Главная / Илм / КЛИМАТОТЕРАПИЯ

КЛИМАТОТЕРАПИЯ

klimatoterapiyaКЛИМАТОТЕРАПИЯ (Clumatotherapia; аз юн. klima – иклим ва терапия), иклимшифои, бо максади муоличаи беморон ва бехдошти саломати истифода бурдани хусусиятхои шифобахши иклим дар махалхои ахолинишин ё курорту шифохонахои махсуси иклими. Барои К. ё иклимро муваккатан иваз мекунанд (дар давраи дар курорт ё санатория табобат кардан), ё муоличаро дар иклими барои бемор одати (дар махали истикоматии у) мегузаронанд. К.-ро алохида ё якчоя бо диг. усулхои табобат истифода мебаранд.
Воситахои табобати иклими чунинад: муолича бо хавои тоза –аэротерапия, муолича бо офтоб – гелиотерапия (ниг. Ваннахои хавои ва офтоби), оббози дар бахр, дарё, кул. Барои К. иншоотхои махсус, яъне аэросолярхо (айвончахои махсус барои кабули ваннахои хавои ва офтоби), шипангхо, пляжхо, хавзхо ва г.-ро кор мефармоянд.
Бояд дар хотир дошт, ки якбора иклимро иваз кардан (хусусан дар фасли гарми сол) ба организм сахт таъсир мерасонад. Ба кудакони хурдсол, одамони кухансол ва шахсоне, ки муддати дароз гирифтори иллати узвхои нафаскаши, дилу раг ва узвхои дигаранд, инчунин ба шахсони асабашон ноустувор ва хаячонпазир тагйири иклим таъсири бад меорад. Реаксияи мутобикати онхо суст буда, дар давраи акклиматизатсия ба шароити иклими нав бемориашон авч мегирад. Чунин одамон бояд дар шароити иклими одати табобат карда шаванд.
Пеш аз ба курорт сафар кардан, аз духтур маслихат пурсидан зарур аст. Одатан, духтур хусусиятхои фардии бемор, синну сол, дарача ва чараёни бемори, фасли сол ва г.-ро ба назар гирифта, меъёри муоличаро таъин мекунад; дар аснои муолича дар курортхои иклимашон мувофик (ба тавсия ва зери назорати духтур) фаъолияти системаи асаб бехтар ва механизми мутобикати организм мукаммал гашта, организм ба таъсири омилхои номусоид устувор мешавад, обутоб меёбад. Дар сурати дуруст интихоб кардан ва окилона гузаронидани К. фаъолияти узвхои усораи дохили муътадил ва хастаги рафъ мешавад. К. аксуламали махсуси организмро низ ба вучуд меоварад. Чунончи, хангоми кабули ваннахои хавои ва офтоби организм обутоб ёфта, зимни таъсири нури офтоб дар организм витамини D ва диг. моддахои фаъоли биологи хосил мешаванд; дар натича мубодилаи моддахо ва кобилияти мухофизати организм меафзоянд.
К.-ро бештар дар шароити курорту санаторияхо, хусусан дар курортхо истифода мебаранд. Дар каламрави Иттиходи давлатхои муштаракулманофеъ курортхое мавчуданд, ки барои К. ахамияти калон доранд. Дар шароити иклими наздибахри (мас., Сохили чануби Крим), ки обу хавояш муътадил ва радиатсияи офтоб фаровон аст, шахсони гирифтори баъзе намудхои бемории сил, инчунин амрози шуш, рохи болои нафас, системахои дилу раг, мубодилаи моддахо, невроз ва г. муолича меёбанд. Дар шароити минтакахои субтропикии сернам (Сочи-Масеста, Гагра, ва г.) беморихои асаб, узвхои такяю харакат ва дилу рагро табобат мекунанд. Вале харорати баланду сербориши фасли тобистони ин курортхо барои табобати беморихои шуш номусоид аст. Гайр аз ин, дар фасли гарми сол ба ин курортхо сафар кардани шахсони гирифтори беморихои дилу раг, эндокрини ва невроз чоиз нест. Курортхои иклими биёбон ва нимбиёбон (Байрам Али, Ситора ва Мохи Хоса), ки тобистони гарму хушк ва рузхои офтобии зиёд доранд, ба шахсони гирифтори касалихои гурда мувофик мебошанд.
Дар Точикистон барои К. хоса фарогатгоххои Хочаобигарм, Зумрад, Гармчашма, Шомбари, Обигарм, Хавотаг ва г. созгоранд. Барои К. шароити иклим ва обу хавои Точикистон хеле мусоид аст. Бисёрии рузхои офтоби (дар Душанбе соле то 2731 соат), шиддати радиатсияи офтоб, камии микдори боришоти солона (аз 70 то 1270 мм) ва намнокии нисбии хаво (аз 43 то 64%) чихатхои хоси иклими чумхури мебошанд. Дар шароити иклими Точикистон бо рохи К. беморихои дилу раг (гипертония, ишемияи дил), мубодилаи моддахо (артрит, полиартрит), амрози шуш (пневмония, бронхит) ва ихтилоли фаъолияти силсилаи асаб муолича карда мешаванд. Духтур вобаста ба хусусияту намуди бемори, синну сол ва хусусиятхои фардии мариз, барои К. ин ё он курортро тавсия мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …