Главная / Илм / «КИТОБУ-Л-ХИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фи-Т-ТИБ»

«КИТОБУ-Л-ХИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фи-Т-ТИБ»

kitobul-hidoyat«КИТОБУ-Л-ХИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фи-Т-ТИБ» («Дастур барои омузандагони тиб»), асари Абубакр Рабеъ ибни Ахмади Ахавайнии Бухори. Кухантарин китоби пизишки ба забони точики буда, дар а. 10 таълиф шудааст. «К.» бо номхои «Хидояти-л-мутааллимин фи-т-тиб» ва «Куннош» низ маълум аст. «К.»-ро Ахавайни барои фарзанди худ таълиф намудааст. Дар ин хусус худи муаллиф мегуяд: «Ту, ки фарзанди мани, андархости аз ман китобе ба боби бичишки (пизишки) сабук ва осон, то туро хома аз ман ёдгор бувад».
«К.» аз се бахш ва дусад боб иборат буда, онхо мутаносибан 51 (дар аносиру амзачаву ахлот), 130 (дар беморихо ва муоличоти онхо), 19 (дар хумлиёт ва анвои мухталифи тиб, бавл, хифзу-с-сихат, набз ва таарруфи асбобу-н-набз) бобро дарбар мегиранд. «К.» дар натичаи тачрибаи амалии муаллиф дар тули беш аз си сол эчод гардидааст. Аз ин хусус худи Ахавайни дар «К.» ёд карда овардааст, ки: «Ман бисёр илоч кардам бад-ин беморихо ва харчи ин чо ёд мекунам, он аст, ки озмудаи ман аст ва аммо он-ч маро ба вай тачрибат нест, ёд накунам».
Дар «К.» беш аз 1200 истилохи тибби дучор меояд, ки аз лихози мансубияти забони асосан эрониасл буда, баробари он боз истилоху муштакоти мансуб ба забонхои юнони (карободин, сакмуниё, кифол), хинди (балила, кокул, омула) ва г. ба назар мерасанд. Муаллиф дар баробари истифода аз истилохи маъмули даври худ низ дар заминаи коидаву конуни забони точики як силсила вожахои нави сохтаву мураккаб, амсоли «сапуснок», «миро», «чушо», «сангнок», «шухгин», «беморин» ва г.-ро эчод кардааст ё аносири лугавии камистеъмолро ба таври вусъатнок мавриди истифода карор додааст. «К.» вижагихои муайяни имлои ва сарфию нахвиро низ дорост. Китоб назди устодону мударрисони илми пизишки аз таваччухи хосе бархурдор будааст ва то а.-хои 6 – 10 дар канори осори чанд тан аз бузургони дигар, амсоли Мухаммад Закариёи Рози ба донишандузон тадрис мешудааст. «К.» яке аз дувоздах дастнависи кадима буда, то замони мо се нусхаи кадимтарини он, ки мансуб ба июли с. 1085 аст, омада расидааст.
Ад.: Акимушкин О. Ф., Средневековый Иран. Культура, история, филология. С.-Петербург: 2004; Доирату-л-маорифи бузурги исломи, ч. 5, Техрон, 1372; Доирату-л-маорифи бузурги исломи, ч. 7, Техрон, 1377; Салимов Н., Мероси Оли Сомон, Хучанд, 2001; Юсупов А., Медицинская терминология в «Хидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб» Ахавайнии Бухори, Д., 2004.
А. Хасанов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …