Главная / Илм / «КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ»

«КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ»

drevnyaya-kniga«КИТОБ ФИ-Н-НАБОТ» («Китоб дар бораи растанихо»), асари Абуханифаи Диновари дар боби наботшиноси (ботаника), ки с-хои 850 – 855 ба забони форси-точики навишта шудааст. «К.» нахустин асарест оид ба дарёфту парвариши 482 навъи растанихои доруи. Муаллиф барои шарху эзохи хар як растании доруи ва ба кадом дард даво будани он аз осори шоирону олимони давраи худ ва гузашта иктибос меорад. Дар китоб дар бораи бештар аз 50 намуди растанихои ба набототшиносон ва табибони Юнони Кадим номаълум (мас., тамри хинди, чуби танбул, банан, барги дарахти дафна ва г.) маълумот дода шудааст. Асари мазкур барои дар Шарк ривочу равнак ёфтани ботаника ва фармакопея роли мухим бозидааст. Аз китоб кисмхои алохида маълум буда, онхо дар Истамбул махфузанд. Кисме аз он с. 1953 аз тарафи олими англис Л. Берхард ба забони англиси тарчума шуда, ба табъ расидааст.
Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …