД, он гах рави,

Пас аз он васлу хуруц асту мазиДу нойира.

РаДиф низ калимаи арабист, маънои лугавиаш ду ё якчанд чиз, ки дар пахлуи хам ё паси хам омада бошанд, хамсаф, хамсафар. Инчунин, касеро гуянд, ки дар асп, шутур ё хар баъди чилавдор савор шуда бошад. Ба маънии истилохи радиф калима ё ибораест, ки дар бештари маврид баъди кофия аз аввал то охири шеър ба такрор биояд. Мисол:

Ай бод, буи Юсуфи дилхо ба мо расон,

Як навбар аз бахори дили мо ба мо расон.

Аз зулфи у чу бар сари зулфаш гузар куни,

Пинхон бидузд муеву пайдо ба мо расон.

(Хокони)

Дар рубоии Хокони калимахои «дилхо», «мо» ва «пайдо» кофия буда, ибораи «ба мо равон», ки дар харсе мисраъ такрор омадааст, радиф аст.

Радиф ва кофия латофати табъ, чазолати сухан ва ягонагии зехни шоирро хубтар намуда, барои дилкашу зебо шудани шеър ахамияти махсус дорад. Радиф метавонад, ки як калима бошад, мисли ин ду байти Парвини Эътисоми:

Сару акл гар хидмати чон кунанд,

Басе кори душвор осон кунанд.

Бихоханд гар дидаю дил зи оз,

Басо чарххоро, ки арзон кунанд.

Дар чор мисраъи боло калимахои «чон», осон» ва «арзон» кофия буда, калимаи «кунанд» радиф мебошад.

Гохе радиф кисми зиёди мисраъи шеърро ташкил медихад ва хатто дар мисраъе як калима ба вазифаи кофия омада, бокии калимахо хама радиф. Мисол:

Биё, ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад,

Даро, ки хонаи дил бе ту нур надорад,

Зи хонаи дили ман нури рух дарег надори,

Чаро, ки хонаи дил бе рухи ту нур надорад.

Дар абёти боло калимахои «биё», «даро» ва «чаро» кофия, калимахои бокии мисраъхо хама радифанд.

Шеъре, ки радиф дорад, мураддаф меноманд. Дар таърихи адабиёти классики форс-точик ашъори шоирони гуногунро, ки ба радифи мувофики хамдигар гуфта шудаанд, чамъ оварда р а д о и ф у л – а ш ъ о р ном ниходаанд.

Дар баробари кофия ва радиф дар байни ахли адаб мафхуми х о – ч и б ва м а х ч у б хеле маъмул аст.

Хочиб низ калимаи арабист, маънояш монеъа, пардадор, дарбон буда, дар истилохи адабиётшиноси калимае бошад, ки пеш аз кофия дар хар мисраъ оварда шавад, мисли он ки радифро баъди кофия оранд. Дар бештари маврид хочиб дар байни кофиятан (ду кофия) меояд. Мисол:

Ай шох, замин бар осмон дори тахт,

Суст аст аду, то ту камон дори сахт.

Хамла сабук ориву гарон дори рахт,

Пири ту ба донишу цавон дори бахт.

Дар ин рубоии Муъиззи калимахои «осмон»-у «тахт», «камон»-у, «сахт», «гарон»-у «рахт» ва «чавон»-у «бахт» кофиятайн буда, калимаи «дори» хочиб мебошад. Шеъре, ки дар он хочиб омадааст, м а х ч у б меноманд, аз ин ру, рубоии боло рубоии махчуб аст.

Шеъре, ки дар он к о ф и я в у р а д и ф у х о ч и б омадаанд, дилкашу зебо буда, ба зехни хонандаю шунаванда хеле хуш менамояд.

Кофия дар адабиёти классикии форс-точик аз воситахои асосии шакли шеър буда, вобаста ба тарзи кофиябанди навъхои шеърро (газал, касида, китъа, маснави, мусаммат ва гайра) чудо мекунанд. Масалан, тарзи кофиябандии, маснави ба сурати: аа, бб, вв, гг; тарзи кофиябандии газалу касида ба сурати: аа, ба, ва, га; тарзи кафиябандии китъа ба сурати: аб, вб, гб, гб мебошад. Мисол барои маснави:

Пайафкандам аз назм кохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд.

(Фирдавси)

Калимахои «баланд»-у «газанд» кофия буда, чузви «-анд» решаи кофия аст, ки садоноки кутохи «а» хазв (харакате, ки пеш аз харфи кайд меояд), харфи «н» к а й д (хамсадоеро гуянд, ки пеш аз харфи рави меояд), харфи «р» р а в и и м у т л а к (равиеро гуянд, ки бо харфи в а с л часпида бошад), харфи «и» в а с л (харфе бошад, ки баъди рави омадааст). Калимаи «накарди», ки аз аввал то охири байтхои газал омадааст, радиф аст ва аз ин ру, ин газалро мураддаф (радифдор) мегуянд.

Мисол барои китъа:

Гиле хушбуй дар хаммом рузе

Расид аз дасти махдуме ба дастам.

Ба-д-у гуфтам, ки мушки ё абири,

Ки аз буи диловези ту мастам.

Бигуфто: «Ман гиле ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли хамнишин бо ман асар кард

Вагарна, ман хамон гулам, ки хастам».

(Саъди)

Дар ин китъаи Саъди калимахои «дастам», «мастам», «нишастам» ва «хастам» кофия буда, чузви «-астам» р е ш а и к о ф и я мебошад. Дар ин решаи кофия садоноки кутохи «а» х а з в, харфи «с» к а й д, харфи «т» р а в и и м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о ва харфи «м» васл аст.

Дар баъзе китобхои адабиётшиноси таъкид шудааст ва баъзе мухаккикон дар хамин акидаанд, ки тарзи кофиябандии китъа мисли газалу касида низ хаст, яъне гуё китъахое вучуд доранд, ки байти аввал ва мисраъхои чуфти байтхои дигари китъа хамкофияанд (мисли аа, ба, ва, га). Чунин акида дар мавриди кофиясозии китъа хеч гуна асоси илми надорад, зеро тафовути газалу касида аз китъа факат дар тарзи кофиябандии онхо хасту халос. Байти авали китъа хамкофия (мусарраъ) нест, аммо байтхои аввали газалу касида хамкофияанд, яъне мусарраъанд. Донишманди бузурги асри сездахи форс-точик-Шамси Кайси Рози дар китоби «Ал-муъчам» менависад: «Хар касида, ки матлаъи он мусарраъ (хамкофия) набошад, агарчи дароз бувад, онро касида нахонанд ва исми касида бар он итлок накунанд (надиханд)». Азбаски байти аввали китъа хамкофия (мусарраъ) нест, гохе онро газал ё касидаи сарбурида низ мегуянд.

Барои мисол чанд байти касидаи «Луччат-ул-асрор»-и Чомиро меорем, ки дар чавоби касидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Дехлави гуфтааст:

Кунгури айвони шах, к-аз кохи

Кайвон бартар аст,

Рахнахо, дон, к-аш ба девори хисори дин дар аст.

Чун саломат монад аз тороч накди ин хисор?

Посбон дар хобу бар хар рахна дузде дигар аст.

Чист зарри ноб? Рангин гашта хоке з-офтоб,

Хар ки кард афсар зи зарри ноб хокаш бар сар аст.

Гар надорад симу зар доно, манех номаш гада,

Дар бараш дил бахри дониш в-у шахи бахри бар аст…

Мар бувад паноху чун омад ду мар абёти он,

Дар сафову махками шояд, ки гу мармар аст.

Худи касида аз сад байт (дусад мисраъ) иборат буда, мо барои мисол панч байти онро овардем. Касида дар бахри Рамали мусаммани максур (ё махзуф) эчод шуда, калимахои «бартар», «дар», «дигар», «сар», «бар», кофия буда, чузви «-ар» решаи кофияро ташкил медихад, ки садоноки кутохи «а» т а в ч е х ва хамсадои «р « р а в и и м у к а й д мебошанд.

Мисол барои мусаммати мусаллас:

Монанди сабо хезу вазидан дигар омуз,

Домони гулу лола кашидан дигар омуз,

Андар дилаки гунча хазидан дигар омуз!

Муина ба бар кардиву бе завк тапиди,

Он гуна тапиди, ки ба чое нарасиди,

Дар анчумани шавк тапидан дигар омуз.

Кофир дили овора дигарбора ба у банд,

Бар хеш кушо дидаву аз гайр фуру банд,

Дидан дигар омузу надидан дигар омуз…

Дар ин мусаммати мусалласи Мухаммад Икбол калимахои «варзидан», «кашидан», «хазидан»-и банди аввал ва калимаи «тапидан»- и банди дуюм ва калимаи «надидан»-и банди сеюм кофия буда, чузви «-идан» решаи кофия мебошад, ки харфи «и» р и д ф и м у ф р а д (ё а с – л и), харфи «д» р а в и и м у т л а к, садоноки кутохи «а» м а ч р о ва харфи «н» в а с л аст. Худи кофия кофияи мутлак аст, зеро харфи рави («д») бо харфи васл («н») часпидааст. Дар банди якуми мусаммати мусаллас, дар мисраъхои сеюми бандхои дуюму сеюм калимахои «дигар омуз» такроран омадаанд, ки радиф мебошанд. Дар банди дуюми ин мусаммати мусаллас калимахои «тапиди» ва «нарасиди» кофия буда, чузви «-иди» решаи кофияро ташкил медиханд. Дар ин решаи кофия харфи «и» р и д ф и м у ф р а д, харфи «д» р а в и и м у т л а к ва харфи «и» в а с л мебошанд. Дар банди сеюм калимахои «у» ва «фуру» кофия буда, решаи он аз як харф – «у» иборат шудааст, ки он харфи равии мукайяд аст. Калимаи «банд» дар ду мисраъи ин банд такрор шуда, радифи онро ташкил додаст. Хамин тарик, дар ин мусаммати мусаллас ба чуз мисраъхои якуму дуюми банди дуюм тамоми мисраъхои дигар дорои радифанд, барои хамин, мо метавонем ин мусаммати мусалласро м у с а м м а т и м у с а л л а с и м у р а д д а ф номем.

Савол ва супоришхо:

  1. Кофия чист?
  2. Маънои лугави ва истилохии радифро гуед.
  3. Муносибати кофия ва радиф дар чи зохир мешавад?
  4. Мураддаф бо радиф чи муносибат дорад?
  5. Харфхои асосии кофияро номбар кунед.
  6. Калимаи кофия ва решаи кофия аз кадом чихат аз хам фарк мекунанд?
  7. Барои чи харфи равиро аз харфхои асосии кофия медонанд.
  8. Тафовути кофияи мукайяд ва кофияи муталакро фахмонед.
  9. Байте биоред, ки дар он кофияи мукайяд омада бошад. Ю.Кофия ва радифи байти зеро ёбед:

Ба ёрони кухан ёри накарди,

Чддал карди, вафодори накарди.

Ю.Вазифахои бадеии кофия ва радифро баён кунед.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …