Главная / Илм / «КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРи»

«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРи»

kitob-2«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРи» («Китоби тиббии бахшида ба Мансур»), асари энсиклопедии Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози дар боби тиб. Дар ибтидои а. 10 ба забони араби навишта, ба хокими Рай – Мансур ибни Исхоки Сомони бахшида шудааст.
«К.» самараи риёзат ва тачрибахои фаровони илмию амалии аллома ва хакими бузург буда, тамоми дурдонахои асари тиббии Шарки Кадим, аз чумла мероси илмии Юнону Рими бостони, Хиндустону Хитой, Эрону Осиёи Маркази ва кисман Европаю Африка (Миср, Испания, Алчазоир)-ро дарбар гирифтааст.
Асар аз 10 китоб (бештар аз 200 чузъи таълифи) иборат аст. Китоби 1-ум ба анатомия ва физиологияи одам бахшида шуда, дар он баёни устухон, мушакхо, узвхои дохили, асаб ва рагхо, узвхои чинсию ихроч тасвир гаштаанд. Китоби 2-юм дар бораи асосхои назариявии илми тиб, мизоч (темперамент), вобастагии хислати бемори ба чигунагии мизоч бахс мекунад. Китоби 3-юм зикри пархез ва моддахои доругиро дарбар гирифта, дар бораи рол ва ахамияти хурок дар тандурусти, натичаи муоличави зохир намудани он ва г. маълумот медихад. Китоби 4-ум ба гигиена ва роли он дар нигахдории тандурусти, ахамияти тактир (дистиллятсия) ва чушонидани оби нушоки, тозагии бадан ва сару либос, истикоматгох ва асбобхои рузгор, шустушуй дар хаммом, кабули буг дар бугхона, масх (массаж), гирифтани муйхои бадан, бехбудии шароити зиндаги ва г. оид аст. Китоби 5-ум оид ба оростаги (косметика) ва нигохубини пуст, баъзе беморихои пуст ва муоличаи онхо, усулхои тайёр намудани воситахои доруии ба пуст молидашаванда ва г. бахшида шудааст. Китоби 6-ум аз маслихатхо ба сайёхон, пархез ва г. иборат аст. Китоби 7-ум рочеъ ба чаррохи буда, дар он хамаи усулхои чаррохии асримиёнагии шарки кадим баён гардидаанд. Дар ин китоб хусусан ба шикастабанди ва чаррохии узвхои латхурда, чарохат, муоличаи омос, санги гурда ва г. ахамияти махсус дода шудааст. Китоби 8-ум дар бораи захрхо бахс менамояд. Китоби 9-умро китоби дарсии оид ба патология (беморшиноси) номидан мумкин аст. Китоби 10-ум ба табларза ва шаклхои гуногуни он, тарзи ташхис ва усулхои муоличаю пешгирии онхо бахшида шудааст.
Дар «К.» дар бораи сохт ва вазифаи узвхо, беморихо ва усулхои муоличаи онхо маълумот гирд оварда шудаанд. «К.» аз сабаби соддабаёни дар мамлакатхои Европа бо номи «Nonus Almansorius» машхур гашта, то а. 16 дар бисёр донишгоххо дар катори асархои Букрот, Чолинус, Абуали ибни Сино ва дигар олимони забардаст чун китоби дарси омухта мешуд. Бисёр коидахои назофат ва нигахдории тандурусти, усулхои пешгири ва муоличаи беморихо, ки дар асар зикр ёфтаанд, ба асоси тибби халкхои Шарку Гарб табдил ёфта, дар байни халк маъмул гаштаанд.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …