Главная / Илм / КИВИ

КИВИ

kiviКИВИ (Actinidia deliclosa), актинидия, як навъ растании мевадор. Пояаш печандаи борик (кутраш 20 – 30 см); решааш ба замин чукур намеравад. Шоху навдааш зудсабз буда, дар тули 3 – 4 мох ба 5 – 6 м мерасад. Баргаш дилшакл, гулаш сафеди хушбуй. Ранги мевааш сабзи баланд, баъди пурра пухта расидан, харбузагун мешавад.
Меваи К. (40 – 150 г) зохиран ба картошка монанд буда, таъми нафису гуворо дорад. Пусташ патдори нафис (мавриди истеъмол онро тоза мекунанд). Магзи мева зумрадгун, сершира ва хушбуй буда, тухми майдаи сиёх дорад.
Меваи К. давои хуби фишори хун ва беморихои дил аст. Аксар бар он акидаанд, ки ватани К. Зеландияи Нав мебошад. Вале сурати хол чунин нест. К.-ро бори аввал дар Хитои Кадим парвариш кардаанд. Ба Зеландияи Нав с. 1906 рох ёфтааст. К.-ро аз тухм ва бо рохи нашви зиёд мекунанд. Бунёди плантатсияи он мисли токзор аст. Парвариши К.-ро метавон дар Точикистон низ ба рох монд.
Меваи К. сергизо буда, барои беморони гирифтори гипертония нафъ дорад; гаронии меъдаро рафъ сохта, ба зардачуш ва оруг задан хотима мебахшад. Олимони норвеги мукаррар кардаанд, ки К.-ро бахри пешгирии беморихои дил истифода бурдан мумкин аст, зеро он равганро хазм ва суддабандии рагхоро чилавгири менамояд. Бо акидаи онхо хар руз истеъмол кардани 2 – 4 дона К. дар тули як мох хавфи сар задани судда (тромб)-ро 18 фисад кохиш медодааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …