Главная / Илм / «КИТОБУ ГИНО ВА МУНО»

«КИТОБУ ГИНО ВА МУНО»

kitob-2«КИТОБУ ГИНО ВА МУНО» («Китоби баёни максадхо»), асари Абумансури Хасан ибни Нух ал-Камари ал-Бухорои дар боби тиб. А. 10 ба забони араби таълиф ёфтааст. Асари мазкур ба номбар кардану шинохтани беморихои гуногун, муоличаи онхо ва дорухои барои муоличаи онхо лозим бахшида шудааст. «К.» аз сарсухан ва се маколаи алохида иборат аст. Маколаи якум ба беморихои даруни ва роххои давои онхо, маколаи дуввум ба беморихои зохирии бадани инсон ва маколаи сеюм ба бемории табларза бахшида шудаанд. Дар «К.» барои муоличаи беморихои дил бештар истифода бурдани дорухои соддаи наботи (мас., чавхари нозбу, шароби нозбу, нозбуи сиёхи кухи, фаланчамушк, наъно, говзабон, халила, занчабил, дорчин, мушк, найшакар, абрешими хом ва г.) тавсия шудааст. Аз китоб танхо як дастнавис маълум буда, он дар фонди дастхатхои Ин-ти шаркшиносии АФ узбекистон тахти раками 5708 махфуз аст.
Ад.: Джалилов А., Из истории культурной жизни таджикского народа, Д., 1975.

Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …