Главная / Илм / КИТФ

КИТФ

kitfКИТФ (Brachium), бозу,банди проксимали (ба тана наздик)-и андомхои болои. Асоси К. аз устухони бозу ибрат буда, ба он мушакхо пайваст шудаанд. Гурухи мушакхои пеши К.-ро мушакхои каткунанда ташкил медиханд (мушаки дусараи китф, мушакхои бозу, нулшаклу бозу); ба гурухи мушакхои кафо мушаки сесараи бозу, ки соидро хам мекунад, мансуб мебошад. Артерияи китф, ки хамрохи ду вена ва асаби миёнчои аз зери мушакпарда мегузарад, дар чуяки медиали чой гирифтааст. Ба мушакхои пеш асаби мушаку пуст, ба мушакхои кафо асаби соид, ба пуст асабхои миёнчои, чониби ва асаби кафои пусти китф хидмат мерасонанд. Аз чуяке, ки устухон ва мушаки сесара ташкил мекунанд асаби соид мегузарад.
Ба нукси инкишофи К. вучуд надоштани тамоми андом (амелия), пурра инкишоф наёфтани бандхои даст (эктромелия) ва г. мансубанд.
Осебхои бофтахои нарми К. бо дарди шадид, махдуд шудани харакат, пайдоиши хуномос, кабудпусти ва г. падид меоянд. Дар ин гуна холатхо, одатан, дастро ночунбон (иммобилизатсия) карда, ба чои осеб ях мегузоранд, дорухои рафъи дард истеъмол менамоянд. Хангоми даридани мушакпарда, мушак ва канда шудани пай чаррохи зарур аст. Яке аз иллатхои асосии К. шикастани устухон мебошад. Он кушода ва пушида мешавад. Дар чунин холатхо ба узв шина гузошта, чабрдидаро зуд ба беморхона (шуъбаи осебшиноси) бурдан лозим аст.
Ниг. низ Банди даст, Банди китф, Банди оринч.
КЛ
Мушакхои китфи рост, намуд аз кафо (чуяки асаби соид боз карда шудааст): 1 – сараки чонибии мушаки сесараи китф (бурида шудааст); 2 – сараки дарози мушаки сесараи китф; 3 – мушаки лундаи калон; 4 – мушаки лундаи хурд; 5 – мушаки фавкишавки; 6 – мушаки тахтишавки; 7 – сурохи сетарафа; 8 – сурохи чортарафа; 9 – асаби соид; 10 – сараки миёнчоии мушаки сесараи китф.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …