Главная / Илм / «КИТОБ МО АЛ-ФАРК»

«КИТОБ МО АЛ-ФАРК»

fusul-fit-tib«КИТОБ МО АЛ-ФАРК» («Китоби фарк чист?»), асари Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози (865 – 925 м.) дар баёни чигунагии фарки миёни беморихо. Ба забони араби таълиф шудааст. Номи китоб дар сарчашмахо ба шаклхои «Мо ал-фарк», «Мо ал-фурук» ва «Калом фи-л-фурук байна-л-амроз» низ ёд мешавад. «К.» аз мукаддима, панч макола, хар макола аз фаслхо ва хар фасле аз чанд фарк иборат аст. Муаллиф дар мукаддимаи китоб гуфтааст, ки табибон беморихоро аз тарики сабабхо ва далелхо мешиносанд, вале бисёре аз сабабхову далелхо дар миёни беморихо муштарак буда, аз ин ру аксар вакт дар шинохтани беморихо иштибох вокеъ мешавад. Бинобар он у хостааст, ки фаркияти асосии ин далелхову сабабхоро дар нисбати беморихо ба тартиб аз сар то пой баён кунад. Маколаи якум аз панч фасл иборат буда, дар он 28 фарки холатхое баён шудааст, ки дар бахшхои сар ориз мегарданд. Маколаи дуввум аз се фасл иборат буда, дар он фаркиятхои миёни беморихо ва холатхое баён ёфтаанд, ки олатхои нафаскаширо руй медиханд. Маколаи севвум аз чахор фасл иборат буда, дар он фаркиятхои миёни беморихо ва холатхое баён шудаанд, ки меъда, чигар, испурч, гурда, масона ва олатхои таносулро руй медиханд. Маколаи чахорум аз се фасл иборат буда, фаркхои миёни беморихо ва холатхоеро дарбар мегирад, ки дар тамоми бадан ориз мегарданд. Маколаи панчум аз ду фасл таркиб ёфта, дар он фаркхои миёни баъзе аз аксоми набз ва пешоб нишон дода шудааст.
Китоб хусусияти таълими дошта, дар он матолиб ба шакли саволу чавоби «Фарк чист?» иншо шудааст. Матни интикодии ин китобро бори аввал доктор Салмон Катоя дар асоси се нусхаи хаттии он, ки яке дар Лондон, дуввуми дар Техрон ва сеюми дар Багдод махфуз будааст, бо мукаддима ва шарху тавзехоти лозима с. 1978 дар Халаб ба табъ расондааст.
Ад.: Абубакри Рози, «Китоб мо ал-фарк», Халаб, 1978.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …