Главная / Илм / «КИТОБУ-С-СИНОАТ»

«КИТОБУ-С-СИНОАТ»

kitob«КИТОБУ-С-СИНОАТ» («Китоб оид ба санъати пизишки»), асари Султон Гиёсуддин дар боби тиб, ки ба забони форси-точики дар Шодиободи Хиндустон навишта шудааст. Соли таълифаш маълум нест. «К.» аз сарсухан ва чанд боб иборат аст, ки ба тартиби тасвири беморихо (аз боло ба поён) бахшида шудаанд. Сарсухани «К.» дар бораи аз кучо чамъ шудан ва чигуна ахамият доштани он бахс менамояд. Дар мукаддимаи китоб омада: «Аввал табибро бояд, ки дар илм тамоми аъзоро ба куллия дида ва дониста бошад. Ва илми тиб пеши устод хонда бошад… Дар чахор усул комил бошад. Якум дар усули иллатшиноси… Дуюм адвияшиноси… Сеюм усули тачриба… Чахорум, табиб бояд дар эътикоди инсондусти мустахкам бошад, амр ба иёдат накунад (фармон надихад, ки бемор ба назди у, яъне ба хонаи табиб биёяд) ва бо имконият ва саъйи худ фукаро ва чонамондаву чомондаро муолича кунад ба гайри тамаъ (бегаразона)… Бояд, ки мехрубон бошад ва нармдил ва шафкат дошта бошад ва бо каноат бувад, тамаъ бисёр накунад, муолича ба рохи хайр кунад… Ва ба тачриба фирефта нашавад, ки фалон дору фалонро суд дошт… Табиб бояд касе бошад, ки асрор нигох дорад, ва низ бояд ки иллат (дардро) нек бишносад…»
Дар боби аввали «К.» номгуи як катор сарчашмахои тибби зикр ёфтаанд, ки дар байни онхо «Ал-Конун», «Комилу-с-синоат», «Чомеъ»-и Ибни Байтор ва китобхои тиббии хинди (Монкхат, Чхантури ва г.) дучор меоянд. Баёни фаркияти организми зану мард, чараён ва зухуроти беморихои онхо, муоличаи ин беморихо, хиссиёти бемор, тайёр кардан ва истифодаи давохо ва г. нуктахои асосии асар ба шумор мераванд. Мас., дар тадбири касоне, ки аз бемори хеста бошанд, гуфта шудааст: «…Ва аз чизхое, ки гарми бифизояд, чун ранч, риёзат, хашм ва нишастану гузаштан дар офтоб худро нигох дорад. Ва агар мумкин бошад, хар руз ба гармобаи муътадил равад. Ва нигох кунад, ки дар чигар дард хаст ё не… Аз гизои гализ пархез бояд кард… Аз таоми номувофик хурдан дил торик ва тан гарон мешавад ва иллати фатак орад. Пеш аз хазм шудани таоме таоми дигар набояд хурд, ки зарар орад… Кас таом вакте бояд бихурад, ки тан осуда бошад ва пас аз таом хурдан, ба кор машгул нашавад ва худро ранча надорад…»
Нусхаи ягонаи асар, ки он хам нотамом аст, иборат аз 716 варак (1432 сах.) тахти раками 1932 дар шуъбаи дастхатхои шаркии Китобхонаи милии ба номи Фирдавси махфуз аст. Китобати онро ба а-хои 16 – 17 нисбат медиханд, аз ин ру «К.» бояд а. 15 ё аз ин пеш таълиф ёфта бошад.
Ад.: Хикмати асрхо (мунтахаб аз рисола ва лугатхои тибби кадим), тартиб: Капранов В. А., Р. Хошим, Д., 1975.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …