Главная / Илм / КОБИЛОВ Наримон Мавлонович

КОБИЛОВ Наримон Мавлонович

nophoto-manКОБИЛОВ Наримон Мавлонович (11. 6. 1929, Конибодом – 07. 07. 1989, ш. Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1972). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1952). Чанд муддат дар хамин донишгох аввал лаборанти калон, баъд ассистенти кафедра буд. С-хои 1954 – 57 аспиранти Ин-ти тиббии 2-юми Москва, 1957 – 59 ассистенти кафедраи фармакологияи ДДТТ, 1959 – 63 мудири лабораторияи «Растанихои дорувори»-и Пажухишгохи тибби кишвари, 1963 – 73 мудири шуъбаи фармакологияи Ин-ти марказии тадкикоти илмии стоматологияи ш. Москва, 1974 – 81 мудири кафедраи физиологияи Ин-ти тарбияи чисмонии Точикистон, 1982 – 89 мудири редаксияи химия, биология ва тибби Энсиклопедияи Шуравии Точик. Оид ба фармакологияи моддахои табобатии химияви, моддахои фаъоли физиологие, ки аз растанихо гирифта шудааст, дорухои мусаккину зидди дард, физиологияи хисси дард ва г. пажухиш анчом додааст. Муаллифи зиёда аз 70 китобу маколахои илми.
Бо медали «Барои мехнати шучоатнок. Ба муносибати 100-солагии рузи таваллуди В.И. Ленин» мукофотонида шудааст.
Ос.: Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1961; Обезболивание в амбулаторной стоматологической практике, М., 1966; Опыт проведения спецкурса «Физиологическая характеристика отдельных видов спорта». Дар кит.: Пути совершенствования физвоспитания, Д., 1980.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …