Главная / Илм / КИЗИЛРАБОТ

КИЗИЛРАБОТ

kizilrabotКИЗИЛРАБОТ, чашмаи минерали дар нох. Мургоб. Дар водии д. Оксу, 2 км гарбтари дехаи Кизилработ вокеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3380 м. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёначои д. Оксу дар чазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2 – 1,6 л/с, минералнокиаш 1,53 г/л, харор. обаш +37 – +380С. Таркиби оби чашма аз калсий (193 мг/л), натрий (71,0 мг/л), магний (23,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), гидрокарбонатхо (756 мг/л), сулфатхо (69,0 мг/л), хлоридхо (18,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (335 мг/л), кислотаи силикат (51,0 мг/л), метаборат (6,0 мг/л), хамчунин литий, охан, никел, фтор, бром, рух ва сурб иборат аст. Барои муоличаи беморихои узвхои хозима тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби химияви ба обхои минералии Тсагвери ва Шови (Гурчистон) наздик аст.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …