Главная / Илм / КОДИРОВ Даврончон Мухаммадчонович

КОДИРОВ Даврончон Мухаммадчонович

nophoto-manКОДИРОВ Даврончон Мухаммадчонович (тав. 18. 11. 1950, нох. Колхозободи вил. Хатлон), духтури чаррох, доктори илми тиб (1998). Аълочии тандурустии Точикистон (2004). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1973). Духтур-чаррохи Беморхонаи клиникии ш. Душанбе (1973 – 76), аспирант (1976 – 79), ходими хурди илми (1979 – 84), ходими калони илми (1984 – 90) ва аз с. 1990 мудири шуъбаи беморихои меъдаю руда ва чаррохии шиками Пажухишгохи гастроэнтерология. Дар мавзуи «Холангиоскопия дар ташхиси мачмуии беморихои роххои талхагузар» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Этиопатогенез ва чаррохии стенозхои захмии пилородуодени» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару маколахои илмист. Дар чаласахои Ассотсиатсияи чаррохони ЧТ, симпозиумхою конфронсхои умумииттифоки ва байналхалки дар шахрхои Москва, Санкт-Петербург, Рязан, Смоленск иштирок ва маъруза кардааст. Тахти рохбарии у 3 наф. рисолахои номзади дифоъ намудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …