Главная / Илм / КИЗИЛТУМШУК

КИЗИЛТУМШУК

kiziltumshukКИЗИЛТУМШУК, оби минералии гарм дар нох. Чалолиддини Руми. Аз пармачох (чукурии 500 – 700 м) чори мешавад. Буи тези гидрогенсулфид дорад. Таркиби об аз хлоридхо, сулфатхо, натрий, калий, хамчунин йод, бром, бор, охан, алюминий, газхои радон, карбогидрид, нитроген ва г. иборат аст. Он асосан барои табобати амбулатори истифода мегардад. Тобистон барои беморони вазнин дар Беморхонаи нохияви 40 кат чудо карда мешавад. Дармонгохи обшифоии К. аз мохи май то октябр фаъолият менамояд. Он 6 км дуртар аз маркази нохия вокеъ гаштааст. Оби пармачох барои табобати беморихои узвхои такяву харакат, силсилаи асабхои канори, беморихои занона, пуст (псориаз, нейродермит, себорея, шукуфаи сурхи пахн ва г.) нафъ дорад.
Ад.: Зоиров П. Т., Рахматов Б. Р., Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи, Д., 2003.
П. Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …