Главная / Гуногун / КИТОБИ СИЁСАТШИНОСИ

КИТОБИ СИЁСАТШИНОСИ

Китоби дарси бо карори мушовараи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон аз 27 декабри соли 2017, №11/14 ба чоп тав- сия шудааст.

Мухаррири масъул: Мухаммад А.Н. – доктори илмхои сиёси, профессор, узви вобастаи АИ ЧТ

Мукарризон:

Нуриддинов Р.Ш. – доктори илмхои сиёси, профессор Искандаров А.- доктори илмхои сиёси.

Саидов А.С. – доктори илмхои фалсафа, профессор

Мухабатов А. – номзади илмхои фалсафа, профессор

Муаллифони мавзуъхо:

Мухаммад Абдурахмон Навруз – доктори илмхои сиёси, про- фессор (мавзуъхои 1, 2, 4, 5, 7, 9, 16, 18, 19, 20, 24).

Хидирзода Махфират Умар – доктори илмхои фалсафа, про- фессор (мавзуъхои 8, 13, 17, 21).

Сафарализода Хучамурод Куддуси – номзади илмхои сиёси, дотсент (мавзуъхои 3, 6, 10, 11, 12, 14, 15, 22, 23, 25).

18В^ 978-99975-994-4-5

© Мухаммад Абдурахмон,

Хидирзода Махфират, Сафарализода Хучамурод, 2018.

ПЕШГУФТОР

Аз кадимулайём падидаи сиёсат хамчун як сохаи мухимми фаъолияти инсон муайян гардидааст, ки дар раванди инкишофи чомеа хамеша таваччухи одамонро ба хаёти сиёси ва конунхои он чалб менамояд. Фахмиши сиёсат хамчун сохаи равобити гуруххои гуногуни ичтимои ва умумиятхои одамон ба воситаи методологияи коммуникатсиони ифода меёбад. Асосгузори чунин фахмиши сиёсат Арасту ба шумор меравад. У сиёсатро хамчун шакли муошират ва хамчун воситаи мавчудияти гурухии инсон донистааст. Ба андешаи Арасту, инсон аз руйи табиати худ мавчудоти чамъияти мебошад ва у худро танхо дар чомеа (оила, махалла, давлат) метавонад ташаккул дихад. Давлат ба сифати шакли олии алокахои ичтимои ва муоширати инсонхо муаррифи мегардад.

Мутафаккирони гузаштаи точик низ дар ин самт тахлилхои зиёде ба анчом расонидаанд, ки то имруз арзиши худро гум накардаанд. Масалан, Ибни Сино сиёсатро чун навъи санъат мехисобад. У дарч менамояд, ки сиёсат ва муносибатхои сиёси чавлонгохи на танхо акл, балки махорат низ хастанд ва ба онхо бояд чун навъи санъати оли муносибат намуд. Бинобар ин маснади сиёсии давлатро, аз назари Сино, бояд подшох ё султон сарвари намояд. «Дар тадбири умур ва хусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшохону шахриёронанд, ки Худо ононро зимомдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод дорои тасаллут ва кудрат намудааст».[1]

Оини сарварии подшох ё султон, тибки акидаи вай, бояд кабл аз хама, ба омилхои маънави вобаста бошад. «Нахустин сиёсате, ки сазовор аст, инсон бо он огоз кунад, хамоно сиёсати нафси худи уст. Яъне, аввал, бояд дар ислохи нафси худ бикушад, сиёсату тадбирашро дар он кору кушиш ба кор бурда, хештанро солеху неку бинамояд. Чи нафси одами наздиктарину мухтарамтарини чехрахост нисбат ба у ва дар миёни онхо ба инояту таваччух сазовортар ва шоистатар аст. Ва агар касе аз ухдаи сиёсати неку ва ислохи нафси худ барояд, он гох боке бар вай нест, ки ба болотар аз он икдом карда, ба сиёсати билод бипардозад. Яъне, касе ки худро ислох карда бошад, метавонад ба сиёсату тадбири умури мардум иштигол варзад».[2]

Хамин тавр, вобаста ба талаботи хаёти чомеа андешахо хеле мухталифанд ва бисёре аз донишмандон дар ин самт тахлилхои зиёде доранд. Баъдан, кисми алохидаи дониш, яъне фалсафаи амалии он – илм дар бораи сиёсат ба вучуд омад, ки дар чараёни тахкики зухуроти сиёси ва равандхои сиёси макоми хосса дорад.

Бояд тазаккур дод, ки илмхои сиёси таърихи зиёда аз духазорсола доранд, вале хамчун фанни мустакили таълими дар кишвархои аврупои тули сад соли охир таълим дода мешаванд. Дар кишвари мо омузиши сиёсатшиноси хамчун фанни таълими баъди ба даст овардани истиклолияти сиёси ба миён гузошта шуд. Имруз донистани фанни сиёсатшиноси яке аз омилхои асосии маърифатнокии умумии хар як фард, бахусус мутахассисони оянда махсуб меёбад.

Ба вучуд овардани тасаввуроти мукаммал дар бораи сиёсат, баррасии мафхумхои илмию масъалахои назариявии сохаи сиёсат, истифодаи онхо барои тахлили раванду ходисахои чамъияти ва пайдо намудани малакаю тачриба барои иштирок дар хаёти сиёси максадхои асосии сиёсатшиноси мебошанд.

Хамзамон, боиси каноатмандист, ки дар айни хол, барои устувории асосхои сиёсию хукуки ва заминахои рушди илмхои чомеашиноси як катор конун ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон кабул ва амали гардидаанд, ки самтхои асосии сиёсати илмиро муайян менамоянд. Барномаи «Тадбирхои дастгирии тараккиёти илмхои чамъиятшиноси ва инсоншиноси дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2009-2015» ва «Консепсияи миллии тахкикоти илмии максаднок оид ба масъалахои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипхои демократи ва рушди чомеаи шахрванди барои солхои 2013-2028» яке аз муваффакиятхое ба шумор мераванд, ки дар замони дигаргунихои чомеа барои рушду нумуи илмхои мазкур заминаи мусоидро фарохам меоваранд.

Дар баробари ин, омузиши фанни мазкур яке аз воситахои мухимтарини ичтимоикунонии шахс ва ташаккули маданияти сиёси ба шумор меравад. Мухимтарин чанбаи фанни сиёсатшиноси муайян намудани мохияти фаъолияти сиёси мебошад. Фанни мазкур барои донишчуён методологияи тахлили хаёти сиёси, чахонбинии васеъ ва алокамандии донишхои сиёсиро фарохам меоварад. Хамчунин, фанни сиёсатшиноси дар раванди таълиму тарбия дар зехну тафаккури донишчуён худшиносию худогохии милли ва зиракии сиёсиро устувор менамояд.

Китоби мазкур дар асоси накшаи таълими ва барномаи таълими барои факултетхои гайриихтисосии муассисахои тахсилоти олии касбии мамлакат омода шудааст. Муаллифон ба методика ва усулхои таълими илмхои сиёси такя намуда, сарчашмахои илмии гуногунро мавриди истифода карор додаанд. Махсусан, инъикоси равандхои сиёсии Чумхурии Точикистон ва баъзе мавзуъхои нав бори нахуст барои донишчуён пешниход мегарданд.

Мухаммад Абдурахмон, профессор

МАВЗУИ 1. СИЁСАТ ХАМЧУН
ПАДИДАИ ЧАМЪИЯТИ

Гар теги сиёсати салотин набувад, Дар олами хок оби хуш кас нахурад.

  • 1. Мафхум ва мохияти сиёсат

Мафхуми «сиёсат» дар таърихи тамаддуни башарият хамеша мавриди истифода ва бахси хамагон карор дошт. Хамзамон, сиёсат ба тамоми сохахои хаёти инсон таъсир расонида, новобаста аз хохишу фаъолият шахсро вориди дунёи сиёсат мегардонад. Аз ин ру, дарки мазмуну мундарича ва мохияти сиёсат, муайян намудани конуниятхои рушду инкишофи он, нишон додани алокамандии сиё- сат бо дигар сохахои хаёти чамъияти хеле мухим мебошад. Хануз дар замони худ мутафаккири Юнони кадим Перикл иброз намуда буд, ки дар бораи сиёсат хама метавонанд мухокимарони намо- янд, аммо на хар кас метавонад сиёсат офарад.

Маълум аст, ки бори аввал сиёсатро бо мафхуми «политика» ифода намудаанд. Мафхуми мазкур дар зери таъсири асари машху- ри Арасату «Политика» ташаккул ёфтааст. Ин истилох аз забони юнони (ро1111ка) гирифта шуда, маънояш «санъати идораи давлат ва корхои давлатию чамъияти» мебошад.

Мутафаккирони шинохтаи точику форс Имоми Аъзам, Абуали ибни Сино, Абурайхони Беруни, Фороби, Унсурулмаолии Кайко- вус, Низомулмулк, Мухаммад Газоли, Абдурахмони Чоми, Хусайн Воизи Кошифи, Алии Хамадони, Ахмади Дониш, Шамсиддини Шохин ва дигарон низ дар осори худ нисбат ба мазмуни сиёсат ва дар амал тадбик намудани он андешахои чолиб пешниход намуда- анд, ки то имруз арзиши аслии худро нигох доштаанд. Аз чумла, Хусайн Воизи Кошифи дар китоби «Ахлоки Мухсини» дар боби сиёсат чунин овардааст, ки мадори олам бар сиёсат аст, агар забти сиёсат набошад, мухиммоти чахон бар насак намонад ва агар кону- ни таъдибу таъзиб набувад, корхо руй ба табохи ниханд:

Аз сиёсат низом ёбад мулк,

Бе сиёсат халалпазир бувад.

Насаки корхои оламро,

Аз сиёсат ногузир бувад.

Дар баробари ин, у чунин ибрози акида дорад, ки «сиёсат забт кардан аст ва доштани сиёсат ду навъ аст: яке, сиёсати нафси худ, яке сиёсати гайри худ. Ва аммо сиёсати нафс бар интизоми ахлок замина аст. Ва касби авсофи хамида ва сиёсати гайр аз ду кисм аст. Яке, сиёсати хосу мукаррибони даргох ва забту насаки эшон ва дувум, сиёсати авом. Сиёсати авом бар он вачх аст, ки бадону бад- феълонро бояд ки пайваста тарсону харосон дорад. Ва некону нек- кирдоронро умедвор созад»[3].

Хамин тавр, аксарияти бузургони олами илму адаби Шарк фахмиши сиёсатро дар мехвари санъати идораи давлат тархрези намуда, мухтавои асосии андешахои худро бо назму наср барраси намудаанд.

Дар замони муосир сиёсатро дар мазмуни васеъ хамчун па- дидаи чамъияти ва дар мазмуни махдуд хамчун фаъолияти вокеии гуруххои ичтимои, ки ба сиёсати амали машгуланд, маънидод кар- дан мумкин аст. Фахмиши сиёсат хамчун падидаи чамъияти хосси фанни сиёсатшиноси мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки хангоми баррасии мухтавои асосии хар як илм, аз омузиши масъалахои маркази ва мухимми он шуруъ мена- моянд. Масалан, агар барои фалсафа материя ва шуур, барои физика кувва, барои иктисоди сиёси шаклхои истехсолот мафхумхои мар- кази бошанд, пас барои сиёсатшиноси категорияхои «сиёсат» ва «хокимияти сиёси» масъалахои бунёди ба шумор мераванд. Албат- та, муайян намудани мафхумхои асосии ин ё он фан мушкилихои зиёди худро дорад ва сиёсат низ зухуроти хеле мураккаб буда, дар- ки мазмуну мундаричаи он хеле мушкил аст. Хатто дар замони худ Алберт Эйнштейн мушохида намуда буд, ки «сиёсат аз физика низ мураккабтар аст».

Инчунин, сиёсат омили мухимми мавчудияти чомеа мебошад. Он дар натичаи тагйироти иктисодию ичтимои ва дар шароити гу- зариши чомеахои ибтидои ба сохтори навбатии чамъияти ба вучуд омада, барои халли низоъхо ва ихтилофхои мухталиф, ки бо нигох доштан ва истифода бурдани хокимият алокаманд буд, равона гар- дидааст.

Аз ин ру, сиёсат сохаи фаъолиятест, ки муносибатхои байни умумиятхои ичтимоиро дарбар гирифта, ба воситаи ба даст овардан ва истифода бурдани хокимияти давлати химоя наму- дани манфиатхои худ ва идора намудани равандхои чамъияти- ро ифода менамояд.

Сиёсат дорои хусусиятхои зерин мебошад, ки ба воситаи онхо мохияти падидаи мазкурро муайян намудан мумкин аст:

  1. Сиёсат хама вакт бо фаъолияти оммаи мардум, химояи манфиатхои халк ва гуруххои калони ичтимои алокаманди дорад. Аз ин ру, сиёсат ба воситаи шумораи зиёди одамон, ки миллионхо нафарро ташкил дода, барои химояи манфиатхои оммави равона шудаанд, зохир мегардад. Аммо дар чунин холат низ номувофикатии манфиатхо дида мешавад, ки гуруххои дусту душман, пайравон ва мухолифон ба вучуд меоянд. Махз натичаи чунин муносибат аст, ки дар чомеа гуруххои гуногуни чамъияти ва хизбхои сиёси ба вучуд меоянд. Хамаи ин гуруххо кушиш менамоянд, ки манфиатхои гурухии худро ба сифати манфиатхои мухимми оммаи мардум нишон диханд. Махз дар чунин вазъият халли низоъхо ва мухолифатхои чамъияти яке аз вазифахои мухимми сиёсат ба шумор меравад.
  2. Сиёсат бо фаъолияти давлат, ки яке аз институтхои марказии системаи сиёси мебошад, алокаманди дорад. Зеро давлат дар халли мушкилоте, ки диккати чомеаро ба худ чалб менамоянд, хизмат ме- кунад. Дар хама шароит нигох доштани тавозуни манфиатхои гурухи ва чамъияти хосси давлат ва сиёсат мебошад. Сарфи назар намудан аз чунин раванд ба вайрон шудани механизми давлату давлатдори оварда мерасонад.
  3. Сиёсат бо тахлили чиддии шароитхои мавчуда, фаъолияти сиёси, лоихахои сиёси ва ояндабинии равандхои чамъиятию сиёси алокаманд аст. Ин аст, ки вокеият ва мавчудияти шароитхои чамъи- яти дар шакли барнома, таълимот, баённомахо ва монанди инхо ифода меёбанд.
  4. Сиёсат раванди хукмрони буда, бо кобилияти таъсиррасони алокаманд мебошад ва ба ичрои вазифахои мухимми чамъияти ра- вона гардидааст. Дар чунин холат сиёсат на танхо мачмуи акидахои назариявист, балки амалхои вокеи оид ба ташаккули хокимият ва истифода бурдани он низ мебошад. Рочеъ ба ин масъала Макс Ве- бер андешаи чолиб иброз намудааст. Ба акидаи у, сиёсат илмест, ки механизм ва технологияхои хукмрониро ифода менамояд. Аммо чи гуна ташкил шудани хокимияти давлати ва конеъ сохтани талаботи мардум аз мавчудияти шароит ва рушду инкишофи чомеа вобаста аст. Аз ин ру, хар як шахс нисбат ба сиёсат бояд муносиба- ти чидди дошта бошад. Зеро хеч кас наметавонад аз таъсири сиёсат худро дар канор гирад. Мабодо шумо агар фикр дошта бошед, ки ба сиёсат сару кор намегиред ва ба он коре хам надоред, вале сиёсат новобаста аз хохиши касе хатман ба инсон сару кор мегирад.
  • 2. Методологияи фахмиши сиёсат

Дар замони муосир дарки мохияти сиёсат хеле душвор аст. Аслан, мохияти онро мувофики мавкеи истифодашавиаш муайян менамоянд. Айни замон барои муайян намудани мазмун ва мунда- ричаи сиёсат якчанд муносибатхои методологи вучуд доранд.

Пеш аз хама, сиёсат мачмуи муносибатхое мебошад, ки дар ми- ёни умумиятхои мухталифи ичтимои зохир мегардад (дар миёни миллатхо, синфхо, табакахои чамъияти, гуруххои ичтимои ва г.). Омилхои таърихии пайдоиши сиёсат бо чомеахои анъанави, дини ва этники алокаманд аст. Ба воситаи сиёсат манфиат ва талаботи да- розмуддати гуруххои мухталифи ичтимои ифода меёбанд, ки дар амал татбик намудани ин хадафхо барояшон хеле зарур аст. Дар чунин вазъият сиёсат хамчун воситаи танзимнамоии раванди таъмини манфиатхо баромад менамояд, ки устувории чомеа аз он вобастагии зиёд дорад.

Шархи антропологии сиёсат чихатхои низои ва ба созиш ома- дани онро муайян менамояд. Дар ин чо диккати асоси ба ихтилофи манфиатхо, ки асоси сиёсатро ташкил менамоянд, равона мегардад. Аз ин ру, муносибат ва фаъолияти якчояи субъектхои сиёсат мета- вонанд дар шаклхои мухталиф (аз кабили мубориза, бархурд, ракобат, ба созиш омадан (консенсус), хамкори, компромис ва г.) зохир гарданд.

Чихатхои низоии фахмиши сиёсатро марксистон ва назариячи- ёни низоъшинос, чун Р.Дарендорф тахлил намуда, ташаккул дода- анд. Аз ин нуктаи назар, сиёсат фаъолиятест, ки ба воситаи он ни- зоъхои сиёси бо рохи зури ва ё осоишта хал карда мешаванд. Мубо- риза хамчун шакли асосии муносибатхои сиёси аз чониби марксизм ташаккул дода шуда, идеяи муборизаи синфи хамчун огози чараёни таърихи дониста шудааст. Инчунин, ба акидаи марксистон «сиёсат – ин мубориза барои хокимият мебошад. Сиёсат ин бо зури бор кардани иродаи синфи хукмрон аз болои синфхои дигар аст».

Фахмиши консенсуалии сиёсат дар алокаманди бо рушди демо- кратия ва назарияхои плюралистии демократия (А.Бентли, Г.Ласки, Р.Дал) ташаккул меёбад. Аз ин нуктаи назар, сиёсат санъати ба со- зиш омадан ва пайдо кардани тавозуни манфиатхо миёни гуруххои мухталифи ичтимои мебошад.

Аз ин чо саволе ба миён меояд, ки мохияти муносибатхои сиёси дар чи ифода меёбад? Барои посух ба ин савол бояд донист, ки чавхари асосии сиёсатро мубориза барои ба даст овардан, нигох доштан ва истифода бурдани хокимият ташкил медихад. Хокимияти сиёси кобилияти вокеии куввахои ичтимои буда, ба воситаи он манфиатхои махсуси объективи амали гардида, иродаи субъект дар сиёсат ва меъёрхои хукуки бор карда мешавад. Мохияти хокимият ба воситаи механизмхои хукмронии ичтимои муайян карда меша- вад.

Хамин тарик, сиёсат шакли махсуси хукмрони буда, ба воситаи он идораи корхои давлати ва чамъияти амали карда мешавад. Хокимият асоси сиёсат буда, асли муносибатхои сиёси ва хусуси- ятхои мухимми муайянкунандаи он низ ба шумор меравад. Ба воси- таи чунин хусусият сиёсат ва муносибатхои сиёсиро аз дигар ша- клхои муносибатхои чамъияти фарк кардан мумкин аст. Дар робита бо ин, мутафаккири немис Макс Вебер кайд намудааст, ки: «сиёсат кушиши иштирок дар хокимият ва ё таъсир расонидан дар таксими хокимият чи дар дохили давлат ва ё миёни давлатхо ва чи миёни гуруххои мухталифи одамон мебошад. Касе, ки бо сиёсат сару кор мегирад, вай ба суйи хокимият майл мекунад…»[4]. Ба воситаи хоки- мият муайян намудани мохияти сиёсат хосси тафаккури аксари му- тафаккирон мебошад. Аз чумла Н.Макиавелли, В.Паретто, К.Маркс ва дигарон ба ин гурух шомиланд. Чунин шарху баён оид ба мохи- яти сиёсат муносибати директиви ном гирифтааст.

Аз нуктаи назари хокимият муайян намудани сиёсат ба воситаи фахмиши институтсионали низ инъикоси васеи худро пайдо ме- намояд. Муносибати инстутсионали сиёсатро хамчун сохаи муно- сибатхои давлат, хизбхои сиёси, ташкилотхои чамъияти, сохтор ва институтхои чамъиятию сиёси нишон медихад, ки дар он хокимият ва сиёсат ба таври хеле равшан тачассум меёбанд. Пайдоиши ин- ститутхои сиёсии мазкур аз руйи дарачаи даркнамоии манфиатхо аз чониби синфхо ва дигар гуруххои ичтимои муайян карда мешавад. Инчунин, махз намояндагии ин гуруххо метавонанд, ки инсти- тутхои сиёсию чамъиятиро ба вучуд оваранд. Мавчудияти хар як институти сиёси нишондихандаи химояи манфиатхои гурухи муа- йян мебошад. Дар системаи сиёсии чомеа мавкеи марказиро давлат ишгол менамояд, ки он аз ташкилоти олии сиёси иборат буда, дорои хукуки расмии мачбурнамои мебошад. В.И.Ленин кайд намуда буд, ки «дар сиёсат аз хама чизи мухим -сохтори хокимияти давлати ме- бошад»[5]. Дар чунин холат «сиёсатро хамчун иштирок дар корхои давлати, самти фаъолияти давлат, муайян намудани шакл, вазифа ва мундаричаи фаъолияти давлат» шарх додан мумкин аст[6].

Дар шароити муосир дар баробари давлат дар хаёти сиёсии чомеа хизбхои сиёси, ташкилотхои чамъияти, харакатхо ва гуруххои таъсиррасон накши фаъол доранд. Дар мачмуъ, инсти- тутхои мазкур асоси амалишавии сиёсатро ташкил намуда, таркиби дохилии онро мукаммал менамоянд ва имкон медиханд, ки сиёсат дар чомеа вазифаи махсусро ичро намояд.

Инчунин, сиёсат хамчун сохаи махсуси чамъияти зерсистемаи мустакили чомеа ба шумор рафта, дорои маркази кабули карор ва мухити муайян мебошад. Сиёсат раванди омода сохтан, кабул намудан ва амали гардонидани карорхои мухим мебошад. Хадафи асосии сиёсат идора намудани равандхои ичтимои мебошад, ки дар шакли таъсирасонии системанок ва максаднок нисбат ба чомеа амали мегардад. Сиёсат бо чунин хусусиятхои худ дар низоми му- носибатхои чамъияти мавкеи марказиро ишгол намуда, мухимми- яти карорхои сиёсиро муайян намуда, онхоро барои кулли чомеа хатми мегардонад.

Намояндагони чунин навъи фахмиши сиёсат олимони машхури амрикои Т.Парсонс, Д.Истон ва Г.Алмонд мебошанд, ки муносиба- ти системавиро ташаккул додаанд. Ба акидаи Т.Парсонс, сиёсат мачмуи воситахои ташкилие мебошад, ки дар мувофикат бо вази- фахои бунёдии системаи сиёси барои расидан ба максадхои умуми хизмат менамояд.

Дар заминаи ин навъи фахмиши сиёсат муносибати функсио- нали ташаккул дода шудааст, ки он мохияти сиёсатро бо рохи шархи вазифахои асосии он муайян менамояд. Ташаккулдихандаго- ни функсионализм вазифахои сиёсатро ба таври зерин муайян намудаанд: идоранамои, таъмини тартибот, нигох доштани устуво- рии чомеа, дар мувофика бо хокимият таксим намудани арзишхо ва г. Дар ин замина вазифахои системаи сиёси низ аз чониби Г.Алмонд ба таври муфассал тахлили худро ёфтаанд.

Чунин шарху баён нисбат ба мохияти сиёсат кофи нест, аммо он имкон медихад, ки сиёсатро хамчун падидаи ичтимоию сиёси дарк намоем. Хамин тарик, сиёсат фаъолиятест, ки бо муноси- батхои умумиятхои ичтимои алокаманд буда, ба даст овардан, нигох доштан ва истифода бурдани хокимияти давлати ва идо- ра намудани равандхои ичтимои мохияти онро ташкил медихад.

Сиёсат хамчун падидаи чамъияти одатан ба се шакли муноси- бат чудо мегардад: сиёсат хамчун фаъолият; сиёсат хамчун илм; сиёсат хамчун санъат.

  1. Сиёсат хамчун фаъолият – сиёсате мебошад, ки дар ин ё он самт амали карда мешавад (масалан, дар сохахои хифзи ичтимои, маориф, амният, муносибатхои байналхалки ва г.).
  2. Сиёсат хамчун илм – ин лоихахои гуногуни назариявие ме- бошанд, ки аз доктринахои сиёси ва асосхои методологии сиёсат ва дигар падидахои сиёси иборатанд. Вазифаи асосии сиёсат хамчун илм аз ояндабинии омилхои мухталифи фаъолияти сиёси, муайян намудани максад ва вазифахои сиёсати давлати иборат мебошад.
  3. Сиёсат хамчун санъат – ин санъати идоранамои, амали гар- донидани хокимият, химоя намудани манфиатхои гуруххои гуногу- ни ичтимои, санъати ба даст овардан ва нигох доштани хокимият, санъати интихоб намудани усул ва воситахои ба хадаф расидан ва г. мебошад.

[1]Абуали ибни Сино. Осор. – Ч.2. – С.14.

[2]Хамон чо. – С.16.

[3] Хусайн Воизи Кошифи. Ахлоки Мухсини. – Душанбе, 1991. – С.207.

[4] Макс Вебер. Избранные произведения. – М., 1990. – С.646.

[5] Ленин В.И. Полное собрание сочинений. – Т.23. – С.239.

[6] Ленин В.И. Полное собрание сочинений. – Т.33. – С.340.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …